Вируси кушандаи чинӣ, ки дар оғоз бидуни ном расонаӣ шуд ва баъдан онро короновируси чинӣ номиданд, то лаҳзаҳое, ки ин мақола навишта мешуд, ҷони 106 нафарро рабуд ва бештар аз 4 ҳазору 500 нафари дигар дар бемористонҳо бистарӣ буданду таҳти назорати духтурон қарор доштанд. Бино ба гузоришҳои охирин ҳудуди шаш ҳазор нафари дигар ба гумони сироят ба ин вирус ташхис мешаванд. Аммо арқоми ғайрирасмии такондиҳанда ҳам дар канори арқоми расмӣ нашр мешаванд, ки теъдоди куштагони ин вирус ва сироятшудагонро ба маротиб бештар нишон медиҳанд. Танҳо дар як шабонарӯз то ҳудудан як ҳазор нафар афзудани мубталоёни ин беморӣ гувоҳи аст, ки вирус аз ҷумлаи хатарноктарин вирусҳо дар таърихи ҳаддиақал 50 соли охир дар олам хоҳад буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аввали баҳор густариши доманадори онро пешбинӣ мекунанд.  Ин вирус ҳоло ба қаламрави Ҳонконг, ИМА, Таиланд, Ветнам, Австралия ва Куриёи Ҷанубӣ низ ворид шудааст. Аммо Тоҷикистон, ки яке аз ҳамсоягони Чин мебошад, расман эълон кард, ки ягон нафар аз сокинон ба ин вирус сироят нашудаанд, аниқтараш ин гуна ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст.   

Рӯзи чоршанбе ҳукуматдорони Чин  ба қароре омаданд, ки вуруд ба шаҳри Вуҳон ва хуруҷ аз онро манъ кунанд. Ин шаҳр дар вилояти Хубэй ҷойгир аст ва дорои 8,9 миллион ва бино ба омори дигар 11 миллион аҳолӣ мебошад. Аввалин бор вируси номаълуми кушанда маҳз дар ҳамин шаҳр кашф шудааст ва аксари сироятшудагон низ дар ҳамин шаҳранд.

Рӯзи панҷшанбе бошад ҳамин гуна тасмим барои шаҳри Хуангана, воқеъ дар вилояти Хубэй гирифта шуд. Маъмурон мегӯянд дар ин шаҳр бештар аз 7 миллион нафар зиндагонӣ мекунанд. Ҳама гуна вуруд ба он аз тариқи мошин, қатор, ҳавопаймо манъ шудааст. Нақлиёти дохилишаҳрӣ низ аз фаъолият боздошта шудааст.

Ҳукуматдорони Чин ба хулосае омадаанд, ки ҳама гуна тадорукот дар Пекинро лағв кунанд, бо қарори вижа ҳама гуна гаштугузорҳои анъанавии солинавӣ, баргузории ярмаркаҳо дар ибодатгоҳҳо низ манъ шуданд.

Ҳафтаи аввал ду шаҳри муҳими ин кишвар Вуҳон ва Ҳуангон дар муҳосира мондаанд. Шаби панҷшанбе ба ҷумъа вуруду хуруҷи мошинҳо, ҳавопаймоҳо ва қаторҳо боздошта шуданд. Ба одамон тавсия доданд, ки то амри дигар аз шаҳр берун нашаванд. Аммо сокинони шаҳри Вуҳон, ки аввалин тадбири манъи вуруду хуруҷ ба ин шаҳр амалӣ шуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки эҳтимол меравад дар кутоҳтарин фурсат мушкилии ғизо пайдо шавад ва захираҳо барои чанд рӯзи оянда басанда набошад.

Теъдоди зиёди мубталоён ба ин вирус дар озмоишгоҳҳои Чин ва созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ шуда ва мутахассисон ин вирусро аз хонаводаи вируси короно  (Coronaviruses) донистаанд. То кунун шаш намунае аз вируси короно кашф шуда буд ва агар ин низ мансуби ҳамин оила бошад, пас  теъдоди он ба 7 мерасад.

