Аз давраи мактабхонӣ хотирае аз лавҳи хотирам ҳеҷ гоҳе зудуда намешавад. Байни ҳамсинфон дар хондани китоби бадеӣ як навъ мусобиқа мекардем. Ҳар кас мехост бо китоби нав хондааш байни ҳамсинфон дастболо бошад. Ҳамин вақт китоби сабзе, ки рӯи муқоваи он як гӯшаи зебоманзари куҳистон бо амали рассоми хушсалиқае нақшу оро ёфта буд, уфтод: Расул Ғамзатов «Доғистони ман». Ин китоб аз саҳифаи аввал хаёлу ёди маро ба сӯи худ кашид, шефтаву шайдоям намуд. Лаҳну гуфтор, нигоришу сабту услуби хоса, рангинбаёнии асар ва пеш аз ҳама муҳаббату садоқати муаллиф дар ситоиши зодгоҳ-ба қуллаҳои баланди Эйфел, кушку манораҳои Порис баробар намудани деҳаи хурдакаки Сада дар авули Хунзах маро моту маҳбути худ гардонид. 

Ин асарро тарҷумони варзидаи адабиёти тоҷик Абдуллоҳи Зокир бо бадеияту ҷаззобияти сеҳри сухани воло ороставу пероста гардонида, ҳар нуктаву маъниро бо салиқаи ба худ хос тарҳрезӣ намуда буд.

Дар китоб бахшу бобҳое бо унвони «Гуфтор андар ситоиши китоб», «Забон ва услуб», «Жанри асар» оварда шуда, сабки хоси нависанда бо ибораҳои гушнавози «Падарам мегуфт…», «Абӯтолиб нақл мекард..», «Сулаймон Сталский дар анҷумани нависандагони шӯравӣ» ва амсоли ин нақлу ҳикоятҳои ҷолибе хонанда худро дар пари мурғи ҳумои қиссаву ривоятҳо ба сарзамин дури афсонавие роҳнамун мехост.

Вақте сухан дар бораи қадру манзалат ва бузургдошти забони модарӣ меравад, Расул Ғамзатов қиссаеро ёдовар мешавад: «Дар Порис ҳамватанони худро вохӯрдам, дар либоси мӯди аврупоӣ, бо кӯлоҳу салобати хоса. Ва донистам, ки аз куҳистони Доғистон ба амри тақдир ин ҷо омадаву зиндагӣ ихтиёр намуда. Бо мадади дӯстони тарҷумонам бо ӯ ҳамсуҳбат шудам. Ман бо доғистонӣ ҳарф мезадаму ӯ ба забони франсавӣ. Дӯсти забондонам моро тарҷумонӣ мекард. Ба Ватан баргаштаму модари он ҳамватани ғарибафтодаамро, ки дар деҳаи дурдасте зиндагӣ дошт пайдо намудам ва хостам салому пайғоми писарашро ба ӯ бирасонам. Зан аввалин суоле ки ба ман дод чунин буд:

— Росташро бигӯ шумо бо писари ман бо забони модарии худ суҳбат кардед?

— Не, — гуфтам ман дар ҷавоб — ман бо забони модариам ҳарф мезадам ӯ бошад бо забони франсавӣ. Дар байн тарҷумон суханҳои моро тарҷума мекард, ҳамин тавр аз ҳолу аҳволи ҳамдигар огоҳ шудем. Ҳамин дам зан аз ҷояш бархост, рафту дарҳол болои оинаро пӯшонид, сипас рӯймоли сиёҳи мотамие ба сару рӯй печониду рӯ ба рӯям нишаста гуфт:

— Не Расул, ту хато мекунӣ, ӯ писраи ман нест, писари ман кайҳо зиндагиро падрӯд гуфтаасту инро ман ҳозир эҳсос намудам ва дигар чашминтизораш ҳам нестам. Писари ман лафзи модарии худро, ки бо шири сафедаш додам бояд фаромӯш намекард». Ва сипас шоир ин мисраҳоро барои тақвияти андешааш ба қалам медиҳад: 

Агар донам, ки фардо мешавад забони модариам гум,

Ман имрӯз мурданам авло бидонам…

Дар авули Хунзах духтарони кӯзабардаст, кӯзаҳои худро аз оби мусаффои чашмасор пуркардаву яке ба дугонаҳояш бо табассуми малеҳ мегӯяд:

— Эй кош аз ғаму ғусса раҳо мебудаму дили беғаму ғусса ва поку беолоиши Расул мебудам, дар синаи ӯ метапидаму ҳамроҳаш ба мамлакатҳои дур сафар мекардам. Расул ин гапҳоро мешунавад, худ ба худ мегӯяд: «Агар медонистед, ки дар дили «беғам»-и Расул чӣ ғаму дардҳое нуҳуфта, чӣ сару савдое ӯро шабонарӯзӣ азият медиҳад, шиканҷа мекунад ва водораш месозад, ки пайи дарёфти дурри маънӣ паси мизи эҷодӣ нашинад. Ва ин дарду ғуссаҳоро фақат килки сеҳрофари ӯ метавонад ба рӯйи саҳфаи авроқ рехта, чун рассоми дар ғурбатафтодаи ҳамватанонаш расми парандаеро дар қафас тасвир намояд, ки мислу монандашро касе дар рӯйи дунё надида… Ва ин паранда тахаюли хаёлоти рассом ва худи ӯст. Ва ин эҷод эҷоди нотакрори Расул будаву маъвову мақсуди ӯст. 

