Заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013, таҳти №1502 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2014, таҳти №174 Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шудааст. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013, №1502 барои Донишкада 182 воҳиди корӣ пешбинӣ шудааст, ки он марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст.

Сохтори Донишкада аз 3 факултет, 8 кафедра, Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, 6 шуъба ва бахшҳо иборат аст.

 

Сатҳ ва сифати таълим

Бо мақсади боло бурдани сатҳ ва сифати таълим, дастрасии назари мутахассисон ба шунавандагон, фарогирии доираи васеи иттилоъ роҷеъ ба мавзӯи барномаи таълимии пешбинишуда мутахассисони варзида аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Вазорати кишоварзии ҶТ, Академияи кишоварзии ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Агентии миллии иттилоотии «ХОВАР», Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ,  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои доир намудани машғулият ба курсҳо ҷалб карда шуда, модулҳои таълимӣ низ таҷдиди назар гардиданд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки бо дархости Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, ки соли аввал ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ба кор қабул гардидаанд дар ҳаҷми 92 соат гузаронида шуд. Дар курси мазкур 11 нафар кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ба курси бозомӯзӣ фаро гирифта, шуда, пас аз супоридани санҷиш ба онҳо Гувоҳнома дода шуд.

Ҳамзамон соли гузашта дар доираи зиёда аз 100 соат устодони Донишкада бо дархости Агентии хизмати давлатӣ ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар доираи баргузории “Хониши идоравӣ” лексия-суҳбатҳо гузарониданд. Самти мазкур яке аз самтҳои мухталифи фаъолияти Донишкада буда, аз масъулин масъулият ва кордонии ҳамаҷонибаро талаб мекунад.

 

Корҳои тарбиявӣ

Корҳои тарбиявӣ дар Донишкада дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии раванди сиёсати ҷавонон, Консепсияи миллии тарбия, “Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2022” самти хизмати давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда дар асоси онҳо  Нақша-чорабиниҳои корҳои тарбиявии Донишкада ба тасвиб расонида шуда, мавриди иҷро қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, дар Донишкада 18 маротиба вохӯрию суҳбатҳои намояндагони мақомотҳои гуногун бо устодону кормандон ва донишҷӯён ташкил ва гузаронида шуд. Инчунин, дар давоми сол бо мақсади шиносоӣ бо самти таълим ва тарбияи фаъолияти муассисаҳои олии кишвар доншиҷӯёни лаёқатманд ба чорабиниҳои “Дар меҳмонии ректор” сафарбар гардиданд.

Вобаста ба пешгирии паҳншавӣ ва оқибатҳои ногувори мубталошавии шаҳрвандон ба бемории сироятии ВНМО/БПНМ бошад, дар Донишкада 4 маротиба вохӯрии устодон, магистрантон ва донишҷӯён бо кормандони соҳаи тиб ва Вазорати корҳои дохилӣ гузаронида шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, ҳисси ватандориву созандагии ҷавонон дар Донишкада мунтазам озмунҳо ташкил ва баргузор мешаванд, ки ин раванд барои боло бурдани сатҳи забондонӣ, масъулиятшиносӣ, ташкилотчигии донишҷӯён мусоидат мекунад. Аз ҷумла, озмуни Беҳтарин қироати шеър таҳти унвони «Сухани созанда», озмуни «Бадеҳахонӣ», озмуни “Ровиёни ҷавон”, озмуни “Бонувони беҳтарини Донишикада”, “Синфхонаи беҳтарин”, “Гуруҳи беҳтарин”, “Куратори беҳтарин” ва дигар озмунҳои умумидонишкадавӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.

Барои ҳавасманд гардондани донишҷӯёни фаъолу лаёқатманд, дар давоми соли сипаригардида бо Қарори Шӯрои олимони Донишкада ба 13 нафар донишҷӯён Ифтихорнома ва ба 10 нафар туҳфаҳои молиявӣ дода шуд.

