Дар чунин шароит ҳам маълум шуд, ки боз кишварҳое вуҷуд доранд, ки дар илми ҷуосусӣ русҳо ва амрикоиҳоро ба як нӯл мезананд. Сухан дар бораи ҳамсояи наздики мо Ҷумҳурии Халқии Чин аст.

Ҷосусони чинӣ яку якбора 55 роҳбари давлатҳои африқоиро дар як сол як бор дар як ҷо ҷамъ оварда, дар тӯли 5 сол суҳбатҳои онҳоро на танҳо гӯш мекардааст, балки тамоми иттилоотро аз компютерҳояшон ба таври махфӣ кашида мегирифтааст.

 

Заъфи роҳбарони ҷаҳони сеюм

Нахустин бор ин хабарро рӯзномаи маъруфи франсузии «Le Mond» дар моҳи январи соли 2017 чоп кард. Ба қавли ин нашрия, барои гӯш кардани суҳбатҳо ва мукотибаи сарони давлатҳои африқоӣ чиниҳо ба амале даст заданд, ки дар таърихи башар назир надошт.

Ҳол он ки вақте шӯравиҳо дар фикри гӯш кардани сафорати Амрико дар Маскав ва амрикоиҳо дар фикри гӯш кардани сафорати шӯравӣ дар Вашингтон шуданд, Чин ақибмонда буд ва “падар-“ и ислоҳоташ Дэн Сяо Пин акнун ба қудрат расида буд.

Он замон касе тасаввур карда наметавонист, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн меравад ва ҷояшро Чини ақибмонда пур карда, аз бархе ҷумҳуриҳои он замин гирифта, марзи худро васеътар мекунад ва ба захираҳои зиёди табиӣ дастрасӣ пайдо мекунад.

Аммо қабл аз он ки ба ин мавзуъ бипардозем, руҷуъ мекунем ба таърихи рақобати абарқудратҳои ҷаҳон дар ҷаҳони сеюм дар қарни 20 ва ибтидои қарни 21 дар кишварҳои Африқо ё ба қавле дар Қораи сиёҳ, ки соҳиби захираҳои бузурги табиӣ мебошад.

Суқути империяҳои аврупоӣ-Британияи Кабир, Фаронса ва ғ. баъди Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ  боиси пайдо шудани ду империяи нави ҷаҳонӣ –Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва оғози ҷанги сард миёни онҳо дар тамоми кураи Замин гардид.

Ғайриихтиёр системаи мустамликадорӣ ва ё колониализм пош хӯрд ва дар ҷаҳони сеюм, аз ҷумла дар қораи Африқо кишварҳои нави мустақил пайдо шуданд ва Кремлу Кохи сафед кӯшиш карданд, ки ҷои империяҳои суқуткардаи аврупоиро пур кунанд.

Аммо раванди баъдии ҳодисаҳо нишон доданд, ки истиқлол барои аксар кишварҳои ҷаҳони сеюм хушбахтӣ наовард, зеро рақобати ду абарқудрати нав шиддат гирифт ва ҳар кадоме мақсад гузошт, ки ҳарчӣ бештар манфиатҳои худро пиёда кунад.

Аз ҷониби дигар, маълум шуд, ки сарони кишварҳои ҷаҳони сеюм, ки бархеашон тӯли солҳои зиёд барои истиқлол ҳатто муборизаи мусаллаҳона бурда буданд, барои идора кардани давлатҳои тоза ба истиқлолрасида на таҷриба доштанду на дониш.

Аз ин рӯ, ба зудӣ эйфория гузашту орзуи даст ёфтан ба зиндагии бошарофат, маошу нафақаи хуб, кору бор, истироҳату фароғат ва нафақаи кофӣ барои сокинони аксар кишварҳои ҷаҳони сеюм ба орзуву хаёл мубаддал гардид.

