Бузургтарин ва пурқурбонитарин садамаҳои ҳавопаймоии олам дар солҳои 2009-2018

Суқути маргбори ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737-8 MAX мансуб ба ширкати ҳавонавардии Lion Air маро водор кард, ки ба садамаҳои ҳавопаймоии даҳ соли охир муруре дошта бошем. Ин ҳавопаймо баъди парвоз аз фурудгоҳи Ҷакартаи Индонезия дучори садама шуд. Он бо 189 мусофир ба ҳаво хеста буд ва даҳ дақиқа пас аз парвоз аз назари радарҳо ғайб зад.

 

Оғози сухан

Бино ба гузориши нашрияи Straits Times ҳавопаймои Boeing 737-8 MAX бо хатсайри JT-610 аз Ҷакарта ба самти шаҳри индонезии Панкалпинанг воқеъ дар ҷазираи Банка равон шуда буд. Соати 6.20 бо вақти маҳаллӣ парвоз кард ва соати 6.33 аз назари радарҳо ғайб зад. Аз 189 нафар саворагони ин ҳавопаймо, ки 3 нафарашон тифлон буданд, касе ҷон ба саломат набуд.  

Lion Air-калонтарин ширкати ҳавопаймоии Индонезия буда, ба 126 фурудгоҳҳои азими олам парвозҳо ба роҳ мондааст. Аммо ин ва ширкати ба он наздики Wings Air аз парвоз ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо манъ шудаанд. 

Моҳи апрели соли 2013 Boeing 737-800-и ин ширкат дар тункобҳои наздикии Денпасар ба замин нишаст ва ба ду қисм тақсим шуд. Ҳамаи 108 мусофири он зинда монда буданд.  

 

Соли 2018

18 май Boeing 737-200, ки бо хатсайри Гавана-Олгин дар ҳоли парвоз буд, миёни фурудгоҳи ба номи Зосе Марти ва наздикии пойтахти Куба сарнагун шуд. Дар ҳавопаймо 110 нафар савор буданд. Аз миён се нафар зинда монданд, ки ҳарсе зан буданд. Яке дар роҳи интиқол ба бемористон ҷон дод, дуюмӣ дар касалхона ҳалок шуд ва сеюмӣ ҷон ба саломат бурд.  

18 феврал ҳавопаймоии мусофирбарии эронии ATR-72 мансуб ба ширкати ҳавопаймоии Iran Aseman Airlines, ки аз Теҳрон ба самти Ёсуҷ парвоз мекард, аз назари радарҳо ғайб зад. Агентии ISNA истинодан ба Iran Aseman Airlines хабар дод, ки ҳавопаймо суқут кард ва ҳамаи 66 мусофир ва сарнишинони он ҳалок шуданд. Ин ҳавопаймо каме дуртар аз шаҳри Семири вилояти Исфаҳон сарнагун шуд.  

11 феврал тайёраи мусофиркашии Ан-148 мансуб ба ширкати ҳавопаймоии Саратов, ки аз Маскав ба шаҳри Орск парвоз карда буд, ҳамагӣ баъд аз чанд дақиқаи аз фурудгоҳи Домодедово аз замин хестан аз назари радарҳо нопадид шуд. Шикастпораҳои ин киштии ҳавоӣ дар деҳаи Степановскии ноҳияи Рамени назди Маскав пайдо шуд. Ин ҳавопаймо якҷо бо халабонҳояш бо 71 нафар парвоз карда буд, ки ҳамаи онҳо ба ҳалокат расиданд.  

 

Соли 2017

20 март дар Судони Ҷанубӣ ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии  South Supreme Airlines, ик ба шаҳри Вау аз пойтахти ин кишвар шаҳри Ҷуба омада буд, ба хати парвоз бархӯрд ва баъди як ҷаҳиши ғайриинтизор суқут кард ва оташ гирифт. Дари ҳавопаймо дар ин ҳангом боз буд ва ба наҷотдиҳандагон муяссар шуд, ки ҳамаи мусофиронро берун кашанд. Аз 40 мусофир ва 5 халабон 37 нафар захм бардоштанд ва ҳамагӣ зинда монданд.  

