Барои ҳар як нафар касбу кор асоси пешбурди рӯзгор буда, бештар майлу рағбат ва дилбастагӣ ба пеша инсонро дар ҷодаи интихобнамуда устувор нигаҳ медорад. Садбарг Саидова, ки зиёд мехост бо касби барои мардум манфиатбор амали некеро барои ҷомеа анҷом диҳад, курси ронандагиро хондаву ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ шуд. Зеро медонад, ки пешаи интихобнамудааш барои мардум хеле зарур аст.
Аз гуфтаи Садбарг Саидова бармеояд, ки ӯ аз наврасӣ мехост ҷойе таҳсил кардаву соҳиби маълумот бошад. Аммо, баробари оиладор шудану чанд фарзанд ёфтан, ин хаёлро аз сар дур кард. Чун вазъи оилавӣ имкон надод, то ин мақсадашро амалӣ созад. Баъдан, ки шароити зиндагияшон вазнин гардид, ӯ ба қароре омад, то хонда соҳибкасб гардад ва ба ҳайси ронанда бо кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ, дақиқан троллейбуси хатсайри №1 тавонист рӯзгори хешро қадри имкон беҳбуд бахшад. Инак, ҳафт сол боз ӯ аз рӯйи касби хеш кору фаъолият дорад. Баробари фаъолияти корӣ ӯ ба ду писараш, ки мебояд минбаъд дар зиндагӣ роҳу равиши худро пайдо намоянд, таълиму тарбия дода, онҳоро барои кори ҷамъиятӣ ва манфиат расонидан ба мардум тарғиб мекард. Ин буд, ки писари калонӣ касби ронандагиро интихоб намуду писари дуюм низ ният дорад касби модарро биомӯзад. Чун талқини модар ҳар замон ба онҳо ҳамин аст, ки касбу кор андӯхта, дар пешбурди ҷамъият андаке бошад ҳам, саҳм гузоранд.
Садбарг Саидова медонад, ки пешаи интихобкардааш бар нафъи мардум ва хеле муфид буда, як «раҳмат, духтарам!» гуфтани пирамард ва ё зани солманде ӯро боз ҳам ба касбу кор дилгарм месозад. Гарчанде, ба изҳораш, ӯ бо ду писар ва келину набераҳояш дар хонаи иҷораи якҳуҷрагӣ, ки аз тарафи коргоҳ барояшон ҷудо гардидааст, зиндагӣ намуда, шароити начандон мувофиқ доранд. Ба қавли мусоҳиби мо, ин як ҳуҷра барои зисти онҳо, ки оилаи чандиннафараанд, номусоид ва хурд аст. Илова бар ин, агар хоҳад, ки писари дуюми худро оиладор намояд, умуман шароити будубош имкон намедиҳад. Бинобар ин, бону Садбарг ба роҳбарияти ҳукумат ва шаҳрдорӣ муроҷат карда, хоҳиш дорад, то дар дарёфти замини наздиҳавлигӣ ва ё хонаи истиқоматӣ барояш ёрмандӣ намоянд. Ӯ итминон дорад, ки роҳбарияти Ҳукумати кишвар нафарони корашон бар нафъи мардумро дастгирӣ менамояд ва ин дархосташ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Садбарг Саидова изҳор медораду дархост дорад:
— Ман ободии кӯчаву хиёбонҳо, роҳу гузаргоҳҳо ва бешу муҷаҳҳаз гаштани нақлиёти ҷамъиятиро дида, хушҳол мешавам, ки кишвари мо, хоса шаҳри Душанбе аз пештар дида, бештар ободу зебо шуда истодааст. Имрӯз раиси шаҳри Душанбе, ки ба ободкорӣ таваҷҷуҳи хоса дода истодаанд, дар пайи тадбирҳои судманди Сарвари давлат барои манфиати мардум сидқан азм дошта, умеди моро афзун мегардонанд.
Меҳрони МАТИН

Добавить комментарий