Литсейи касбӣ-техникии нақлиёти автомобили шаҳри Душанбе 

Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии нақлиёти автомобили ш.Душанбе аз беҳтарин муассисаҳои миёнаи касбии таълимӣ буда, нахустин маротиба 1 сентябри соли 1938 ҳамчун омӯзишгоҳи касбӣ- техникии №26 шаҳри Душанбе таъсис ёфта, соли равон аз таъсиси он 70 сол пур шуд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №594 Муассисаи таълимӣ ба номгӯйи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 Муассисаи давлатии таълимӣ Литсейи касбӣ-техникии нақлиёти автомобили ш.Душанбе номгузорӣ гардида, аз тавозуни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавозуни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. 

Таҳсил дар литсей бо дар назардошти Қоидаҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуруҳҳои таълимашон буҷавӣ ва шартномавӣ дар шуъбаи рӯзона сурат мегирад, ки дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумии асосӣ (синфи 9) муҳлати таҳсил бо гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ду сол ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) муҳлати таҳсил бо гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ як сол мебошад. Дар айни замон Директори «Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобили ш.Душанбе» Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифов Саидмурод Раҷабалиевич мебошанд.

 

Ихтисосҳо

Дар муассисаи давлатии таълимӣ пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳо ва касбҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

•«Челонгари таъмири муҳаррики автомобил бо иловаи ронандаи автомобили дараҷаи «С»

•«Кафшергари газию барқӣ»

•«Радиомеханик оид ба таъмири дастгоҳи радио ва телевизион»

•«Системаи компютерӣ ва интернет-технология»

•«Ронандаи автомобили дараҷаи «С»»

•«Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ»

•«Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқӣ оид ба автомобил».

Аз рӯи ихтисосҳои номбаршуда, дар айни замон дар муассиса 597 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо ҳама шароит барои таҳсил ва касбомӯзӣ фароҳам оварда шуда, дар гуруҳҳои буҷавӣ ба хонандагон давоми рӯз як вақт хӯроки гарм дода мешавад. 

 

 

Хобгоҳ

Муассиса дорои хобгоҳи замонавӣ аз 4 ошёна иборат буда, 58 ҳуҷраи зист дорад. Хонандагоне, ки аз ноҳияҳои дурдаст ба касбомӯзӣ ҷалб шудаанд, бо хобгоҳ таъмин мебошанд. Дар 15 ҳуҷраи хобгоҳ дар айни замон 60 нафар касбомӯзон ва дар боқимонда ҳуҷраҳо омӯзгорон ва фаррошон зиндагӣ мекунанд. Хобгоҳ бо ҳамаи шароити зарурӣ барои истиқомат муҷаҳҳаз гардонида шуда, аз толори алоҳида барои дарсомӯзӣ, ҷойи ҷомашӯӣ, ҳамом ва ғайра иборат аст.

Ҳамазамон, хонандагоне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд пас аз дарс аз тарафи омӯзгороне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд, дарсҳои иловагӣ мегиранд. 

Дар муассисаи таълимӣ 28 нафар хонандагони нимаятим ҳастанд, ки аз тарафи муассиса ва соҳибкорон дар ҷашну идҳо кӯмакҳо расонида мешавад ва эҳтиёҷмандон ба хобгоҳ ба таври ройгон таъмин карда мешаванд.

 

Китобхона

Литсей дорои китобхонаи муҷаҳҳазгардонидашуда буда, аз 15562 адад китоб ва толори махсус барои китобхонӣ иборат аст. (Шумораи китобҳои дарсӣ-фаннӣ 1364 адад, китобҳои тахассусӣ ва фанҳои ҳамагонӣ, китобҳои бадеӣ-14032, сиёсӣ-103 адад ва китобҳои президенти кишвар-18 адад).

 

Дастовардҳо

Хонандагони литсей байни дигар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар озмуни «Ихтироъкорони беҳтарин» иштирок намуда, корҳои ихтироъкардаи худро ба намоиш мегузоранд. Инчунин, касбомӯзони муассиса дар мусобиқаҳои варзишӣ низ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштаанд. Раҳимов Илҳом дар мусобиқаи гуштин дар ҷумҳурӣ, Муминов Оятулло дар мусобиқаи бокс дар шаҳри Москва соҳиби ҷойи дуввум гардиданд.

