Оғози низоми нави ҷаҳонӣ ба усули амрикоӣ

 

Охири моҳи июни соли 1999 як гуруҳ хабарнигорони тоҷик бо даъвати ЮСИА барои  қариб як моҳи таҷрибаомӯзӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кардем. Дар тӯли сафар аз нашрияҳои бонуфуз ва ширкатҳои телевизионии ин кишвар дидан кардем.

Азбаски дар ҳама ҷо гапи ҷанги Амрикову НАТО бо Югославия, ки ҳамагӣ 15-16 рӯз қабл Кохи сафед аз анҷоми бомуваффақи он расман эълон карда буд, ҳамтоёни амрикоии мо мехостанд назари  хабарнигорони собиқ шӯравӣ ва он ҳам аз як ҷумҳурии мусулмониро шунаванд.

Аз назари хабарнигорони амрикоӣ Кохи сафед ин ҷангро ба хотири наҷот додани албаниҳои Косово, ки дар натиҷаи мубориза барои истиқлоли сиёсии худ аз ҳайати Югославия, дар тӯли чанд соли охир қатли ом мешуданд, шуруъ карда буд.

Аммо назари аксар хубарнигорони тоҷик барои ҳамтоёни амрикоӣ ғайриинтизор буд, зеро Кохи сафед бидуни розигии СММ алайҳи Югославия ҷанг эълон кард.

 

Ҳиллаи  Клинтон

Воқеият ин аст, ки баҳонаи аслии ин ҷанг кайҳо аз ҷониби Ғарб ва алалхусус Амрико тарҳрезӣ шуда буд ва агар ҳаттто музокирот ҳам идома меёфт, бояд таслими Кохи сафед мешуд ва дар ин кор ҳукумати Русия, ки манфиатҳои миллии худро кайҳо пушти сар карда буд, Милошевичро ба пазируфтани тамоми шартҳои Ғарб розӣ мекард.

Барои мо, ки нахустин бор Амрикоро медидем, мавқеи расонаҳои он дар масъалаи ҷанг алайҳи Югославия хеле ҷолиб буд, зеро мехостем фаҳмем, ки кадом нашрия ва ширкати телевизонӣ ба хотири риояи озодии сухан назари алтернативӣ баён кардааст.

Маълум шуд, ки тамоми расонаҳо қабл аз оғоз аз мавқеи Кохи сафед дар ин масъала ҷонибдорӣ карда, дар ҷанги иттилоотӣ ба муқобили Югославия ширкат кардаанд. Танҳо як хабарнигори рӯзномаи «Ню-йоркер» гуфт, ки чизе муқобили ин ҷанг навиштааст.

Аммо дар ин сафар мо бо чанд амрикоие низ вохӯрда будем, ки ин ҷангро маҳкум мекарданд ва мегуфтанд, ки президент Билл Клинтон ба хотири дур кардани фикри мардум аз ишқварзиаш бо коромӯзи Кохи сафед Моника Левински ба ин иқдом даст зад.

Дар ҳақиқат, шикояти М.Левински аз болои Б.Клинтон таваҷҷуҳи ҷомеаи Амрикоро ба худ ҷалб карда ва дар натиҷа, масъалаи импичменти ӯ ба миён омад. Аммо Клинтон буҳронро паси сар кард, ҳарчанд эътироф намуд, М.Левински ҳақиқатро гуфтааст.

Ҷанги қариб думоҳа таваҷҷуҳи амрикоиҳоро ба худ ҷалб кард ва то ҷое ин қазия фаромӯш шуд, аммо дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 1999, яке аз сабабҳои аслии шикасти номзади демократҳо Алберт Гор, маҳз ҳамин ишқварзии шефи собиқаш гардид.

 

Ҷанг дар Аврупо

Ин ки дар охири соли қарни ХХ ва ҳазорсолаи сеюм дар Аврупо ҷанги наве сар мезанад, тасаввурнокарданӣ буд, зеро ҳама одат карда буданд, ки абарқудратҳои ҷаҳонӣ маъмулан барои таъмини манфиатҳои худ низоъҳоро дар ҷаҳони сеюм ба роҳ меандохтанд.