Гузашта аз ин, сарони ин кишварҳо баъди ба даст гирифтани зимоми қудрат ба дасти худ ваъдаҳои ба мардум додаи худро фаромӯш карда, сарватманд шудани худу хешу табори худро ба мадди аввал гузоштанд.

Аммо ба хотири он ки баъди рафтан аз сари қудрат ба додгоҳ кашида нашаванд, онҳо қудрати сиёсиро монополия карда, ба конститутсияҳо тағйирот ворид намуданд ва дар бархе кишварҳои ҷаҳони сеюм президентиро барои худ якумрӣ карданд.

Чунин амал атрофиёни эшонро руҳбаланд кард ва онҳо ба пропагандаи системаи шахсиятпарастии роҳбарони худ шуруъ карда, аз онҳо бутҳои муосирро сохтанд ва дар натиҷа, кор то ҷое расид, ки худи роҳбарон ба бузургии бебунёди худ бовар карданд.

Ҳамин тариқ, шахсиятпарасӣ аз як ҷониб ва ислоҳоти нокоми иқтисодиву сиёсӣ боиси ҳарчӣ бештар қашшоқтар шудани кишварҳои ҷаҳони сеюм гардид ва табиист, ки аз чунин шароити ба вуҷудомада абарқудратҳои ҷаҳонӣ ба хубӣ истифода карданд.

Дар ин рақобат Амрико ва Иттиҳоди Шӯравӣ аз тарғиби идеяҳои демократия ва коммунизм истифода мебурданд, вале дар асл мақсади ҳарду ин ин империяҳои тоза зуҳуркарда мустамлика кардани ҷаҳони сеюм буд, на хушбахт гардондани онҳо.

 

Рақиби нави Амрико 

Ҳамин тариқ, дар ибтидои солҳои 90-уми асри 20 Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрду Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бе рақиби бузург монд, алалхусус дар қораи Африқо, ки ба ҷонибдорон ва мухолифони ин ду абарқудрат тақсим шуда буданд.

Империяҳои собиқи аврупоӣ дар даврони ҷанги сард ва баъди он барои Кохи сафед аслан рақиб ҳисоб шуда наметавонистанд, зеро худи онҳоро дар хонаҳояшон аз хатари коммунизм Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳимоя мекард.

Аммо чунон ки худи русҳо мегӯянд, «свято место пусто не бывает». Баъди 5 соли суқути империяи шӯравӣ кишваре омад, ки ба зудӣ ҳамчун абарқудрати нави ҷаҳонӣ эътироф гардид, ҳарчанд ки бархе инро чанд сол қабл пешгӯӣ карда буданд.

Чин аз рақобати Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар солҳои 70-80-уми асри 20, яъне дар даврони Дэн Сяо Пин босамар истифода бурд ва роҳро на танҳо барои абарқудрат шудан, балки барои ворид шудан ба ҷаҳони сеюм боз кард.

Аз ҷумла, дар ҳамон соли марги В.Асташин дар соли 1996 раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Тсзян Тсземин ба қораи Африқо сафар карда, аз сарони 6 кишвари қора дидан кард ва ҳамин тариқ, роҳро барои ворид шудани кишвари худ ба ин қораи сарватманд кушод.

Дар тӯли 20 соли гузашта баъд аз сафари Тсзян Тсземин ба 6 кишвари африқоӣ 1 миллион шаҳрвандони Чин худро дар қораи Африқо ҷо карданд, хонаву дар сохтанд ва бизнеси худро ба роҳ монданд.

Дар тӯли ин муддат Пекин ба иқтисоди Африқо миллиардҳо доллар масраф карда, теъдоди зиёди биноҳо, пулҳо, туннелҳо ва ғ. сохт, гардиши мол ҳам миёни Пекин ва кишварҳои қора ба миллиардҳо доллар дакка хӯрд.

