Ба онҳое мебахшам, ки феълан барои як буридаи нон дар мулки ғарибӣ азият мекашанд, ҳамеша бӯи хатар эҳсос мекунанд ва дар мусофират ҷуз Худо пуштибону такягоҳе надоранд. Албатта, ин шеър нест ва шеъргуна ҳам нест, вале хабари садамаи шаҳри Саратов ва марги 5 нафар аз шаҳрвандони муҳоҷири мо боис шуд, ки чун ҳамдардиву ҳамдилӣ иншо шавад.

Эй ҷавонони муҳоҷир,
Эй ҷавонони мусофир,
Пуштибоне ҷуз Худованди бузург,
Мо надорему шумо низ!
Ҳар саҳар бӯи хатар андар машом,
Меравед аз хона берун то ба шом,
Аз барои луқмаи нон
Гапшунав аз ҳар касу нокас мудом.
Ин чӣ шур аст, ин чӣ аҳвол?
Нест дар кишвар шуморо ҷои кор?
Гарчӣ ин соли ҷавонон аст, аммо,
Чун ҳамеша хору зору бенаво,
Чун ҳамеша дур зи ёреду ватан,
Дур зи фарзандону волидайну зан,
Дур зи айшу ишрату дур аз чаман,
Мешавад ҳатто гаҳе ҳам бекафан.
Ҳеҷ рӯзе нест дар ахбори ом
Нашнавем мо як хабар аз маргатон,
Нашнавем аз офату кушторҳо,
Сӯхтору марги шаҳрвандони мо.
Пиру барно, аҳли мансаб, аҳли ор,
Дошта бошем дар ниҳод ин як шиор:
«Дарди ҳар як навҷавон — ин дарди мост!
Марги ҳар як навҷавон — ин марги мост!».
Кош рӯзе ин ҳама саросониҳо гардад тамом,
Кош дар кишвар ҳама ёбем таъом.
Кош «ғурбат» ҷои мо гардад фано,
Дар ватан монанд фарзандони мо.
Кош доғеро набинад модаре,
Кош дар марге нагиряд хоҳаре,
Кош ҳеҷ тифле намонад бе падар,
Кош ҳеҷ аббе намонад бе писар,
Кошу эй кош ин дуо ёбад асар!
Кошу эй кош ин дуо ёбад асар!

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР

Добавить комментарий