Кӣ ҳатто як бор ҳам орзуи соҳиби мансаб шудан накардааст? Шояд як фисади ками одамон, ки дарку фаҳмишашон паст аст. Аммо аксарият мехоҳанд, орзу мекунанд, талошу кӯшиш менамоянд, мехонанд, аз якчанд муассиса диплому шаҳодатнома мегиранд, таға мекобанд, зориву тавалло мекунанд, пул медиҳанд ва боз чӣ корҳое намекунанд, ки соҳиби мансаб шаванд. Агарчи ҳанӯз маззаи мансабро начашида бошанд ҳам, вале тасаввур мекунанд. Лаҳзае чашм мепӯшанду худро дар курсии мансаб хаёл мекунанд. Ба котибаашон қаҳва мефармоянд. Ба зердастон дӯғ мезананд

Ман ҳам истисно нестам. Ман ҳам хаёлу орзу дорам, тасаввур мекунам, лаззат мебарам аз курсии роҳати мансаб. Рӯякӣ ҳам бошад, аз ҳисоби мансабам ҳурмату эҳтиром мехоҳам. Худам ки ҳоло чандон миёни мардум иззат надорам, аз ҳисоби мансабам (мансабак ҳам бошад, мешавад) соҳибиззат будан мехоҳам. Охир, айби ман не, замона худаш ҳаминро бо зӯрӣ ба гарданам бор карда истодааст ва ҳар лаҳза ба гӯшам бо лаҳни ширин мегӯяд, ки “ҳой, одами омӣ, агар обрӯ хоҳӣ, соҳибмансаб шав!”.

Ман ки соҳиби мансаб шудам, баъзе қоидаҳои худамро дорам. Агар рӯзе ба ин “зинаи камолот” бирасам, ҳатман он қоидаҳоро ҷорӣ мекунам. Бале, ба мансаб расидан як зинаи дигари камолот аст. Ва ҳам зинаи хеле душвор. Душвор набошад, чаро аксарият ин зинаро танҳо орзу мекунанду барои ба он расидан ба ҳама кор даст мезананд? Бале, ба ҳама кор!

Қоидаҳое, ки ҳоло аз онҳо ба шумо мегӯям, танҳо ба мани мансабталаб хос нест. Сафи маро бисёриҳо пур мекунанд. Ва хуб ҳам мекунанд. Охир, чаро накунанд, мансаб меросӣ нест ку?! “Як дам бошу шер бош”-аш ҳамин. Ва онҳо ин мақолро чун ман хубу нек дарк кардаанд. Ва инак, бодиққат бошед ва дар гӯшатон ҳалқа кунед, шояд ба шумо ҳам лозим шаванд қоидаҳои ман.

АГАР РӮЗЕ МАНСАБ ГИРАМ…

… бо хислатҳои даврони бемансабиам қаҳрӣ мешавам. Гӯё ману онҳо тамоман ошно нестем ва гӯё ман бо мансаб таваллуд шудаам. Дорову пулдор. Нони қоқ, ҷӯроби дарида, куртаи гиребонаш чиркин ва дигар чизҳои хоси бемансабиро надидаам.

… саломи аввалро хоси худ намедонам. Агар ба касе аввал шуда салом диҳам, ин қадру қиматеро, ки бо шарофати мансаб ёфтаам, кам мегардонад. Барои ҳамин, то ба ман салом надиҳанд, гӯё корафтодаро сад сол аст, ки дар пешам бошаду аз нони ман калон шудааст, назарам намегирад. Ва хапу хомӯш меистам, то арзашро фаҳмам.

… ва ба арзи корафтодае гӯш кунам, ин маънои онро надорад, ки пайи ҳалли мушкилаш мешавам. Балки барои боз ҳам ширину боқадр кардани худам “имрӯзу пагоҳ” карда меистам.

… ҳатман бо қавоқи овезон ба коргоҳ ворид мешавам. Чун қавоқ барои соҳибмансаб нишонаи аввал аст, балки силоҳи асосӣ барои муваффақ шудан ба ҳисоб меравад. Ягон-ягон соҳибмансабоне ҳастанд, ки ин чизро дарк накарда, назди зердастону корафтодагон чеҳраашонро кушодаву хандон мегиранд. Бехабар аз он, ки бо ин амалашон муваффақ набудани худро дар мансабдорӣ собит мекунанд. Ман низ чун зумраи асосии соҳибмансабон барои дар кор худро муваффақ вонамуд кардан, ҳеҷ гоҳ намехандам. Агарчи ин қавоқи ман дар хона ду танга ҳам арзиш надошта бошад, вале дар коргоҳ барои ман нишонаи виқор аст. Аммо фаромӯш накунед, ки назди нафаре, ки рутбааш аз ман баландтар аст, ҳаргиз қавоқ намеандозам, балки қавоқро ба гӯшаи фаромӯшӣ месупораму беҷову баҷо хандида меистам.

