Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бунёди оилаи солим ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва рафти инкишофи худи инсон вобаста аст. Гарчанде ҷавонон дар ташкили оилаи худ мустақил бошанд ҳам, аммо ҷомеа ҳеҷ вақт доир ба ин масъала бетараф нест, зеро дар оила насли ояндаи кишвар ба воя мерасад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хосатан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солимгардонии оилаи имрӯзаи тоҷик як қатор қонун, санад ва қарорҳои махсусеро ба имзо расонидаанд, ки ба шарофати онҳо сатҳи устувории оилаҳо баланд шуда истодааст. Аммо дар баробари ҳамаи ин чораандешиҳои Ҳукумати кишвар, ҳоло ҳам дар ин ҷода мушкилоту муаммоҳои ҳалталаб мавҷуданд. Буҳроне, ки солҳои охир ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократии моро ба ташвиш оварда истодааст, ин пошхӯрии оилаҳои ҷавон мебошад. Таассуфовараш он аст, ки ин амали номатлуб сол то сол боло рафта истодааст. Чуноне ки аз ҳисоботдиҳии расонаҳои оморӣ бармеояд, дар соли 2015 дар кишвар шумораи умумии ақди никоҳ 76956 ҷуфт буда, бекоркунии ақди никоҳ 8346 ҷуфт ё 10,8%-ро ташкил медиҳад. Соли 2016 шумораи ақди никоҳ 72499 ҷуфт, бекоркунии ақди никоҳ 8845 ё 12,2%, соли 2017 шумораи ақди никоҳ 78638, бекоркунии ақди никоҳ ба 10053 ҷуфт ё 12,7% расидааст. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ, соли 2018 дар ҷумҳурӣ шумораи бекоркунии ақди никоҳ аз ёздаҳ ҳазор гузаштааст.

Аз рӯи ҳисоботи оморӣ, махсусан дар шаҳри Душанбе раванди бекоршавии ақди никоҳ сол то сол дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Давоми соли 2018-ум 1777 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 195 ҳолат зиёд мебошад.

Соли 2018 дар бахши САҲШ-и ноҳияи Фирдавсӣ 910 сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки мутаассифона дар 431 ҳолат ақди никоҳ бекор карда шудаст, ки он 47,4 %-ро ташкил медиҳад. Ҳолатҳои бекор кардани ақди никоҳ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар соли 2018 нисбат ба соли 2017-ум 71 адад зиёд мебошад.

Бахши САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансур дар соли 2018 ақди никоҳи 422 нафарро ба қайд гирифтааст, ки бекор кардани ақди никоҳ ба 380 ҷуфт ё ба 90% баробар шудааст. Зиёдшавии бекор кардани ақди никоҳ дар бахши САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансур нисбат ба соли 2017 ба 24 ҷуфт рост меояд.

Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар бахши САҲШ-и н. И. Сомонӣ дар соли 2018 ба 340 баробар шудааст. Аз ин шумора дар давоми соли 2018 271 нафар барои бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат кардаанд.

Бахши САҲШ-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар соли 2018-ум 1275 ақди никоҳро сабт кардааст, ки нисбати соли 2017-ум 209 адад зиёд мебошад. Бекоршавии ақди никоҳ дар соли 2017 дар ноҳияи Сино 620 ва дар соли 2018-ум 695 ё 54,5 %-ро дар бар гирифтааст.

Бояд қайд кард, ки ҷомеашиносону равоншиносон омилҳои зиёдеро ошкор намудаанд, ки боиси канда гаштани занҷири меҳру муҳаббати ҳамсарон дар оила ва ҷудошавии онҳо гаштааст. Аммо омили омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ дар кишвар дар байни дигар омилҳо нақши асосиро мебозад. Аз ин рӯ, мехостам назари хешро доир ба омодагии ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ иброз дорам ва шояд заррае ҳам бошад, дар тафаккури ҷавонон доир ба ин масъала таъсири мусбате гузорад.

Пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам Абуҳанифа дар яке аз ҳикматҳояш доир ба ин мавзуъ хеле хуб фармудааст: “То дар худат боварӣ накунӣ, ки ман аз уҳдаи зиндагӣ мебароям, издивоҷ макун”. Гуфтан лозим аст, ки омодагӣ ба ҳаёти оиладорӣ бо ягон сарҳади муайян алоқаманд нест. Он аз омилҳои зиёд вобаста аст. Дар навбати аввал, ин баитмомрасии маълумоти миёна, ба даст овардани ин ё он касб, оғози фаъолияти меҳнатӣ мебошад. Ҷавононе, ки ба ҳаёти мустақилона нақша мегузоранд, сараввал бояд шиносоӣ бо ҳуқуқ ва уҳдадориҳои заношавҳарӣ, аз ҷумла бо уҳдадориҳои волидайн дар муносибат ба ояндаи кӯдакон, уҳдадорӣ дар назди ҷамъият, дар тарбияи кӯдакон, ақидаи дуруст ба никоҳ ва фикри интихоби ҳамсафари ҳаётӣ, вақт барои фикр карда баромадани қарори худ, дар ҳама гуна нобасомониҳои зиндагӣ таҳаммулпазирӣ карда тавонистан ва умуман, маҳорати оиладориро аз худ намоянд. Албатта, яке аз шартҳои аввалини омодагӣ ба никоҳ ба синни 18-солагӣ расидан аст, вале ба синни 18-солагӣ расидан маънои онро надорад, ки ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ омодаанд.

Бояд қайд кард, ки барои ба хушбахтии оила расидан, синну соли никоҳӣ, қарори оила барпокунандагон, ҳамдигарро дӯст доштан ва фарзанд ба дунё овардан басанда нест. Тадқиқотҳои физиологон нишон додаанд, ки қисми зиёди ҷавонписарону духтарон дар синну соли 17-18-солагӣ аз ҷиҳати ҷисмонию физиологӣ пурра ба камол нарасидаанд. Дар бештари онҳо рушд оҳиста ба амал меояд, сохтори дилу рагҳо, баландшавии қад ва вазни бадан намерасад. Барои ҷавононе, ки организмашон дараҷаи лозимаи расидагиро ба даст наовардааст, никоҳи барвақтӣ тавсия дода намешавад ва он ба духтароне, ки пурра ба балоғат нарасидаанд, бештар номумкин аст, чунки ҳолати ҷисмонии ӯ бештар саломатии фарзандони ояндаро муайян менамояд.

Фаҳмиши асоси ҳуқуқии никоҳ яке аз шартҳои хоси саломатӣ ва оилаи хушбахт ба ҳисоб меравад. К. Маркс доир ба ин масъала хуб андеша намудааст: “Ҳеҷ кас ба бастани никоҳ маҷбур карда намешавад, аммо ҳар кас бояд ба қонунҳои никоҳ итоат намояд, ҳангоме ки ақди никоҳ бастааст”.

Ғайр аз ин, ҷавононе, ки нақшаи оила барпо карданро андеша мекунанд, бояд ба чанд нуқтаи дигари муҳим ҳам эътибор диҳанд, ки асосан аз инҳо иборат мебошанд:

– синну сол (ҳарчанд шариати ислом ва ҳам қонунҳои ҷамъиятӣ дар бораи тафриқаи синну соли ҳам зан ва ҳам мард шарт намегузоранд, вале равоншиносон 2-3 сол калонтар будани ҷавонписаронро тавсия медиҳанд, зеро, агар ҷавондухтар дар синни 20-22-солагӣ ва писар дар синни 22-24-солалӣ оила барпо намояд, аз назари равоншиносон, ба манфиати кор аст);

– аз нигоҳи ҳасаб (диндорӣ, сатҳи дониш, тарбият, сатҳи маърифат ва фарҳанги хонаводагӣ);

– аз лиҳози дороӣ, то ки дар умури зиндагӣ сабаби таънаву маломати якдигар қарор нагиранд ва хуб мешуд, ки агар вазъи иқтисодии хонадоне, ки ба ҳам оила барпо мекунанд, баробар бошад;

– аз лиҳози симои зоҳирӣ ва ботинӣ (домоду арӯс пеш аз номзад шудан ҳамдигарро бубинанд ва ҷамоли якдигарро писанданд, хислату хусусиятҳои якдигарро хуб омӯзанд ва аз назари психологӣ хеле манфиатовар аст).

