Мо ба Помир меравем

Соат шаши субҳ аст, аммо гармии фавқуллодаи чанд ҳафтаи нимаи дуюми моҳи июл кори худро кардааст. Пойтахти кишвар аз тафси гармии чандрӯза аллакай дар субҳ гӯё аз танӯре гармии боқимондаро ба машом мерасонад. Тағирёбии иқлимаш ҳамин будагист. Солҳои пеш чунин гармиҳо қариб, ки набуданд. Аммо мо қаноатмандем. Зеро ҷое меравем, ки ҳама куҳ асту об асту насимаки сарди дарёи Омӯ моро навозиш мекунад. Фоли нек буд, ё баракати Соли рушди сайёҳӣ, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистони имсола бо як сафари хидматии омӯзишӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар роҳ сӯи Бадахшони куҳӣ пеш гирифтем. 

Сафар кардан дар диёри худ дар ҳақиқат фараҳзост ва махсусан чун ба ингуна сафари тӯлонитар мебароед, эҳсос мекунед, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳе кӯчак нест. Шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат, Норак, Данғара, Восеъ ҳар кадом ба монанди навори сабтшуда пеши чашм ба ҷилва меоянд. Соати дувоздаҳи рӯз ба ошхонаи «Помир-Кулоб» расидем. Ронандагоне, ки ба сӯи Бадахшон ҳаракат мекунанд, гӯё иттифоқе доранд. Аксаран дар инҷо таваққуф мекунанд. Мусофироне, ки дар пойтахт барои худ нақлиёт меҷустанд, алакай дар инҷо чун шиносҳои дерин ба ҳамдигар салом медиҳанд.  Аз куфти роҳу бардошти сафар аз ҳамдигар пурсон мешаванд. Баъди таваққуфе боз ба роҳ мебароем. Акнун роҳи суӣ Шуробод пеш мегирем. Аз баландиҳои ағбаи Шуробод ҳама деҳоту манзилҳо зебо ба назар мерасанд. Поиндаштро аз баландӣ дидан аҷаб ҳаловате дорад. Ба оғуши куҳҳои давомдору тӯлонии Бадахшон ворид мешавем. Ронандаи «Старекс» Бекмуҳаммад ҷавони андаке шӯх аст. Мошинро босуръаттар меронад. Барои аввалин бор сафаркунандагон чунин суръат дар роҳҳои пурпечутоб андаке ташвишдор бошад ҳам, аммо аксарият он қадар парво надоранд. Аз нақли Бекмуҳаммад бармеояд, ки ӯ таҷрибадор аст. Ҷавон ҳам намояд, аммо ба қавли худаш бисту як сол собиқаи ронандагӣ дорад. Ба ҳар сурат тез мошин ронданаш оромии хотир нест. Зеро болои сар шахҳои пурваҳм ва поин дарёи ҳайбатнок шуморо андешаманд месозанд. 