Дар маъмултарин ҳолат ин вирус боиси сармохӯрдагӣ, аммо дар мавриди дигар боиси синдроми шадиди роҳи нафас мешавад.

Вируси паҳншуда дар Чин ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Як теъдод аз кишварҳои олам барои шаҳрвандонашон сафар ба Чинро манъ ва ё маҳдуд кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки короновирус дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Рӯзи 21 январи соли ҷорӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода дар суҳбат бо хабарнигорон дар ин бора иттилоъ дод ва гуфт, ки ҳоло ягон сирояти ин вирус дар Тоҷикистон дида нашудааст.

Дар бораи вируси нави чинӣ чӣ медонем?

Суолест, ки шояд дар сари бисёриҳо мечархад. Дар воқеъ, то ин замон дар бораи ин вируси кушанда чиҳо маълуму рушананд? Аслан чизи зиёде маълум нест. Олимон ҳанӯз ҳарфи олимонаву илмие дар бораи омилҳои густариши он дар миён наовардаанд ва ковишҳои илмиву таҳқиқӣ ҳамоно идома доранд. То иллати беморӣ ошкор нашавад, шеваи ягонаву таъсирпазири он низ пайдо намешавад. Аммо чизҳоеро метавон гуфт, ки ошкор шудаву заминаҳоеро барои пайдо кардани усулҳои муолиҷа фароҳам меоранд. Вируси махуф қодир аст хеле ба зудӣ аз одаме ба одами дигар гузарад. Аз ин рӯ, мутахассисон аз ҳоло аз ҳамагирии ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳанд. Ахиран сарвари Академияи илмҳои Русия бонги изтироб зад, ки ин вирус баъди моҳи март басуръат густариш хоҳад ёфт.

Бино ба гуфтаи муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода “бемории сироятии коронавирус аслан дар бадани ҳайвоноти хонагӣ, хусусан, паррандаҳо, чорвои калон  ва хук афзоиш ёфта, баъдан ба одам интиқол меёбад. Нишонаҳои асосии ин беморӣ, пеш аз ҳама таби баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо ва дарди гулӯ буда, пасон нишонаҳои дигар, аз ҷумла осеб ёфтани роҳҳои нафас ва шушҳо ба вуҷуд меоянд, ки дар муҳлати кӯтоҳ ҳолати бемор вазнин гардида, дар  сурати ба табобат фаро нагирифтан он метавонад ба фавт оварда расонад”.

Ин беморӣ системаи нафасро таҳти таъсир қарор медиҳад ва ба мисли як сармохӯрдагии содае ба назар мерасад. Сироятшудагон ба ин вирус низ мисли сироятёфтагон ба грипп оби бинӣ мерезанд, сулфа мезананд, гулӯяшон дард мекунад, ки метавонад бо сардард ва табъ низ ҳамроҳ бошад.

Донишмандон фарзияи аз ҳайвон ба инсон гузаштани ин вирусро истино намекунанд, чуноне ки MERS аз уштур ва SARS аз самурҳо гузашта буд. Вале дар мавриди вируси ҷадид таҳлили илмӣ вуҷуд надорад ва гуфтан ҳоло барвақт аст, ки маҳз аз кадом ҳайвон гузаштааст ва ё чӣ омиле сабабгори густариши он шудааст. танҳо гуфта мешавад, ки омили аслии он шояд ҳамон хаффош бошад, ки вирусро аз худ ба ҳайвоноти дигар интиқол медиҳад ва истеъмоли гӯшти он муҷиби сироят ба одамон шавад. Аммо дақиқан ҳоло маълум шуда, ки вирус замоне сироят мекунад, ки агар шахсе бо моеоти тарашшуҳӣ, ба мисли атса задан, оби даҳон парондан ва ғайра бо шахси дигар дар алоқа шавад.

Аммо чуноне ишора рафт, то кунун ҳеч дармони мушахас барои ин беморӣ эълон нашудааст ва мубталоёнро бо шеваи вирусҳои гузаштаи ин хонадон муолиҷа доранд.

