Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи созанда ва бунёдкоронаи ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, пайваста мекӯшанд, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷавонон ҳамаҷониба дастгирӣ ёбанд. Ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намудани ҷавонон, маҳз аз чунин тасмимҳои неки Сарвари давлат сарчашма мегирад. Дастгирӣ ва тасмимҳои Ҳукуматро ба инобат гирифта, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар бо роҳбарии Искандари Мирзохониён дар ин самт корҳои назаррасро пайваста, ба сомон мерасонад.

Бо ҷойи кор таъмин шудани ҷавонон, омӯзиши Паёми Сарвари давлат ва пешгирии ҷавонон аз ҳаракату равияҳои иртиҷоӣ, мавзуҳои мубраме ҳастанд, ки Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар думболагирӣ менамояд.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ, ташаккул ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам сохтани шароити иҷтимоию иқтисодии онҳо дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, мо пайваста мекӯшем корҳо назаррас ба сомон расонда шавад, —  изҳор дошт зимни суҳбат Искандари Мирзохониён.

-Чунончи, дар асоси нақша —  чорабиниҳои тартибдодаамон моҳи январи соли равон, дар боғи ба номи Р. Мӯрчаев, дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии шуғли аҳолии шаҳр ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ташкил намудем. Ҳамчунин, моҳи феврал дар боғи мазкур, боз ҳам дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии шуғли аҳолии шаҳр дубора чунин ярмаркаро роҳандозӣ намудем. Андешидани чунин тадбирҳо имкон бисёр ҷавонони бекорбудаи шаҳрамон бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин шаванд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо дар ташкилот, муассисаю корхонаҳо, ҳамчунин муассисаҳои таълимии сатҳи гуногун вобаста ба омӯзиш ва муҳокимаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста чорабиниҳои гуногун, аз қабили вохӯрӣ, баргузории суҳбатҳо ва ғайра ҷараён мегирад.

Бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар бо мақсади шинос намудани ҷавонону наврасон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бо нуктаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда, тибқи нақшаи корӣ рӯзҳои 7- 8-уми феврали соли ҷорӣ дар МТМУ №8 ва литсейи касбҳои техникии шаҳри Бохтар суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро ба анҷом расонд.

-Дар шароити кунунӣ абарқудратҳо ва қувваҳои иртиҷоӣ мекӯшанд дар саросари сайёра нуфузи таъсири худро дошта бошанд, — изҳор намуд Искандари Мирзохониён.

-Махсусан гуруҳ ва равияҳои ифротӣ дар минтақа хеле фаъол шудаанд. Онҳо мекӯшанд ҷавононро ҳар чи бештар зери таъсири худ дароварда, бо ин восита ниятҳои нопоки хешро амалӣ созанд. Ин нуктаро ба инобат гирифта, мекӯшем дар ин самт корҳои назаррасро ба сомон расонем. Вобаста ба ин санаи 13-уми феврали соли ҷорӣ дар китобхони бачагонаи шаҳр суҳбату вохӯрӣ дар мавзӯи “Тероризм ва экстремизм байни ҷавонон” гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндагони ниҳодҳои гуногуни шаҳр ширкат доштанд. Онҳо бо мисолҳои мушахас ба ҷавонони ширкатдошта фаҳмонданд, ки ҷалб шудан ба чунин гуруҳу равияҳо чӣ гуна оқибати ногувор дорад. Маҳз чунин ноогаҳии ҷавонон буд, ки як қисм ҷавонони тоҷик, бо ташвиқи намояндагони чунин гуруҳҳо ба кишварҳои арабии Сурия ва Ироқ сафарбар шуда, ҷони ҷавони худро баҳри ҳимояи манфиатҳои дунёхоҳон, бармаҳал аз даст доданд.

Бахшида ба Рӯзи модар тибқи нақшаи кории бахш ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар санаи 6- марти соли 2020 аз тарафи аъзои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”, ки дар назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар фаъолият дорад, иқдоми иттилоотӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр таҳти унвони “Ало, салом модар” ҷараён гирифт. Дар ин рӯз аъзои маҳфил хона ба хона, ба аёдати модарони пиронсол рафта, эшонро бо туҳфаҳои идона, ки аз тарафи бахши бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр омода шуда буданд, муборакбод намуданд.

Солимии миллат аз варзиш аст

-Варзишро беҳуда гарави саломатӣ намеҳисобанд, — изҳор намуд Искандари Мирзохониён. -Ҳар миллате, ки бештар машғули варзиш ва тарбияи ҷисмонист, насли он ҷисман солиму бардам ба воя мерасанд.

Бо дастгирӣ ва кумаки пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар, дар ҳар кунҷу канори шаҳр майдончаҳои гуногуни варзишӣ бунёд гашта, наврасону ҷавонони бешумор дар намудҳои гуногуни варзишӣ маҳорати варзишии хешро сайқал дода, ҳамчунин саломатияшонро устувор месозанд. Дар ин самт бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр корҳои назаррасро пайваста ба сомон мерасонад. Чунончи, тибқи нақша-чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар дар ҳамкорӣ бо мактаби варзишии шаҳр, 4 -5-уми январи соли равон, ҳангоми таътили зимистонаи мактаббачагон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и шаҳр мусобиқаи кушодро аз рӯи намуди гӯштини дзю-до байни наврасону ҷавонон бо иштироки 12 даста ва 148 нафар варзишгар роҳандозӣ намуд.