Қиссаҳои роҳ

Роҳи Бадахшон афсункор будани табиатро ба шумо собит месозад. Теғаҳои куҳҳои баланд ва дарёи бадхашму тезсуръати Омӯ бинандаро мафтун менамоянд. Баъди фосилаҳои гуногуни роҳ ҳам аз чапу ҳам аз рост аз оғуши куҳҳои баланд аз рудҳои шӯхи куҳӣ обҳои ширмонанд ба дарёи Омӯ мерезанд. Чашмаҳои сарду гуворо бошанд дар ин роҳ як неъмати арзону фаровон аст. Дар он тарафи дарё низ зиндагӣ ҷараён дорад. Мардуми Афғонистони ҳамсоя  низ дар паи зиндагии худ овораанд. Маълум, ки дар Бадахшони Афғонистон низ ҳар як ваҷаб замини куҳистони камзамин арзиш ва онҷо ҳатман бӯи зиндагӣ дорад. Дарахтони сабзу қадафрохта, полезҳои кабудранг, гову гусолаву гусфанд, бузу хару асп ва даҳҳо ҷузъиёти деҳоти кӯҳӣ дар онҷо низ чун навори филме ба чашм мерасанд. Сафар дар оғуши куҳистони Бадахшон як асрор дорад, ки онро ҳар нафари дар онҷо буда бояд эҳсос карда бошад. Шумо ҳам аз ин ҷониб ва ҳам аз ҷониби Бадахшон чун ба сафар мебароед, фақат манзараҳои Афғонистонро мебинед. Бадахшон гӯё шуморо ба сайри ҷаҳон мебарад. Ба Чину Қирғизистону Покистон бо ин роҳҳо пайваст шудан мумкин аст. Гӯё табиати афсункор шуморо водор менамояд, ки дуриҳоро бинед. Манзили худамон дар пеши чашми худамон аст ва дар домани диёри худ қарор дорему онро ҳар замон мебинем.   Бинанда намедонад, ки ба кадоме аз ин ҷилваҳои ин гӯшаи табиати диёр нигарад. Бадахшон мулкест, ки онро гӯё дар соҳилҳои дарёи Омӯ меҷуед. Дар ҳақиқат қудрату ҳашамати Омӯ низ ба куҳҳои сарбафалаки Бадахшон бастагӣ дорад. Он обҳои шаффову ширине ки аз дилу синаи куҳҳо метаровад, гӯё иродаи аз макони худ рафтанро надоранд. Ҳамин аст, ки чун ба Омӯ мерезанд, гилолуду тираранг мешаванд. Бегоҳирӯзӣ муқобили ин дарё ба сӯи Хоруғ ҳаракат кардан даҳшату ваҳшати ин дарёро нишон медиҳад. Акси офтоб дар мавҷҳои хурушону босуръати ин дарё ба чашм зада, ба дил ваҳмеро ҷо мекунанд. Махсусан дар ҷойҳое, ки харсангҳои бузург қарор доранд, бархурдани мавҷҳои саркаш ҳашамати онро нишон медиҳанд. Аммо Бекмуҳаммад бепарво мошин меронад. Барои ӯ ин ҳама шояд як чизи муқарарӣ бошад. Охир дар як ҳафта 2-3 маротиба бо ин роҳ меояду меравад.  

Дарвозу Ванҷ паси сар гардид. Собиқ Девдараю имрӯз Гулдара акнун тобеи инсон гаштааст. Бо тасмиму талошҳои бевоситаи Пешвои миллат ин роҳ имрӯз ба роҳи ҳаёт табдил ёфтааст. Ба истилоҳ «Дулан»-ҳои дарози боркаш дар синаи куҳҳо хазида-хазида ба ин тарафу он тараф ҳаракат менамоянд. Чанд ҷо таваққуфи кутоҳ доштем. Зардолуву гелос себу нок ва дигар анвои меваҳоро алакай дар сари роҳҳо чашидан мумкин аст. Ҳатто аҷиб буд, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз анҷири маҳаллиро медидем. Обҳои зулоли чашмаҳои Бадахшонро нӯшидан ҳузури ҷон аст. Аз ҳавои сарду салқини кӯҳистон бо фараҳ нафас мекашеду шукронаи неъматҳо менамоед. 

Аҷобати сафари роҳи кӯҳӣ хеле зиёд буд. Муҳимтарину ҷолибтарин мушоҳида ин ба чашм расидани сайёҳони хориҷие буд, ки дучархасавор пеш мераванд. Назар ба қавли Бекмуҳаммад онҳо имсол хеле зиёд шудаанд. Онҳо бештар ҷуфт-ҷуфт ба назар мерасиданд. Дар баъзе мавридҳо панҷ-шаш нафарӣ равон будани онҳоро низ медидем. Аз мушоҳидаи онҳо нахустин хулоса он аст, ки кишвари мо тинҷу осуда аст ва онро ҷаҳониён чун як минтақаи амну сайёҳӣ пазируфтаанд. Гоҳе аз тирезаи мошин ба онҳо менигарем, ки хандону хушҳол дастафшонӣ мекунанд. Дар мавзеъҳои тамошобоби ҷаззоб онҳо таваққуф намуда, табиати моро наззора мекунанд. Дар баъзе ошхонаҳои куҳии камодам бо онҳо якҷоя хурок тановул менамоем. Касоне, ки каму беш забони англисиро медонанд, бо онҳо ҳамсӯҳбат мешаванд. Онҳо бештар аз Аврупову Амрико мебошанд. Тавре аз баъзе сӯҳбатҳо фаҳмидем, онҳо аз Италияву Белгия, Украинаву Литва, Фаронсаву Олмон, Испанияву Юнон будаанд, ки бо мақсади сайру сайёҳӣ ба кишвари мо омадаанд. 

