Шумори сироятёфтагон ба вируси короно субҳи рӯзи сешанбе, 31-уми марти соли равон 800 ҳазор нафар эълон шуд. Бино ба тозатарин омор аз ин беморӣ дар кулли кишварҳои ҷаҳон 37 ҳазор нафар фавтиданд. Ҷануби Аврупо ва ИМА мудҳиштарин рӯзҳои худро пушти сар мегузоранд. Дар ин минтақа аз ҷаҳон то 160 ҳазор тан сироят шудаанд. Ахиран Доналд Тромп-президенти ИМА гуфт, ки боз як моҳи дигар ин вирус дар кишвараш басуръат паҳн мешавад ва баъдан рӯзҳои коҳиши сироятёфтагон оғоз мешавад. Доналд Тромп рӯзи якшанбеи гузашта дар як нишасти хабарӣ дар мавриди кори гуруҳи вижаи мубориза зидди короно сухан мегуфт, таъкид кард: “Риояти фосилаи физикӣ рамзи муқобила бо короно аст…Ҳарчи бештар ва беҳтар онро риоят кунем, зудтар раҳо меёбем”.

Рузи душанбе дар беморхонаҳои Фаронса 418 нафар сироятшудагон ҷон доданд ва ин кишвар чорумин мамлакати олам баъди Чин, Италия ва Испания аст, ки шумори ҳалокшудагон аз короно аз се ҳазор нафар мегузарад.

Шаҳри Ню-Йрки ИМА маркази сирояти короност ва шаҳрдори он Эндрю Куамо аз ҳамтоёни худ ба иёлотҳои дигар ва табибон даъват кард барои ҷилавгирӣ аз густариши сироят кумак кунанд.  “Ман аз ҳамаи онҳое, ки ҳоло дар буҳрони сирояти короно напечидаанд, хоҳиш мекунам ба кумаки мо шитобанд: мо бояд ба онҳое, ки ҳоло 12 соат дар як шабонарӯз кор мекунанд, имкони истироҳат диҳем”,- гуфт ӯ. Аввалин иёлоти ИМА, ки карантин эълон кард, Калифорния мебошад. Дар 31 иёлоти Амрико мактабҳо, тарабхонаҳо баста шуданд, ҳама тадорукоти дилхушкунанда манъ аст.

Дар Олмон ҳарчанд шумори фавтидагон назар ба кишварҳои дигари Аврупо камтар аст, вале рӯзи сешанбе сироятёфтагон ба короноро 57 ҳазор нафар эълон кард ва фавтидагонро 541 нафар гуфт.

Тибқи омори охир дар Русия бештар аз 1,5 ҳазор нафари мубтало шуданд ва 14 тан фавтиданд. Аз рӯзи душанбе шаҳрҳои Маскав ва Санк-Петербург дар карантинанд ва қариб бист минтақаи дигар ин кишвар низ барои карантин омодагӣ мегиранд. Аввали ҳафтаи ҷорӣ шаҳрдори Маскав Собянин эълон кард, ки аз сабаби густариши короно дар пойтахт маҳдудиятҳо шадидтар хоҳанд шуд.  Ситоди фаврии Русия гуфтааст, ки аксари сироятёфтагон ҷавонони аз 18 то 40-солаанд, ки аз кишварҳои Аврупо омадаанд. Короновирус ҳатто дар як ҷавони 17-сола низ ошкор шудааст. Тибқи низоми нав сокинони Маскав танҳо барои муроҷиат барои ёрии оҷили тиббӣ ё таҳдиди дигар ба ҳаёт ва саломатӣ, рафтан ба ҷои кор, харид дар наздиктарин мағоза ё дорухона, сайругашт бо ҳайвонот, вале ба масофаи на бештар аз 100 метр аз ҷои зист, бурдани партовҳо ба партовгоҳҳо ҳақи аз хона баромадан доранд. Сергей Собянин гуфт, сокинон бояд дар кӯча, нақлиёт ва мағоза масофаи 1,5 метрро риоя кунанд. Ӯ гуфт, рӯзҳои наздик иҷозатномаҳои махсус дода мешаванд, ки бидуни онҳо дар кӯча гаштан мамнӯъ хоҳад шуд.

