Шералӣ Мираюбов роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Муваффақ дар шаҳри Истаравшан ва тренери ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюб “Иштирок” дар шаҳри Душанбе аст.

— Вақте дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ мехондам, бинобар маъюбияти хеш ба табъизҳои гуногун рӯ ба рӯ мешудам. Бинобар ин, волидайнам маро ба мактаб-интернати махсуси шаҳри Хуҷанд бурданд ва соли 2014 ин даргоҳи илмро бо баҳои хубу аъло хатм кардам. Ва худи ҳамон сол ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам,- бо ифтихор нақл мекунад Шералӣ.

Мисли ҳамсуҳбати мо ҷавонони дорои маъюбият дар ҷомеа ба мушкилоти зиёд дучор мешаванд ва мутаассифона, на ҳамаи онҳо метавонанд инро таҳаммул карда, дар зиндагӣ роҳи худро пайдо намоянд. Шералӣ мегӯяд, ки замони донишҷӯӣ мушкилот зиёд ва гуногун буданд, амсоли набудани китобҳои дарсӣ барои шахсони нобино ё биноияшон суст, ё заиф будани инфрасохтор дар муассисаҳои таълимӣ. Аммо, ҳоло бо рушд кардани асри технология мушкилии аввал нисбатан роҳи ҳалли худро ёфтааст, чун дастрасӣ ба китобҳои аудиоӣ тариқи телефонҳои мобилӣ ё компютер имконпазир шудаанд, вале оид ба мушкилоти дуюм давлатро мебояд чораҳои зарурӣ андешад.

— Ман донишгоҳро новобаста аз мушкилоти мавҷудбуда бо сари баланд хатм кардам. Албатта, аз устодон ва ҳамсабақонам, ки ҳангоми таҳсил бароям кӯмак мекарданд, хеле миннатдорам. Фикр мекунам, ки инсон бояд тамоми умр дар роҳи омӯзиш бошад, то тавонад истеъдоди дар худ бударо рушд диҳад. Мисол, соли 2019 барои ман иштирок дар як тренинги ташкилоти ҷамяъитии “Иштирок” ҷаҳони дигарро боз кард. Маҳз баъди ҳамин тренингҳо маро ба ҳайси тренер ба ТҶ “Иштирок” даъват карданд ва баъдан ман тасмим гирифтам, ки ташкилоти худро таъсис диҳам, то донишҳои андӯхтаамро ба ҳамтақдирони хеш расонам,- мегӯяд Шералӣ.

Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад, як қатор чорабиниҳо оид ба дастгирӣ ва пешбурди ҳуқуқҳои ашхоси дорои маъюбият дар кишвар роҳандозӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, тренингҳои омӯзишӣ оид ба малакаҳои тоҷирӣ, фаҳмиши ҳозиразамони маъюбият ва ҳуқуқи инсон, малакаҳои ҳаётӣ, таҳсилоти фарогир, усули таълими интерактивӣ, курсҳои таълимии касбӣ оид ба қаннодӣ, занбӯрпарварӣ дар доираи лоиҳаи зикршуда гузаронида шуданд, ки беш аз 300 ҷавонони маъюбро фаро гирифтаанд.

Шералӣ, ки яке аз иштирокчиёни фаъоли тренингҳо барои тренерон буд, бар он бовар аст, ки вақте иттилоъ ва ё кӯмак аз ҷониби шахси маъюбиятдошта ба амсоли худ пешниҳод мешавад, ҳадафрастар аст. “Вақте ман дар тренингҳои ташкилоти ҷамъиятии “Иштирок” ҳамчун тренер омӯзиш гирифтам, дарк кардам, ки чӣ қадар ҷавонони дорои маъюбият аз ҳуқуқҳои худ бехабаранд. Бахусус ҷавонони шаҳру навоҳии дурдаст. Дар Душанбе, ки “дили” кишвар ба шумор меравад, имконият бештару фарохтар аст, аммо ҷавонони маъюбиятдоштаи минтақаҳои дигари кишвар ниёз ба дастгирӣ доранд. Мақсади ташкилоти навтаъсиси мо бо номи “Муваффақ” дар шаҳри Истаравшан низ иттилоотнокӣ, кӯмак ва дастгирии ҷавонони дорои маъюбият аст”,- иброз медорад Шералӣ.

Шералӣ орзу дорад, ки ҷавонони маъюбиятдошта пеш аз ҳама аз ҳуқуқҳои худ бохабар бошанду барои амалӣ шудани орзуҳояшон тамоми кӯшишу ғайрати худро истифода намоянд.

— Набояд аз маъюбияти худ шарм дошт ё худро аз орзу кардан маҳрум намуд. Бояд дар ёд дошт, ки агар Худованд инсонро аз чизе маҳрум намояд, ҳатман бар ивазаш чизе дигарро ато мекунад. Барои ҳамин, ҳамеша ба пеш!,- бо боварӣ мегӯяд Шералӣ.

М. НОЗИМӢ

Ин мавод дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд омода ва нашр шудааст. Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ — «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here