 

Дарсҳои таълимӣ-истҳсолӣ

Дарсҳои таълимӣ-истеҳсолӣ дар муассиса аз рӯйи ихтисосҳои «Системаи компютерӣ ва интернет технология» дар синфхонаҳои компютерӣ бо истифода аз компютерҳои замонавӣ мегузарад. Дар гуруҳҳои «Челонгари таъмири муҳаррики автомобил бо иловаи ронандаи автомобили дараҷаи «С»» ва «Ронандаи автомобили дараҷаи «С»» дарсҳои истеҳсолӣ дар ширкатҳои «Талко-Персия», ҶСК «Сомон-сервис», «Азия-Экспресс», КДММ «Автомотосервис» ба номи Вайс мегузарад. 

Зимни боздид аз муассиса мо бо ҳамаи синфхонаҳо шинос шудем ва дарёфтем, ки синфхонаҳо ҳаматарафа бо асбобу анҷомҳои зарурӣ ва аёниятҳо комилан муҷаҳҳаз гадонида шуда, дар рафти дарсҳои таълимӣ хонандагон бе восита бо онҳо кор мекунанд ва касбияти худро боло мебардоранд. Онҳое, ки дар ихтисоси «Радиомеханик оид ба таъмири дастгоҳи радио ва телевизион» таҳсил мекунанд, дар дарсҳои амалӣ бевосита бо дастгоҳҳои ҳозиразамон, «Ронандаи автомобили дараҷаи «С» бевосита бо муҳаррикҳо, қисмҳои эҳтиётии нақлиёт ва худи нақлиёт, «Кафшергари газию барқӣ» бевосита бо таҷҳизоти барқӣ ва ғайра дарс меомӯзанд ва амалан кор мекунанд, ки ин ба омӯзиши касб ҳаматарафа мусоидат мекунад.

Дар муассиса 50 нафар омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии ботаҷриба фаъолияти касбӣ доранд, ки аксари онҳо аълочии маориф ва унвонҷӯ мебошанд. Шарифов Саидмурод Раҷабалиевич-Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонов Нуриддин Салоҳович –Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Усмонова Садбарг –Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидова Гулрухсор –Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исоева Заррина –Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадр карда шудаанд. Устодони мазкур таҷрибаи бойи худро ба хонандагон меомӯзанд ва ба соҳибкасб шудани онҳо ҳаматарафа мусоидат мекунанд.

 

Таълимгоҳи касбу ҳунар

Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техники нақлиёти автомобили ш. Душанбе» -ро таълимгоҳи касбу ҳунар ном мебаранд ва ин беҳуда нест. Зеро литсейи мазкур яке аз муассисаҳое мебошад, ки дар соҳаи нақлиёт, технологияи компютерӣ, монтёри барқӣ, кафшергарӣ ва радиомеханика мутахассисонро тайёр менамояд, ки на танҳо соҳиби донишҳои назариявӣ, балки малакаи хуби касбии ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мегарданд. Бинобар ин ҳар нафаре, ки ба ин муассиса муроҷиат мекунад, пушаймон нахоҳад шуд. Ихтисосҳое, ки дар литсей омӯхта мешаванд, бозоргир буда, имконият медиҳад, ки хонандагон дар зиндагӣ вобаста ба он ба кор фаро гирифта шаванд. 

Хамткунандагони листейи мазкур баъд аз хатми муассиса ба донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва берун аз ҷумҳурӣ дохил шуда, таҳсили худро дар самтҳои гуногун идома медиҳанд. Барои қабули довталабон ҳар сол дар муассиса Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад ва хонандагоне, ки мехоҳанд ба худ касб интихоб кунанд, ба Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техники нақлиёти автомобили ш. Душанбе» омада, таҳсили худро идома медиҳанд. 

 

«МТЖТ»

Добавить комментарий