Дар ин мақолаи хеле кӯтоҳ сухан аз амният аст. Амнияти мусофироне, ки бо ҳавопаймо сафар мекунанд. Ва албатта, дар пасманзараи суқути ҳавопаймоҳо дар олам, ки ҳамарӯза ба гӯш мерасад, ин мавзуъ шояд хеле ҷолиб бошад. Оё дар олам ширкати ҳавопаймоие вуҷуд дорад, ки тайёраи он то кунун суқут накардааст? Боварнакарданист, вале хушбахтона ин гуна маълумотро метавон пайдо кард. Муруре ба таърихи бунёд ва рушду тавсеаи ширкатҳои ҳавонавардии олам нишон медиҳад, ки чандин аз ин ширкатҳо аз ташкил то кунун бо садамаи ҳавопаймо рӯ бо рӯ нашуданд ва ё агар рӯ ба рӯ ҳам шуда бошанд, хеле кам. Дар зер чанд мисол меорем. 

 

Ширкати Qantas

Калонтарин ширкати ҳавонавардии Австралия. Дар рӯйхати қадимитарин ширкатҳои ҳавопаймоии олам дар ҷойи сеюм аст ва соли 1920 таъсис шудааст. Амалиёти расмии худро соли 1921 оғоз кардааст. Дафтари марказӣ ва маркази амалиётии ширкат дар фурудгоҳи Сидней ҷой гирифтааст. Бахше аз саҳмияҳои ширкат дар бозори бурси авроқи баҳодории (биржа) Австралия мубодила мешавад.

Дар 30 соли аввали фаъолияташ ҳодисаҳои нохӯш рӯх дода буданд, вале ҳамаи онҳо ба соли Ҷанги дуввуми ҷаҳон рост меоянд. Аз соли 1950 то ба ин ҷониб дар ин ширкат ягон тайёра суқут накардааст ва ё ҳодисае нашуда, ки боиси талафоти ҷонии одамон шуда бошад.

 

Ширкати ҳавопаймоии Finnair

Ширкати ҳавопаймоии Финландия дар миёни қадимитарин ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар рутбаи панҷум қарор дорад ва ба унвони бузургтарин ширкати ҳавопаймоии ин кишвар шинохта мешавад. Ширкати Finnair соли 1923 ташкил шудааст ва ҳоло ҳар рӯз ба беш аз 60 шаҳри Аврупо ва 15 шаҳри бузурги Осиё ба сурати мустақиму доимӣ парвозҳо анҷом медиҳад. Дафтари марказии он дар шаҳри Вантаи Финландия ҷой гирифтааст ва аз фурудгоҳи Хелсинкӣ ба унвони қутби ширкати ҳавопаймоии худ истифода мекунад.

Танҳо соли 1963 як тайёраи он суқут кардааст ва дар ин садамаи маргбор 22 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аммо баъди он дигар ҳодисае нохӯше дар парвозҳои он мушоҳида нашудааст.

 

Ширкати Hawaiian Airlines

Калонтарин ширкати ҳавопаймоии амрикоист, ки соли 1929 таъсис шудааст. Аз таърихи ташкил шудан то ба имрӯз ягон ҳодисаи нохӯш дар ҳавопаймоҳои он рух надодааст. Ин ширкат ба чанд самти кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором парвозҳо анҷом медиҳад.

 

Ширкати EasyJet

Ширкати ҳавопаймоии британиёӣ аст, ки дафтари марказии он дар фурудгоҳи Лутни Лондон ҷой гирифтааст. Ин ширкат бузургтарин ширкати Британияи Кабир бар пояи шумори интиқоли мусофирон ва теъдоди парвозҳои байналмилалӣ мебошад. Бо беш аз 600 масир ба 32 кишвари ҷаҳон парвоз мекунад. Соли 2012 беш аз 50 миллион мусофир кашидааст. Дар раддаи 73-умин хутути ҳавои олам қарор дорад. Он соли 1995 аз ҷониби Стелиос Ҳочӣ-Йоанн ташкил шудааст. То кунун ҳеч ҳавопаймои он суқут накарда ва ҳодисаи нохӯше рух надода. Ба дунболи суқути ҳавопаймои Русия дар Миср ширкатҳои ҳавопаймоии англисӣ, аз ҷумла Ейзиҷит дар таърихи аввали моҳи ноябри соли 2015 эълон карданд, ки пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор ҳеч парвозеро аз манотиқи  марказӣ ва шимолии саҳрои Сино анҷом намедиҳанд. Ейзиҷит чанд рӯз баъд ба далели таъмини амният парвозҳояшро ба Шармулшайх аз сар гирифт.

