«Зӯроварӣ нисбат ба занон шояд шармовартарин поймолкунии ҳуқуқи инсон ва шояд маъмултарин ҳам бошад. Он ҳудуди ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ё дороиро намедонад. То замоне, ки он давом мекунад, мо наметавонем талаби пешрафти воқеӣ дар самти баробарӣ, инкишоф ва осоиш кунем».

Кофи АННАН, собиқ Дабири кулли СММ

Дар ҳама давру замон мутафаккирон, донишмандон, ҳуқуқшиносон, шоиру нависандагон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун зӯроварии хонаводагиро маҳкум намуда, ҷомеаро ба муросову созиш даъват мекунанд. Дар масири пешрафти илму техника, ки сатҳу сифати зиндагии сокинони сайёра ба маротиб боло рафтааст, ҳодисаҳои зӯроварии оилавӣ зиёд мушоҳида мешавад. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳар зани сеюм дар ҷаҳон тӯли ҳаёт латукӯб мешавад ва ё мавриди сӯйистифода қарор мегирад. Дар аксар ҳолат озордиҳандагон шавҳарон мебошанд.

Дар оини оиладории халқи тоҷик таълиму тарбияи фарзанд ва хушбахт будани оила меҳвари асосоии зиндагии якҷояи зану шавҳар маҳсуб меёбад. Оилаи солим дар ҳолате ба ҷамъият нафъи худро расонида метавонад, ки ҳар як аъзои он бо андешаҳои солим ба воя расида, барои пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд. Яке аз манбаъҳои асосии бадбахтии оилаҳои ҷавон рашк ва хушунату зулм аст. Хушунат ҳуқуқвайронкунии ҷиддие мебошад, ки муқаррароти қонунгузории мамлакат барои он ҷазо пешбинӣ кардааст.

Дар оилае, ки зулму хушунат аст, дар он ҷо аз хушбахтӣ асар намемонад, яъне агар шавҳар зани худро зери мушту лагад қарор диҳад, ин ҳолат сабабгори бадбахтии фарзандон мегардад. Ҳатто тамоми хешу табори зан низ аз чунин муомила азоби руҳӣ мекашанд. Хушунат метавонад сарчашмаи бефарҳангӣ, дағалӣ ва беэҳтиромӣ бошад. Мутаассифона, дар ҳаёти имрӯза баъзе мардонеро мушоҳида мекунем, ки занро на ҳамчун як узви оила ё тарбиятгар шинохта метавонанд. Чунин одамон ҳатто дониши ҳуқуқӣ надоранд, ки баробарҳуқуқиро дарк кунанд.

Мутаассифона, аксар вақт чун арӯсро ба хонаи домод меоранд, хурду бузурги ин хонадон ӯро ба ҳайси як хизматгор мешиносанд ва дар баъзе оилаҳо келин овардан маънои як коргареро ба хона овардан аст. Духтари ҷавон баробари зан шудан тамоми ҳуқуқҳои инсонии худро аз даст медиҳад. Тамоми рафторҳои вай зери назорати қатъӣ гирифта мешавад. Ҳатто ҳолатҳоеро дучор мегардем, ки либоспӯшиашро шавҳар танзим менамояд. Чунин омилҳо ба пош хӯрдани оилаҳои ҷавон сабаб мегарданд. Оилаҳои зиёде дар аввали зиндагӣ маҳз бо он сабаб пош мехӯранд, ки муносибати онҳо ба келин ҳамчун фарзанд ба амал намеояд. Яке аз нақшҳои муҳими волидон дар тарбияи фарзандон доштани эҳтирому ҳурмат нисбат ба якдигар, самимияту муҳаббат, ғамхору меҳрубон будан аст, ки метавонад фарзандонро ба роҳи дурусту илмомӯзӣ равона созад.

Дар бисёр маврид занону духтарон дучори зӯроварии хонаводагӣ мегарданд. Таҳлили ҳодисаҳои вобаста ба зӯроварӣ нишон медиҳад, ки дар сурати надидани чора ва ислоҳ нашудани вазъ мумкин аст кор бо фоҷиа анҷом ёбад.