Инҷо Бадахшон аст

Сафари мо дар тамоми навоҳии ВМКБ ҷараён дошт. Мақсади мо тавре дар оғоз ишора гардид, шиносии кутоҳ бо вазъи матуботи маҳаллии ин навоҳӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо бо истифода аз фурсатҳо мо аз лаззати тамошоҳо бенасиб набудем. Баъди як рӯзи дар ноҳияи Рушон будан, ба шаҳри Хоруғ омадем. Сафари тақрибан яксоатаи мо то Хоруғ дар субҳи босафои кӯҳистон роҳатафзо буд. Ҳамаҷое, ки деҳаву манзили зисти одамон аст, сабзу хуррам мебошанд. Инро мо дар қиёс бо навоҳии қисмати ҷануби кишвар мегӯем, ки аксаран аз тафси гармои тобистон ҳама зарду хазоннамо мебошанд. Аммо инҷо олами дигари диёри мост. Сари роҳҳо бештар дарахтони ар-ар ба назар мерасанд. Гирди заминҳои ҷо-ҷо корам аз санг ҳандақпечанд. Касе юнучқа медаравад, касе ба хишоваи замин машғул аст ва сеюмӣ ба обмониву дигар корҳои кишоварзӣ банд мебошад. 

Дар Хоруғ дар меҳмонхонаи «Дое Назарбайр» ҷойгир шудем. Амаки Алиназар соҳиби ин меҳмонхона аст ва марди хандону кушодачеҳра аст. Ӯ мегӯяд, ки тақлидкорӣ карда номи ғарбиёна наҷустааст ва меҳмонхонаро ба номи падараш гузоштааст. Дое Назарбайр маънии амаки Назарбойро доштааст. Дар корвонсарои ӯ ба ғайр аз меҳмонони дохилӣ чанд нафар меҳмонони хориҷӣ низ буданд. Махсусан марду зани тақрибан 50-60 сола бо мо зуд унс гирифтанд. Дар субҳонаву хуроки шом бо ҳамдигар салом дода, дар ошхона менишастем. Хоруғро шаҳри тангу хурд номидан чандон дуруст нест. Дар домани соҳили дарёҳо шаҳри зебову диққатрабоест. Агар он шабу рӯз дар Душанбе гармии ҳаво то 40-43 дараҷа расад, инҷо дар бораи гармӣ қариб, ки фикр намекунед. Чунин ба назар мерасад, ки Хоруғ шаҳри сайёҳист. Меҳмонон бештар ин шаҳҳро пур сохтаанд. Зуд-зуд ба чашм меҳмонхонаҳои замонавии хурде ба назар мерасанд, ки барои қабули меҳмонон омода шудаанд. Аз рӯи гуфти амаки Алиназар шумораи меҳмонони хориҷӣ имсол ба маротиб афзудааст.