Ҳамзамон соли 2018 бо дархости муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, бо мақсади таҳти назорати қатъӣ қарор додани тартибу интизоми донишҷӯён ба сохтори садорати факултетҳо муовини декан оид ба илм ва корҳои тарбиявӣ таъсис дода шуд, ки маблағгузории онҳо аз ҳисоби суратҳисоби махсуси Донишкада роҳандозӣ мегардад. Ин раванд, масъулини шуъбаи тарбияро водор месозад, ки барои боз ҳам пурсамар гардонидани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён ва магистрантон чораҳои амалӣ андешанд. Дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ва маърифатӣ, ҳамзамон ташкили озмуну викторинаҳо, ки метавонад барои тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон мусоидат намояд, бештар фаъол бошанд.

 

Дастгирии донишҷӯёни эҳтиёҷманд

Дар Донишкада 13 нафар ятимони кулл ва 2 нафар маъюбони дараҷаи 2-юм таҳсил менамоянд, ки ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои махсуси Донишкада ба онҳо сару либоси баҳорӣ ва тобистона ва бо хӯроки яквақтинаи гарм таъмин карда мешавад. Тибқи таҳлилҳо дар Донишкада 68 нафар нимятимон таҳсил мекунанд.

Дар арафаи моҳи Рамазон ба 11 нафар ятими кулл ва 1 нафар маъюб ба маблағи ба ҳар кадом 500 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд. Дар моҳи майи соли ҷорӣ ба 56 нафар ятимони кулл, нимятимон ва донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат бо ташаббуси садорати факултети муносибатҳои байналмилалӣ ва шахсони саховатпеша сару либос туҳфа карда шуд.

 

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Робитаҳои байналмилалии Донишкада бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, баланд бардоштани савияи илму дониши устодону донишҷӯён, омӯхтани таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани сифати таълим тавассути технологияи ҳозиразамон, ташкил ва фиристодани устодон ба хориҷи кишвар ҷиҳати ширкат дар семинару ҷаласаҳо, конфренсияҳои илмию байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи якдигар равона карда шудааст.

Дар доираи ҳамкориҳо як қатор донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Русия барои ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни Донишкада омода буда, ҳамзамон пешниҳод ва равона сохтани донишҷӯёни Донишкада аз курси 2-юм роҳандозӣ гардидааст. Дар ин раванд ҷалби донишҷӯёни забондон, ҷиҳати таъсиси гуруҳи пилотӣ аз нимсолаи дуюми соли таҳсили 2018-2019 роҳандозӣ гардидааст.

Дар заминаи ҳамкориҳои тарафайн ва дар асоси мактуби ректори Мактаби олии сиёсати давлатии Донишгоҳи Назарбоеви Ҷумҳурии Қазоқистон аз 4 сентябри соли 2018 намояндаи Донишкада Ализода Б.П. дар конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муосири идоракунии давлатӣ дар Евроосиёи пасошӯравӣ», ки дар шаҳри Остона баргузор гардид, иштирок намуд. Дар конференсияи мазкур олимону донишмандони бештар аз 25 кишварҳои хориҷи дуру наздик ва созмонҳои бонфузи байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Донишкада барои иштирок дар конфренсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва тренингҳои байналмилалӣ, ки дар дохили ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар гузаштанд, сафарбар карда шуданд. Аз ҷумла: дар робита ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз 16 то 18 январи соли 2018 дар Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия 9-умин форуми Гайдар (IX Гайдаровский форум) таҳти унвони «Русия ва ҷаҳон: интихоби афзалиятҳо» баргузор гардид. Дар он ректори Донишкада иштирок намуданд.

Дар робита ба мактуби даъватии Кумитаи Авруосиёии Ассотсиатсияи байналмилалии маърифат ва савод 20-22 январи соли 2018 дар шаҳри Истанбул, ба сифати садри Кумитаи мазкур директори Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Мухторов Зайниддин ширкат варзид.