Вирус аз куҷо пайдо шуд?

Вируси чинӣ беш аз дигарон худи мақомоти ин кишварро ба ташвиш овардааст. Си Ҷинпин – сарвари Чин рӯзи душанбе бо нигаронӣ аз вазъ гуфт, ки ба ин беморӣ дар ҳама сатҳҳо хеле бояд ҷиддӣ муносибат кард. Телевизиони давлатии Чин суханони Си Ҷинпинро нақли қавл кард, ки гуфтааст: “Кишвар дар вазъи мушкиле қарор гирифтааст”.

Ҳукуматдорони Чин сабабҳои зиёди эҳтимолии пайдо шудан ва густариши вирусро ташхис мекунанд. Як сабаби он аз маводи ғизоӣ дар шаҳри Ухан аст, ки дар ин шаҳр гӯшти ҳайвоноти ваҳшӣ низ фурӯхта мешавад. Ин ҳамон короновирусе мебошад, ки замоне бемории Сарс (SARS – навъе аз бемориҳои хатарноки роҳи нафас, ки соли 2002 дар Чин пайдо шуд ва аз он ба мамолики дигар рафт) ва   MERS (беморие, ки соли 2012 дар Арабистони Саудӣ пайдо шуд ва мегуфтанд аз уштур сироят шудааст).

Ҳоло дигар шаке намондааст, ки теъдоди сироятёфтагон башиддат меафзояд. Танҳо дар як шаб омори расмӣ аз сабти ҳудудан ҳазор нафар хабар дод.  Сабаб чист?

Хабаргузориҳо истинодан ба манбаъҳои илмӣ баъзе омилҳои ин густариши босуръатро таҳлил кардаанд. Як сабаб он аст, ки вирус хеле ба зудӣ худ аз худ густариш меёбад. Замоне, ки вирус кашф шуд, дар Чин ва кишварҳои ҳамсоя ба ташхиси нишонаҳои он пардохтанд  ва ба омӯзиши бемориҳои гузаранда жарфтар фурӯ рафтанд, то чигунагии вируси нав кашф шавад. Одамоне, ки бо ин нишонаҳо худро мубтало диданд, ба зудӣ ба бемористонҳо муроҷиат карданд. Мақомот дар як фурсати кутоҳ натиҷаи таҳқиқоти аввалияро мунташир карданд.

  Фарқияти вируси нав аз собиқаҳо дар чист?

Дар гузоришҳои матбуотӣ ва расонаҳои хабарии электронӣ талошҳое барои посух ба ин суол дида мешавад. Вале ҳамаи ин посухҳо ҳоло ҳам илмӣ нестанд ва бар пояи фарзияҳои илмии исботнашуда устувор шудаанд. Олимон миёни вируси нав ва SARS шабоҳатҳоеро мушоҳида кардаанд. Аввалан ҳарду вирус аз як оилаи вирусҳоянд, ҳамон вирусе, ки муҷиби густариши SARS шуда буд. Ин ду вирус аз ҳам бо 20% фарқиятҳо тафовут доранд. Ҳарду вирус ҳам аз Чин сар берун овардаанд монандии дигар он аст, ки вирус чун гунаҳои пешина хеле босуръат густариш меёбад ва торафт майдони густариши худ ва ҷуғрофиёи онро васеъ мекунад. Дар гузашта ҳукуматдорони Чин талош карда буданд, ки пеш аз он ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мутаваҷеҳи SARS шавад, худ роҳи муолиҷаи онро пайдо кунанд. Ин иқдоми иштибоҳӣ буд. Аз ин рӯ, дар мавриди вируси нав онҳо аввал созмони ҷаҳонии тандурустиро дар ҷараён гузоштанд ва ба ҷаҳониён аз густариши як бемории нав хабар доданд. Онҳо ҳамчунин мустақилона ба омӯзиши он дар бузургтарин озмоишгоҳҳои худ пардохтанд, ҳар маълумотеро, ки пайдо шуд, расонаӣ карданд. Дигар талошҳо ҷаҳонӣ шуд ва шояд роҳи муолиҷаи он ба осонӣ пайдо шавад. Фотима Ёқубова, як тан аз кормандони бахши матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар посух ба суоли мо дар бораи тадобири андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ин маврид гуфт: “Тибқи Конвенсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, яъне қоидаҳои байналмилалии тиббии санитарӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита шомили он мебошад, дар гузаргоҳҳои сарҳадии мамлакат, аз ҷумла чӣ дар гузаргоҳҳои ҳавоӣ ва чӣ дар гузаргоҳҳои заминӣ нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ мавҷуданд, ки онҳо бевосита зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар ин нуқтаҳо тибқи фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пешниҳодоту амрномаҳои Сардухтури давлатии санитарии эпидемологии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бонги хатар задан, супориш дода мешавад, ки ин нуқтаҳо фаъолияти худро пурзӯр намуда, ба фаъолияти шабонарӯзӣ гузаранд. Ҳамзамон, дар айни ҳол дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди теплавизор ва термасканерҳо насб карда шудаанд, ки ҳар як шаҳрванде, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид мегардад, тавассути онҳо гузаронида мешаванд”.