Омодагӣ ба ҳаёти оиладорӣ на танҳо ба ҷавононе, ки ба сохтани хушбахтии худ мекӯшанд, тааллуқ дорад, балки ба волидайни онҳо низ. Бояд гуфт, ки муносибати дурусти волидайн ба никоҳи ояндаи фарзандони бузургшудаашон бештар аз онҳо вобастагӣ дорад. Агар писар ва духтар аз волидайн ҳиссиёти худро пинҳон накарда, боварӣ намоянд, дар вақти муайян ҳардуи онҳо ба назди калонсолони хона омада, бо онҳо шинос шаванду маслиҳатҳои хубе гиранд, ин аз манфиат холӣ нест. Ҳастанд падарону модароне, ки дар ҳама гуна вазъияту ҳолатҳо фарзандонро дарк карда, бо онҳо ҳамфикр шуда метавонанд, аммо на ҳамаи волидайн ин гуна муносибату рафтор мекунанд. Бисёр ҳолатҳое мешаванд, ки ақди никоҳ на бо розигии фарзандон, балки бо хоҳиши волидайн баста мешавад, ки ин хатои бузург ва поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои фарзандон аз тарафи волидон мебошад.

Доир ба омодагии психологии ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи тадқиқотҳои гузаронидаи психологӣ дар бораи ташкили оила нишон додаанд, ки ҷои аввалро ақидаи муҳаббат ва умумияти манфиатҳо, назарҳо мегирад. Аммо инро ҳам фаромӯш набояд кард, ки ҳаёти оилавӣ бо як муҳаббат ба охир намерасад.

Сотсиологи шӯравӣ А. Г. Харчев дуруст қайд намудаанд: «Зану шавҳарӣ, барои ба даст овардани дараҷаи лозимаи мустаҳкамӣ, натанҳо дорои тамоми он чизҳое бошад, ки бо муҳаббат тавъам аст, балки имкони бардошт кардани уҳдадориҳоро дошта бошад. Ин имконият бо он муайян карда мешавад, ки фарҳанги муносибати ҷинсҳо, ки тӯли асрҳо сохта шудааст, дорои ҳар як ҷуфти ҳамсарон мебошад».

Чӣ қадаре, ки инсон дар бораи ояндаи худ фикр кунад, ҳамон қадар мефаҳмад, ки интихоби ҳамсар бояд дар асоси сифатҳои ахлоқӣ, умумияти нигоҳ ва мақсади ҳаётӣ ба амал ояд. Агар ҳангоми ҷӯшу хурӯши ҳиссиёт ҷавонон ба якдигар бовар накунанд, онҳо дар ҷанги зудгузаранда ранҷанд ва ҳар кадоме ба мардонагӣ нарасад, ки худро ҳимоя намояд, интихобро дуруст ҳисобидан хатост. Манфиатовар аст, ки агар дар кишварамон марказҳои машваратдиҳии психологӣ бештар ба роҳ монда мешуд ва ҷавононе, ки ба қарори оиладорӣ меоянд ё ин ки оиладор шудаанд, ҳамкориро бо ин гуна марказҳо бештар ба роҳ мемонданд ва шояд ин иқдом ба пойдорию устувории оилаҳо таъсири мусбат бахшад. Чуноне ки ин масъала дар кишварҳои мутараққӣ хеле рушд кардааст ва натиҷаҳои назаррасро ба бор овардааст.

Тағойбек ОЛИМОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here