Дар доираи ҳамкориҳои Донишкада ва Бунёди Ҳаннс Зайдел аз 30 март то 2 апрели соли 2018, директори Донишкадаи ҳамкориҳои байналмилалии Бунёди Ҳаннс Зайдел бону Сузанне Лютер, директори департаменти нави Шимолу Шарқии Осиё ва Осиёи Марказии Бунёди Ҳаннс Зайдел ҷаноби Вилли Ланге, роҳбари лоиҳаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер ва муовини ӯ Каннибек Сидикбеков ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳадаф аз ташриф шиносоӣ бо Фаъолияти Бунёд дар Донишкада, иштирок дар конференсияи умумидонишкадавии «Занон дар идоракунии давлатӣ» ва саёҳат ба Қалъаи Ҳисор, ҷиҳати шиносоӣ бо ҳунарҳои мардумӣ буд.

Дар доираи ҳамкориҳои Донишкада ва Донишгоҳи давлатии Уқёнуси Ороми Федератсияи Русия 16 апрели соли 2018 сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ Ситникова Татьяна Анатольевна ба Донишкада ташриф овард. Ҳадаф аз ташриф, баррасии ҳамкорӣ ҷиҳати амалигардонии барномаи муштараки таълимии дар зинаи бакалавриати самти «Идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ» бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» буд.

Дар доираи ҳамкориҳои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ректори Донишкада дар конференсияи байналмилалии «Таҷриба ва мушкилоти хизмати давлатӣ дар даврони рақамӣ», ки 16 -19 майи соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар робита ба мактуби даъватии Хаби Остонагӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ 8-9 июни соли 2018, конференсияи байналмилалии «Низоми пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ: таҷрибаи кишварҳои минтақа» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар кори конференсия ректори Донишкада иштирок намуданд. Ҳамзамон дар доираи сафар Ёддошти тафоҳум байни Донишкада ва Хаби Остонагӣ ба имзо расид.

Дар доираи Шартномаи дуҷониба бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ҷиҳати баланд бардоштани самарнокии хизмати давлатӣ, табодули таҷрибаи пешрафта дар самти азнавтайёркунии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ 29 майи соли 2018 дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо муовини директори Институти идоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон — Апергенова Рената Сеитовна ва хатмкардагони магистратураи Донишкада ташкил карда шуд.

Дар ҳамкории Донишкада ва Бунёди Ҳаннс Зайдел аз 14 то 17 майи соли 2018 роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ, доктор Макс Георг Майер ба Донишкада ташриф оварданд. Ҳадаф аз ташриф, шиносоӣ бо фаъолияти намояндагии Бунёд дар Донишкада, таҳсил ва раванди таҷрибаомӯзии магистрони идоракунии давлатӣ буд.

Дар доираи ҳамкориҳои Донишкада ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон 4 нафар аспирантон ва магистрантони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Мактаби тобистона»-и байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои актуалии бехатарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ», ки 24-30 майи соли 2018 дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Донишҷӯи курси 1 зинаи магистратураи Донишкада, Сангова Д.Ҷ. дар барномаи чорҳафтаинаи омӯзишии «Занони роҳбар ва ташаббускор», ки аз 23 июн то 28 июли соли 2018, дар Коллеҷи Грин Ривери (Green River College) штати Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар робита ба мактуби даъватии намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM), аз 17-18 сентябри соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, семинари ҷамъбастӣ оид ба пешниҳоди корҳои таълимӣ роҷеъ ба муҳоҷират баргузор гардид, ки дар он директори Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкада — Мухторов З.М. иштирок намуд.

Донишҷӯи курси 4 факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкада — Бобоев Д.  аз 20 то 22 сентябри соли 2018, дар конференсияи байналамилалии «Аввалин модели Осиёи Миёнагии Созмони Миллали Муттаҳид», ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар доираи ҳамкориҳо, ҳамасола бо мақсади табодули таҷриба вохӯриҳои хатмкардагони магистратураи Донишкада бо хатмкардагони магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон (минбаъд АИДПҶК) ташкил карда мешавад. Бо ин мақсад, Бунёди Ҳаннс Зайдел 19-21 октябри соли 2018, вохӯрии якҷояи хатмкардагони магистратураи идоракунии давлатии Донишкадаро 18 нафар аз вилояти Суғд бо хатмкардагони магистратураи АИДПҶК дар вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор намуданд.