Яке аз маъмултарин нишонаҳои зӯроварӣ дар оила ҷабри хушдоман ва хешовандони домод ба арӯси хонадон мебошад. Дар мафкураи баъзеҳо нақш бастааст, ки келин бояд хизматгор ва мутеи хонаводаи шавҳар бошад. Арӯси ҷавон бо ҳазорон орзую умед ба хонаи домод қадам мениҳад, вале дар баъзе мавридҳо гирифтори рашку ҳасад ва хӯрдагириҳои беасоси хонаводаи шавҳар мегардад. Модар ва апаю хоҳари домод ба ҷойи он ки ба арӯси ҳанӯз дар ҳаёт таҷрибанадошта кӯмаку дастгирӣ намоянд, айбҷӯиву таъназанӣ мекунанд. Дар натиҷа, орзую умедҳои наварӯс барбод рафта, дилшикаставу руҳафтода мегардад. Агар мабодо ба аҳли хонавода ҳолати ногуворро баён кунад, аз ҷониби шавҳар барои «баровардани гапи хона» мавриди озор қарор мегирад.

Зӯроварӣ дар оила фазои хонаводаро вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият миёни зану шавҳар ва фарзандон мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо аҳли хонаводаи домод мисли намоишнома нақш мебозанд. Модару апаи домод дар набудани ӯ бо келин бадрафторӣ карда, шаънашро паст мезананду дар назди писар худро меҳрубон метарошанд. Вақте келини бечора асли гапро ба шавҳар гӯяд, ба ҷои дастгирӣ, барои «туҳмат» аз шавҳар гап мешунавад ё зарбу лат мебинад.

Бояд зикр кард, ки агар дар хонавода зӯроварӣ ҷой дошта бошад, он ба ахлоқи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Тибқи мушоҳидаҳо, аксар ҷинояткорон аз оилаҳои носолим мебароянд. Кӯдаке, ки дар оилаи фазояш пур аз хушунат ба воя мерасад, эҳтимол дорад дар оянда дамдузд, тарсу, бераҳм ва руҳафтода шавад. Аз ин рӯ, зӯроварӣ дар оила таҳдид ба солимии ҷомеа аст. Барои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам як қатор пешниҳодҳои мушаххасро ба самъатон расонам:

– зӯроварии оилавӣ боиси оқибатҳои ногувор мешавад, ки намунаи олитаринаш даст ба худкушӣ задани занҳост. Яке аз роҳҳои пешгирӣ намудани хушунати хонаводагӣ рушд бахшидан ба соҳаҳои равоншиносӣ ва тиби оилавӣ мебошад, ки мутаассифона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф наёфтаанд;

– аксарияти занҳои деҳот ва ҳатто шаҳр хонашин буда, дар инкишофи буҷети оила саҳм надоранд. Бинобар ин, бояд занҳои хонашин ва бекасб дар доираи барномаҳои хурди грантӣ ва машғулиятҳои омӯзишӣ ба касбомӯзӣ ё азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ, чун тоқидӯзӣ, шерозбофӣ, кулолгарӣ, қуроқдӯзӣ ва ғайраҳо ҷалб карда шаванд;

– яке аз роҳҳои дигари зӯроварии хонаводагӣ маскун намудани ҳамсарон дар хонаи собиқ шавҳар мебошад. Бинобар ин, шавҳар бояд вазифадор карда шавад, ки дар сурати қатъ гардидани никоҳ ба ҳамсараш манзили истиқоматӣ харида диҳад;

– дар ҳолати аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар аъзои он содир шудани зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ва монанди ин зарари он фавран пардохта шавад. Ин ҳолат низ метавонад боиси пешгирии хушунат дар хонавода гардад.

Баҳри бунёди оилаи солиму устувор, пешгирии зуроварӣ дар оила, дар руҳияи нек тарбия намудани фарзандони солеҳ, дарк намудани оқибатҳои ҳуқуқии ақди никоҳ, огоҳ гардидан аз ҳуқуқу уҳдадориҳо дар муносибатҳои оилавӣ шахсони мутасаддиро зарур аст, ки миёни аҳолии шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои оиладорӣ, ба қайд гирифтани ақди никоҳ, таъминоти моддии кӯдакон ва роҳҳои нигоҳдорию устувории он мунтазам корҳои ташфиқотию тарғиботиро тавассути садою симо, газетаю маҷалаҳо ба роҳ монда, суҳбату вохӯриҳо доир намоянд.

Мирсаид САТТОРИЁН

Добавить комментарий