Дар ҳамин ҳол Сафорати Тоҷикистон дар Пекин бо интишори як баёния аз тариқи WeChat аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Чин таҳсил мекунанд, хостааст, ки “баҳсу мунозираи беасосро канор гузошта”, талаботи мақомоти чинӣ дар бораи риояи тартиботи ҷорӣ дар робита ба паҳн шудани вируси короноро бечунучаро иҷро кунанд. “Ҳукумати Чин, ки кишвари абарқудрат аст, вазъиятро ба пуррагӣ назорат намуда, роҳҳои дурусти ҳалли ин масъаларо дида истодааст. Агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни хориҷӣ аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, Сафорати Тоҷикистон ин масъаларо бо Ҳукумати Чин ҳаллу фасл хоҳад кард.”, — гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Ва маълумоти дигар:

  • Дар маҷмуъ 9 дарсади сироятшудагон ба короновирус мефавтанд.
  • 24 вилояти Чинро хатари сирояти вируси наве, ки 2019-nCoV номида шуд, таҳдид мекунад. Дар маҷмуъ барои 1,17 миллиард сокинони ин кишвар чораҳои бехатарӣ андешида шудаанд.
  • Аксари ширкатҳои сайёҳии олам муваққатан эъзоми гардишгарон ба Чинро мутаваққиф мекунанд. Дар шаҳри Пекин аз 26 январи соли равон ҳаракати автобусҳо муваққатан қатъ шудааст. Дар фурудгоҳи баъзе аз кишварҳои олам алалкай санҷиши мусофирон ва ташхиси он барои сироят ба ин вирус роҳандозӣ шудааст.
  • Короновирус, ки бори аввал дар Чин кашф гардид, ҳоло аз қаламрави ин кишвар берун рафт. Онро аввал дар Таиланд ва баъдан дар Ҷопон, Ҳонконг, Куриёи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Ветнам, Фаронса, Малайзия, Австралия, ИМА ва Канада ба қайд гирифтаанд. То ба имрӯз 42 нафар хориҷ аз марзи Чин ба ин вирус гирифтор шудаанд.
  • ВВС бо интишори як гузориш навиштааст, ки “тамдиди таътилоти соли нав як ҳаракати аҷиб буда, аммо ин ки ҳудуди 500 миллион нафар пас аз таътилот барои рафтан ба маҳалли кор савори ҳавопайма, қатора ва автобус шаванд низ мумкин аст муҷиби интишори бештари  вирус шавад”.
  • Баъзе кишварҳо аллакай барои пешгирӣ аз густариши ин вирус тадбирҳо андешидаанд. Чунончӣ, дар Муғулистон дар мактабҳои олӣ таътили муваққатӣ эълон шудааст. Дар Фаронса ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия додаанд, ки то 21-уми феврали соли равон ба Чин гардишгарон аз ин кишварро нафиристанд. Арманистон воридоти маҳсулоти чорво аз Чинро манъ кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here