Охири соли гузашта, аниқтараш 25 декабри соли 2019 ба марги диктатори Руминия Николае Чаушеску 30 сол пур шуд. Чаушеску ҳамроҳ бо ҳамсараш баъди боздошташон аз сӯйи инқилобиёни румин ба қатл расонда шуда буданд. Худи шеваи қатли онҳо ва иттиҳомоти он мавзуъи гуфтугӯи алоҳидаест, вале баъзе ҷузъиётро метавон ин ҷо овард. Аммо Николау Чаушеску аз миёни ҳамаи сарварони кишварҳои сотсиалистии ҳампаймони ИҶШС дар Аврупо буд, ки қатл шуд, сарварони дигар аз гирудорҳои инқилобиву ҷудоихоҳӣ ҷони солим бурданд. 

Аз 16 то 25-уми декабри соли 1989 дар Руминия 1104 нафар куштаву 2150 нафар замхмӣ шуда буданд. Бино ба маълумоти расмӣ ҷанги хурдро дар кишвар ҷонибдорони режим, ки террористон номида мешуданд, доман заданд. Мухолифони Чаушеску мегӯянд, маҳз онҳо буданд, ки баҳонаҳои муқовиматро ба миён оварданд ва ҷонибҳоро барои даргирӣ таҳрик доданд.  Ин баҳс муддати ин сӣ сол идома дорад, вале бояд гуфт, ки ягон нафар аз он террористоне, ки аз онҳо ном бурда мешавад, боздошт нашудааст.

Моҳи декабри соли 2018 додситони кулли Руминия гуруҳеро бо сарварии президенти вақт Ион Илиескуро ба истифодаи васоили махсус айбдор мекунад ва мегӯяд онҳо рӯзҳои 21 ва 22 декабри соли 1989 дар Бухарест ахбори зиддунақиз паҳн мекарданд ва мардумро ба шӯр меоварданду ба воҳима меандохтанд. Дар натиҷа шаҳрвандон ва намояндагони мақомоти қудратӣ зидди ҳамдигар оташ кушоданд. Ҳамон рӯз Николау Чаушеску ва ҳамсараш парронда шуданд. Моҳи апрели соли 2019 парвандаи ин қатл бо баррасиҳои нав ба додгоҳ ирсол шуда буд. Амалан сухан на дар бораи инқилоб дар Руминия, балки сӯиқасд меравад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки ташаббускори сарнагуниву қатли Чаушеску кӣ буд?

НИКОЛАЕ ЧАУШЕСКУ: АФСОНА ВА ҲАҚИҚАТ

Николае Чаушескуро ҳамеша чун як персонажи манфии олами сиёсат ба қалам мекашанд. Ӯро дузд ҳам гуфтаанд, ки зиндонӣ шудааст, аз ӯ ба унвони як сарвари бемаҳорате, ки кишварро ба ҳоли рукуди иқтисодӣ расондааст, низ ном мебаранд. Аммо суол ҳам ин ҷост, ки ин гуна арзёбиҳо аз фаъолияти сарварии Чаушеску то куҷо ба воқеъият наздиканд?

Дар ҳақиқат ҳукумат ба дасти касе афтид, ки дар хонаводаи серфарзанд ба воя расида буд ва дар хислатҳои шахсии вай ҷиҳатҳои манфӣ хеле зиёд буданд. Аммо 70 дарсад навиштаҳо дар бораи Чаушеску иғроқомезу дар баъзе ҳолатҳо саршор аз таҳрифи фактҳоянд. Масалан ҳамон иттиҳоми дуздӣ, ки дар борааш менависанд. Воқеъият дорад, ки дар наврасӣ, вақте шогирди мӯзадӯз буд, барои дуздии хурд боздошт шуда буд ва як сабаби аслии он фақри хонаводагӣ буд. Вале вай на дар маҳбас, балки дар озодӣ ба ҳизби коммунист пайваст. Вайро барои дидгоҳҳои сиёсиаш ҳабс карда буданд.