Аз ҷумла чиниҳо масҷиди калонтаринро бо арзиши 1,3 миллиард доллар, ки барои 120 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст, дар Алҷазоир месозанд, дар Гана ба арзиши 700 миллион доллар НБО сохтанд, дар Гвинея ба маблағи 800 миллион доллар Конгресс –сентр бунёд карданд, дар Ангола ба маблағи 3 миллиард доллар шаҳри Киламбуро барои зисти 500 ҳазор нафар ба анҷом расонданд, дар Кения калонтарин роҳи Африқои шарқиро, ки пойтахти кишвар шаҳри Найробиро бо Тика пайваст мекунад, ба арзиши 300 миллион бунёд намуданд.

Дар навбати худ Чин аз Конго нафт ва чӯб барои сохтмон, аз Нигерия нафт, Гана марганетс, Намибия мис, Камерун чӯб барои сохтмон, Ангола нафт, Африқои ҷанубӣ оҳан, алмос, металҳои барои саноат хеле зарур, аз ҷумла платина, марганетс, мис, алюминий, Замбия мис ва дигар металҳои зарурӣ, Гвинеяи экваториалӣ нафту чӯб, Судон нафт, Габон чӯб, оҳан ва марганетс ворид мекунад.

Чунон ки аз маълумоти дар боло зикршуда дида мешавад, кишварҳои мазкур 90 % маводи барои Чин заруриро аз қораи Африқо содир менамоянд, аз ин рӯ, барои онҳо ҳифзи равобити хуб бо Пекин хеле муҳим аст.

Аммо мухолифони Чин ҳам Пекинро кишвари нави истеъморгар на танҳо дар инҷо, балки дар тамоми ҷаҳон ҳисоб карда, сарони кишварҳои ҷаҳони сеюмро ҳушдор медиҳанд, ки ҳангоми ба роҳ мондани равобити иқтисодӣ ба он хеле эҳтиёт кунанд.

Табиист, ки роҳбарони Чин ҳама гуна иттиҳомотро дар мавриди ниятҳои истеъморгаронаи худ комилан рад мекунанд ва дар бораи манфиатҳои мутақобилан судманд бо дигар давлатҳои ҷаҳони сеюм таъкид менамоянд.

Масалан, ожонсии Синхуа изҳор медорад, ки воридоти нафт, металҳо ва минералҳо аз қораи Африқо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии чиниҳо мусоидат кард, аммо Чин низ кишварҳои африқоиро бо технологияи зарурӣ ва маводи ғизоӣ таъмин намуд.

«Чин дар мавриди афзоиши истеҳсолот дар кишварҳои қора андеша мекунад, барои рушди инфраструктура ва саноати он мусоидат менамояд, аз ин рӯ, ба истилоҳ «ба ғоарт кардани захираҳо» машғул намешавад, -зикр мекунад дар ин иртибот Синхуа.

Бинои 20 ошёнагиеро, ки Чин дар соли 2012 дар шаҳри Адис-Абеба, пойтахти Ҳабашистон (Эфиопия) ба маблағи 200 миллион доллар сохта, ба Иттиҳоди Африқо туҳфа карда буд, яке аз нишонаҳои муҳими «андешаву мусоидат» -и Пекин ҳисоб кардан мумкин аст.

90%  маводи сохтмонӣ барои бунёди ин бино аз Чин оварда шуд ва 800 нафар шаҳрвандони он кишвар дар сохтмон ҷалб шуда, сохтмонаш дар тӯли дуюним сол пурра ба анҷом расид ва бо компютеру дигар лавозимот муҷаҳҳаз гардид.

 

Ифшогарии нашрияи франсавӣ 

Дар моҳи январи соли 2012 Ҷумҳурии Мардумии Чин ин бинои нави  замонавиро ба Иттиҳоди Африқо туҳфа кард ва дар вазъияти тантанавӣ штаби он ифтитоҳ шуд.

Дар ин маросим раиси Кумитаи умумичини Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратӣ Тся Тсинлин суханронӣ намуда, биноро «рамзи равобити рушдёбанда» эълон кард.