Аз замони хотима ёфтани Ҷанги ҷаҳонии дуюм дар Аврупо, ки даҳҳо истгоҳҳои атомӣ вуҷуд доштанд, афрӯхтани оташи низоъ кори хатарноке буд ва агар нохост ягон чунин иншоот, ҳатто агар иштибоҳан мавриди ҳамла мегирифт, ин қитъа зарари бузург медид.

Гумони ғолиб ин буд, ки Русия имкон намедиҳад Ғарб ба муқобили Югославия ҷангро шуруъ кунад, зеро русҳо таърихан ба ин миллати ҳамдини худ алоқаи зиёд доштанд ва аз асорати империяи усмонӣ озод кардани он дар қарни 19 саҳм доштанд.

Бо назардошти ин омил, бархе коршиносони югославӣ ҳадс мезаданд, ки агар ИМА ва НАТО дар Аврупо ба муқобили ин кишвари славянӣ ҷангро сар кунад, Кремл бетафовут намемонад ва он гоҳ имкони сар задани Ҷанги сеюми ҷаҳон ба вуҷуд меояд.

Аммо вақте ки рӯзи 24-уми марти соли 1999 ҳавопаймоҳои ғарбӣ ҷангро шуруъ карда, ба бомбаборон кардани Юголславия шуруъ карданд, Кремл ягон вокуниши ҷиддӣ нишон надод. Ба истиснои сарвазир Евгений Примаков, ки ҳавопаймои худро аз болои уқёнуси Атлантика баргардонд ва бо ҳамин сафари худро ба Амрико лағв кард.

Ҳамин тариқ, ҳавопаймоҳои ғарбӣ то рӯзи 10-уми июни соли 1999 бидуни кадом мамониати ҷиддӣ иншооти зиёди мулкӣ ва ҳарбиро дар Югославия мавриди бобмаборон қарор дода, ба иқтисодиёти ин кишвар хисороти ҷиддӣ расонданд.

Тибқи иттилооти расмӣ дар ин муддат 1700 шаҳрванд, аз ҷумла 400 кӯдак кушта шуданд, 10 ҳазор нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, 821 нафар беному нишон гум шуданд, ки аксари онҳо серб буданд.

Азбаски неруҳои НАТО зимни ҳамлаи худ аз силоҳҳои радиоактивӣ истифода бурда буданд, баъди анҷоми расмии ҷанг солҳои баъдӣ нафарони зиёд, аз ҷумла 18 нафари ҳарбиёни ғарбӣ мубталои бемории саратон гардида, баъдан фавтиданд.

Коршиноси ҳарбӣ Владислав Шуригин менависад, ки дар 76 рӯзи ин ҷанг ҳавопаймоҳои НАТО беш аз 30 ҳазор бор парвоз анҷом доданд. Дар ин муддат онҳо 150 ҳазор тонна бомбаҳои гуногун ва 1,5 ҳазор тонна ракетаҳои болдорро ба Югославия партофтанд.

Дар маҷмуъ НАТО дар ин амалиёт беш аз 50 миллиард доллар сарф кард.

Ҷолиб ин буд, ки ғарбиҳо беш аз 60 ҳазор нафар ҳарбӣ, 1 ҳазор танку БТР, 200 чархбол, наздики 50 киштии ҳарбӣ ба шумули се ҳавопаймобари худро ба марзҳои ин кишвар интиқол доданд, аммо баъдан ҳозир нашуданд амалиёти заминиро шуруъ намоянд.

Ғарбиҳо ин нуктаро дарк карда буданд, ки тавассути ҳавопаймоҳо ба иншооти ҳарбии Югославия зарар расонда буданд, аммо артиши ин кишвар барои муқобилият нишон додан ва ба роҳ мондани ҷанги партизанӣ дар қаламрави худ дар замин омода буд.

Аз ин рӯ, тавассути гуфтушунид ҳукумати Слободан Милошевичро маҷбур кард, ки артиши худро аз Косово, ки боиси лашкар кашидани НАТО ба Югославия гардида буд, хориҷ кунад. Милошевич, ки дигар аз Русия ҳам умедашро канда буд, шартро пазируфт.