Ва ҳаминро дар бораи он низ метавон гуфт, ки гӯё Чаушеску иқтисоди кишварашро ба рукуд бурд. Он чӣ ҳақиқат дорад, он аст, ки солҳои охири ҳукмронии вай вазъи иқтисодӣ мушкил шуд, фақр дар мамлакат афзуд, сатҳи зиндагӣ поин рафт. Аммо ин на аз он буд, ки Чаушеску роҳбари ноқобил, балки ба ӯ лозим омад қарзи хеле зиёдро якбора ба созмонҳои қарзии Ғарб пардозад. Аз соли 1975 то соли 1987 ба Бухарест ба маблағи наздик ба 22 миллиард доллар қарз дода буданд, ки 10 миллиард доллари онро Амрико дода буд.  Ҳукумат ин миқдор қарзро барои тезонидани такмили иқтисоди Руминия гирифта буд. Руминияи то замони сотсиалистӣ як кишвари бенавову фақир буд ва сохторҳои кишоварзии он наметавонистанд сарвати табиии онро азхуд кунанд. Ва тадбирҳои андешида корсоз буданд. Руминия маҳз дар замони Чаушеску рӯ ба пешрафт овард. Соли 1974 ҳаҷми истеҳсолоти саноатии он назар ба соли 1944 100 баробар афзуд. Даромади миллӣ дар қиёс ба соли 1938 15 баробар зиёд шуд.  Гузашта аз ин соли 1982 таҳкурсии аввали нерӯгоҳи ҳастаии Руминия дар Черновод гузошта  шуд ва барои истифодаи минбаъдаи он уран ҳам захира гардид.

Аммо дар миёнаҳои солҳои 80 иқтисоди Руминия ба се мушкили асосӣ бархӯрд. Аввалан, муайян карда шуд, ки бозори Аврупои Шарқӣ бо молҳое пур шудааст, ки дар Руминия истеҳсол мешуданд ва колои руминӣ бо онҳо рақобатпазир нест. Дуюм, калавиши арзиши нефт ва сеюм қарзи зиёд аз институтҳои молияи ғарбӣ.

Ба мушкилоти иқтисодӣ боз мушкилоти сиёсӣ ҳамроҳ шуд. Руминия гоҳ бо Москав буду гоҳ бо Ғарб. Чаушеску тавониста буд бо маъмурияти Ричард Никсон равобити хубе барқарор созад ва басо фаъолона ба муҳоҷирони руминӣ, ки миёнашон фаъолони фашистии кишвараш кам набуданд, ба тамаллуқу хушомад пардохт.  Шояд ба ин назар буд, ки агар бо ёрии ғарбиён барканор шавад, ин фашистони руминӣ метавонанд сари кор оянд ва доштани робитаҳо, бигзор маккоронаву тамаллуқкорона ҳам бошад, хуб аст.

Ба кор бурдани ҳилла миёни чандин нерӯ ё худ “бозӣ дар ду миз”, номафҳумии вижаи хоси ҳамаи режимҳои руминӣ будааст. Аммо истифода аз сиёсатҳои маккоронаву ҳиллагарона каме пештар мумкин буд. Вале Михаил Горбачёв моил ба гузашти якҷониба ба Ғарб буд ва дар ҳамин айём буд, ки Ғарб дар муносибаташ бо Чаушеску ба чизе гумонбар шуд. Ҷорҷ Буши калонӣ, президенти вақти ИМА гуфта буд: “Чаушеску муқобили Русия мавзеъ гирифт ва он замон мо гуфтем, ки вай одами мост. Вақте дар симои вай ҳокими мутлақро дидем, дар мавқеъи худ таҷдиди назар намудем”.

Дар ин миён Чаушеску ба дарки ин нукта нарасид, ки давраи нав оғоз шуд ва ба ҳамон роҳи ҳиллагарии сиёсӣ идома дод. Бо ин кораш ҳам СССР ва ҳам Ғарбро хашмгин мекард. Аз сӯйи дигар вай қарзҳои худро пурра пардохт намуд ва соли 1989 эълон кард, ки зарурати бознигарӣ дар созиши Молотов – Риббентроп ва марзҳои Руминия бо Иттиҳоди Шӯравӣ пеш ом адааст.

НУҲ РӮЗИ ДЕКАБР

Агар дар бори ҷараёни инқилоб назар андозем, пас вазъ дар воқеъ ба ин сурат буд:

