Дар сари ҳар донишҷӯйи танбалхӯҷа (маъзарат, агар сахт расад) як фарзияи нодуруст маскан гирифтааст. Муаллифи ин сатрҳо ҳам донишҷӯст, шояд ин гуна ҳукм бароварданаш ҷоиз нест, аммо ин фақат фикри ӯст, хоҳед қабул фармоед, нахоҳед, мункир шавед. Ба фикри шумо, ин фарзия кадомин бошад?

– Фақат бо дарси донишгоҳ ҳеҷ чиз шуда наметавонем. Муаллимон дуруст аҳамият намедиҳанд. Синфхонаамон ҷавобгӯи меъёр нест. Интернети ройгону тез надорем,- дар навбати худ шикваомез изҳори норозигӣ мекунем мо – донишҷӯён.

“Як дари баста, сад дари кушода” нуктаест, ки бевостиа ба донишҷӯён ҳам дахл дорад. Мегӯянд, он пойгоҳи техникие, ки факултети журналистикаи ДМТ дорад, ҳатто бархе аз телевизиону радиоҳои кишвар надоранд. Мудири студияи таълимии факултет, муаллима Муслима Манонова ҳар рӯз бо донишҷӯёни соҳибҳавсала корбарӣ мекунанду дар баробари ин аз кам будани сафи онҳо як дараҷа нигарон ҳам ҳастанд. Навиштани кори курсиву дипломӣ ва иҷрои супоришоти эҷодии устодонро ба дарозо кашидан, аллакай яке аз “минус”-ҳои асосиамон маҳсуб меёбад. Акнун, худатон пай баред, ки фарзияи боло то куҷо рост аст? Агар гӯем, ки “дилу гурда надорем”, ғалат намекунем. 5 кафедраи факултет низ дар алоҳидагӣ маҳфилҳо мегузаронанд, ки аз онҳо метавон сабақ гирифт. Дар мисоли худам гап мезанам, ки аз иштирокчӣ будан чӣ баҳраҳо бурдаам.

“Анис” маҳфили инфиродии профессор Ҷовид Муқим аст. Ин навбат таърихи 11-уми апрели соли ҷорӣ матолиби шогирдонаи маро устод Ҷовид Муқим бо ҳамроҳи донишҷӯён мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Эродҳое, ки ҳамсабақонам ба навиштаҳоям нисбат доданд: “нодуруст гузоштани сарлавҳа, истифодаи зиёди лаҳҷаамон (шимол), дарозо кашидани гап, хуб кушода натавонистани проблема”.

Вақте донишҷӯён ба минбар баромада, суханронӣ мекарданд, устод Ҷовид Муқим ғалатҳояшонро дар ҷояш ислоҳ мекунониданд. Мисол, як тан аз онҳо “ба имрӯза қаҳрамон бурдборӣ мехоҳем” гуфт, ки устод дарҳол таъкид карданд, ки “бурдбор” таҳаммул мешавад, ба ҷояш “барору муваффақият” гӯед.

Устод гуфтанд,  ки нигоштаҳоям хатоҳои ҷиддӣ надоранд. Як хабар бо унвони “Истеҳсоли кафшҳои ватанӣ” навишта будам, ки дар сомонаи хабарии Faraj.tj чоп шуда буд. Дар он ҷо аз забони роҳбари корхона факте оварда будам, ки муҳтавои он “корхонаи мо 25 нафар корманд дошта, давоми 2 соли охир барои таъмини 15 % талаботи сокинон даст хоҳем ёфт” буд.

– Хабарнигор маълум накардааст, ки роҳбари корхона талаботи ҷумҳуриро дар назар дорад, ё ягон шаҳру ноҳияро. Аз ин бармеояд, ки ӯ аз донишҳои иқтисодӣ хуб бархӯрдор нест,- гӯшрас карданд устод.- Ё дар бораи забони рекламаҳо хабар омода кардаасту ба хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат намудааст, ба ҷои он ки аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот гирад.

– Ҳатто бархе журналистони касбӣ ҳам манбаи иттилоотро намедонанд,- таассуф хӯрданд устод Ҷовид Муқим ва ваъда доданд, ки ба наздикӣ дастуре барои хабарнависони ҷавон омода мекунанд.

Ҳама хатоҳоямро гуфтанд. Ҳаққонӣ, хурсанд шудам, он норасоиҳо, ки бароям номаълум буд, акнун маълум шуд. Минбаъд, дигар хато нахоҳам кард.

– Дар “Меҳрубони меҳрнадида” ном лавҳааш симои модарро тасвир карда тавонистааст. Хуб аст, ки донишҷӯёни факултети журналистика нависанд. Мутаассифона, имрӯз навишта метавонистагиҳо ангуштшуморанд. Ба Файзуллохон барор мехоҳем,- таманно карданд устод.

Аммо ман дар тааҷҷубам, ки чаро аз ҳамин хел устодони дилсӯзу ғамхор истифода намебарем?

Дар маҳфил иштирокчиён кам буданд. Вақте ҳамкурсам Фаридун Сафаров суратҳоро аз ҷараёни маҳфил дар “Фейсбук” гузошт, шогирдони пешини устод дар шарҳи онҳо навиштанд, ки “замоне ин маҳфил пур аз донишҷӯён буд, аммо ҳозир…”.

Журналисти ҷавон Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ таърихи 09.03.2019 дар газетаи “Фараж” мусоҳиба бо номи “Ҷовид Муқим: Журналисти мансабхоҳ журналист нест” анҷом додааст, ки дар он устод яке аз мушкилоти журналистикаи феълиро чунин арзёбӣ кардаанд: “Коҳиш ёфтани ҳирфаият. Эҷодкори асил кам мондааст. Баъзе кормандони расонаҳо бе хато навишта наметавонанд, ҷаҳонбиниашон хеле танг аст. Ҳамин аст, ки дар матлабашон хулосабарории нодуруст мекунанд. Нашрияҳо, ки зиёд шуд, тасодуфҳо ҳам зиёд мешаванд”.

Дар ҷамъбасти маҳфил устод ҳам таъкид карданд, ки “агар дар ҳамин гуна маҳфил иштирок кунед, дар ҷомеа буданро мефаҳмед”.

Файзуллохон ОБИДОВ

Добавить комментарий