 

Нооромиҳо ва паёмадҳо

Дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ вазъи сиёсии Ҷумҳурии федералии Югославия муташанниҷ гардид ва дар Боснияву Герсеговина, Хорватия ва вилояти Косово ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ фаъол шуданд. Ҳукумати марказии Югославия кӯшиш ба харҷ дод, ки тавассути артиш, пулис ва сербҳое, ки дар ин минтақаҳо зиндагӣ мекарданд, ҷудоихоҳонро саркӯб карда, ҳокимияти марказиро нигоҳ доранд, аммо ба ин муваффақ нагардид.

Дар натиҷаи ҷангҳое, ки дар ҷумҳуриҳои мазкур сурат гирифтанд, ҷонибҳо аз қатли ом истифода бурданд ва ахиран Ғарб С.Милошевичро маҷбур кард, ки истиқлолияти мусулмонҳои Босния ва Герсеговина ва Хорватияро эътироф намояд.

Албаниҳои мусулмони Косово, ки баъди пирӯзии коммунистҳо дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ зери роҳбарии Иосип Броз Тито борҳо ба муқобили сиёсати сербкунонии минтақаи худ қиём мекарданд, аммо муваффақ намешуданд, ки истиқлолият ба даст биоранд.

Аммо ҳукумати марказии Югославия ахиран дар соли 1974 ба албаниҳои Косово автономия дод. Баъди марги Иосип Броз Тито дар соли 1981, дар Косово ҷудоихоҳон боз  сар бардошта, талаб карданд, ки Белград истиқлоли сиёсии онҳоро эътироф кунад.

Соли 1989 президенти тозаинтихоби Югославия Слободан Милошевич Қонуни асосии кишварро аз нав “навишта” автономияи Косоворо амалан барҳам дод. Тобистони соли оянда ӯ ҳамчунин тамоми мақомоти  маҳаллии Косоворо барҳам дод. Дар натиҷа, вазъият муташанниҷ гашта, сиёсатмадорони албании вилоят ҳукумати параллелии худро таъсис доданд.

Ин ҳукумат зери роҳбарии Иброҳии Ругова Қонуни асосии Косоворо таҳия карда, эълон дошт, ки роҳбарияти серби вилоят ва Белградро эътироф намекунад, аммо Милошевич фишорро болои албаниҳо афзуд ва дар натиҷа, ҳаракати муқовимат таъсис ёфт.

Инро ҳам бояд эътироф намуд, ки ба Артиши озодихоҳи Косово Албания ёрӣ мерасонд. Соли 1996 теъдоди муборизони мусаллаҳ ба 12 ҳазор нафар расид ва дар оғози соли 1998 набардҳои хунин барои истиқлолият шуруъ гардид.

Дар натиҷа, миёни Артиш ва пулиси Югославия аз як тараф ва Артиши озодихоҳи Косово аз дигар тараф набардҳои хунин шиддат ёфтанд. Дар ҷавоб ба ҳамлаҳои мунтазами Артиши озодихоҳи Косово дар охири моҳи феврал ва ибтидои моҳи марти ҳамон сол аскарони югославӣ дар деҳаи Рачак 45 албаниро куштанд.

82 нафар аз сокинони маҳаллӣ кушта шуданд, аз ҷумла 24 зан ва кӯдак. Ин кушторҳо баҳонаи байналмилалӣ шудани низоъи Косово гардид, зеро ғарбиҳо исрор меварзиданд, ки сокинони Косово гаравгон гирифта шуда, сипас қатл шудаанд, аммо Белград мегуфт, ки онҳо дар набардҳои хунин ҷони худро аз даст доданд.

Вазъияти баамаломада Русия ва Амрикоро бетараф нагузошт ва рӯзи 2 -юми сентябри соли 1998 Борис Елтсин ва Билл Клинтон изҳороти муштарак доданд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд: “Милошевич ҳамчун президенти Югославия бояд ба ҳама таъқибу фишорҳои сокинони мулкии Косово хотима бидиҳад”.

