Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе ягона муассисаи ибтидоии касбии соҳаи нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, нахустин маротиба 12 — уми январи соли 1960 бо номи Омӯзишгоҳи касбии техникии №28 таъсис дода шуда, моҳи марти соли 2014 бо қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Литсейи касбӣ-техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе табдил дода шуд. Муассиса фаъолияташро ҷиҳати гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои соҳаи саноати нассоҷӣ ба роҳ монда, дигар касбу ихтисосҳоро низ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумӣ ба муҳассилин меомӯзад.

Таҳсил дар литсей бо маълумоти миёнаи нопурра (синфи 9) 2 сол, бо маълумоти миёнаи умумӣ (синфи 11) 1 сол муқарар карда шудааст.

Дар айни замон устоди соҳибтаҷриба Додаров Нурулло Ҳувайдуллоевич директори Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе мебошад.

 

Номгӯи ихтиссосҳо

Дар Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе муҳассилин аз рӯи ихтисосҳои зерин ба таҳсил фаро гирифта шуданд:

«Дӯзанда»; «Кафшергари барқӣ»; «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ»; «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил»; «Системаи компютерӣ ва интернет-технология»; «Бофандаи истеҳсолоти матоъҳои пахтагин, пашмин, абрешим»; «Челонгари асбобҳои андозагирӣ, санҷишӣ ва автоматика» (электроншик); «Ресандаи риштаҳои пахтагин» ва «Гулдӯзӣ».

Дар литсей дар баробари ихтисосҳои номбаршуда, инчунин курсҳои кутоҳмӯддати семоҳа аз рӯи ихтисосҳои «Дӯзанда», «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ», «Кафшергари барқӣ», «Челонгар оид ба таъмири автомобил», «Системаи компютерӣ ва интернет-технология» низ ба роҳ монда шудааст.

Аз рӯи ихтисосҳои мазкур 474 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 364 нафарро писарон ва 110 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

 

Базаи моддию техникӣ

Литсей дорои як бинои таълимӣ, 1 китобхона, 11 синфхона, 2 озмоишгоҳ, 4 устохона, 1 толори варзишӣ, 1 кабинети омодагии дифои ҳарбӣ ва 1 ошхона  мебошад.

Дар баробари ин, дар муассиса 12 кабинети таълимӣ, аз ҷумла 10 кабинети тахассусии муҷаҳҳаз гардонидашуда, устохонаи дӯзандагӣ, устохонаи кафшергарии барқӣ, устохонаи таъмири автомобилҳо дар хизмати муҳассилин қарор дода шудааст. Синфхонаи компютерӣ пурра бо компютерҳо ҷиҳозонидашуда, хонандагон дар рафти дарс бевосита бо компютерҳо кор мекунанд.

Дар литсей ба ятимони кулл ва камбизоатон сару либоси ягонаи мактабӣ дар худи муассиса дӯхта шуда, ба онҳо туҳфа карда мешавад ва пайваста ба онҳо аз тарафаи раёсат ёрии моддӣ низ расонида мешавад.

 

Дастовардҳои литсей

Яке аз дастовардҳои асосии Литсей он аст, ки либосҳои мактабии донишҷӯён пурра дар худи муассиса дӯхта мешавад. Дар баробари ин муҳассилин ва устодони литсей дастовардҳои худро ҳар сол дар намоишгоҳҳои дастони моҳир ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта, сазовори таҳсину офарин мегарданд. Онҳо соли 2018 дар озмуни ҷумҳуриявии «Либоси пешхизмати беҳтарин» иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Дар соли хониши 2017-2018 бахшида ба «Наврӯзи байналмилалӣ» ва «Ваҳдати миллӣ» дастаи футболи хурди литсей иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм ва сеюм гаштанд.

 

Омӯзгорони литсей

Миқдори умумии омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ 35 нафарро ташкил медиҳад, аз ин миқдор дорои дараҷаи олӣ 10 нафар, дараҷаи якум 12 нафар, дараҷаи дуюм 8 нафар буда, ду нафар омӯзгорон: М.Н.Азизуллоева ва З.Ниёзова айни ҳол дар арафаи ҳимояи кори номзадӣ мебошанд. Аз ҷумла дар литсей 16 нафар устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ кор мекунанд. Аз ин 10 нафар дорои маълумоти олӣ, 5 нафар маълумоти олии нопурра, 1 нафар маълумоти умумии техникӣ доранд.

 

Дарсҳои амалӣ дар литсей

Дар литсей дарсҳои таҷрибавии истеҳсолӣ бо ҳамкории корхонаи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик», «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», «Шабакаи Тоҷикистон», «Шабакаҳои барқии ноҳияи Фирдавсӣ» ва «Устохонаи таъмири автомомилии №63»-и ноҳияи Фирдавсӣ бо таври амалӣ гузаронида мешавад.

Муассиса бо корхонаҳои дар боло зикргардида шартномаҳои ҳамкорӣ дорад ва хатмкунандагони литсей бемаъмоният метавонанд дар ин корхонаҳо ба кор таъмин шаванд. Хонандагоне, ки аз ноҳияҳои дурдасти кишвар дар литсей таҳсил менамоянд, тибқи мактубҳои расмӣ барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба ҷойҳои маҳалли зист сафарбар карда мешаванд.

 

Китобхонаи литсей

Литсей дорои як китобхона ва кироатхона бо 25 ҷои нишаст буда, фонди китобхона 2985 дона китобро ташкил миедиҳад. Дар соли 2018 160 адад китобҳои тахассусӣ аз маркази методии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 6000 ҳазар сомонӣ ва китобҳо аз фанни забони тоҷикӣ, англисӣ, русӣ, геометрия, физика, химия ва география аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ карда шуда, ба фонди китобхона илова карда шудааст.

 

Ба ҷои охирсухан

Боздиди мо аз Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе, тамошои устохонаҳои муҷаҳҳазгардонидашудаву синфхонаҳои бо аёниятҳо таъмин буда, нишон доданд, ки татбиқи барномаҳои давлатии соҳаи тахсилоти ибтидоии касбӣ таҳти назорати ҷиддии роҳбарияти муассиса қарор дорад. Албатта ин беҳуда нест. Ба қавли директори литсей Додаров Н.Ҳ. — «Имрӯзҳо роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ғамхории махсус зоҳир мекунанд ва ин ғамхорӣ ба мо имкон медиҳад, ки дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ муваффақиятҳои беназир ба даст оварем. Бинобар ин, мо ҳамаи масъулият, донишу малака ва нерӯи худро ба он равона месозем, ки муҳассилин соҳиби касбу ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ гардида, дар оянда ба халқу Ватани худ хизмати шоиста намоянд. Ба онҳое, ки литсейи моро интихоб мекунанд, кафолат медиҳем, ки дар интихоби литсейи мо пушаймон нахоҳанд шуд».

 

«МТЖТ»

Добавить комментарий