… пеши касе аз зердастону корафтодагон намехезам. Агарчи аз ман калон ҳам бошанд. Охир мансаб ки омад, “шумо” бароям “ту” мешавад. Яъне, дигар фарқе надорад, ки наздам кӣ меояд, кӯдаки хурд, мӯйсафед, зан ё пиразан.

… барои ҳеҷ коре назди зердастонам намеравам. Балки беҳудаву баҳуда онҳоро наздам мехонаму саргардон мекунам. Тавре вонамуд месозам, ки гӯё ман кордону корфаҳм ҳастам.

… супориши ман бояд барои зердастонам ҳукми ҳаёту мамотро дошта бошад. Агар гӯям, ки ин ё он кор дар корхона ба ҷо оварда шавад, ин супориш дарҳол ва бе “чун”-у “чаро” бояд иҷро шавад.

… кӯшиш мекунам, ки бо зердастонам хӯрок нахӯрам ва табақам ҳамеша ҷудо бошад. Ба тарабхона ё ошхона ки рафтам, ҳатман ё танҳо меравам ва ё бо нафароне, ки дар ояндаи ман саҳм гузошта метавонанд.

… тавре вонамуд мекунам, ки гӯё ман ҳамадон ҳастам. Дигар барои ман аҳамият надорад, ки зердастам олим аст ё омӣ, бояд пешниҳоду дархосташ барои беҳбуди фаъолияти ман ба кор наравад. Яъне, он ҳама таҷриба ва донише, ки собиқадорони зердастам доранд, ба худашон насиб мекунад. Чун ман самту усули кории худро дорам.

… масъулиятро танҳо хоси зердастонам медонам. Агарчи худам соати 9 аз хоб мехезаму соати 10 баҳузур ба кор меравам, вале одамони махсуси худро таъин мекунам, ки касе ба кор дер омад, ба ман расонанд. Ва, албатта, дӯғу пӯписаро болои ин хел коргар ба мисли борон меборам, то маро чун як соҳибмансаби сиёсатдору масъулиятшинос донад.

… дар иҷрои корҳо танҳо аз ҳамонҳое тарафдорӣ мекунам, ки ба ман содиқ бошанд. Хатову дурусти маро ситоиш кунанд. Онҳое, ки агарчи кори асосии корхонаро мекунанду ба қавле ҳастии онҳо пойдории идора аст, барои он ки ба корҳои ман эрод мегиранд ва ё мегӯянд “ин тавру он тавр шавад”, ҳамеша мавриди танқидам қарор мегиранд.

… беҳудаву баҳуда маҷлис мегузаронам. Аз бари боло гузашта, бо овози баланд нуқсу камбудиҳои коргаронамро мегӯям. Аз пешрафту дастовардҳояшон кам мегӯям, мабодо аз худ нараванд.

… худро ҳамеша серкор нишон медиҳам. Агарчи субҳ то бегоҳ дар роҳаткурсии бадвоҳима бекор ҳам бошам, вале ҳамин ки дарам тақ-тақ кард, дарҳол қаламу дафтар ё клавиатураи компютерро наздам мегирам ва як муддат бо нафари корафтода ҳарф намезанам, то хулоса барорад, ки хеле бандаму кори муҳимро аз назар гузаронида истодаам.

… мекӯшам, то аксари вақт дастнорас бошам. Охир, касею чизеро, ки зиёд мекобанду камчин аст, қадраш боло меравад. Мисли тилло…

Хулоса, ин ва боз чанд қоидаи дигар дорам, ки рӯзе агар соҳиби мансаб шавам, ҳатман ҷорӣ месозам. Медонам, ки илму донишам ба касе кор намеояд ва маҳз ҳамин роҳу васила маро дар маснадам муваффақ месозад. Мардум маро дӯст медоранд ё бад мебинанд, кори онҳо. Муҳим, роҳи минбаъдаи аксарият мансабдоронро, ки бароям идеал ҳастанд, бояд идома диҳам. Тамом, вассалом!

Хуршед МАВЛОН

Добавить комментарий