Бенёмини Илҳоми 10-сола, яке аз ҷоизадорони озмуни адабии ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…”, ки рӯзи 15-уми январ, зимни ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз бемориаш ба Президент гуфту ӯро ба риққат овард, дар бемористони “Истиқлол” бистарӣ карда шудааст. Дар ин бора вебгоҳи расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, менависад, ки иқдом рӯзи 16-уми январ бо супориши бевоситаи вазири тандурустӣ Насим Олимзода сурат гирифа ва Бенёмин худи ҳамон рӯз ба ташхису табобат фаро гирифта шудааст.

Тавре аз навори гузориш дида мешавад, суҳбати Бенёмин зимни боздиди Сарвари давлат бо хонандагоне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷоизаҳо ба даст овардаанд, ногаҳонӣ сурат гирифтааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз писарак ному насаб, синну сол ва шуғли волидонашро пурсон мешавад. Бенёмин бо як ҷиддияти хоси кӯдакона аз синну соли худ, модар ва сарҳадбон будани падараш иттилоъ медиҳад, вале пас аз он, ки Сарвари давлат дар мавриди кӣ шуданаш дар оянда аз ӯ пурсон мешавад, Бенёмин “духтур” гӯён, ногаҳон гиря оғоз мекунад.

Ин ҳолат Президенти кишварро мутаассир намуд. “Чаро гиря мекунӣ, кӣ дар хонаатон бемор аст?”,- пурсиданд аз хонанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бенёмин дар ҷавоб ба суоли Сарвари давлат, дар ҳоле, ки ашк дар чашмони кӯчакаш ҳалқа мезаду гиря дар гулӯяш дармемонд, гуфт, ки худаш аз бемории захми рӯда ранҷ мекашад. Табибон низ, бо он ки гӯё имконияти пурраи табобати ӯ дар дохили кишвар вуҷуд надорад, ба волидонаш маслиҳат додаанд, то муолиҷаи ӯро дар хориҷа ба роҳ монанд. Аммо Бенёмин гуфт, ки падараш барои дар хориҷа табобат кардани ӯ маблағ надорад. Воқеан, гиряи маъсумонаи кӯдак Президенти кишварро ба риққат овард ва ҳамон лаҳза ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат супориш доданд, ки табобати Бенямини Илҳомро таҳти назорати қатъӣ гирифта, ӯро ба таври ройгон муолиҷа намоянд.

Вебгоҳи вазорат ҳамчунин менависад, вобаста ба ин ҳолат дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” фавран машварати табибон (консилиум) доир гардидааст, ки дар он академик, сармутахассиси соҳавии вазорат Мироҷов Ғ. Қ., сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Зоир Набиев, директори муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” профессор Абдуллозода Ҷ. А., сармутахассиси бемориҳои ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ профессор Ибодов Ҳ. ва як қатор мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ иштирок кардаанд.

Гуфта мешавад, «Бенёмини Илҳом баъди ташхис ва машварати табибон дар шуъбаи гастроэнтерологияи “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” бистарӣ гардида, таҳти муолиҷаи табибон қарор дорад. Вазъи саломатии Бенёмини Илҳом муътадил буда, волидон аз хизматрасонии табибон қаноатманд мебошанд. Айни замон муолиҷаи Бенёмини Илҳом таҳти назорати бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода қарор дорад”.

Дар пайи гузориши мазкур дар шабакаи телевизиони “Тоҷикистон” ҳамчунин чандин хабару гузоришҳо дар хабаргузориҳои расмию мустақил рӯи чоп омад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳсҳои гармро ба миён овард. Бархеҳо бар он назаранд, ки Бенёмин ва ба мисли ӯ садҳо ҳазор кӯдакони даврони соҳибистиқлолии кишвар хуштолеъу баиқболанд, ки мавриди таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхориҳои доимии Сарвари давлат қарор доранд.

Табиби “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” Зокир Шарифов дар гузориши телевизионӣ ҳолати умумии беморро рӯ ба беҳбудӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ки барои ташхиси Бенёмин консилиуми иборат аз мутахассисони варзидаи тибби кишвар ташкил шуда, феълан раванди ташхис идома дорад.

Ҳамчунин, модари Бенёмин — Гулзода Юсуфова бо изҳори миннатдорӣ аз дастгириҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки писараш таҳти назорати беҳтарин табибон қарор дорад.

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар суҳбат гуфтанд, ки Бенёмини Илҳом қаблан дар “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ҷарроҳӣ карда шуда буд: «Табибон машварат карданд, диданд ва феълан бемор дигар ба ҷарроҳӣ ниёз надорад ва фақат саломатиаш таҳти назорат гирифта, табобат карда мешавад».

Шамсулло ФОЗИЛОВ, «ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here