 

Соли 2016  

7 декабр ҳавопаймо бо 47 нафар (42 мусофир ва панҷ халабон) дар наздикии шаҳри Хавелиани Покистон суқут кард. Ин ҳавопаймо аз Читрол парвоз карда буд ва мебоист дар Исломобод ба замин менишаст. Халабони тайёра хеле пештар аз он ки ҳавопаймо аз назари радарҳо гум шавад,  аз хатар ба замин иттило дод. Дар ин садама ҳамаи мусофирон ва сарнишинон ба ҳалокат расиданд. 31 нафари онҳо мардон, 9 нафар занон ва ду тани дигар тифлон буданд.  

29 ноябр дар Колумбия 50 км дуртар аз Меделин як ҳавопаймо бо 77 нафар, ки 68 тани онҳо мусофирон буданд, суқут кард. Зумрае аз онҳо футболбозони дастаи «Шапекоэнсе» буданд, ки барои бозии финалии ҷоизаи Амрикои Ҷанубӣ мерафатанд. Сабаби ин садамаи маргбор мавҷуд набудани сӯзишвории кофӣ барои парвоз буд. Дар ин садама 71 нафар кушта шуданд, шаш нафар, аз ҷумла се бозингари дастаи футболи «Шапекоэнсе» зинда монданд. Президенти клуби футболи “Напекоэнс” Сандро Палаоро, мураббии даста Кайо Жуниор, сарвари даста Клебер Сантана дар ин садама ҳалок шуданд. 

29 ноябри соли 2016 президенти Бразилия Мишел Темер дар кишвараш се рӯзи мотам эълон намуд.  

Ва боз: Дастаи футболи «Атлетико Насонал», ки «Шапекоэнсе» бояд бо вай мебозид, ба Конфедератсияи футболи Амрикои Ҷанубӣ пешниҳод кард, ки ин бозиро баргузоршуда ва «Шапекоэнсе»-ро ғолиб эълон кунад. Пешниҳод пазируфта шуд. Он сол ҳамаи бозиҳои даври 17-уми Украина бо дақиқаи хомӯшӣ ба поси хотири футболбозони дастаи “Шапекоэнсе” оғоз мешуд.  

19 май ҳавопаймои мулкии Airbus A320 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Egyptair, ки аз Париж ба Қоҳира бо хатсайти MS804 парвоз мекард, аз назари радарҳо попадид шуд. Ин ҳавопаймо баъди 20 дақиқаи вурудаш ба қаламрави Юнон бо 66 мусофир ва сарнишин нопадид шуд. Ҳавопаймо тақрибан 290 км ба самти шимоли шаҳри Александрияи Миср ба замин хӯрд. 2 июни соли 2016 воситаҳои ахбори Франсия, аз ҷумла ширкати телевизионии «France 3» ва рӯзномаи «Le Parisien» дар ҳошияи шарҳи ҷузъиёти хабари суқути ҳавопаймо хабар доданд, ки рӯзе қабл аз садама аз ҳавопаймо сигналҳо дар мавриди ноҷӯриҳо мерасиданд. Пеш аз фоҷеа ҳамин ҳавпаймо ба Асмэр, Қоҳира, Тунис ва Париж шаш парвоз анҷом дода буд. Ҳар бор аз мавҷудияи кадом як мушкили техникӣ хабар дода мешуд ва ҳар бор баъди нишаст онро аз назар мегузарониданд. Вале дар охирин парвоз он дучораи садама гардид.  

19 март тайёраи мусофиркашии Boeing 737-800, ки аз Дубай парвоз карда буд, дар Ростови лаби Дон ба садама дучор шуд. 55 мусофир ва ҳафт сарнишини он ба ҳалокат расиданд. Иллати суқути ҳавопаймо ҳавои тира ва надидани хати нишаст аз ҷониби халабонҳо эълон гардид. 

