Аҷоиб мардуманд гулободиҳо. Мутобиқшавандаанд ба ҳар муҳиту ба ҳар вазъият. Бозор ва иқтисоди бозориро чун эшон дар раванди ҷаҳонишавии имрӯза касе дарк ҳам карда наметавонаду, ба қавле, тавони бо онҳо сар ба сар шуданро ҳам надорад. Мебинанду таҳлил менамоянду хулосабарориҳои мушаххасро ба сомон мерасонанду боз чандин у-ҳои дигарро анҷом медиҳанду мебинед, ки ягон моли бозоргир ё хизматрасонии бозоргирро фавран нархбардорӣ менамоянд.

Бобои Гулбиддину кампири Гулбибӣ бошанд, аз ин ҳисоб фоида мекунанд. Зеро мавзӯи баҳсҳои пуршиддату тезутунди сермурчу қаланфур ва ҳатто, то ба гиребонгириву гӯштингирӣ расанда пайдо мегардад. Ҳавои Гулобод, ки имрӯз баҳорӣ аст, мувофиқ ба табъи дили эшон мебошад. Зеро майдони баҳсро дар боғи ҳавлиашон созмон медиҳанду гӯё аз накҳати гулҳои баҳорӣ ва сабзаи мулоим дар ҳолати афтидан аз рақиб лаззати такрорнашаванда мегиранд.

Бобои Гулбиддину кампири Гулбибӣ бошанд, ин гуна баҳсҳоро дар фасли баҳор хеле дӯст медоранд. Зеро бо баҳонаи баҳсу мунозираи сахт ба афту дарафту часпочаспӣ, ки аз давраи ҷавонии ин ду ҷуфти ба ҳам муносиб дар хотирашон нақш бастааст, истифода намуда, хешро лаҳзаи бо ҳам ба замин афтидан, ё  бардорумон дар боғҳои ошиқони Гулобод, ки давраи ишқварзиашон он ҷо гузаштааст, тасавввур менамоянд.  Борҳо шудааст, ки баъди афтидан то дер гӯё хаста шуда бошанд, баҳузур ғел мезананд. Беҳуда нагуфтаанд: «Элак баҳона — дидору ғел-ғел ғанимат»

Ин дафъа низ баҳор барои бобои Гулбиддину кампири Гулбибӣ бо тӯҳфаи нек-мавзӯи баҳси навбатиаш айни муддао гардид. Яку якбора ду баробар баланд шудани нархи интернет пиру кампирро ба кӯчаҳои сарбаста мебурду ҳеҷ илоҷи ғелғелакро намеёфтанд. Бар замми ин ҷомеаи Гулободро ақидаҳои гуногуни подарҳаво фаро гирифтааст, ки на сухани нимчасарвари шоирашон мантиқ дораду на шарҳи масъули баланд бардоштани нарх. Болои ҳамаи ин имрӯз интернете, ки баъзе аз муштариёнаш гӯё нафасҳои охиринро кашида истодани он маҳбубаашонро дида, то ҳадди имкон аз он истифода бурдан доранду марсиякорӣ намуда, ба захми ошиқони шайдо намакрезӣ доранд. Ба гуфти дугонаҳои лаби оби кампири Гулбибӣ «Болои мурда сад чӯб». Ҳамчунин баъзе суппербизнесменҳои Гулобод нархи интернети Гулободро бо дигар кишварҳо аз қабили Ҷопону Малайзиё, Куриёву Чин муқоиса доранду даъвои дар он кишварҳо баланд будани нархи интернетро асос меоранд. Лекин ба кӯдаки гаҳвора, ки имрӯз аз интернету маоши мардуми Гулободу кишварҳои боло зикргардида огоҳ аст, бо ин муқоисаи хеш эшон мақоли «Харро хандаву бузро бозӣ»-ро ба хотир меоранд. Аз ин рӯ,  баҳси пиру кампир ин дафъа бе кашталгирӣ, баръакс бо андешаҳои тӯлониву бо лабҳои пир-пир паронашон ва ҷиддӣ ба фикр ғӯттавар шуданашон мегузашт. Ҳатто, шабҳои бедорхобӣ натиҷае надод. Чунки ҳарду ҳам ошиқи шайдои интернет буданд. Кампири Гулбибӣ як ақидаро пеш меоварду бобо дигареро. Хулоса, хараҷу мараҷи зиёду дилгиркунандае буд. Лекин бобои Гулбиддин аз ун зуд таслимшавандаҳо нест, ки ақидаашро ҳимоя карда натавонад. Ӯ баъди дар тарозуи электронии каллаи Гулбибӣ баркашидани фикр, бори дигар онро дар тарозуи ақли хеш, ки аз тарозуҳои бобоӣ буд, баркашиду оҳи сабуке кашид ва чанд лаҳзае ба фароғат рафт. Кампири Гулбибӣ аз оромии бобои Гулбиддин хавотир шуда, аз ҳолу авҳолаш пурсон шуд, бо меҳрубонӣ чойи кабуди талхе барои тоза кардани фикрҳо омода намуду назди бобо нишаст, пиёлаи чойро дароз кард. Бобо бо ифтихор ва ғурур аввал як пиёла чойи талх нӯшиду бо як салобати ба худ хос ба шарҳи масъала пардохт.

