Зарфи чанд рӯзи охир фирори шоҳдухтар Ҳаё бо ду фарзанд ва 39 миллион доллар дар сархати расонаҳои машҳури олам қарор дошт. Тибқи гузориши расонаҳо вай аввал ба Олмон рафт, вале ба зудӣ ин кишварро тарк гуфт ва роҳии Британияи Кабир шуд. Дар бораи сабабҳои фирораш зиёд гуфтанду навиштанд ва ҳатто шоҳдухтро ба иртиботи маҳрамонааш бо муҳофизаш низ муттаҳам карданд. Аммо ин ҳама ҳоло ҳам ба сурати фарзияву гумонҳо боқӣ мондааст ва чун ин фарзияҳои гуногунанд, мо бештар дар бораи худи ӯ, гузашта ва имрӯзи вай дар атрофи 15 воқеъият ва ё вуҷуди мусаллам ҳикоят мекунем ва то ҷойе сарнавишти шоҳдухтар Ҳаёро ба риштаи тасвир мекашем. Ва ин ҳам  бо истифода аз мақолоти то ин замон чопшуда дар расонаҳои машҳури олам ва ба хусус бар пояи як таҳлил аз пойгоҳи интернетии ru.hellomagazine.com. навиштаи Анастасия Бикова.

 

ДАР ОҒОЗ ЯК МУҚАДДИМАИ ХЕЛЕ КУТОҲ: Шоҳдухтар Ҳаё бинти Ҳусайн, ҳамсари Муҳаммад бинни Рошид Оли Мактум — амири Дубай, духтари Малик Ҳусайн подшоҳи собиқи Урдун ва узви Федератсиони ҷаҳонии асбдавонӣ аст, ки собиқаи ширкат дар Олимпиадаи соли 2000-уми Сидней дар риштаи ҷаҳиш бо асб (конкур)-ро доштааст. Ӯ аз соли 2007 сафири сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар мавзуъи гуруснагӣ ва аҳдофи тавсеъаи ҳазора мебошад.

 

Воқеъияти аввал. Ҳаё бинти Ҳусейн 3-юми майи соли 1974 дар пойтахти Урдун-шаҳри Уммон зода шудааст.

Дуввум. Вай яке аз 11-умин фарзандони шоҳи марҳуми Урдун Ҳусейн ибни Талал аз ҳамсари сеюми вай шаҳбону Олия ал-Ҳусейн (1948-1977) мебошад. Бародари угайи вай подшоҳи имрӯзаи Урдун Абдуллоҳи II будааст.

Сеюм. Шоҳдухтар Ҳаё аз насли 43-юми авлоди Пайғамбари бузургвор ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) мебошад.

Чорум. Сесола буд, ки модараш шаҳбону Олия дар синни 28-солагӣ бар асари садамаи маргбори чархболи ҳарбӣ ҷон бохт. Иллати ин садама ҳавои номусоид унвон шуда буд. Дар бораи модараш Ҳаё борҳо дар мусоҳибаҳояш бо расонаҳо гуфтааст. Аз ҷумла: “Ман аз он одамоне ҳастам, ки хотироти дардовари худро дар “қуттие” вижа ҷобаҷо мекунад ва як сӯ мегузоранд. Муддати ин чиҳил сол худро бовар кунонида будам, ки ман ин ҳама ғаму ғурбатро пушти сар гузоштаам. Вале вақте духтарам ба дунё омад ва ӯро ба сандуқи сина пахш кардам, ба андеша рафтам: “Худои ман, модарам маро чӣ гуна сахт дӯст медоштааст!” Пештар ман ин ҳолатро ҳатто тасаввур ҳам намекардам. Ман шокӣ шуда будам, вақте донистам, ки ким-касе метавонад ҳамин ҳиссиётро дар бораи ман дошта бошад. Дарки ин нукта ба руҳи ман оромиш овард, вале он “қуттича” ҳамоно пӯшидааст…”

Панҷум. Таҳсилоти ибтидоии Ҳаё дар Урдун пушти сар шудааст ва баъдан ба Британияи Кабир рафта, дар мактаб-интернати духтаронаи Badminton School воқеъ дар Бристол хондааст, сипас дар мактаби Bryanston School дар Дорсет ба таҳсили худ идома додааст. Баъди ин Ҳаё дар коллеҷи назди донишгоҳи Оксфорд хондаву дараҷаи бакалавриро дар фалсафа, сиёсат ва иқтисод соҳиб шудааст.

Шашум. Ҳаё ягона бонуи урдунист, ки ҳақи рондани мошини боркашро дорад. Дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки рондани мошинҳои зудҳаракатро басо зиёд дӯст медорад ва дӯстдоштатарин мошини вай Aston Martin мебошад.

Ҳафтум. Марғубтарин шуғли шоҳдухтар Ҳаё: шикори боз, тирандозӣ ва ҳама намудҳои варзиш дар об аст.

Ҳаштум. Аммо асбтозиро бештар дӯст дорад ва гуфта мешавад, ки аз синни ҳафтсолагӣ ба ин намуди варзиш машқ мекард. Аллакай дар синни 13-солагӣ Ҳаё Урдунро дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ мекард, дар 18-солагӣ дар бозиҳои Панарабӣ соҳиби медали биринҷӣ шудааст ва аввалин духтари пирӯз дар тӯли таърихи ин бозиҳо будааст. Соли 2000 парчамбардори ҳайати Урдун дар бозиҳои Олимпии Австралия будааст. Ду сол баъд вай аввалин зани арабе буд, ки дар бозиҳои қаҳрамонии асбтозӣ дар Ҳерсони Испания ширкат кард.