23 сентябри соли 1999 Шӯрои амнияти СММ қатъномаи 1999-ро қабул кард, ки дар он аз ҷонибҳои даргир дар Косово талаб мешуд оташбас эълон кунанд, азбаски ин давъат пазируфта нашуд, як рӯз баъд НАТО ба таҳияи нақшаи ҳамла ба Югославия шуруъ кард.

Рӯзи 13 октябр Шӯрои НАТО фармон дод, ки неруҳои ҳавоии ин ташкилоти ҳарбӣ дар давоми 96 соати минбаъда ҳамлаи ҳавоиро сар кунад. Милошевич ҷиддияти ин тасмимро дарк карда, ба сулҳи муваққатӣ розӣ шуд.

Аммо ин сулҳи муваққатӣ натавонист садди роҳи куштори сокинони сербу албании вилояти Косово гардад, аз ин рӯ, моҳи январи соли 1999 артиш ва пулиси Югославия амалиётҳои худро алайҳи ҷудоихоҳони албанӣ аз сар гирифтанд.

Рӯзи 30-юми январ НАТО таҳдид кард, ки агар ҳукумати Милошевич аз идомаи музокирот бо лидерони Косово сарпечӣ кунад, ҳамлаҳои ҳавоии худро алайҳи Югославия шуруъ мекунад.

19 марти соли 1999 дар музокироти Ғарб бо сербҳо, ки дар шаҳри Рамбуйяи Фаронса баргузор гардид, ҳукумати Милошеивч як қатор шартҳоро напазируфт ва ҳамин тариқ, Амрико ва НАТО тасмими эълони ҷангро гирифтанд.

 

Чаро Югославия?

Аммо ҳоло дар бораи сабабҳои аслии ин ҷанг бигӯем. Аслан барои Ғарб таҳаммул кардани як ҷумҳурии хеле пешрафтаи славянӣ ва он ҳам ҳаммазҳабу дӯст бо Федератсияи Русия дар қораи Аврупо ба мисли Югославия таҳаммулнопазир буд. Дар Ғарб хуб дарк мекарданд, ки Югославия барои Кремл пойгоҳи хубест барои тақвият бахшидани нуфузи ҳарбии худ дар нимҷазираи Балкан, ки минтақаи хеле муҳими стратегӣ  дар Аврупо ҳисоб меёфт.

Коршиноси умури минтақаи Балкан Е.Гускова дар мавриди аҳдофи аслии НАТО чанд нуктаро баён медорад, ки мо онҳоро инҷо зикр мекунем. Иваз кардани роҳбарияти Ҷумҳурии иттифоқии Югославия ба Сербия ва Черногория, ба ҷои онҳо ба сари тахт шинондани сиёсатмадорони ғарбзада, мубаддал сохтани вилояти Косово ба давлати соҳибистиқлол, барҳам додани Артиши Югославия, мустақар сохтани неруҳои ҳарбии НАТО дар Косово, Сербия ва Черногория, озмоиши қувваи ин созмони ҳарбиву сиёсӣ, санҷиши силоҳҳои нав дар ин ҷанг ва истифода бурдани силоҳҳои куҳнашуда ва ҳамчунин истифодаи неруҳои ҳарбӣ бидуни иҷозаи Шӯрои амнияти СММ.

Ғарб дар ҷанги Югославия ба аҳдофи худ расид, зеро дар соли 2000-ум неруҳои мухолиф Милошевичро сарнагун карданд ва баъдан ӯро ба суди Гаага супориданд. Ӯ дар инҷо бо зиндагӣ падруд гуфт. Аммо ба бархе иддаои лидерони серб бахт омад накард, зеро онҳоро ба муҳлатҳои тӯлонӣ барои ҷиноятҳои алайҳи башарият зиндонӣ карданд.

Ҳамин тариқ, ҷойгоҳи Русияро дар Балкан кишварҳои ғарбӣ гирифтанд. Аммо ҷанги ҳарбӣ ва иттилоотӣ алайҳи Югославия барои Ғарб оғози кор буд.

 

Нуралӣ ДАВЛАТОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here