24 феврал ҳавопаймои ширкати Tara Airlines дар куҳҳои Непал аз назари радарҳо ғоиб гардид. Ин тайёра аз шаҳри Покхар ба самти шаҳри Ҷомс парвоз карда буд. Баъдан онро дар наздикии рустои Дана пайдо карданд. Ҳамаи 23 нафар. Аз ҷумла, 20 мусофир, ки ду тани онҳо кӯдакон буданд ва се халабон кушта шуданд. Дар ҳавопаймо як шаҳрванди Непал, як нафар аз Ҳонконг ва нафари дигар аз Кувейт буданд. 

3 август дар фурудгоҳи Дубай Boeing 777 дучори садама шуд. Ин ҳавопаймо мансуб ба ширкати Emirates буд ва бо хатсайри EK521 Тируванантапурам-Дубай парвоз мекард. Дар фурудгоҳи Дубай нишасти садамавӣ анҷом дод ва оташ гирифт. Ҳамаи мусофирон ва сарнишинони он беосеб аз ҳавопаймо ба макони амн интиқол дода шуданд. Вале ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор он таркид ва як сӯхторхомӯшкун куштаву 8 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳамчунин аз ҷумлаи мусофирон низ 24 нафар захм бардоштанд.  

Boeing 777-31H соли 2003 истеҳсол шуда буд ва аввалин парвози худро 7 марти ҳамон сол анҷом дод. 28 марти ҳамон сол ба ширкати Emirates супурда шуд.  

 

Соли 2015

31 октябр тайёраи Airbus-321 мансуб ба ширкати «Когалымавиа», ки бо хатсайри 9268 Шарм-эл-Шайх-Санкт-Петербург аз Миср парвоз карда буд, дар 23-умин дақиқаи парвоз бо 217 мусофир ва ҳафт ҳайати идории он аз назари радарҳо нопадид шуд. Шикастапораҳои ҳавопаймои мулкии Русияро дастаи ковишгарони ҳукуматӣ дар маркази нимҷазираи Сино (минтақае дар Миср) пайдо карданд. 

Гуруҳи террористии “Давлати Исломӣ” фавран масъулияти ин фоҷеаро бар душ гирифт. Вале сарвазири Миср саросемавор эълон кард, ки ин ҳодиса амали террористӣ нест, балки ба эҳтимоли нуқси фаннӣ рух дода бошад. 

Аввали моҳи ноябр хадамоти иктишофӣ ва амниятии Русия эълон кард, ки суқути ҳавопаймо амали террористӣ буд ва он бар асари коргузории бомб дар ҳавопаймо рух додааст. 

Ба дунболи ин хадамоти ҷосусӣ ва амниятии Британия ва ИМА низ амали террористӣ будани суқути ҳавопаймои Русияро тайид карданд. 

Дар ин ҳодиса касе зинда намонд.  

24 март дар ҷануби Франсия, дар департаменти Алпи Прованси Боло ҳавопаймои Airbus A320, ки мансуб ба ширкати Germanwings буд, суқут кард. Ин тайёра аз Барселонаи Испания ба Дюсселдорфи Олмон дар ҳоли парвоз буд ва 142 мусофир ва ҳашт сарнишин дошт. Касе аз ин 150 нафар зинда намонданд. 

Тафтиши “қуттии сиёҳ”-и ҳавопаймо нишон дод, ки садама ба иллати амали барқасдонаи халабони дуввуми тайёра-шаҳрванди Олмон Андреас Лубитс рух додааст. 

4 феврал дар Тайван ҳавопаймои ATR 72, ки аз фурудгоҳи Taipei Songshan Airport ба самти галаҷазираҳои Сзинмэн парвоз карда буд, ба пул бархӯрд ва аз он ба дарёи Сзилун сарозер шуд. Дар он 53 нафар сафар доштанд, ки 31 тани онҳо гардишгарони чинӣ буданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса 43 тан ба ҳалокат расиданд ва 15 тани дигар зинда монданд. Ду нафар аз зиндамондагон ҳангоми фуруд аз тайёра захмӣ шуданд.

Гуфтанист, ки ATR 72-212A соли 2014 истеҳсол шудааст ва аввалин парвози худро 28 март анҷом додаву 15 апрел ба ширкати TransAsia Airways супурда шудааст.

Сабаби суқути ҳавопаймо иштибоҳи сарвари парвоз эълон шуд. 

