Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 1-уми октябр, дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе минтақаҳо борон мерезад.

 

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок  пешгӯӣ шуда,   дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 23+28 ва дар шарқи ин вилоят шабона -4+1 ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,   дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар  аст. Шамол аз самти ғарб 4-9    метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15  ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат    дар назар аст.   Ҳарорати ҳаво шабона ба +8 +13 ва рӯзона ба +27+32 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +10+12 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий