29-уми марти соли 2019 ҳодисае рух дод, ки кулли бозори молии оламро такон дод, вале онро ВАО эҳсос накард. Дар ин рӯз қоидаи Базел III ба иҷро даромад, ки тиллоро ба муҳимтарин сармояи бонкии байналмилалӣ табдил дод. Барои иқтисоди олам ин оқибатҳои хубе ба дунбол хаҳад дошт, аммо барои шаҳрвандони одӣ чӣ?

 

Ҳукумати ҷаҳонии молиявӣ

Қабл аз ҳама бояд дарк кард, ки Базел III ва пешгузаштагони он чӣ маъно дорад. Посухи хеле кӯтоҳи он: ин маҷмуъи қонунҳои байналмилалии танзими системаи бонкист. Онро Бонки тасвияҳисобҳои байналмилалӣ (БТБ) барои таъмини устувории фаъолиятҳои бонкӣ таҳия мекунад. Ҳамчуноне дар сомонаи БТБ омадааст, ин бонк чун “бонк барои бонкҳои марказӣ”-и кишварҳое амал мекунад, ки шомили Кумитаи базелӣ оид ба назорати бонкӣ (КБНБ)  мебошанд. Бонк ҳамчунин намояндаи тиҷоратии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ва бонкҳои марказӣ ба шумор меравад, албатта агар ҳарфи тилло дар миён бошад. Яъне БТБ аз номи мизоҷонаш, ки бонкҳои марказӣ мебошанд, амалиётҳо бо тиллоро роҳандозӣ мекунад.

КБНБ дар навбати худ сатҳи муносиби сармоягузории бонкҳоро танзим менамояд. Ба ҳайати он мақомоти танзимкунанда аз 28 кишвари олам дохиланд. Ҷаласаи КБНБ дар бинои БТБ, ки дар Базели Швейсария ҷойгир аст, мегузарад, ҳарчанд кумита шахси ҳуқуқии мухтор ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ онро кӯтоҳакак Базел меноманд. Аммо чун аъзои Базел ҳама дар олами сармоя кишварҳои рушдёфта ва муҳиманд, онро баъзан ҳукумати молиявии ҷаҳонӣ низ меноманд.

Ҳадафи қоидаи Базел коҳиши эҳтимолияти он ки бонкҳо метавонанд ба иқтисод зарар расонанд. Фарзияи мазкури ин қоидаҳо бо номи Базел III шинохта шудааст ва унсури калидии ислоҳоти сиёсати ҷаҳонии танзимкунанда мебошад, ки баъди буҳрони ҷаҳонии молиявии соли 2008 рӯйи кор омадааст.

Он замон бонкҳои хусусӣ аз ин вазъ ғофилгир шуда буданд, чун сармояи кофӣ барои муқовимат бо он дар ихтиёр надоштанд. Ҳукуматҳоро лозим омад дастгоҳҳои пулчопкунии худро ба кор андозанд, қарзҳои давлатиро афзун кунанд, ба ҷайби андозсупорандагон чанг зананд, то ин ки системаи шаклгирифтаи бонкиро ҳифз намоянд. Он вақт маълум шуд, ки олам ба як қоидаи сахти байналмилалии танзими фаъолиятҳои бонкӣ ниёз дорад. Ин қоидаҳо таҳия шуданд ва 29-уми майи соли равон таҳти унвони Базел III вориди амал шуданд.

 

Буҳрони илмӣ

Чаро Базель III барои умури молии ҷаҳонӣ ба ин ҳад аҳамият дорад? Гап сари он аст, ки бо тасдиқи меъёрҳои наву шадиди сармояи кифоякунанда барои бонкҳои марказӣ ва хусусӣ, аҳамияти тилло ва сармояи он тағйир ёфт.

Тибқи қоидаҳои Базели I бонкҳо мебоист 8% захираи сармояҳои худро нигоҳ медоштанд. Дар қоидаҳои Базели II омада буд, ки сармояҳои бонкӣ се дараҷаанд: ба дараҷаи аввал дороиҳое дохил мешуд, ки камтар риск доштанд. Дараҷаи сеюм сармояҳои рӯ ба хатаранд. Тибқи қоидаҳои Базели III тилло ё ба дараҷаи аввал ва ё сеюм – вобаста ба тасмими ҳукумати кишварҳо дохил мешуд, аммо шомил кардани тилло ба дараҷаи аввали бидуни хатар танҳо дар сурати таъмини вуруди филиз мумкин буд.

Дар қоидаҳои Базели III дараҷаи сеюм ворид карда шудааст: акнун дороиҳои хатарнок наметавонанд захиравӣ бошанд. Ва тилло дар раддаи аввал, дар қатори пул ҷой дода шуд.

Ҳамзамон бо ин арзиши гаравии тилло баланд бардошта шуд: агар пештар бонкҳо метавонистанд бо гарав гузоштани тилло ба андозаи 50 дарсади захираҳои тиллои худ қарз гиранд, ҳоло коэффитсент 85% аст, ба мисли ҳамаи сармои дараҷаи аввал. Амалан тилло баробар ба асъори қобили табодул табдил шуд.

Сармоягузорон ин қарорро қонунӣ медонад ва мегӯянд он метавонад аз ҳодисаҳое назири буҳрони молиявии ҷаҳонии соли 2008 пешгирӣ кунад. То ин замон тилло даҳсолаҳо дар системаи қарзии ҷаҳонӣ нақши калоне надошт. Ва ҳарчанд тибқи анъана захираҳои бонкҳои марказиро “асъори тилло” меномиданд, вале дар асл тилло кам буд.

Арзиши тилло сарнавишти филизоти дигарро такрор кард: замони афзоиши талабот афзуд (масалан, баҳор, вақте дар Ҳинд тӯйҳо оғоз мешаванд ва дар ин тӯйҳо тибқи анъанаҳои қадимии мардуми Ҳинд ба шаҳу арӯс тилловории зиёд тақдим мешавад) ва замоне, ки харидор пайдо нашуд, арзиши он низ поин рафт.

Бисёре аз таҳлилгарон ба ин назар буданд, ки вақти он расидааст, ки тиллоро дигар сармояи молӣ нашносанд, балки чун дигар филизот арзёбӣ шавад. Масалан платина гаронарзиштар аз тиллост, вале вай баробар ба пул нархгузорӣ намешавад,- мегуфтанд онҳо. Нуқра низ пештар василаи молӣ шинохта мешуд, вале ҳоло чун як филизоти муфид аст ва на аз ин беш.

Аммо буҳрони молиявии соли 2008 водор намуд, ки ба одатҳои пешин баргарданд. Тиллое, ки дар оғози буҳрон арзиши худро аз даст дода буд, вақте дар олами молӣ беэътимодии комил фаро расид (касе намедонист то куҷо сармои дилхоҳ бонк боэътимод аст) бори дигар нақши кафолати қобилияти адо намудани қарзро соҳиб шуд.

Баъди ин ҳодиса бонкҳои марказӣ дар саросари олам ҳаҷми захираҳои расмии тиллои худро афзуданд: аз соли 2008 то имрӯз қариб ниме аз фурӯши тилло сарфи пур кардани захираҳо шуд. Ҳоло бонкҳои марказии олам тахминан 18% захираҳои рӯизаминии тиллоро дар ихтиёр доранд. Муҳимияти тилло чун сармояи ҳимоякунанда бори дигар аз ҷониби умум эътироф гардид, ҳарчанд ҳоло ҳам танҳо дар сатҳи БТБ дар Базел ва дар сатҳи соҳаи бонкӣ.

Акнун, бино ба маълумоти Базел III сабикаҳои тиллоӣ барои бонк ба мисли пул захираи боэътимод шумарда мешавад. Гузашта аз ин ҳоло дороиҳои бехатар бояд 6% маҷмуъи сармояҳои бонкҳоро бипӯшонад (пештар танҳо 4% буд, яъне ниме аз захираҳо бояд дур аз хатар бошанд). То кунун бонкҳо, бахусус бонкҳои хусусӣ дар захираҳои бонкии худ нигоҳ доштани облигатсияҳои боэътимодро афзал мешумарданд, чун аз онҳо ҳарчанд зиёд ҳам набошад, ба мисли қатра фоиз мечакад. Ба назар мерасад акнун онҳо мехоҳанд он облигатсияҳоро бифрӯшанд ва ба ивази он на асъор, балки тилло мехаранд.