Баъди садамаи хатсайрҳои GE235 ва GE222 , ки ҳарду бо иштибоҳи халабонҳо рух доданд, ширкати ҳавопаймоии TransAsia Airways фаъолияти худро қатъ кард. 

 

Соли 2014

28 декабр ҳавопаймои ширкати малайзиёии Air Asia, ки аз шаҳри индонезии Суробоё (дуюмин шаҳри бузурги Индонезия ва маркази вилояти Ҷоваи Шарқӣ мебошад, ки дар соҳили шимолии Ҷоваи Шарқӣ ҷойгир аст) ба Сингапур парвоз мекард, бо 160 мусофир ва сарнишинонаш дучори садама шуд. Сабаби ин садама иллати техникии Airbus эълон шуд.

Шаби 21 декабр дар фурудгоҳи Внуковои Маскав ҳангоми ба ҳаво хестан тайёраи Falcon 50EX (ҳавопаймои реактивии маъмурие, ки ба масофаҳои дур парвоз мекунад. Ин тайёра ҳоло аз истеҳсол боздошта шудааст) мансуб ба ширкати Unijet ба мошини барфрӯбӣ бархӯрд. Дар ин ҳодиса чор нафар-президенти консерни фаронсавии Total Кристоф де Маржери ва се тани дигар ба ҳалокат расиданд.  

 

Соли 2013

6 июл дар фурудгоҳи Сан-Франсиско (ИМА) ҳангоми ба замин нишастан ҳавопаймои ширкати Asiana Airlines-и Кореяи Ҷанубӣ, ки аз Сеул парвоз карда буд, суқут кард. Аз 291 мусофир ва 16 сарнишини он ду донишҷӯдухтари Чин ҳалок шуданд ва зиёд аз 180 нафар захм бардоштанд. Дар дуюмин шабонарӯзи ҳодиса беш аз 70 захмишудагон аз бемористон ҷавоб дода шуданд.  

Ин Boeing 777-28EER соли 2006 истеҳсол шудааст ва аввалин парвози худро 25 феврал анҷом додааст. 7 марти ҳамон сол ба ширкати ҳавопаймоии Кореяи Ҷанубӣ Asiana Airlines супурда шудааст. 

Моҳи ноябри соли 2014 баъди ин садамаи мудҳиш Вазорати замин, инфраструктура ва нақлиёти Корея ба ширкати Asiana Airlines дастур дод, ки ба муҳлати 45 рӯз парвозҳои пайваста ба Сан-Франсискоро қатъ кунад. Сабаби инро омодагии комил надоштани халабонҳо ба ин гуна парвозҳо ва бозомӯзии онҳо буд.   

13 апрел тайёраи Boeing-737-900 мансуб ба ширкати индонезии Lion Air, ки аз шаҳри Бандунг, маркази вилояти Яваи Ғарбии Индонезия буд, пеш аз он ки ба фурудгоҳи ҷазираи Бали биншинад, ба баҳр уфтод. Ҳамаи мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймо зинда наҷот ёфтанд. 50 нафар захм бардоштанд, ки чор тани онҳо бо чароҳати сангин бистарӣ шуданд.  

 

Соли 2012

20 апрел ҳавопаймои мулкии Boeing-737 мансуб ба ширкати Bhoja Airline, ки аз шаҳри покистонии Карочӣ парвоз карда буд, дучори садама шуд. Он дар наздикии пойгоҳи ҳарбии ҳавоии Чаклала, ки дар наздикии пойтахти Покистон шаҳри Исломобод ҷойгир аст, ба замин зад. Ҳамаи 127 нафаре, ки дар он савор буданд, ҳалок шуданд.  

Бино ба хабари ВАО истинодан ба манобеи расмӣ хабар доданд, ки иллати ин суқут шароити бади ҳаво буд, ҳавопаймо иртибот бо маркази идориро гум кард ва дар натиҷа ба рустое сарнагун шуд, ки метавонист муҷиби хисороти бештар шавад.

3 июн тайёраи MD-83 (ҳавопаймои реактивие, ки ҳанӯз солҳои 1970 дар ИМА истеҳсол мешуд ва онро барои иваз кардани модели куҳнашудаи DC-9 сохта буданд) мансуб ба ширкати нигериёии Dana Air буд ва аз шаҳри Абудҷӣ ба Лагос парвоз мекард, ба минтақаи сераҳолии шимоли фурудгоҳи Лагос ба замин зад ва ба қисмҳо тақсим шуда, оташ гирифт. Ҳангоми садама ҳавопаймо ба бинои дуошёна, ки дар он на камтар аз 40 нафар мезистанд, расид. Ин ҳавопаймо аз Абудҷӣ бо 153 нафар парвоз карда буд. Сарвари Раёсати миллии авиатсияи шаҳрвандии ин кишвар Гаролд Демюрен эълон крад, ки дар ин садама касе зинда намонд. Дар миёни мусофирон шаш шаҳрванди Чин, 7 шаҳрванди ИМА буданд. Дар миёни ҳалокшудагон ҳамчунин чанд тан шахсони воломақом, аз ҷумла ду генерал, чанд тан аз узви раёсат ва кормандони бонки марказии Нигерия низ буданд.  

Бар асари суқути ин ҳавопаймо ду хонаи истиқоматӣ, калисо ва чопхона валангор шуданд. Баъди ин ҳодиса ба маҳалли офат ғоратгарон ворид шуданд ва на танҳо биноҳои зарардида ва амволи мусофирони тайёраи харобшуда, балки хонаҳои ободи сокинон ва дӯкону мағозаҳо низ ғорат гардиданд. Дар натиҷаи воҳимаи умум муддати тӯлонӣ мошинҳои зидди сӯхтор ва корвони мошинҳои ёрии таъҷилӣ натавонистанд аз миёни анбуҳи мардум гузаранд. Ноилоҷ пулис вориди амал шуд ва то субҳи дигар дар ҷойи ҳодиса низому тартибот ҷорӣ гардид.  

Президенти Нигерия дар кишвараш мотами серӯза эълон кард.  

 

Соли 2011

8 июл ҳавопаймои Boeing 727 муталлиқ ба ширкати ҳавонавардии Hewa Bora дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кисангани Ҷумҳурии Демократии Конго дучори садама шуд. Аз 178 нафаре, ки дар он сафар карда буданд, 127 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин тайёра бар асари ҳавои тира ҳангоми фуруд ба фурудгоҳ дучори садама шуд. Халабон талош кард онро беосеб ба замин нишонад, вале хати нишастро дида натавонист.  

Дар оғоз аз ҳалокати 53 нафар хабар дода шуд ва баъдан мақомот ин рақамро такзиб карданд ва эълон шуд, ки 127 нафар ҳалок шудаву 51 нафар зинда мондаанд. Субҳи 10-уми июл созмони ҷаҳонии Салиби Сурх хабар дод, ки аз 112 мусофир ва 6 сарнишини он танҳо бештар аз 40 нафар бо захмҳои гуногун дар бемористонҳо бистарианд ва боқӣ фавтиданд.  

Маврид ба ёдоварист, ки ширкати ҳавпаймоии Hewa Bora дар «рӯйхати сиёҳ»-и Иттиҳодияи Аврупо буда, тайёраҳои он ҳақи интиқоли мусофирин ба ин кишварҳо надоранд. Зеро ин ширкат меъёрҳои байналмилалии бехатариро риоя намекунад.

9 январ ҳавопаймои Boeing-727 муталлиқ ба ширкати IranAir дар қисмати шимолу ғарбии Эрон, дар ноҳияи Урмияи вилояти Озарбойҷони Ғарбӣ, 700 км дуртар аз шаҳри Теҳрон ба замин зад. Аз 94 мусофир ва 11 халабони он 77 кушта шуданд ва наздик ба 26 тани дигар бо захмҳои гуногун зинда монданд.  

 

Соли 2010

28 июл ҳавопймои А-321, мансуб ба ширкати хусусии ҳавонавардии Airblue, ки аз шаҳри Карочӣ ба самти пойтахти Покистон шаҳри Исломобод равона буд, дар теппае воқеъ дар шимоли нуқтаи охири парвоз ногаҳон ба замин хӯрд. 