Калиди «туҳфаи Чин ба дӯстони африқоӣ» -ро раиси ҳамонвақтаи Комиссияи Иттиҳоди Африқо Жан Пинг қабул кард.

Ҳамоҳангсози Комиссияи Иттиҳоди Африқо Майкл Фантахун изҳор дошт, ки ин шоҳкории меъморӣ туҳфаи сарони Ҷумҳурии Халқии Чин ва мардуми он аст. 

-Мо пеш ҳатто орзу карда наметавонистем, ки  дар ихтиёри худ чунин бинои ба тамоми талаботи техникӣ ҷавобгӯро дошта бошем, -гуфт дар фарҷоми суханронии худ М.Фантахун.

Ба қавли собиқ сарвазири Ҳабашистон Мелес Зенауи, ин бинои дар маркази Адис –Абеба қоматафрохта рамзи ояндаи дурахшони Африқо ва рушди босуръати он мебошад.

Бино ба иттилои Синхуа, 7-уми феврали соли 2018 президенти Бурунди Пер Нкурунзиза гуфт, ки маълумоти баъзе ВАО-и ғарбӣ дар бораи ““гӯш кардан”-и Иттифоқи Африқоӣ аз ҷониби Чин” асос надорад ва ин иттилои зидду нақиз ба он равона гардидааст, ки миёни Чину Африқо тухми душманӣ кошта шавад.

Сарвазири Ҳабашистон Хайлемариам Десален бо пахши изҳороте илова намуд, ки кишварҳои африқоӣ бо Чин муносиботи ҳамаҷониба ва стратегӣ доранд. 

Раиси Комиссияи Иттифоқи Африқоӣ Мусо Фақӣ Махамат низ худро канор нагирифта, зикр намуд, ки шахсан ягон нишонаи пайгирии пинҳонӣ шудани штаб-квартираи Иттифоқи Африқоӣ аз ҷониби Чинро мушоҳида накардааст ва бо ҶХЧ муносибатҳои хуб доранд. 

Сафири Серра-Леона дар Ҳабашистон Усмон Кех Камара иттилоъ дар бораи пайгирии пинҳониро зери шубҳа қарор дод ва илова намуд, ки Чин шарики Серра-Леона ба шумор рафта, ба кишвараш мадади зиёд мерасонад.

Тавре “Le Mond” дар тадқиқоти худ зикр мекунад, сарфи назар аз ҳамаи ин изҳоротҳо, баъди мушоҳидаи пайгирии пинҳонии электронӣ, шарҳи ҷониби чиниҳоро интизор нашуда, айтишникҳои Иттифоқи Африқоӣ сервер ва таҷҳизоти компютерии штаб-квартираро иваз кардаанд. Баъдан, аз ҷониби чиниҳо машғул шудан ба насби таҷҳизоти нав пешниҳод гардид, аммо намояндагони Иттифоқи Африқоӣ онро рад карданд.

Моҳи июли соли 2017 мутахассисони алҷазоирӣ оид ба амнияти киберӣ ҳамроҳ бо ҳамкорони ҳабашистонии худ дар ҷустуҷӯи микрофонҳои махфӣ ва таҷҳизоти ҷосусӣ биноро тоза карданд. Ҳарчанд ки беҳтарин роҳ барои кишварҳои африқоӣ ин буд, ки штабшонро иваз кунанд, зеро чиниҳо дар рушди технологияҳои иттилоотӣ он қадар пеш рафтаанд, ки гумон аст тамоми дастгоҳҳои наворгирии махфӣ ва гӯшкуниро дар бинои мазкур пайдо кунанд, албатта ба шарте ки онҳо воқеан насб шуда бошанд.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки кишварҳои узви Иттиҳоди Африқо ҳозир нестанд барои сохтани чунин бинои боҳашамат маблағи ҳангуфт сарф кунанд, аз ин рӯ ҷои баргузор кардани саммитҳои солонаи худро тағйир надоданд.

 

Нуралӣ ДАВЛАТОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here