 

Васвасаи тилло

Ҳоло ҳама шаҳодат аз он медиҳанд, ки бонкҳо маҳз чунин рафтор хоҳанд кард: тамоми соли 2018 онҳо захираҳои тиллои худро пур карданд. 31-уми январи соли равон Шӯрои ҷаҳонии тилло эълон кард, ки бонкҳои марказӣ дар саросари олам 651 тоннаи мукааб тилло ба захираҳои худ ворид сохтанд ва захираҳои расмии тиллои худро 74% афзоиш доданд. Ин нишондиҳандаи рекордӣ зарфи 50 соли охир мебошад. Масалан, хазинаи асъори тиллои Русия 1 апрели соли 2019  487,7 млрд доллар афзудааст. Соли 2018 Бонки марказии Русия 274 тонна тилло харидааст ва бино ба арзёбии журналисти нашрияи швейсарии Neue Zürcher Zeitung Кристиан Штайнер болотарин сатҳи харидории тилло дар кишвар аст.

Ҳамаи ин хабару гӯмагуҳо дар бораи он ки замони “меъёрҳои тиллоӣ” (вақте пулҳои коғазӣ ба даст овардани миқдори муайяни тиллоро кафолат медоданд) бармегардад, афзоиш дод.

Номаи таҳлилгари машҳури бозорҳои молӣ Ҷей Тейлор ба сармоягузорон, ки болоравии арзиши тилло ва фароҳам омадани имкониятҳо барои кишварҳои қудратманде назири ИМА барои раҳоӣ аз қарзҳои худ бо тиллоро пешгӯӣ мекард, ба оташи ин афтударафтҳо ва тиллоҷӯиҳову тиллохариҳо равған рехт. «Агар бонкҳои марказӣ дорои сабикаҳои тилло мебошанд, пас онҳо метавонанд онро ба сифати сармоя истифода кунанд ва ин барояшон имкон медиҳад, ки пули бештар чоп намоянд. Шояд ин тасодуфӣ набошад, ки бо наздик шудани 29-уми март  бонкҳои олам ба теъдоди зиёд тиллои физикӣ харидорӣ карданд”,-гуфта мешавад дар нома. Ҳаҷми тиллои физикии харидашуда аз ҷониби бонкҳои марказӣ дар соли гузашта бузургтарин ҳаҷм баъди соли 1971 мебошад. Замоне, ки президент Никсон даричаи тиллоиро баст ва оламро водор кард, ки  ба системаи асъори гардишкунанда гузарад (дар назар аст манъи табодули тилло бо доллар, ки онро даст кашидан аз “меъёри тиллоӣ” меноманд), ба хотир меорад Ҷей Тейлор.

 

Татяна РИБАКОВА

«Совершенно секретно», No.9/425 Май 2019

 

Аммо дар Тоҷикистон:

Маълумоти дақиқи захираи тилло дар сомонаи Бонки миллӣ пайдо нашуд. Аммо тибқи гузориши Шӯрои ҷаҳонии тилло, ки болотар аз он ёд кардем, моҳи феврали соли 2018 захираи тиллои Тоҷикистон 15,6 тонна буд. Соли гузашта ва имсол ба он чӣ миқдор афзуда шуд, омори расмӣ пайдо накардем. Аввали соли 2010 захираи тиллои Тоҷикистон 2,6 тонна буд. Ин дар ҳолест, ки соли 2000 он ҳамагӣ 200 кило буд.

Калонтарин захираи тилло дар ИМА ба қайд гирифта шудааст. Хазинаи тиллои ин кишвар 8,1 ҳазор тонна мебошад. Олмон 3,4 ҳазор тонна тиллои захира дорад, Хазинаи байналмилалии асъор бештар аз 2,8 ҳазор тонна, Италия наздик ба 2,5, Фаронса беш аз 2,4, Русия ва Чин бештар аз 1,8 ҳазор тонна тиллои захира доранд.  

Дар миёни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон 301, Қирғизистон 12,4 тонна тилло доранд.

 

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Добавить комментарий