Дар тасвири образҳои шоири машҳур Абӯтолиб, Сулаймон Сталский, Афандӣ Капиев ва падараш Ғамзат Цадаса ифтихор аз ватану ватандорӣ, забону миллат, арзишҳои маънавӣ бисёр ҳам бо ҳисси баланди воқеъбинона ба қалам дода…

Хусусан дар тасвири шахсияти таърихие чун Имом Шомил, ки ифтихори ҳар як доғистонӣ аст, шукуҳу шаҳомати як шахси ватандор падидор мегардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки «Доғистони ман» аввали солҳои 70-ум ба табъ расидаву бо мазмуну мундариҷаву сабку услубаш беназир дониста шуда, дар муддати кӯтоҳ ба забонҳои дигар тарҷума гардида, дар қатори дигар асарҳояш ба Шоири халқии Доғистон Расул Ғамзатов шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Ин асар дар адабиёти ҳамонвақтаи тоҷик як ҷунбишу такони эҷодие ба бор овард. Бузургмардони майдони адабиёти навини тоҷик устодони каломи мавзун Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва шоираи маъруф Гулрухсор дар ситоиши деҳу диёр ба муъҷазбаёниву тобишҳои рангоранги манзараҳои куҳистон парчами шеъри миллиро парафшон намуданд.

Устод Муъмин Қаноат муҳаббатномаи пур аз меҳру садоқат ифшо намудаи худро бо номи «Тоҷикистон исми ман» эҷод намуд. Мағз андар мағзи ин достон мисраву байтҳое қаламӣ шуда, ки зарраи хоку санги ин диёри офтобиамонро бо муқалами сеҳрноки худ чун рассоми босалиқае ба рӯйи саҳфае тарҳрезӣ намуда, сипас пора-пора ба назм овардаву «устухонбандӣ» мекунад. Сарманшаи ин меҳрномаи шоир фикр мекунам аз тору пӯди ҳамон асари шоири доғистонӣ сарҷӯйи сабзе гурифтаву ҷорӣ мегардад. Тасвири манзараву зебогиҳои афсункори табиати нотакрори куҳистон-бо таровату назокати хосааш, сабзаву долу дарахтони ҳамешасабзаш ва гулу гиёҳи муаттару накҳатбораш бо маҳорати баланд рӯи сафҳаи авроқи сафед эҷо шудааст. 

Дар ин росто «Ифтихор» ном шеъри устод Лоиқ пешгоми ашъори пурғановат дар мавзӯи арзишҳои баланди миллӣ мебошад, ки чунин байтҳои ноб матлаъи ин шеър аст:

Дар миёни куҳсорон сахтҷонам зодаанд, 

Дар раҳи куҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд. 

Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд, 

Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд. 

Гарчи мегуфтанд аз қисмат бувад фардои ман, 

Гарчи мегуфтанд серӯзӣ бувад дунёи ман, 

Гарчи дар гаҳвора мебастанд дасту пои ман, 

Дар замин баҳри талоши осмонам зодаанд…. 

Дар ашъори шоири рангинхаёлу дардошно устод Бозор Собир ин шӯру исён ва аз худ гузаштанҳо дар шеъри «Боди Файзобод…» ва «Хати Сурх» роҳу равиши эҷодиашро муайян месозад. Хусусан ин байтҳо, ки аз китоби сабзи «Доғистони ман» сарҷӯ гирифта:

Аз Ватан дур гарчи бисёр аст,

Зиндаю мурдаи ба ному нишон,

Лек осон набуду осон нест,

Аз Ватан дур мурдани мардон…

Он ки худ дар дилаш ғаме дорад,

Нест ӯ бе ғами дигарҳо ҳам.

Душмани ҷони ҳар қабилаву халқ

Душмани ҷони ӯст дар олам…

Дар шеърҳои хамосавии шоир «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Қисмати шоир», «Кӯдакӣ кӯ?» ва «Забони модарӣ» эҳсоси баланди худшиносиву ватандорӣ ҳар хонандаи огоҳу меҳанпарастро манбаи ифтихору дарси хештаншиносӣ аст. Ин байтҳо аз «Забони модарӣ»-и шоир тавоно Бозор Собир наметавонад дили шахси ватандӯсту ба арзишҳои миллӣ содиқро ба ваҷд наоварда бошад:

Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр,

Аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ,

Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,

Лафзи куҳистоние бар барфу борон ёд дод.

Рӯдҳоро Рӯдакихон кард ӯ,

Бодҳоро Анварихон кард ӯ.

Васфи тору пӯд ва куҳу куҳпораҳои Доғистон аз тарафи Расул Ғамзатов андаруни буруни қиссаҳои ӯ нақши муассир дорад. Ин ҳам бошад саргузашти Маҳмуди ноком, Маҳмуде ки ба торҳои қомус чун торҳои нозуки дили худ захма мезанад, Маҳмуди шайдоиву ошиқ.

Муҳаммадмуроди Сайдалӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here