Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо баргузор кардани як суҳбати мизи гирд масъалаҳои муҳими мустаҳкам кардани нуфузи байналмилалии Ӯзбекистонро  ба доираи баҳсу баррасӣ кашид. Дар ин суҳбат коршиносони дохиливу хориҷӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ, депутатҳои парлумон ва намояндагони расонаҳои гуногун ширкат карданд.

 

Ҷонишини вазири корҳои хориҷӣ Дилшод Аҳатов гуфт, ки дар кишвараш таҳти раёсати Шавкат Мирзиёев ислоҳоти васеъмиқёс пиёда мегардад ва он тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фаро гирифтаст.

— Ӯзбекистон дар бештар аз ду соли охир мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Сиёсате, ки раисҷумҳури мо Шавкат Мирзиёев пиёда мекунад, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ мешавад. Бар ин асос теъдоди сайёҳон ба Ӯзбекистон чанд маротиб афзоиш ёфт ва ин раванд босуръат идома дорад, — гуфт Дилшод Аҳатов.

— Талошҳои президент Шавкат Мирзиёев барои боло рафтани обрӯи Ӯзбекистон хеле назаррас аст. Дар ҷаҳон аз рӯи 27 рейтинг ба кишвари мо баҳои сазовор медиҳанд. Аслан, дар кишвари мо имиҷология рушд накардааст ва дар ин ҷода мо бояд таҳқиқоти доманфарох анҷом диҳем. Лозим аст, ки дар Академияи сохтори идории назди президенти Ӯзбекистон ва Донишгоҳҳои дипломатия ва иқтисоди ҷаҳонӣ фанни имиҷология ҷорӣ кунем, — изҳор дошт директори Маркази миллии ҳуқуқи башари Ҷумҳурии Ӯзбекистон профессор Акмал Саидов.

Ба таъкиди ӯ кишвараш дар дохил низ бояд ба чунин обрӯ сазовор шавад ва орзуву ормонҳои бештари мардумро бароварда созад. Акмал Саидов тазаккур дод, ки мутаассифона ҳанӯз баъзе нукоти лозимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат намекунанд.

Дар суҳбати мизи гирд гуфта шуд, ки агар ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ ҳимоя карда нашавад, онҳо ба Ӯзбекистон намеоянд. Таъмини  устувории қонун, фаъол шудани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ аз омилҳои муҳимеанд, ки метавонанд обрӯи Ӯзбекистонро дар миқёси байналмилалӣ боз афзоиш диҳанд.

— Ӯзбекистон дар муддати хеле кам ба он ноил шуд, ки робитаҳои дӯстиву ҳамкориашро бо кишварҳои ҳамҷавори худ дубора барқарор кунад ва онро тавсеъа диҳад. Ҳоло Ӯзбекистон бо 166 мамлакати ҷаҳон робитаҳои худро ба роҳ мондааст. Анҷоми корҳои зиёд ҷиҳати беҳбуди вазъияти экологӣ, мубориза бо ришвахорӣ низ нуфузи кишвари моро дар миқёси байналмилалӣ боло мебарад,- гуфт депутати Палатаи қонунбарори парлумони Ӯзбекистон Қодирҷон Ҷӯраев.

Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бону Ҳелена Фрейзер ба он нукта таъкид намуд, ки барои рушди устувор ва мавқеъи бештар пайдо кардани Ӯзбекистон дар миқёси ҷаҳонӣ таъмини сулҳу субот омили муҳим шумурда мешавад. Ба гуфтаи ӯ ин сулҳу субот дар Ӯзбекистон барои мардум ва меҳмонони он хеле хуб таъмин карда шудааст.

— Дабири кулли СММ Антонио Гутериш Ӯзбекистонро дар Осиёи Марказӣ аз пешсафтарини кишварҳо эътироф намуд, зеро дар ин мамлакат таъмини ҳуқуқи инсон низ хеле беҳтар гардид. Ӯзбекистон барои рушди ҳамсояи худ-Афғонистон дасти мадад дароз мекунад. Таваҷҷуҳ ба беҳбуди вазъи ҳавзаи Арал, баробарии ҳуқуқи марду зан хеле боиси эътирофи мо гаштааст,-гуфт Ҳелена Фрейзер.

Вай афзуд, ки даст кашидан аз меҳнати кӯдакон, озодии дин, эълони моратория алайҳи шиканҷа ва эъдом, пешрафт дар рафъи хушунатҳои хонаводагӣ, боло бурдани нақши зан дар ҷомеа ва амсоли он аз авомили муҳими рушди иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон муаррифӣ шудаанд.

— Президенти Ӯзбекистон аз роҳбарон тақозо намуд, ки идораҳои давлатӣ ба халқ хизмат кунанд, на халқ ба идораҳои давлатӣ. Ин иқдоми хеле наҷиб аст, ки назираш дар кишварҳои дигар дида намешавад,-гуфт ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳелена Фрейзер.

Вақте ки навбати сухан ба сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бону Виолен де Вилмор расид, вай гуфт, ки қаблан дар Аврупо кишвареро ба номи Ӯзбекистон  намедонистанд. Танҳо маълум буд, ки дар ин минтақа шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Хиваву Қӯқанд воқеъ гаштаанд.

— Дар муддати ду соли охир Ӯзбекистон барои кишварҳои зиёди дуру наздик режими раводидро бекор кард. Журналистони зиёд дубора ба Ӯзбекистон баргаштанд. Ҷорӣ кардани конвертатсияи асъор аз қадамҳои аввалине буд, ки сарвари давлати Ӯзбекистон иқдом намуд ва ба ҷалби таваҷҷуҳи банкҳои зиёд сабаб шуд. Президент Ш.Мирзиёев ислоҳоти маъмурӣ ва судиро низ пиёда намуд, ки ба обрӯи Ӯзбекистон обрӯ зам кард,-гуфт сафири Фаронса.

Бону Виолен де Вилмор боз тазаккур дод, сохтани “Тошкент сити” ва биноҳои хушсохту замонавӣ аз ҳисоби ҷойҳои таърихии шаҳрҳо барои мардуми Ғарб чандон муҳим нест ва Ӯзбекистон наметавонад ба ин васила таваҷҷуҳи сайёҳони зиёдро ҷалб кунад. Ба таъкиди сафири Фаронса бояд ёдгориҳои таърихӣ, обидаҳо, кӯчаҳову биноҳои куҳна ҳифз шаванд, дар акси ҳол теъдоди зиёди сайёҳон аз ташриф ба Ӯзбекистон худдорӣ хоҳанд кард.

— Агар умедвориҳо зиёд бошанд ва акси он ба вуқуъ пайвандад, нуфузи ҳамон кишвар поён хоҳад рафт. Аммо дар Ӯзбекистон мо пешрафтҳои зиёдеро мебинем, ки ормонҳои зиёди мардумро бароварда месозанд,-ба суханаш иктифо кард бону Виолен де Вилмор.

— Ӯзбекистонро аз нахустин кишвар медонам, ки барои ҷавонони худ созмони хос таъсис додааст. Ман аз Олмон омадаам ва дар ин созмон ба ҳайси мушовир кор мекунам. Ҷавонони зиёд дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд, вале бояд маълумоти иқтисодии онҳо боло бурда шавад. Пӯшида нест, ки ҷавонҳои Ӯзбекистон низ ормонҳои зиёд доранд ва ин ормонҳо бояд бароварда шаванд. Мо барои ҷавонони ӯзбекистонӣ бо бонку пулҳои зиёд омадем ва ба фермерҳои ҷавон ёриҳои молӣ мерасонем, барои пешрафти корашон кредитҳо медиҳем. Дар ҳар сурат рушди Ӯзбекистон аз бисёр ҷиҳат ба ҳамин ҷавонон бастагӣ дорад,-мегӯяд Матиас Ванглер.

— Мо солҳои дароз намои биноро нишон додем, вале фаромӯш кардем, ки вазъият дар дохили бино чи гуна аст. Аз он сарфи назар бояд кард, ки якеро сад магӯем. Бояд корҳои тарғиботиро дар доираи васеъ амалӣ созем. Аз омадани теъдоди зиёди сайёҳон ба Ӯзбекистон буҷаи давлат ва мардуми кишвар бурд мекунад, — гуфт ректори Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои омма Шерзод Қудратхоҷаев.

Дар суҳбати мизи гирди Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон коршиносон ва журналистон низ ҷиҳати беҳбуди вазъ перомуни ҷалби бештари сайёҳон ва инъикоси он дар саҳифаҳои матбуот, баррасии масъалаи ҳимояи муҳоҷирони корӣ ва амсоли он  фикру ақидаҳои ҷолиб баён карданд.

 

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори махсуси МТЖТ, шаҳри Тошканд 

Добавить комментарий