-Кампир, наздиктар нишину гӯш кун. Ҳамин вазирону калонпоҳои Гулобод аз тоифаи нафарони оддӣ нестанд, балки аз  «парҳезкоронанд», шояд аз «азизу авлиёҳо» бошанд. Онҳо на фақат имрӯзи мардуми Гулободро, балки рӯзи бозпурсро низ «андеша» менамоянд. Онҳо медонанд, ки баъди андаке моҳи шарифи Рамазон меояду агар мардуми Гулобод бо интернету вайберу ватсапу имою гуглу пугул сару кор дошта бошанд, аз фоидаи рӯзаву намоз, тасбеҳу таровеҳ ва фазилати моҳи шарифи Рамазон бенасиб мемонанд. Аз ҳамин сабаб, маҳз пеш аз омадани Рамазон интернетро қимат карданд, то мардуми шарифи Гулобод аз рӯи масали «Гоҳ нағмаю усул ва гоҳ Худову Расул» амал намоянду аз оташи дӯзах наҷот ёбанд…

Кампири Гулбибӣ дигар парвои касеву чизеро накарда, аз ду бари рӯйи бобои Гулбиддин пайиҳам бӯсидан гирифт. Баъди аз бӯса сер шудан (шояд бӯсаи моҳи Рамазонро низ гирифта бошад),  аввалин бор ба бобои Гулбиддин муборизаи тую манро бохта,  таслим ва ҳамфикр  шуд.

— Дар ҳақиқат, мӯйсафед, мардуми мо бо сабаби ба интернет машғул шудан Худоро қариб, ки фаромӯш кунанд. Хуб шуд, ки дар ҳамин моҳи муборак нархи интернетро баланд бардоштанд. Дар акси ҳол, ба умеди интернетбозӣ бечора мардум аз ифтору таровеҳ мемонданду гуноҳи азимро ҳам мардуми Гулободу ҳам калонпоҳо мегирифтанд. Кошки занҳои гулободӣ бо интернетбозӣ кам машғул шаванд. Агар як шабонарӯз 24 соат бошад, ин занҳои мо 28 соат дар вайберу имову дигару дигаранд. Акнун бо ҳамин гароншавии нарх шояд каме аз интернет дур шаванду ба хулосаи яке аз мутасаддиёни баланд шудани нарх нури чашмони шаҳлояшонро эҳтиёт намоянд. Шояд бо ҳамин ба пуррагӣ аз истифодаи интернет дил кананду ба китобхонӣ машғул шаванд. Эҳ, китобхонӣ гуфтаму пушаймон шудам. Аз даҳонам шамол барад! Охир, як нафараш китобҳои «Абу Камолу» «Марги судхӯр» хонду дар арафаи моҳи муборак ба судхӯрӣ гузашт. Дид, ки интернет серхаридор аст, нархро бардошт. Талаботи бозорро, ки медонист,  айнан чунин аст, ба ин кор даст зад. Лекин мӯйсафед, ман як чизро намефаҳмам, ки чаро ин «азизу авлиёҳо» дар моҳи муборак нархро бардоштанд. Магар ин гуноҳ нест? Ё эшонро мақоли «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» шиор шуда бошад? Шояд, бо андешаи дар моҳи мубораки Рамазон шустани гуноҳи судхӯрӣ, ӯ ин амалашро қабл аз моҳи тавбаву надомат роҳандозӣ намуд. Худованд танҳо худаш аз савобу гуноҳ ва дилу нияти  бандагонаш огоҳ аст…

