Духтар аз он, ки волидонаш ба ӯ иҷозаи таҳсил дода буданд, хеле хушҳол буд, зеро дар маҳаллае умр ба сар мебурд, ки қисми зиёди мардумаш аз илму дониш бехабару аз ҳаёти маънавӣ дур буданд.
Аз сабабе, ки падари Садбарг соҳибмаълумот буд, мехост духтараш низ маълумоти олӣ дошта бошад. Ҳамин тавр, падар ҳамеша ба дарсҳои Садбарг таваҷҷуҳи зиёд медод ва аз ину он мавзуъ саволу ҷавоб ҳам мекард. Садбарг, ки дар дил орзуҳои ширину бузургро мепарварид, ҳанӯз дар вақти талабагиаш худро донишҷӯ тасаввур мекард.
Аз байн моҳҳову солҳо гузашт. Дар зиндагии Садбарг ҳамон баҳори сабзу хурраме, ки ҳамеша интизораш буд, фаро расид. Яъне, ӯ мактабро хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби олӣ супорид. Баъд аз чанд вақти бедорхобию интизорӣ бохабар шуд, ки ба номи донишҷӯ сазовор гардидааст. Бо шунидани ин хабар аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, дилаш гумм-гум мезад ва хоб аз чашмонаш парида буд. Аммо сад афсӯс, ки ӯ аз ҳаёти воқеӣ дида ба тахайюлоти худ бештар гарқ шуда буд. Садбарг дар давоми донишҷӯӣ дарк кард, ки ба орзуҳои зиёд дода шудааст. Ӯ кам-кам ба ҳаёти воқеӣ ворид мешуду дилаш аз зиндагӣ хунук мегашт, зеро бо воқеаҳое рӯ ба рӯ шуд, ки дар хобаш ҳам надида буд.
Садбарг духтаре буд хурдҷуссаву чашмкабуд. Ягон каси ношинос ӯро талабаи мактаб фикр мекард. Ӯ дар зиндагӣ ҳамеша мехост худро созаду тамоми мушкилиҳояшро худаш ҳал кунад. Ҳатто намехост, ки аз волидонаш маблағ пурсад. Ҳамин гуна, хост кор пайдо карда, ҳам кор кунаду ҳам таҳсилро идома диҳад. Бо ҳамин қарори қатъӣ ба ҷустуҷӯйи кор баромад. Ба чанд ҷой муроҷиат кард ва билохира, аз ҷое ҷавоб омад. Ҷавоб чунин буд: «Ман духтареро ба кор қабул мекунам, ки дар ҳама ҷо ҳамроҳам бошад, ҳатто дар осоишгоҳҳо». Баъд аз шунидани чунин ҷавоб Садбарг шах шуд ва чанд дақиқа аз ҷояш наҷунбида монд, зеро ӯ бори аввал мешунид, ки ҳамсоли падараш ба ӯ чунин пешниҳод мекунад. Ҳарчанд он нафарро надидаву ин суханонро танҳо аз забони масъулини корхона шунида буд, чунин посух дод:
— Ман ҳеҷ гоҳ дар чунин корхона кор намекунам!!!
Баъди ин воқеа Садбарг чанд рӯз ба худ наомад. Ҳамеша он суханон мисли захми ҷонкоҳ дили ӯро ба дард меоварданд. Муддате гузашт ва Садбарг хост, ки боз як бори дигар бахти худро санҷад. Ин бор ӯ худаш бо мансабдори як корхона суҳбат кард, аммо сад афсӯс, ки баъд аз суҳбат дили ӯ тамоман аз ин дунё монд.
Ӯ вақте дуюм бор ба ҷустуҷӯйи кор баромад, дар дил орзу мекард, ки воқеаи пеш аз ин рухдода боз такрор нашавад. Вақте дуюм бор рафт, пас аз суҳбат мансабдор ба ӯ гуфт, ки баъди чанд рӯз биёяд. Баъд аз чанд рӯз Садбарг барои фаҳмидани натиҷа омад. Аз дар даромаду ба он мансабдор даҳонакӣ салом дод, лекин ӯ дасташро тарафи Садбарг дароз кард. Садбарг ҳарчанд намехост, аммо маҷбур шуд дасташро дароз кунад. Мансабдор бо баҳонаи салом дасти Садбаргро фишурд. Баъд аз он ба нишастан даъват кард. Вақте нишаст, ба Садбарг чунин гуфт: «Имрӯз хеле зебо шудаӣ, меҳрам ба ту зиёд шуда истодааст, рақами мобилиатро ба ман те, шаб наздат меоям».
Баъди шунидани ин суханҳо пеши чашми Садбарг дунё торик гашт ва аз ҷояш хесту ягон калима ҳам нагуфта, аз дар берун шуд. Аммо ба ваҷҳи ҳар як сухане, ки шунида буд, рӯз ба рӯз нафраташ на танҳо ба мансабдорон, балки ба тамоми мардҳо зиёд мешуд. Аз ҳама чизи дунё дилаш монд, ҳатто орзуҳояшро фаромӯш кард. Дигар шабҳо хоб карда наметавонист, ҳар гоҳ, ки чашмонашро мепӯшид, чеҳраи он мард ба назараш менамуд. Дар бораи тақдири духтарҳои чунин касон зиёд фикр мекард. Зеро, «ҳар амали баде, ки нисбати дигарон анҷом медиҳӣ, ба худат бармегардад». Тавре мегӯянд, «бадкардаро даво нест».
Садбарг дигар ба ҳеҷ кас бовар намекард ва ҳамаро як хел медонист. Аммо бо гузашти вақт дарк кард, ки хато мекунад, зеро бо нафароне вохӯрд, ки нодурустии фикрашро собит мекард. Яъне, дар давоми зиндагиаш бо инсонҳои хеле хуб вохӯрд ва онҳо аз одамгарӣ бохабар буданд.
Вале Садбарг ҳеҷ вақт фаромӯш намекард, ки бо ӯ чунин рафтор карда буданд. Доғ дар кунҷи дилаш ҳамешагӣ боқӣ монда буд ва дилаш ба духтару занҳои чунин инсонҳо месӯхт.

Руқия ҚУРБОНОВА

Добавить комментарий