Аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ 78 сол сипарӣ шуд ва аз анҷоми он 74 сол. Тӯли ин 74 сол баҳси оғозу анҷоми ҷанг идома дошту ҳоло низ идома дорад. Тӯли ин 74 сол сабабҳои баъзе рӯйдодҳои муҳиме, ки муҷиби шикастҳои пайдарҳами артиш, харобиҳои бесобиқа, талафоти ҷониву молӣ шуданд, номаълуманд. Тӯли ин 74 сол нақши калидии шахсиятҳоро ҳамоно таҳлил мекунанд ва дар ин таҳлилҳо таҳрифҳо низ бештаранд. Сабаб: ҳамоно асноди сиррӣ фош нашудаанд. Ҳамоно на ҳама ҳуҷҷатҳои он солҳо аз бойгонии хадамот ба ҷомеа расидааст. Ва ин сабаби таҳлилҳои беасос шудааст, сабаби андешаҳои гуногун шудааст. Пас бояд бойгонӣ боз шавад, бояд муаррихон билохира тибқи далоили он асноди то кунун сиррӣ парда аз асрор бардоранд, ба баҳсҳое, ки зояндаи гумону шубаҳотанд, поён диҳанд. Матлабе, ки пешниҳод мешавад, ҳамоно идомаи ҳамон талошҳои беҳосили сияҳ кардани шахсиятҳост…

Ахиран дар миёни ҳама ҳадсу гумонҳо, фарзияву тахминҳо, таҳлилу баррасиҳои иллатҳои шикасти Артиши Сурх дар соли 1941 дидгоҳи дигаре ҳам чун ибрози назар дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ чоп мешаванд, ки сафсатаву ҳарзае беш нест. Зарфи ин бист соли охир ҳарфҳое атрофи ин нуқтаи назар зиёд гуфта мешаванд. Поягузори ин дидгоҳ нависандаи таърихнавис Арсен Мартиросян (ки дар маълумотномаҳои тарҷумаиҳолӣ собиқ корманди хадамоти махсус Шӯравӣ номида мешавад), муаллифи китобҳои зиёде дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар руҳияи терроризм ва сӯиқасд мебошад. Ҳоло дар ҳамин руҳия муаллифони дигаре, аз ҷумла Олег Козинкин низ менависанд.

 

Хиёнати маршал ва генералҳо?

Ин фарзия дар тобишу оҳанги навишти муаллифон фарқ мекунад. Лаҳзаҳо ба ин тартибанд: Комиссари халқии мудофиа маршал Семён Тимошенко ва сардори Ситоди Кулли артиш, генерали артиш Георгий Жуков фармонҳои ақлониву саривақтии Сталинро дар мавриди ба ҳолати омодабош даровардани артиш дар остонаи 22-уми июн сарфи назар карданд ва онро иҷро нанамуданд. Тимошенко ва Жуков аз сарварони сӯиқасд буданд ва ҳадафашон ҳам ин буда, ки низоми Сталинро комилан бадном созанд. Мехостанд аз роҳи коштани тухми кинаву адоват, хаҷумарҷ ва воҳима даст ба табаддулот зананд, Сталинро сарнагун созанд, Иттиҳоди Шӯравиро сарварӣ кунанд, бо Гитлер ба ивази бахше аз қаламрави кишвар сулҳ кунанд.

Дар оғоз ин ҳама тибқи нақша пеш мерафт. Неруҳои Шӯравӣ пайиҳам шикаст мехӯрданд, вермахт (артиши Олмони нозӣ) ҳамвора пешравӣ дошт. Сталин аз ҷараёни кор ба гумону шубҳаҳои зиёд дода шуд ва Жуков ва Тимошенко иҷрокунандагони фармонҳои худ ва шарикони ҷинояти худро яке пайи ҳам парронданд, то асрор ҳувайдо нашавад. Аз ҷумлаи ин афрод фармондеҳи Ҷабҳаи Ғарб генерали артиш Дмитрий Павлов ва чанд тани дигар аз ҷумлаи сарварони ҳарбӣ буданд.

Вале баъдан гӯё дарк намуданд, ки наметавонанд ба сарварии ояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ умед банданд: Гитлер онҳоро ба расмият нахоҳад шинохт, зеро вай аллакай тасмим гирифта буд, ки давлати Шӯравиро комилан аз байн барад. Танҳо баъди шикаст дар Вязма дар моҳи октябри соли 1941 дарк намуданд, ки кори беҳуда мекунанд. Он вақт онҳо ба худ омаданд ва барои ҳимояи ватан аз ишғолгарон ҷиддану содиқона даст ба кор шуданд.
Муаллифони ин фарзия барои тайиди нуқтаи назари худ ягон далелу ҳуҷҷат надоранд ва намеоранд. Ҳамаи ин косепсия бар пояи шарҳи фактҳои ҷудогонаест, ки аз ин ё он матне гирифтаанд, вале на ҳамеша онҳо боварибахшанд. Гузашта аз ин ин фактҳои аз ҳар ҷо ҷамъоваришуда ба як схема ҳам дароварда шудаанд. Зимнан муаллифони дилхоҳ назария маҳз чунин рафтор мекунанд. Ва фарзияи аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ ҳамин гуна навишта шудааст.

 

Чаро шумори аслии Артиши коргару деҳқон пинҳон дошта мешуд?