Шуғнон ва Чашмаи Носир

Ноҳияи Шуғнон аз маркази вилояи чандон дур нест. Ним соат кифоя аст, ки ба онҷо расида равед. Биноҳои маъмурии ҳукумати ноҳия дар ҷои баландӣ воқеъ гардидааст. Ҷолибтарин хусусияти ин ноҳия он аст, ки аз баландӣ озодонаву бидуни монеа манзараҳои куҳистони Афғонистонро  мебинед. Он тарафи Омӯ низ сабзу муаттар ба назар мерасад. Аз маркази ноҳия пиёда то Чашмаи Носири Хусрав омадем. Дар бораи ин чашма хеле зиёд шунидаву хондаем. Шеъри маълуми М.Миршакар васфи ин чашмаи афсонавиро дар пояи баланд қарор додааст. Бисмилои кор гуфта нахуст аз оби чашмаи овозадор нӯшидем. Болотар низ аз ин чашма об нушидан мумкин будааст. Чашма дар пояи куҳ қарор дорад. Зери сояи дарахт дар чанд санг бо ҳуруфи арабӣ чизе навишта шудааст ва онро ҳар як зиёратчӣ тавоф карда баъдан об менӯшад. Дар муддати ним соате ки онҷо қарор доштем, даҳҳо нафар об менушиданду он сангҳоро тавоф менамуданд. Ба осорхонаи хурде, ки дар инҷо амал мекунад, даро баро зиёд буд. Тақрибан 20-30 нафар кудакони аз чор то шашсола дар дохили осорхона бо мураббиҳояшон кадом як саҳначааи худро омода мекарданд. Намоишномаеро низ тамошо карданду баъд ба гирди чашмаи муқаддас омаданд. Мо низ осорхонаро дидем ва саҳначаеро, ки аз рӯи ривоятҳо сохта шудааст, тариқи монитор тамошо кардем. Харитаи сафарҳои шайх Носири Хусрав, китобҳои ин адибу мутафаккири шинохта ва чанд экспонати дигар ба ҳар як бинанда тааассуроти хосро бахшида метавонанд. Дар Шуғнон дар хонаи яке аз шогирдон меҳмон шудем ва аз наздик ба расму таомули мардум, хӯрокҳои миллии онҳо ва фарҳангу санъати хонасозиву ороишот шинос гардидем. Соҳиби хона, ки Ширин ном дошт, моро ба як нуқтае бурд, ки гӯё замоне аз онҷо Мир Саид Алли Ҳамадонӣ гузар карда бошад. 

Роштқалъа низ зебост!

Ноҳияи Роштқалъа аз маркази Хоруғ дар масофаи 40-50 километр ҷойгир аст. Рӯзи дигар субҳҳангом ба ҷониби Роштқалъа роҳ пеш гирифтем. Ба назари мо чунин намуд, ки ин ноҳия заминҳои бештар дорад. Зеро қад-қади роҳ деҳаҳои зиёде ба назар мерасанд. Ба ҷамоати ба номи Мирсаид Миршакар расида, ба бинои он сар халондем. Ҳавои бино салқину сарду форам аст ва аз оғуши кӯҳҳо насими фораме бо бӯи гиёҳҳову алафҳои сабзи табиӣ ба машом мерасад. Табиат худ гӯё кондитсионер аст. Ҷурғоти Роштқалъа ба қаймокҳои Душанбе монанд аст. Зардолуву гелосҳои тутҳои бомазаи Роштқалъа тамъи ширине доранд.  Ватану диёри ин шоири маҳбуби кудакон хеле зебову диданӣ буд. Боз ҳам ҳамон гапи кӯҳна, ки дар чунин табиат шоир нашудан аз рӯи инсоф нест.  