 

Ширкати Virgin Atlantic

Ин низ ширкати машҳури ҳавопаймоии Британияи Кабир аст, ки гуфта мешавад 51 дарсади саҳмияҳои он мутааллиқ ба Ричард Брэнсон – корофарин ва сармоягузори Британия мебошад. Ширкати Вирҷин Атлантик соли 1984 ташкил шудааст ва соли 2012 бо ҷобаҷо намудани беш аз 5,4 миллион мусофир ба унвони ҳафтумин ширкати бузурги ҳавопаймоии Британия шинохта шуд. То кунун ягон ҳавопаймои он ба садама дучор нашудааст.

 

Ширкати British Airways

Ин низ ширкати ҳавопаймоии ҳомили парчами Британияи Кабир мебошад, ки дар раддаи ширкатҳои бузурги ҳавопаймоии олам дар мақоми нуҳум қарор дорад. Он соли 1974 ташкил шудааст ва дар ҳоли ҳозир рӯзона ба 169 шаҳри олам парвозҳои мустақим дорад. Ду сол баъди таъсис, яъне соли 1976 як ҳавопаймои он суқут кард, ки бар асари он 63 нафар ба ҳалокат расиданд. Аз он замон то ба ҳозир рӯйдоди нохуше дар он рух надодааст. Аммо дар чор мавриди дигар ба шарофати маҳорати хуби сарҳавонавардҳо ҳодисаҳои нохуш бе талафоти ҷонӣ ба хубиву хушӣ анҷом ёфтанд.

 

Ширкати Emirates

Ширкати ҳавопаймоии Аморати Муттаҳидаи Араб, ки дафтари марказии он дар шаҳри Дубай қарор дорад. Парвозҳои мустақим аз Дубай ба кишварҳои Ховари Миёна, Ховари Дур, Аврупо, Африқо, нимҷазираи Ҳинд, Ҷанубу шарқи Осиё ва Амрикои Шимолӣ анҷом медиҳад. Фурудгоҳи байналмилалии Дубай қутби ин ширкати ҳавопаймоӣ ба ҳисоб меравад.

Ширкати ҳавопаймоии Emirates аз бузургтарин ширкатҳои Ховари Миёна мебошад. Он дорои наздик ба 300 ҳавопаймои фаъол мебошад ва боз чандин ҳавопаймои дигар супориш кардаву харидорӣ карданист. Тибқи омори расонашуда ин ширкат бештар аз 17 ҳазор корманд дорад ва ҳар ҳафта беш аз 3400 парвоз ба 133 шаҳр дар 76 кишвари ҷаҳон анҷом медиҳад. Ин ширкат соли 2013 беҳтарин ширкати ҳавопаймоии олам эълон шуд.

Ширкати мазкур соли 1985 ташкил шудааст ва то кунун ягон маврид садамаи ҳавопаймоӣ надидааст.

 

Ширкати Ryanair

Ryanair калонтарин ширкати буҷавии олам аст, ки мутааллиқ ба Ирландия мебошад ва он соли 1985 бунёд шудааст. Ин ширкат бо равишҳо ва шеваҳои гуногун, гоҳ бо навоварӣ ва гоҳе ғайриодӣ талош мекунад ҳазинаҳояшро поин нигоҳ дорад ва мизони даромади худро низ афзоиш диҳад. Аз замони ташкил то кунун садамаи ҳавопаймоӣ аз ин ширкат ба қайд гирифта нашудааст. Аммо соли 2008 бар асари ҳамлаи селаи парандагон яке аз тайёраҳои он ба таври изтирорӣ дар Рим нишаст. Аммо ин нишаст ҳеч талафоте надошт, ба ҷуз ин ки чанд тан аз ходимони ҳавопаймо зарб хӯрданд.

 

Таҳияи Парвиз АМИНЗОДА

Добавить комментарий