16-18-уми декабр дар шаҳри Тимишоара маҷориҳо ба по хестанд ва сабаби ин аз хона берун кардани руҳонии протестантӣ Ласло Токеиши буд. Тимишоара дар вилояти Трансилвания ҷойгир аст ва аҳолии он маҷориҳо мебошанд. Ин минтақаест, ки асрҳо инҷониб дар Руминия ва Маҷристон мавриди баҳс аст ва мушкилотест, ки ҳеч роҳи ҳал намеёбад. Аммо ин исёни маҷориҳоро артиш ва қувваҳои хадамоти бехатарӣ фурӯ нишонданд.  Баъдан хабар паҳн шуд, ки гӯё бо фармони Елена Чаушеску (ҳамсари Чаушеску) аз сардхонаи шаҳр 40 мурдаро баровардаву сӯзондаанд. Худи Чаушеску рӯзи 18-уми декабр ба Теҳрон сафар кард, вале як рӯз баъд ногузир шуд сафари худро қатъ кунад ва ба Бухарест баргардад. Овозаҳо дар бораи пахш карда шудани шӯриши Тимишоар дар саросари кишвар паҳн шуд ва ин сабабгори норозигиҳои оммавӣ гардид. Мардум бештар дар бораи 60 ҳазоре ҳарф мезаданд, ки гӯё дар бархӯрд бо артиши Руминия кушта шуданд. Боз овозаҳои дигар дар мавриди ҳисобҳои бонкии Чаушеску дар бонкҳои хориҷ паҳн шуданд ва ба ғазаби мардум илова шуданд.

Сарвари саросема аз сафари хориҷа баргашта боз ба як иқдоми аблаҳона даст мезанад: вай пешниҳоди шаҳрдори Бухарест Барб Петрескро қабул мекунад ва рӯзи 21-уми декабр гирдиҳамоӣ барои пуштибонӣ аз низом эълон мешавад.  Ин гирдиҳамоӣ соати 12:30 оғоз мегардад. Ҳанӯз Чаушеску фурсати сухан гуфтан наёфт, ки бахше аз гирдиҳамомадагон зидди давлат шиорпартоӣ мекунанд. Гирдиҳамоӣ қатъ мешавад ва Чаушеску дубора ба бинои КМ бармегардад ва бо сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа ба гуфтушунид менишинад. Дар ин муколама вазири мудофиа Миля эълон мекунад, ки ба муқобили мардум қувваҳои ҳарбиро истифода намебарад. Ва ин хашми диктаторро барангехт.

Баъд аз зуҳри рӯзи 21-уми декабр шӯришчиён Бухарестро ишғол карданд ва шаби 22-уми декабр радиои давлатӣ эълон намуд, ки вазири мудофиӣ худкушӣ кард. Вале миёни мардум овоза паҳн шуд, ки ӯро барои саркашӣ аз истифодаи қувва хадамоти амниятӣ аз миён бурд. Вақте хабари марги вазир паҳн мешавад, генералҳои артиш фармон медиҳанд, ки қувваҳои ҳарбӣ пурра ба тарафи эътисобгарон мегузаранд ва дар як фурсати кутоҳ идораи телевизионро ишғол менамоянд.

Шаби 21-ум ба 22-уми декабр Ҷабҳаи наҷоти миллӣ созмон дода мешавад ва узви КМ Ион Илиеску сарварии  онро ба уҳда мегирад. Ва чандин чеҳраҳои саршиноси ҳарбиву сиёсӣ ба ҳайати роҳбарикунандаи ин ҷабҳа шомил мешаванд.  Онҳо асосан касоне аз зумраи ҷонибдорони ашадии режим буданд, вале вақтҳои охир бо он ба мухолифат бархоста буданд.

Рӯзи 22-уми декабр Чаушеску аз Бухарест фирор кард ва талош намуд коргарони як корхонаи азим дар Тирговиштро ба по хезонад ва ба муқобили шӯришчиён равона кунад. Вале ҳамон шаб Чаушеску ва ҳамсараш аз ҷониби ҳарбиён боздошт шуданд. Рӯзи 24-уми декабр муқовимати ҷонибдорони режим шикаста шуд. Рӯзи 25-уми декабр бо қарори фаврии додгоҳ зану шавҳар Чаушескуҳо парронда шуданд. Ҳукумати нав эълон кард, ки сабаби ин иқдом он буд, ки ҷонибдорони Чаушескуро маҷбур намоянд даст аз муқовимат бардоранд.

ОЁ ИНҚИЛОБЕ БУД?

Ҳанӯз то он замоне, ки додситонии ҳарбӣ ба Илиеску айбнома эълон кунад, баъзеҳо мегуфтанд, ки моҳи декабри соли 1989  нухбагони руминӣ дар ҳоли шакл додани як сӯиқасде ба муқобили Чаушеску буданд. Ҳанӯз 12-уми сентябри соли 1989 нашрияи машҳури фаронсавии Figaro мақолае  нашр мекунад ва муаллифи он менависад, ки дар сатҳои роҳбарияти олии Руминия як гурӯҳи муташаккиле амал мекунад, ки ҷонибдорони ислоҳоте назири ислоҳоти Горбачёв мебошад ва ин гурӯҳ худро Ҷабҳаи наҷоти миллӣ меномад. Ва баъдан аз ҷониби Илиеску ин созмон ба ҳамин ном эълон мешавад. Ва ҷузъиёти дигар: Чаушеску бо президенти вақти Фаронса Франсуа Миттеран муносибатҳои хубе надошт. Гузашта аз ин роҳбари хадамоти ҷосусии хориҷии Руминия Николау Плешисеро ба ҷонибдории пинҳонӣ аз интихоби Миттеран ба президентии Фаронса муттаҳам мекарданд. Ва яқинан диктатор ба ин ҳама овозаҳо бовар карда буд.