Дар асоси шартномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишкада ва Бунёди Ҳаннс Зайдел 4-10 ноябри соли 2018 дар шаҳри Мюнхени Ҷумҳурии Олмон семинари экспертони соҳаи таълим таҳти унвони «Идоракунии стратегии кордонӣ дар идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ», баргузор гардид, ки дар он сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкада — Ғаффорзода А. С. ва мудири кафедраи идоракунии иқтисодиёти Донишкада — Шамсуллозода Ш. иштирок намуданд.

Дар доираи ҳамкориҳои Донишкада ва Кумитаи идоракунии ХАБ-и Остонагӣ дар самти таҳсилот ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Ректори Донишкада 25-26 октябри соли 2018, дар шаҳри Скопеи Ҷумҳурии Мақдуния дар конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти даврони муосир дар хизмати давлатӣ ва ҳалли онҳо тавассути ҳамкориҳо» иштирок намуд.

 

Дастовардҳои устодон

Ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 138 нафарро ташкил дода, 9 нафар профессор, 39 нафар дотсент (номзади илм), 7 нафар муаллими калони унвондор (номзади илм), 35 нафар муаллими калони беунвон, 48 нафар ассистент мебошанд, ки аз онҳо 102 нафар мард ва 36 нафар зан ҳастанд.

Аз ҷониби устодони Донишкада дар соли 2018, 7 китобу монография ва дастури таълимӣ ва 70 мақолаи илмӣ ва илмӣ — оммавӣ нашр гардидааст. Ҳамчунин се шумораи маҷаллаи илмию сиёсии «Идоракунии давлатӣ» аз чоп баромад, ки дар он дар маҷмуъ 50 мақолаи илмии олимону коршиносони ватанию хориҷӣ нашр гардид. Дар ин давра, кормандони Донишкада дар кори зиёда аз 25 конференсияҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввари байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок ва баромад намудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ  устодони Донишкада Саидаҳмадова Д.- мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ бо мукофоти давлатӣ — медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардида, Ализода Б.- сарходими илмии Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатии назди Донишкада ба конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири идоракунии давлатӣ дар Евроосиёи пасошӯравӣ», дар шаҳри Остона мақолаи худро дар мавзӯи «Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаккул, ислоҳот ва дурнамои рушд» фиристода, ғолиби озмун дониста шуд ва барои пардохти хароҷоти сафар ва иштироку баромад дар конференсияи мазкур роҳхат гирифт ва 5-6 октябри соли 2018 дар конференсияи байналмилалӣ иштирок ва баромад намуд.

Айни ҳол кормандони Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкада лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотии «Энсиклопедияи идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон» (солҳои 2016-2020 ва «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: ташаккул ва рушд»-ро идома дода истодаанд. Ректори Донишкада бар ин назар аст, ки ҳар як самти фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд алоҳида мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, дар шакли китоб ба нашр расонда шавад.

Дар давоми соли сипаригардида барои фаъолияти пурсамари бенуқсон ҳамзамон корҳои илмӣ-амалӣ ба 7 нафар устодону кормандон Ифтихорнома ва ба 10 нафар мукофоти ҳавасмандкунии молиявӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Дастовардҳои донишҷӯён

Ҳамчунин, соли 2018 донишҷӯён ва магистрантони Донишкада дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни 387 нафар иштирокчиён аз тамоми мактабҳои олии кишвар, иштирок карда, ба чунин муваффақиятҳо сазовор шуданд:

Идиев Давлатхӯҷа, донишҷӯи курси 3-юми факултети идоракунии давлатӣ аз фанни иқтисодиёт сазовори ҷои дуюм;

Исуфов Зуҳуршо, донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналмилалӣ аз фанни таърих сазовори ҷои сеюм;

Ҳакими Ҳалим, донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналмилалӣ ва Мавзунаи Фарҳод, донишҷӯи курси 4-уми факултети  идоракунии давлатӣ сазовори Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Урунов Амирҷон, донишҷӯи курси чоруми факултети идоракунии давлатӣ бошад, ғолиби озмуни байналмилалии «Сафирони ҷавон» («Young ambassadors») дониста шуд, ки бо ибтикори Кумитаи байналмилалии олимпӣ ташкил шудааст ва рӯзҳои 6-18 октябри соли 2018 дар шаҳри Буэнос — Айреси давлати Аргентина ҳамчун намояндаи расмии Тоҷикистон дастаи наврасони олимпии давлати моро муаррифӣ намуд.