Дар гузориши фурудгоҳ гуфта мешавад, ки баъди он ки ҳавопаймо иҷозаи нишаст пайдо кард, ба сабаби тирагии ҳаво ва борони шадид ба силсилатеппаҳои Маргаллаи шимоли Исломобод бархӯрд. Ҳамаи 152 нафаре, ки савори он буданд, ба ҳалокат расиданд.  

22 май ҳавопаймои ширкати Air India Express, ки аз Дубай ба шаҳри Мангалори Ҳинд ҳаракат мекард, ҳамагӣ дар чанд км аз фурудгоҳи Мангалор дуртар дучори садама шуд. Аз 166 мусофири он 158 нафар кушта шуданд.  

12 май дар фурудгоҳи пойтахти Либия шаҳри Трипол ҳавопаймои А-330, ки мутааллиқ ба ширкати Al Afriqiyah буд, суқут кард. Ин тайёра аз шаҳри Йоханнесбург омада буд ва ҳангоми вуруд ба хати нишаст дучори садама шуд.

Ҳавопаймо бо 93 мусофир ва 11 ҳайати сарнишин парвоз карда буд. Дар ин садамаи мудҳиш танҳо як писарбачаи ҳаштсола зинда монд. 

25 январ ҳавопаймои мусофиркаши Boeing-737 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Ethiopian Airlines, ки бо хатсайри Бейрут- Аддис-Абеба дар парвоз буд, дар баҳри Миёназамин, дар наздикии соҳилҳои Лубнон ҳамагӣ баъди чанд дақиқаи парвозаш аз Бейрут сарнагун шуд. Ҳамаи 90 нафар, аз ҷумла 83 мусофир ва ҳафт сарнишини он кушта шуданд.  

Ин Boeing 737-8AS соли 2002 истеҳсол шудааст ва аввалин парвозашро 18 январи ҳамон сол анҷом додааст. 4 феврали он сол ба ширкати ҳавопаймоии буҷавии Ryanair супурда шуда, 12 сентябри соли 2009 ба ширкати Ethiopian Airlines фурӯхта шудааст. 

Президенти Лубнон Мишел Сулаймон фарзияи амали террористӣ будани фоҷеаро рад кард. Рӯзи дигари ҳодиса эълон шуд, ки халабони ҳавопаймо дастури заминро ба инобат нагирифт ва ба парвоз дар минтақаи тӯфонӣ идома дод.  

 

Соли 2009 

15 июл дар Эрон ҳавопаймои Ту-154, ки аз Теҳрон ба Ереван дар ҳоли парвоз буд, суқут кард. Ин тайёра мутааллиқ ба ширкати Caspian Airlines буд. Ҳамаи 168 мусофир ва халабонҳои он ба ҳалокат расиданд. 

Ин Ту-154М дар корхонаи авиатсионии Куйбишев моҳи апрели соли 1987 истеҳсол шудааст ва 20 апрели ҳамон сол ба ширкати Bakhtar Afghan Airlines супурда шудааст. Соли 1998 онро ширкати Caspian Airlines харидааст. Баъди як соли ин фоҷеаи мудҳиш ҳукумати Эрон истифодаи ҳавопаймои Ту-154М-ро манъ кард.  

Шаби 30 июн дар ҷазираҳои Комор тайёраи А-130, ки мансуб ба ширкати Yemenia буд ва аз пойтахти Комор шаҳри Морони ба ҳаво хеста буд, суқут кард. Аз 142 мусофир ва 11 ҳайати хадама танҳо як духтарчаи 12-сола Байя Бакари зинда монд.  

1 июн Аэробуси A-330 мансуб ба ширкати Air France дар уқёнуси Атлантик дучори садама шуд. Ин ҳавопаймо аз фурудгоҳи Рио-де-Жанейро парвоз карда буд ва мебоист ба фурудгоҳи ба номи Шарл де Голи Париж фуруд меомад. Баъди чор соати парвоз иртибот бо ҳавопаймо қатъ гардид. Ҳамаи 228 нафаре, ки дар он савор буданд, ба ҳалокат расиданд. 

 Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here