Ба назар мерасад тавтеа дар ҳукумат ҳам пуштибонии хориҷӣ дошт ва ҳам дохилӣ. Аз он ҳам дар Маскав ва ҳам Ғарб пуштибонӣ мекарданд. То соли 1989, ки пойдевори ин тавтеа гузошта мешуд, омилонаш аллакай дар артиш, хадамоти амниятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ риштаҳои иртибот барқарор карда буданд. Зеро бидуни  дастгирии қудратиҳо ҳеч гуна инқилобе ё табаддулоте имкон надорад.

Ва боз: баъди сафараш ба Москав дар таърихи 4-6-уми декабри соли 1989 Чаушеску дар ҷаласаи КМ гуфт: “Ҳама бояд донанд, ки мо дар ҳолати ҷангӣ қарор дорем. Он чӣ ҳоло дар Олмон, Чехословакия ва Булғористон мегузарад ва дар Лаҳистони Маҷористон гузашт, аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ тарҳрезӣ ва созмондеҳӣ шуда буд ва аз он Ғарб ва Амрико ҷонибдорӣ мекунанд”.

Дипломат Силвия Брукан дар хотироташ дар бораи сафарҳояш ба Лондон, Вашингтон ва Москав дар ин бора ёдовар мешавд. Ӯ дар Москав бо Михаил Горбачёв дидор карда буд ва сарвари Иттиҳоди Шӯравиро аз сарнагун кардани Чаушеску ва нақшаи мухолифон огоҳ сохта буд. Табиист, ки вай ҳамин корро дар Вашингтон ва Лондон низ дар дидораш бо мақомоти гуногун дар миён гузошта буд.

Ҷолиб он аст, ки сарвари Секуритате (Созмони иттилоотӣ ва амниятӣ ва пулиси махфии Руминия) генерал Юлиан Влад дар ҳамаи ин моҷароҳо нақши дугона дошт. Аз сӯе вай барои сафари Брукан ба хориҷи кишвар иҷозат дод. Аз сӯйи дигар бо сарвари ВКД Албания Симон Стефани дар бораи таъсиси иттиҳод миёни хадмоти махсуси Руминия, Албания, Олмон, Чин ва Куба барои роҳ надодан ба густариши бозсозии Горбачёв дар қаламрави лагери сотсиалистӣ гуфтугӯ кард. Аммо гӯё Чаушеску ба ҳарфи Влад гӯш надод.

Ёдовар мешавем, ки соли 1990 Влад дастгир ва ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум гардид ва гуфта мешавад, ки пушти ин қарори додгоҳ Брукан меистод. Аммо соли 1993 Влад озод шуд ва муддати қариб 25 сол бо нафақаи хуби генералӣ таъмин ва зиндагӣ кард.

Ҳамин тариқ, чуноне аз таҳлилҳо дида мешавад, рӯйдоди соли 1989 метавонад як бори дигар мавриди баҳсу баррасиҳои додгоҳӣ қарор гирад. Ҳоло сухан аз сафед кардан ё накардани Чаушеску ва ҳамсараш намеравад. Вале мурофиаи додгоҳии шоҳиди аслии он рӯйдодҳо Илиеску парда аз рӯйи чандин муаммо хоҳад бардошт. Табиист, ки ҳатто агар додгоҳ Илиескуро ба ҳабс маҳкум кунад, аз сабаби пиронсолӣ афв мешавад. Вале мурофиа метавонад баъдан ҳам тибқи парвандаҳи дигари алоқманд ба соли 1989 идома кунад, чеҳраҳои нав ба пурсиш даъват шаванд, парвадаҳои ҷадид рӯи кор оянд ва муҳимтар аз ҳама як ҳадафи дигар мушахас кардани нақши кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ИҶШС ва ИМА дар тавтеаҳо муқобили режими Чаушеску аст, ки ин ҳама баъди анҷоми сислсиламурофиаҳо эълон хоҳад шуд.

Владимир НОВИКОВ,

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here