Фарз кардем, ки ба касе бовар кардеду вай дар лаҳзаҳои охир шуморо марҳамат карда, пешпо диҳад, магар аламатон намекунад ва ё орому осуда мешинед? Дар ҳаққи чунин шахси «бономус», агар ҳиммататонро ба кор баред, ками кам лабу даҳонашро якта мекунед.

Он нафаре, ки бо ӯ солҳои зиёде ҳамкору ҳамроз будед ва бе ӯ як пиёла чойро намехӯрдеду як луқма нон аз гулӯятон поён намерафт, яке одати деринааш хурӯҷ карду хунаш аз гардиш монд ва аз тақозои касб ба шумо хиёнат кард, пас аз ҳамаи ин ба ӯ бовар мекунед? Албатта бовар мекунед. Магар бе бовар кардан мешавад?! Дар урфият мақоле ҳаст, ки “аз мард монад гил, аз номард монад дил”. Гоҳо мегӯянд, ки вақт довар аст, аммо ба он то кадом андоза бовар кардан мумкин аст, касе намедонад. Ин довари муғамбир чеҳраи аслии худро ҳеҷ гоҳ ба касе нишон намедиҳад. Шояд ба касе бовар намекунад? Агар чунин бошад, пас дуруст мекунад. Имрӯзҳо на ба гурги ҷаррору на ба гӯсфанди беозор бовар карда мешавад. Рафту гӯсфанд газанда бошад? Беҳуда нагуфтаанд, ки ба марги гӯсфанд беҳтарин сӯгномаро гург навиштааст. Дар замоне, ки «шераш болои дарахту говаш болои девор мегардад», каме ҳам бошад, ба касе ё чизе бовар кунеду рӯзатонро бинед.

Шунида будам, ки бузурге гуфтааст: Рӯз «урён» аст, шаб «пӯшида». Ин «пӯшида» корҳое мекунад, ки «урён» шарм медорад. Дуруст аст, аммо каме аз чашми таҷриба назар афканем, урён аз пӯшида беайбтар асту пӯшида аз урён. Бовар кунед, гоҳо кас намехоҳад аз дунёи афсонаҳо берун ояд, чунки воқеияти имрӯза хеле тарсовар аст. Бовар намекунед? Масалан, мегӯянд, ки фалониро бо пахта заданд, сараш кафид. Бубахшед, агар дар даруни пахта сангро печонда зананд, албатта сари кас мекафад ва ё вақте ки бачаҳои Бузаки ҷингилапо аз шиками даридаи гург баромаданд, шикоят карданд, ки берун хунук аст. Ҳамаи ин дарди бахайр, боз тоифае пайдо шудаанд, ки ба онҳо бовар накунед, аз доираи одаму одамгарӣ берунатон хонда, дар бораатон чизҳое мегӯянду дар саратон гуноҳҳоеро дайн мекунанд, ки тамоми умр надидаву нашунидаед. Агар дурусттар аҳмият диҳед, мебинед, ки маънои зиндагии эшон дар оҳанги ҳазин суруди шӯх хондан аст. Ҳеҳ гоҳ ба ноозмудае бовар кардан лозим нест, агар мабодову бовар кардем, оқибати корамон аз рӯйи гуфтаи устод Лоиқ, ҳатман чунин хоҳад шуд ва ё чизаке монанди ҳамин:

Чоплусе, ноҷавонмарде қасамҳо бишканад,

Нашканад тарфи кулаҳ, аммо ҷаҳон барҳам занад.

Зиндагӣ! Гар довари якрӯй бошӣ, пас чаро

Аблаҳе аз бом афтад, гардани мо бишканад?!

Агар суол додед: чаро чунин шуд? Ҷавоб ҳамон асту гап ҳамон: БОВАРӢ!

Ифтихор ЮСУФӢ

Добавить комментарий