То даме, ки ҳамаи аснод дар мавриди нақшаҳои ҳарбии фармондеҳони неруҳои Шӯравӣ дар остонаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҳамагон дастрас намешавад, фарзияҳо дар бораи тобистон ва тирамоҳи соли 1941 боқӣ мемонанд. Бахусус ба ин далолили дур аз воқеъияте, ки дар асноди аввали солҳои 1990 ифшошуда дидем. Ин рақамҳо бар қиёс ба маълумот дар бораи теъдоди аскарони муқовиматкунанда ба қувваҳои олмонӣ касро ҳайратзада мекунад. Ин чӣ гуна шудааст, ки артише, ки ба теъдоди сарбозону техникаи ҷангӣ ба маротиб бештар аз фашистон буд, дар остонаи торумор қарор гирифт?
Ва дар ин маврид метавон аз бесалоҳиятӣ ва хиёнатҳо дар сатҳи хеле олӣ гумонбар шуд. Ва чун артишро он шабу рӯз ҳамин ду чеҳраи матраҳу шинохта — Жуков ва Тимошенко сарварӣ мекарданд, сояи занну шубҳа ба хиёнат рӯйи ҳамин ду меафтад. Аммо худи сарфармондеҳ — Иосиф Сталин метавон гуфт, ки тибқи қонуни жанр аз шубҳа ба хиёнат ба ватан дур аст.

 

Оё на онҳоеро, ки мебоист мепарронданд, куштанд?

Муаллифони косепсияи ёдшуда аз ин воқеъият хиҷолат ҳам намекашанд, ки ҳанӯз дар остонаи ҷанг худи Сталин сафи артишро ба истилоҳ поксозӣ карда буд. Аз соли 1937 то моҳи июни соли 1941 аз панҷ маршали Иттиҳоди Шӯравӣ се нафарашонро парронда буданд. Аз 767 ҳайати фармондеҳии олии Артиши коргару деҳқон 503 тан кушта шуда буданд. Пас чӣ метавон гуфт? Агар ба мантиқи “назарияи сӯиқасд” зидди Сталин бовар кунем, пас ду ҳолатро мебинем: аввалан, пеш аз оғози ҷанг Сталин на онҳоеро, ки бояд боздошт ва қатл мекард, ба қатл расонд ва дуюм, ҳамаи ҳайати фармондеҳии Артиши Сурх ва Флоти ҳарбӣ ба ҳамин тарҳи сӯийқасд ба ҷони Сталин ва ба даст овардани сарварии ВКП (б) иштирок карда буд. Аммо чаро? Магар онҳо комилан девонаву ақлбохта буданду худкуш ва ё худи ҳайат аз ҳамин гуна афрод иборат буд? Ба назар мерасад фарзияи мазкур дур аз тафаккури мантиқии ҷонибдорони он аст.

 

Нуқси фарзияи расмӣ

Ба ҳар ҳол саранҷомҳои воқеъӣ, ки муаллифони ин назария такя ба он доранд, кадомҳояд? Дар хотироти ходимони ҳарбӣ (маршал Александр Василевский, маршал Павел Полубояров) ишораҳое ба он вуҷуд дорад, ки ҳанӯз 18-уми июни соли 1941 ба баъзе воҳидҳои ҳарбии округҳои наздисарҳадии ғарбӣ дастури ҳолат омодабош расида буд. Вале ба ким-кадом сабабе ин дастур ба ҳамаи фармондеҳон расонида нашуда буд. Ҷонибдорони фарзияи сӯиқасд ба ҷони Сталин инро нодида мегиранд, ки дастури омодабош метавонист аз ҷониби генерали артиш Жуков ва маршал Тимошенко расад. Пас “сӯиқасдчиёнро” мебояд аз миёни зинаҳои поинтар ҷуст.

Баъдан, Жуков ва Тимошенкоро ба таъхири барқасдонаи дастури №1 Сталин, ки шаби 22 июн содир шудаву дар он гуфта мешуд, ки неруҳо бояд омода бошанд ва ҳамлаи 22-23 фашистонро боздоранд, муттаҳам мекунанд. Номувофақатиҳоро миёни ду дастур — Дастури №1 ва дастури №2, ки яке чуноне ёдрас шудем, шаби 22 июн содир шуд ва дуюмӣ субҳи 22 июн дар бораи зарбаи фаврии ҷавобӣ ба ҳадафи боздоштани ҳамлаи душман меҷӯянд. Ва муаллифони ин фарзияҳо мегӯянд ин дастурҳо на аз ҷониби Сталин, балки аз ҷониби Жуков ва Тимошенко содир шуда буд.

Бидуни шак дар ёддоштҳои худи Жуков, ки аксари муаррихон дар таҳлили рӯйдодҳои солҳои ҷанг ба он такя мекунанд, номафҳумиҳо, нодақиқиҳои зиёде дида мешаванд. Шубҳае нест, ки маршали ғалаба талош кардааст, бахше аз масъулиятҳоро, ки замоне чун сардори Ситоди кулли артиш ба уҳда дошт, аз шонаҳояш вогузорад ва бори масъулияти нокомиҳои моҳҳои аввали ҷангро бар дӯш нагирад.
Вале бо вуҷуди ҳамаи ин, бо мавҷудияти далолили зиёде, ки муаллифони фарзия ва муддаиёни хиёнат ба ватан меоранд, наметавон гуфт, ки дар ин нокомиҳо хиёнат нақш дошта бошад. Ва он чи дақиқтар аст, бесалоҳиятии одии роҳбарияти ҳарбии Шӯравӣ бояд гуфта шавад ва маҳз ҳамин бесалоҳиятӣ буд, ки Артиши Сурх бо ҳама омори теъдоди сарбозону техникаи ҳарбиаш, шикаст хӯрд ва ин нокомӣ сарбози вермахтро то остонаҳои Маскав расонд.
Ва ин гуна муноқишаву хархашаҳои номуваффақ то замоне идома мекунад, ки мо ҳақиқати он рӯзҳоро аз ҳуҷҷатҳои то кунун махфишуда пайдо накунем.

Ярослав Бутаков
Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here