Санаи 25-уми январи соли 2019 дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» мизи муддавар дар мавзуи «Иттиллоотнокии ҷомеа оид ба Ҳадафҳои рушди устувор — таҳсилоти босифат ва фарогир, бо ҷалби бештари ҷавонони дорои имкониятҳои ҷисмонии маҳдуд» аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи таълимоти калонсон дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ хонум Текла Келберт, директори минтақавии DVV International оид ба муҳимияти дастрасӣ ба таълимоти босифат ва фарогир, ки яке аз бандҳои 17 Ҳадафи рушди устувор (ҲРУ) дар солҳои 2015-2030 аст, суханронӣ карда, гуфт, ки дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» дар ин самт корҳои хеле зиёд ба нақша гирифта шудааст.
— Ҳарчанд амалисозии лоиҳа ҳоло як сол нашуда бошад ҳам, аллакай корҳои хубе дар самти таълимоти фарогир, аз ҷумла ду таҳқиқоте анҷом дода шудааст, ки дар асоси онҳо курсҳои омӯзиши касбӣ, ки махсусан ба эҳтиёҷоти шахсони маъюб мутобиқ мебошанд, омода карда мешаванд. Ин курсҳо дар беҳтар намудани малакаи касбӣ барои баромади шахсони маъюб ба бозори маҳаллии меҳнат мусоидат мекунанд. Инчунин, дар ин курсҳо ба иштирокчиён тарзи кор ва ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва миллӣ, барои татбиқи ҳуқуқи худ ба таҳсил, омӯзонида мешавад,- қайд намуд хонум Келберт.
Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Фарида Муминова натиҷаҳои таҳқиқот «Оид ба ниёз ва талаботи наврасони маъюбиятдошта»-ро муаррифӣ карда, қайд намуд, ки наврасони маъюбиятдошта нисбат ба ҳамсолони ҷисман солими худ, ояндаи худро дар санъат ба маротиб бештар тасаввур мекунанд.
— Тадқиқоти мазкур миёни 4600 нафар навраси аз 15 то 19-сола, дар 26 шаҳру навоҳии кишвар гузаронида шуд. Аз миёни пурсидашудагон аз 3/2 нафар нисбат ба ҳаёти худ маъюсона назар карда, зиёда аз 63%-и онҳо орзу доранд, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим бошанд. Дар мавриди касбу кори оянда, наврасони маъюбиятдошта нисбат ба наврасони бемаъюбият ба санъат 4 маротиба бештар майл доранд,- қайд намуд Муминова.
Эксперти миллии Хазинаи таҳсилоти Аврупоӣ дар Тоҷикистон, профессор Субҳон Ашӯров муаррифии натиҷаҳои арзёбӣ «Оид ба эҳтиёҷоти таълимии ҷавонони маъюбиятдошта»-ро гузаронида, оид ба ҳадафҳои асосии таҳқиқот чунин гуфт: «Дар баробари арзёбии ниёзи таҳсилотии ҷавонони маъюб бо дарназардошти талаботи бозори меҳнати маҳаллӣ, инчунин таҳқиқоти мазкур, барои муайян кардани номгӯи ихтисосҳо ҳамчун бурриши ниёзи ҷавонони маъюб, талаботи бозори меҳнат ва имкониятҳои филиалҳои муассисаҳои давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ (Душанбе, Панҷакент ва Рашт), ҳамчунин ба ҷамъоварии пешниҳоди таклифот ҷиҳати бартараф кардани монеаҳои мавҷуда дар касбомӯзии ҷавонони маъюб равона шуда буд».
Ба иттилои Субҳон Ашӯров, дар таҳқиқоти мазкур 212 нафар ҷавони маъюбиятдошта аз 15 то 29-сола, аз шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва шаҳраки Ғарм иштирок кардаанд. Натиҷаҳои арзёбии зикршуда нишон медиҳанд, ки барои ашхоси маъюбиятдошта бештар омӯзиши чунин ихтисосҳо дар зиндагӣ фоидаовар аст: устои таъмири техника ва асбобҳои маишии барқӣ ва электронӣ, устои васл ва таъмири шабакаҳои обу коррезӣ, устои таъмири автомобилҳо, дӯзандаи либосҳо, ошпаз ва қаннод, рассом ва устои нақшдӯз, устои таъмир ва дӯхтани пойафзол, устои таъмир ва бастаҷамъи мебел, андовачӣ-рангуборчӣ, кафшергари барқию газӣ.
Тибқи иттилоти расмии Оҷонсии омор, соли 2016 дар кишвар 144886 нафар ашхоси маъюбиятдошта ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин миён 24870 нафарашон то 18-солаанд. Дар маҷмуъ, 1,6% аҳолии кишварро шахсони маъюб ташкил медиҳанд. Соли 2016 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии барқарорсозии одамони маъюбиятдошта барои солҳои 2017-2020»-ро қабул кард. Барномаи мазкур дорои хусусияти иҷтимоӣ ва зиддибуҳронӣ буда, татбиқи он бо назардошти Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 амалӣ карда мешавад. Барнома асосан ба баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии барқарорсозии шахсони маъюбиятдошта равона шудааст.
Саида Иноятова, директори Созмони занони маъюб «Иштирок» оид ба арзёбии дастрасии муҳит барои шахсони маъюбиятдошта, ки дар 36 филиали муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” (МТКТ) гузаронида шуд, суханронӣ карда, чунин гуфт: «Ҳадафи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» баланд бардоштани дастрасии ҷавонони дорои маъюбиятдоштаи аз 15 то 29-сола ба хидматҳои босифати таҳсилоти касбӣ барои таълими касбӣ ва омӯзиши касбӣ дар Тоҷикистон тавассути ҷорӣ намудани муҳити мувофиқ, барномаҳои таълимӣ ва омӯзиши мувофиқ барои муаллимон ва мутахассисон дар филиали МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар се шаҳру ноҳияи пилотӣ — Душанбе, Панҷакент ва Рашт мебошад. Мақсад ва вазифаи таҳқиқоти гузаронидаи мо арзёбии дастрасӣ ба муҳити касбӣ (инфраструктура ва барномаҳои таълимӣ) барои гуруҳи мақсаднок ва таҳияи тавсияҳо барои беҳтар намудани вазъият буд».
Ба қавли Саида Иноятова, барои ноил шудан ба ҳадафҳои таҳқиқот, омӯзиши маълумоти оморӣ барои тасвири умумӣ дар бораи вазъи маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақам, таркиб, сохтор, тамоюлҳо), таҳлили қонун ва санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои сохтмон (аз ҷумла байналмилалӣ) дар бораи бино ва иншоот барои фароҳам овардани шароит барои дастрасии ашхоси маъюбиятдошта, муайян кардани имконият ва дастрасии гуруҳи мақсаднок ба хидматҳои таълимии ғайрирасмӣ, арзёбии воситаҳои моддӣ ва техникӣ барои ташкили ҷараёни таълим дар МТКТ, рушди тавсияҳо оид ба беҳтар намудани муҳити зист барои дастрасӣ ба таҳсилоти касбии барои шахсони маъюбиятдошта мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Дар мизи мудаввари мазкур инчунин Вазифаҳои асосии ҳадафи чоруми рушди устувор ва индикаторҳои арзёбии сифати таҳсилот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бояд гуфт, ки дар доираи лоиҳаи ёдоваришуда то охири моҳи майи соли ҷорӣ боз панҷ мизи муддавар дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ — Душанбе, Панҷакент ва Рашт гузаронида мешаванд.

М. НОЗИМӢ
Ин фаъолият дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амалӣ мегардад. Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here