Нуҳум. Шоҳдухтар Ҳаё чандин забонҳои хориҷиро медонад. Аз ҷумла ба забонҳои испонӣ, англисӣ, фаронсавӣ, итолёвӣ, португалӣ озод ҳарф мезанад ва ҳатто мегӯянд, ки бо русӣ низ метавонад гап занад.

Даҳум. Аввалин шиносоии вай бо ҳокими Дубай ва сарвазири Аморати Муттаҳидаи Араб шайх Муҳаммад кай иттифоқ уфтод, касе намедонад. Ҳама таърихи муҳаббати ин ду тан баъди эълони хабари тӯяшон дар моҳи апрели соли 2004 дар Уммон расонаӣ шуд. Дар ин тӯй танҳо наздиктарин шахсони онҳо, аз ҷумла бародари Ҳаё, шоҳ Абдуллоҳи дуввум ва шаҳбону Рониё Абдуллоҳ (ҳамсари Малик Абдуллоҳи дуввум) ширкат карданд. Он замон арӯс 29 сол дошт ва домод 56-сола буд. Ҳаё ҳамсари шашуми вай шуд. Ва дар яке аз аввалин мусоҳибаҳояш иқрор гардид: “Гумон намекунам, ки бидуни шуҳрат тавонам хушбахт буд. Ман хеле пурэнержӣ ҳастам ва аз он ки дар хона менишинам, хаста мешавам. Ман шавҳарамро девона мекунам, агар ҷойе набароям”.

Ёздаҳум. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Албатта, на ба мисли шаҳбонуи подшоҳони аврупоӣ, вале аз хона мебаромад ва басо фаъолонаву ҷасурона ба корҳои хайрия машғул мегардид. Бо талоши вай созмони арабии Tikyet Um Ali тавлид шуд ва ҳадафи он мубориза бо мушкилоти гуруснагӣ дар Урдун буд. Соли 2005 ӯро сафири ҳусни нияти Барномаи ҷаҳонии озуқа ва соли 2007 вай Фиристодаи сулҳои СММ шуд.

Дувоздаҳум. Чун ҳамсари подшоҳ Муҳаммад Ҳаё дар бораи вай дар мусоҳибаҳояш зиёд мегуфт, сифатҳои ӯро ном мебурд, аз хизматҳояш чун ҳоким нақл мекард ва ҳатто пинҳон намедошт, ки сабаби никоҳи хушбахтонаи ӯ дар ҳамин нуҳуфтааст:

— Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб, бахусус Дубай фазоеро ҳоким кардааст, ки ба густариши ҳуқуқ ва озодиҳои занон мусоидат намуда. Ва аз рӯйи виҷдон мегӯям, ки ин сухани хушку холӣ нест. Алоҳазрат Шайх Муҳаммад ҳамеша мегӯяд: “Ҷойе агар зан нест, он ҷо ҷон ҳам нест”.

— Рози никоҳи муваффақи 12-солаи ман? Ин дар шавҳари ман аст. Ман аз он ки як зани идеалӣ бошам, хеле дурам, вале вай ин ҳамаро таҳаммул мекунад. Ман ҳар рӯз Худойро сипос мегӯям, ки дар паҳлуи чунин Инсон қарор дорам.

— Шайх Муҳаммад падари фавқулода хубест. Вай ҳатто ба фарзандонаш иҷозат медиҳад, ки дар гил бичарханд, агар аз ин онҳо завқ мебаранд…

Сездаҳум. Ҳаё соҳиби ду фарзанд аст: моҳи декабри соли 2007 духтараш Ҷалил бинти Муҳаммад, бинти Рошид ал-Мактум ва моҳи январи соли 2012 писараш Зайёд бинни Муҳаммадро ба дунё овард.

Чордаҳум. Ҳаё дӯстори гуруҳи ҳунарии амрикоии Guns N’ Roses (соли 1985 дар Лос-Анҷелес ташкил шудааст) ва сароянда Пинк (Алише Бет Мур, ки бо лақаби Пинк машҳур аст; хонанда, таронасаро ва бозигари амрикоӣ) мебошад.

Понздаҳум. Боре дар як суҳбат аз ӯ хостанд ба занон маслиҳат диҳад ва ӯ посух дод: Ҳеч гоҳе аз эътиқоду динатон рӯ нагардонед, аз усулҳои зиндагиатон низ, ҳамзамон таҳаммулпазир бимонед. Ҳеч гоҳе дар бораи дигарон ҳукм накунед, ҳамеша боэҳтиром бимонед. Дӯст доред ва нисбат ба худ ва оламе, ки шуморо иҳота кардааст, поквиҷдон бошед. Дар ёд дошта бошед, ки ҳар кадоми мо инсони озод ба дунё омадаем ва ҳеч касе ҳақ надорад шуморо паси панҷара нигоҳ дорад. Ин корро бо шумо танҳо худи шумо мекунед.

 

Таҳияи Б.Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here