Бобозода Диловар, донишҷӯи курси 3-юми факултети муносибатҳои байналмилалӣ дар озмуни Модели Осиёмиёнагии СММ (Asian Model United Nation) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар соли 2018 ғолиб гардид.

Дар баробари ин, дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», магистранти курси 2 Адолати Маҳмадалӣ сазовори ҷои якум гардид.

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавондухтари ҳунарманди сол» донишҷӯи соли дуюми факултети муносибатҳои байналмилалӣ Зевар Раҳмонализода сазовори ҷойи якум гашт.

Дар мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди гӯштини дзюдо Беков Насим донишҷӯи курси 3-юми факултети муносибатҳои байналмилалӣ сазовори ҷойи якум шуд.

Дар мусобиқаи варзишии байналмилалӣ варзиши Юнифайт

(Муҳорибаи бе қоида) Расулов Мунимҷон, донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гашт.

Дар озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Содиқов Хушбахт, донишҷӯи соли чоруми факултети идоракунии давллатӣ сазовори ҷои якум гардидааст.

Дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Президент» аз рӯи намуди гӯштини дзюдо Ҳалимов Фаррух донишҷӯи соли 1-уми факултети идоракунии давлатӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.

Дар мусобиқаи байлалмилалӣ аз рӯи намуди варзиши қаиқронӣ Лутфуллоева Нозанин донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналмилалӣ сазовори ҷои сеюм ва ҳамчунин сазовори унвони устоди дараҷаи байналмилалӣ гардид.

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» Назаров Аминҷон донишҷӯи соли 4-уми факултети идоракунии давлатӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Ҳамчунин, 14-15 марти соли 2019 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Олимпиадаи мазкур тибқи талаботи «Низомномаи олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи 13 соҳаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) баргузор гардид ва дар он донишҷӯёни зинаи бакалавриати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада 7 нафар донишҷӯ иштироки фаъолона намуда, 5 нафари онҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Донишҷӯи курси дуюми факултети идоракунии давлатӣ Саидмуртазои Саидмутаҳҳар аз фанни «Технологияи иттилоотӣ» сазовори ҷойи якум гардида, «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соҳиб шуд. Ҳамчунин, Муминов Мустақим, донишҷӯи курси чоруми факултети идоракунии давлатӣ аз фанни «Сиёсатшиносӣ», Алишери Ҳабибулло, донишҷӯи курси якуми факултети муносибатҳои байналмилалӣ аз фанни «Таърих» ва Наимов Саидиброҳим, донишҷӯи курси дуюми факултети муносибатҳои байналмилалӣ аз фанни «Ҳуқуқ» сазовори ҷойи сеюм шуда, бо дипломҳои дараҷи 3-юм қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон Динора Ҷабборова, донишҷӯи курси якуми факултети идоракунии давлатӣ аз фанни «Забон ва адабиёти тоҷик» сазовори ҷойи ифтихорӣ шуда, бо «Ифтихорнома»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Дар фарҷом, аз ҷониби роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони Олимпиада барои дохил шудан ба зинаи магистратура ва докторантура (PhD) имтиёзҳо дода шуд.

 

Ба ҷои охирсухан

Ҳадафи асосии Донишкада бунёди низоми доимоамалкунандаи замонавии тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ (бакалавр, магистр, маълумоти дуюми олӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ), баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Низоми тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва дар маҷмуъ тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаи идоракунӣ муҳимтарин масъалаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳалли он ба зиммаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Донишкада бо технологияи электронии замони муосир пурра таъмин буда, ҳамаи машғулиятҳо ба муҳассилин бо методу усули замонавӣ гузаронида мешавад.

Донишкадаи идоракунии давлатӣ сифати олии таҳсилро кафолат дода, дорои ҳайати устодон ва мутахассисони варзидаи соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мебошад.

Марҳамат ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Рамзи Донишкада дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 214 мебошад.

 

“МТЖТ”

Добавить комментарий