Ҳангоми азми сафари Ворух намудан дар шоҳроҳи ИсфараВорух ба якчанд сероҳа ва чорроҳа дучор меоед. Муҳимаш, аз чорроҳае, ки дар даромадгоҳи Хоҷаи аъло воқеъ аст, ҳамчун аз бало ҳазар гуфтагӣ барин, эҳтиëткорона бояд гузаред. Аз ин чорроҳа, ки як самташ ба пиндори аҳмақонаашон, гӯë бештар ба ҳамсояҳоямон аз Қирғизистон вобаста мебошад, хело хавфнок ба ҷони қариб ҳамаи ронандагону мусофирони дар самти асосӣ равуокунанда ба ҳисоб меравад.

Гарчанде аз рӯи қоидаҳои амалкунанда роҳи Исфара-Ворух асосӣ ба ҳисоб равад ҳам, чамбараки мошинбадастони қиргиз, ки (ҳатто аз одоби оддии муошират бехабаранд, ронандагӣ як тараф истад) аз самти Бодкант ба Исфанаю Лайлак аз ин чорроҳа убур мекунанд, худро шоҳи роҳу роҳро азони худ пиндошта, аз бархӯрдҳову садамаҳои рухмедода қариб ки худдорӣ намекунанду намедонанд, ки ин ҷо, ҳатто як ваҷаб роҳ ҳам ба марзи Қирғизистон мансубият надорад!

Агар бо назари таҳлилӣ хулосабарорӣ намоем, шоҳроҳи Исфара-Ворух аз хар ва аспу аробароҳаи пеш аз инқилоби октябру даврони шӯравӣ зиëда аз сеҳазор сол аст, ки аз деҳаи Чоркуҳ ин тараф ба мардумони деҳаҳои Воруху Хоҷаи Аъло ҳамчун роҳи асосӣ хизмат мерасонад. Ин ҷо рӯзона аз ҳарду самт асосан мошинҳои сабукраву микроавтобусҳои мусофирбар, шабона бошад, аз шом то субҳ аз ҷониби Қирғизистон автопоездҳои боркаши азимҷусса беист мегузаранд.

Роҳи самти Қирғизистон, ки даҳ сол боз навсозӣ ва хуб мумфарш карда шуда бошад ҳам, ҳамагӣ таърихи чанд даҳсоларо дорад.

Ин ҷо ҳадафи мавзуъ бояд бештар ба садамаҳои қариб ҳар ҳафта дар ин чорроҳаи хавфнок рухмедода нигаронида мешуд. Агар аз рӯи ҳуҷҷату санадҳои садамаҳои даҳ соли охир дар ин чорроҳа таҳлили журналистӣ гузаронем, беихтиëр ба хулосае меоем, ки ягон садама бо айби ронандагони ҷониби Тоҷикистон рух надодааст.

Гарчанде аз ҷониби ҳамсояҳо ҳуҷҷатан роҳи мо — роҳи асосӣ эътироф шуда бошад ҳам, лекин чамбараки мошинбадастони қирғиз аз садамаҳо истиҳола накарда, пас аз ҳодисаи шояд сунъӣ мошинро ба ҷои воқеа гузошта, худ ғайб мезананд.

Оид ба назорати масулини роҳ бошад, бояд гуфт, ки онҳо аз ҳарду ҷониб ҳам дар рӯзҳои низоъ ва ë рух додани садамаҳо, як-ду рӯз аз худ дарак медиҳанду халос.

Вазъият инҷо онро талаб менамояд, ки назорати 24-соатаи қатъӣ ташкил карда шавад, ки ин амал дар ҳуҷҷатҳо омада бошад ҳам, лекин расман амал намекунад.

Ë намешавад, ки дар ин ҷо чароғаки раҳнамо насб намоянд?

Ë ҳамкорон, масъулини ҳарду ҷониб санаду қарорҳои дахлдорро оид ба ҳалли ҷиддии ин муаммо қабул карда бошанд ҳам, тааҷҷубовар аз ҳама дар рӯйи коғаз, чун дар яхдон шахшуда мондани ба ном гуфтушунидҳои пайдарпай аст.

Садҳо садамаҳои дар ҳамин чорроҳа рухдодаро мисол овардан мумкин аст, ки мусофирону мошинҳои гуногуни мо ҷабр дидаву чандин нафар маҷруҳ гардидаанд.

Масалан, субҳи 9.10.2019, вақте корвони мошинҳои пур аз борҳои тиҷоратӣ роҳ ҷониби чоршанбебозори деҳаи Ворух пеш гирифта буданд, садамаи мудҳиши навбатӣ рух дод. Расо соати 5:30 дар чорроҳа мошини сабукрави тамғаи хориҷии ҳамсоя (рақами давлатиаш 403 АДК) бо суръати ниҳоят баланд ба микроавтобуси аз роҳи асосӣ гузаштаистода роҳ надода, ниҳоят бо зарбаи гӯшношунид ба ин мусофирбари тамғаи «Мерседес» (рақами давлатиаш 18-60 ВО ҶТ), ки ба Собитов Ҳасанхӯҷа тааллуқ дорад, мезанад. Мошини ҷониби мо бошад, бо наздики даҳ мусофиру борҳояшон аз роҳ ба дарозии 20 метр бероҳагӣ баромада, чаппагардон мешавад. Гарчанде талафоти ҷонӣ ба назар нарасида бошад ҳам, лекин ҳамаи мусофирон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, айни ҳол баъзеяшон дар беморхонаи марказӣ зери назорати табибон қарор доранд.

Акнун суоли дигаре ба миëн меояд, ки оë ин охирон садамаи бо гуноҳи ҳамсояҳо содиршуда мебошад?

Ва ё кӣ пешгӯӣ кара метавонад, ки кай масъулини соҳаи БДА-и мо барои таъмини амнияти бехатарии шаҳрвандони худ чораҳои заруриро ин ҷо меандешида бошанд?

Ва ё-ю ё-ҳои дигар, ки кай роҳгузарони мо аз ин чорроҳа бе ҳарос, ҳамчун соҳибони роҳи асосӣ гаштугузор менамуда бошанд?

Расул Додхоҳи РАҲИМИЁН,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here