-Исто, кампир. Ин киматшавӣ танҳо дар моҳи муборак аст. Дар хотир дошта бошӣ, нафари дигаре, ки болои нархҳо масъул аст, гуфт, ки агар баландшавии нархи интернет ба фоидаи аҳолии Гулобод набошад, боз ба асли кадимааш бармегардонанд. Лекин кампир, ман аз чизи дигар дар ташвиш ҳастам. Оё ту боре дидаӣ, ё аз занҳои лаби об шунидаӣ, ки то интернетро ёд  гирифтанат, бо онҳо гап мечидеду гап паҳн мекардед, шунидаӣ, ки дар Гулобод баъди баландшавии нарх боз фаромаданаш имконпазир аст? Не, ҷонакам. Инро дигар дар хоб мебинӣ. Масъули нарх бошад, танҳо баланд кардани нархро медонаду варам намудани кисаашро. Куҷо ӯро парвои мардуму парвои ободии Гулобод. Заҳри танаш шавад маоши калоне, ки аз ҳисоби андози пардохткунандаи мардум мегираду карру фар мекунад. Нархи интернетро боло барад, нархи обу барқу дигар хизматрасониҳову хизматнарасониҳоро (тибби бепул, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда и т.д, и т.п), пас чаро андози каллаи харро аз мардуми Гулобод меситонад?

Бинобар ин, кампири ҷон, хавотир нашав. Гумонҳое, ки боло иброз доштем, кош дуруст бошанду мақсадашон ояндаи мардуми Гулобод бошад. Лекин медонӣ, ки нархи обу барқ, андозу дигару дигар дар Гулобод баланд асту мардум тоқат карда истодааст, ба инаш ҳам одат мекунад. Мебинӣ, баъди чанде касе дигар парвои нархи баланди интернету дигар хизматрасониҳое, ки дар оянда хоҳанд баланд шуд, надорад. Ба ҳамааш одат мекунанд. Беҳуда халқро қувваи бузург нагуфтаанд. Беҳтараш хез, ба хона дароем, ки болои сабза нишаста, хеле нам кашидем. Дар масъалаи нархи интернет зиқ нашав. Худоро шукр, зиндаем. Барои ту сари чанд вақт ман Гб-ву Мб тухфа мекунам. Ана, ба қарибӣ Иди Ғалаба аст. Агар идипулиҳои набераву абераву чабераҳоро, ки ба ману ту медиҳанд. ҷамъ намоем, ба яксола маблағи интернет мерасад. Кайф карда Вайберу Ватсап мекунӣ. Боз дар пеш иди Фитру иди Қурбон ҳаст, боз идипулӣ. То зинда ҳастам, намегузорам, ки хотири нозуки ту аз набудани интернет озор бинад. Аз баҳри гӯшту равғани гӯсфанд мебарояму интернети туро ҳамеша бо Гб-ву Мб таъмин менамоям. Ту дар барам бошиву меҳратро ба ман резӣ, бас.

Камири Гулбибӣ дар аввал гумон кард, ки мӯйсафедаш ҳазён мегӯяд, лекин чун дурусттар синча карду озмуд, ва итминон ҳосил кард, ки ашки дар чашмони мӯйсафед ҳалқа зада нишонаи меҳру муҳаббати деринаи гумнашаванда аст, боз ёри оштиву ҷангиашро ба оғӯш кашида, ба зери бӯсаборон гирифт. Аҷабо. Ба ҳама туҳфаҳои Гб-ву Мб мефорад-дия…

Бо умеди хурсандии бобои Гулбиддин ва кампири Гулбибӣ  новобаста аз пасту баландшавии нархи интернет. Набераи аз  ҳама беҳтарин ва дӯстдоштаашон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here