Рӯзҳои 10-11-уми моҳи январ бошад, дар толори литсейи тамоюли технологӣ мусобиқаи кушоди мактаби варзишии шаҳр оид ба вазнбардорӣ  баргузор  гардид. Ҳамчунин, тибқи нақша — чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр санаи 15-уми январ дар толори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди шашка миёни ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва кормандони зертобеи бахш, аъзои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”, дар ҳайати 5 даста, зиёда аз 20 нафар варзишгар иштирок намуданд. Ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳо ва ва диплому медалҳо супорида шуданд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо мактаби варзишии шаҳр, бахшида ба  эълон гардидани солҳои 2019-2021 — Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ рӯзҳои 18-19-уми январи соли 2020 силсилаи мусобиқаҳои варзиширо дар литсейи касбии техникӣ, литсейи тамоюли технологӣ ва дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳр аз рӯи намудҳои кикбоксинг, вазнбардорӣ ва тенниси рӯи миз мусобиқаҳо баргузор карда шуд. Аз ҷониби масъулини мактаби варзишӣ ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ, диплому медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

Рӯзҳои 25 – 26-уми январи соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9- и шаҳр мусобиқаи кушоди интихобии мактаби варзишии шаҳр аз рӯи намуди волейбол бо иштироки 6 даста дар ҳайати 52 нафар варзишгар сурат гирифт.

Санаи 1- 2 ва 5-7-уми феврали соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳр мусобиқаи кушоди интихобӣ аз рӯи намуди футболи хурд байни бонувон баҳри рушду нумуи варзиш ва ҷалби бонувон ба варзиш бо иштироки 100 нафар варзишгар дар ҳайати 10 даста ҷараён гирифт. Ба дастаҳои ғолиб диплому медалҳо супорида шуд. Ҳамчунин, бахшида ба иди Наврӯз санаи санаи 7- 8-уми феврал мусобиқаи кушоди интихобии мактаби варзишии шаҳр оид ба вазнбардорӣ байни наврасони то 17-сола (писарон ва бонувон) бо иштироки 30 варзишгар дар ҳайати 3 даста баргузор гардид.

Мавриди  зикр аст, ки тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳр ва нақша- чорабиниҳои  бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, дар ҳамкорӣ бо муассисаи  давлатии  мактаби  варзишии шаҳри Бохтар бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ, рӯзҳои 14 — 15 — 16 феврал силсила чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ аз рӯи намудҳои тенниси рӯи миз байни варзишгарони имконияташон маҳдуд, варзиши сабук, гӯштини миллӣ байни калонсолон, таэквон-до (ВТФ) байни калонсолон дар толори литсейи №1, толори варзишии “Тоҳирӣ” ва  варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Бохтар баргузор гардид. Ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Санаи 18-уми феврал бошад, силсилаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ аз рӯи намудҳои шашка, дастхобонӣ, бандкашӣ, вазнбардорӣ дар раёсати оташнишонии вилояти Хатлон, байни дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба 27-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи дастуру супоришҳои раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 27-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 22 – 23-юми феврали соли ҷорӣ мактаби варзишии шаҳр дар маҳаллаи Ургутмаҳаллаи шаҳри Бохтар миёни наврасону ҷавонони маҳалла мусобақаҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ аз рӯи намудҳои шашка ва футбол баргузор намуд. Ғолибон бо диплому медалҳо қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ тибқи тақвими ягонаи  чорабиниҳои   оммавию  варзишӣ,  омодагию  солимгардонӣ  рӯзҳои 27 — 28 — 29-уми феврали соли равон бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкори бо мактаби варзишии шаҳр дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”- и шаҳри Бохтар мусобиқаи кушоди интихобӣ аз рӯи намуди дастхобонӣ байни варзишгарони имконияташон маҳдуд, дар МТМУ № 6-и шаҳр мусобиқоти кушоди интихобии шаҳри Бохтар аз рӯи намуди гимнастикаи бадеӣ байни наврасон ва дар толори варзишии лисейи касбҳои техникӣ мусобиқаи кушод аз рӯи намуди кикбоксинг ҷараён гирифт. Ба ғолибон диплому медалҳо супорида шуданд.

Ҳамзамон, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ рӯзҳои 3- 4-уми марти соли равон дар МТМУ №6, МТМУ №12 -и шаҳр мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ, байни наврасони солҳои таваллуди 2006-2007 ва гимнастикаи бадеӣ байни ҷавонон баҳри ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба варзиш баргузор гардида ба ғолибон диплому медалҳо супорида шуд.

Ҳамин тавр, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар таҳти сарварии  Искандари Мирзохониён баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаю супоришҳҳои ба зиммааш вогузошта ва дар ин замина дар руҳияи ватандӯстию бунёдкорӣ тарбия намудани насли ҷавони шаҳри Бохтар саъй дорад ҳиссагузор бошад. Зеро ба қавли шоир:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Шоҳмуроди Нурализода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here