Ишкошим дуртар ва ҳам пурафсун аст

Сафар ба ноҳияи Ишкошим андаке душворӣ доштааст. Ин ноҳия аз маркази вилоят дар масофаи 110 киломиетр воқеъ гардидаст ва нақлиёт ба онҷо камтар меравад. Баъди соати интизориҳо савори мошини сабукрави ҷопонӣ ба ноҳияи Ишкошим раҳсипор гардидем. Мошинҳои ҷопонӣ гӯё дар ин роҳҳо қулай ва муносиб будаанд. Ронанда Ҷамшед ном дошта, тақрибан марди 50-55 солае буд, ки соҳиби ҷаҳонбинии васеъ аст. Ӯ дар кадом ташкилоти байналхалқӣ замоне панҷ сол ба сифати ронанда кор карда будааст. Дар онҷо забони англисиро омӯхтааст. Ин забондонии Ҷамшед ба мо кор дод. Зеро ҳамсафари мо дар мошини он кас марду зани италиявие буданд, ки чун сайёҳ ба ноҳияи Ишкошиму Мурғоб қасди сафар доштаанд. Ҷамшед бо онҳо аз ҳар хусус саволҳо медод. Аз касбу кори онҳо ва таассуроти сафар пурсон мегардид. Онҳо низ аз мо баъзе чизҳоро мепурсиданд. Масалан дар бораи забон ва баъзе анъанаҳои мардуми кӯҳистон донистан мехостанд. Баъди Гармчашма ба чашмаи Нарзан расидем. Ду қадам онтарафтар дарёи шитобон қарор дорад. Ана обу мана об. Оби газноки қиматеро ки табобатӣ гуфта дар пойтахт ба шумо мефурушанд, дар назди ин об ҳеҷ арзише надорад. Сард, хуштамъ ва  хеле гуворо аст. Ҳар як мошини дар роҳи Ишкошим ҳаракаткунанда ҳатман дар назди он таваққуф менамояд. Мусофирон аз чашмаи Нарзан об менушанд ва бо худ дар зарфҳо об мегиранд. Дар ин роҳ аз ҳама бештар сайёҳони хориҷиро дидан мумкин аст, ки велосипедсавор ба боло ҳаракат кардан мехоҳанд. Назар ба қавли Ҷамшеди ронанда бештари онҳо ба чашмаи Бибифотимаи Заҳро рафтан мехоҳанд. Ишкошим ноҳияи баландкӯҳ мебошад. Ин ноҳия низ дар рӯ ба рӯи Афғонистон қарор дорад. Баъди нисфирӯзӣ шамоли аҷибе дар ин ноҳия ба вазидан медарояд. Касе асрори ин шамоли ногаҳониро гуфта наметавонад ва онро низ чун як неъмати табиат медонанд. Шаб тиреза кушода буд. Ҳис мекунед, ки ҳаво сард аст ва маҷбур мешавед, ки кӯрпаро ба рӯи худ гиред. Охири моҳи июл аст, аммо зардолӯ дар шохаи ниҳолҳо ҳанӯз сабз аст. Ҷо-ҷо заминҳои ғалла ба назар мерасанд, ки ғаллазорони моҳи апрели вилояти Хатлонро мемонад. Кучаҳои маркази ноҳия пур аз оби чашмаҳои кӯҳӣ аст. 

Дил мехоҳад…

Дил мехоҳад, ки дар Бадахшон таваққуфи тӯлонӣ дошта бошед. Аммо зиндагист, ки боз ба сӯи хонаҳои худ роҳ пеш мегиред. Таассуроти мо аз ин сафар зиёд аст ва наметавон он ҳамаро дар чанд саҳифа баён кард. Бадахшиҳо мардумони пурмуҳаббату бомаданият ба назар мерасанд. Кучаву роҳҳову биноҳои худро дар ҳолати тоза нигоҳ медоранд. Меҳмондӯстанд ва дили танг надоранд.  Як мушоҳида он буд, ки хурду бузург дар ин гушаи кӯҳсор забони англисиро меомӯзанд. Охир ин бесабаб нест. Шумораи сайёҳони хориҷӣ ба ин минтақа торафт меафзояд ва наметавон, ки бо имову ишора ҳама матлабро фаҳмида гирифт. Аз мушоҳидаҳои чандрӯза аз Бадахшони кӯҳсор танҳо як хулоса аст: Ин гӯшаи зебои Тоҷикистон алакай чун як минтақаи сайёҳӣ нуфуз пайдо кардааст ва барои ҳар як меҳмони дохиливу хориҷӣ ин мавзеъ барои сайру сайёҳат меарзад. Зеро Бадахшон бо осмонбӯс будани қуллаҳои худ ин сайри ҷаҳон аст.

Мурод Муродӣ,

Бахтиёри Қутбиддин

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here