Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён яке аз беҳтарин муассисаҳои миёнаи касбии Тоҷикистон буда, меваи даврони истиқлолият аст. Ин даргоҳи илму маърифат 26 августи соли 1995 бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи кадрҳои омӯзгории ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Дӯстӣ ва дигар ноҳияҳо нахуст ҳамчун филиали Коллеҷи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа таъсис дода шудааст.   2 ноябри соли 2012 бо тағйир додани номи омӯзишгоҳҳо ба коллеҷ, омӯзишгоҳи мавриди назар низ ба Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён табдили ном кард. Ин махзани илму маърифат дар омода кардани мутахассисони соҳаи маориф нақши муассиру арзандаи хешро гузошта, дар он потенсиали хуби кадрӣ — устодони унвондору соҳибтаҷриба ва муаллимони ҷавону лаёқатманд, аз ҷумла Раҳимов С. Б., Сафаров Эшдавлат, Мирхӯҷаев А., Шарипова Гулнисо, Очилдиева Латофат, Алиматова Наргис, Шарипова Дилбар, Қуқанова Дилором, Содиқов Муҳаммад, Маматқулов Умедҷон, Абдуллоева Латофат, Чориева Махсуда ва Ҷумаев Маҳмуд фаъолияти пурсамар доранд.

Дар айни замон коллеҷро номзади илмҳои педагогӣ Раҳимов Сафар Боймуродович роҳбарӣ менамояд.

 

Кафедраҳо ва ихтисосҳо

Дар коллеҷ як кафедраи “Гуманитарӣ ва табиию риёзӣ” амал мекунад, ки дар он 22 нафар омӯзгор, аз ҷумла се нафар номзадони илм ва чор нафар омӯзгорон ҳамчун соатбайъ ба дарсгӯи машғул ҳастанд. Коллеҷ аз рӯи 4 ихтисос: “Таҳсилоти ибтидоӣ”, “Забони давлатӣ”, “Забон ва адабиёти рус” ва “Таҳсилоти томактабӣ” дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона мутахассис тайёр менамояд.

Аз рӯи ихтисосҳои номбурда дар айни замон 155 нафар муҳассилин дар шуъбаи рӯзона ва 480 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. Ин боргоҳи маърифат зина ба зина ба низоми нави таҳсилот, ки ҷавобгӯи стандартҳои таълими байналмилалӣ аст, гузашта истодааст.

 

Технологияи компютерӣ

Омӯзиши мо нишон дод, ки тамоми шуъбаҳои коллеҷ, аз ҷумла кафедраи гуманитарӣ ва табиию риёзӣ бо компютер ва технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар оғози соли нави таҳсил аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коллеҷ 20 адад компютери нав, аз ҷумла як адад тахтаи электронӣ ва як адад проектор ҳадя карда шудааст. Маъмурияти коллеҷ тасмим гирифтааст, ки дар солҳои оянда аз руи ихтисоси “Информатика-математика” низ мутахассис омода намоянд.

 

Таҷрибаомӯзии омӯзгорон

Дар коллеҷи омӯзгорӣ ба таҷрибаомӯзии омӯзгорону донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Зеро маҳз таҷрибаомӯзӣ дар баланд бардоштани дараҷаи касбии омӯзгорони оянда нақши муҳим мебозад.

Дар ҳуҷраи таҷрибаомӯзӣ ҳамаи шароитҳои зарурӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла шартномаҳо, рӯйхати таҷрибаомӯзӣ, фармонҳо оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҳисобот оид ба ҷамъбасти таҷрибаомӯзиҳо маҳфузанд.

Мувофиқи нақшаи таълимӣ донишҷӯён дар муддати 3 соли таҳсил 3 намуди таҷрибаомӯзӣ: — корҳои тарбиявии беруназсинфӣ, мушоҳидаи дарсҳо ва дарсҳои санҷишӣ, таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ (пешаздипломӣ)-ро мегузаранд. Барои гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён маъмурияти коллеҷ ба роҳбари таҷрибаомӯзӣ ва мушовирон шароити мусоид фароҳам овардаанд. Аз ҷумла бо сарварони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №2, №3, №4, №5 ва №48, ки дар маркази ноҳия воқеъ мебошанд, ҳамчун мактаби базавӣ (такягоҳӣ) шартнома ба имзо расонидаанд.

 

Мадад ба ятимони кулл

Дар Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён ба ятимону эҳтиёҷмандон ва маъюбон дар ҳар як ҷашну чорабиниҳо ёрии моддиву молӣ расонида шуда, онҳо аз пардохти маблағи хобгоҳ ва таҳсил озоданд. Ятимони кул инчунин бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.

 

Озмуну чорабиниҳо

Донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён ҳамеша дар озмуну олимпиадаҳо ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд. Инчунин, дар коллеҷ низ миёни донишҷӯён озмунҳо гузаронида шуда, ғолибон аз тарафи маъмурият қадрдонӣ карда мешаванд. 25 феврали соли 2018 омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён даври якуми озмуни фанниро аз рӯйи 3 фан: забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти тоҷик ва математика гузарониданд. Дар даври якум 18 нафар донишҷӯён иштирок карданд. Дар ин озмун донишҷӯи бахши якуми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ аз фанни математика Касимова С., донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ аз фанни забон ва адабиёт Очилдизода Суман, Соҳибова Таҳмина-донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси забон ва адабиёти рус аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи якум гардида, ҳуқуқи иштирок намуданро дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе баргузор гардид соҳиб шуданд.

Натиҷаи озмуни фаннӣ нишон дод, ки сатҳи донишандузии донишҷӯёни коллеҷ нисбати солҳои пешин беҳтар шудааст. Ғолибони озмун аз тарафи роҳбарияти коллеҷ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 4-5 маи соли 2018 дар Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯён шуда гузашт. Дар он донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён ширкати фаъол намуданд.

 

Ба ҷои охирсухан

Директори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки “Ҳар як инсон дар зиндагӣ бе устод қадаме гузошта наметавонад. Устод, омӯзгор шахсе аст, ки шогирди худро меомӯзонад ва ба роҳи нек ҳидоят менамояд. Бинобар он, ки касби омӯзгорӣ-касби пурифтихор ва пуршараф аст, омӯзгорони мо тамоми нерӯи зеҳнию ақлонии худро дар тайёр намудани кадрҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯй сарф менамояд. Мо кӯшиш менамоем, ки донишҷӯён ва наслҳои ояндаро дар руҳияи арзишҳои умумибашарӣ, ҳуввияти миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида, дониши амиқ ва воқиф аз технологияи муосир тарбия намоем”.

Сарвари коллеҷ ба довталабоне, ки дар оянда омӯзгор шудану хоҳиши таҳсил дар Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиёнро доранд, муроҷиат карда изҳор медоранд, ки дар коллеҷи мазкур ҳама шароитҳо барои таҳсилу омӯзгори хуб шудан муҳайё аст. Таълим дар ин боргоҳи илму маърифат имкон медиҳад, ки донишҷӯён дониши хуб гирифта, касби пуршарафи омӯзгориро соҳиб шуда, ба ватани азизи худ хизмат кунанд.  Марҳамат ба Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён. Рамзи коллеҷ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 511 мебошад.

 

“МТЖТ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here