Чаро дар қитъаи Африқо сироят кам аст?

Дар кулли қитъаи Африқо ҳатто камтар аз  Португалия одамон ба короно сироят шудаанд.  Олимон ҳоло ба ин суол посух надодаанд, ки ин қитъа иртиботи бештаре бо Чин дорад, вале чаро шумори сироятшудагон камтар аз як кишвари аврупоист. Аммо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ки Африқо низ бояд худро барои бадтарин ҳолат аз ҳоло омода созад. Бино ба оморҳои расида дар қитъаи Африқо  4847 ҳодисаи сироят ба Covid-19 ба қайд гирифта шуда, ки 155 нафари онҳо фавтидаанд. Донишмандон мегӯянд як сабаби камтар ошкор шудани сироятёфтагон дар Африқо он аст, ки хеле кам ташхис мешаванд. То оғози ҳамагирӣ дар кулли мамолики ин қитъа ҳамагӣ ду озмоишгоҳ буд, ки яке дар Африқои Ҷанубӣ ва дуюмӣ дар Сенегал ҷойгир шуда буд. Аммо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран хабар дод, ки ин гуна марказҳои озмоишӣ дар 47 кишвари Африқо ворид карда шудааст ва боқӣ 7 кишвари дигари минтақа дар наздиктарин фурсат соҳиби ин гуна озмоишгоҳҳо хоҳанд шуд.

Ва навгониҳои дигар аз короно дар олам:

Дар Қибрис аз рӯзи сешанбе аз соати 9-и бегоҳ то 6-и субҳ қуюди шабградӣ ҷорӣ шуд. Дар ин кишвар низоми хосе ҷорист. Одамон дар як рӯз танҳо як маротиба бо дарёфти паёмак аз ҳукумат иҷозаи хуруҷ аз хона доранд. Нақзкунандагони ин низом ба маблағи 300 евро ҷарима мешаванд. Дар мошин танҳо се нафар (якҷо бо ронанда) ҳақи рафтан доранд.

Дар Гурҷистон низ қуюди шабгардӣ ҷорӣ шуд ва равуои ҳама гуна нақлиёти ҷамъиятӣ манъ гардид. Дар Тифлис истифода аз метро низ манъ шуд. Чун дар Қибрис ин ҷо низ дар мошин набояд аз се нафар зиёд сафар каунанд.

Сокинони иёлоти Уелси Нави Ҷанубии Австралия барои нақзи карантин 11 ҳазор доллари австралиёӣ (7 ҳазор доллари ИМА) ҷарима мешаванд.

Дар Булғористон чун дар Австрия, Словакия, Ҷумҳурии Чех ва Босния-Ҳерзоговина шаҳрвандонро водор карданд, ки берун аз хона ниқоб пӯшанд.

Дар Италия зарфи як шабонарӯзи гузашта 812 нафар фавтиданд ва 4050 нафар сироят шуданд. Аммо мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки суръати сироят оҳиста шудааст ва карантинро, ки сеюмин ҳафта аст идома дорад, то 12-уми апрел тамдид кардаанд.

Кормандони калонтарин ширкати интернетии Amazon дар Ню-Йорк даст ба эътисоб заданд ва аз сарваронашон талаб карданд, ки чораҳои бехатрии короновирусро таҳким бахшанд.

Садриаъзами Олмон Ангела Меркел бо вуҷуди он ки сеюмин озмоишаш мавҷудияти вируси короноро ошкор накард, тасмим гирифт ҳоло ҳам дар карантин боқӣ бимонад. Сарвазири Исроил Бинямин Натанёҳу низ эълон кард, ки муддате худро дар карантин нигоҳ медорад.

Интизориҳо аз паёмадҳои КОВИД-19

Ба назар мерасад ҳаёт дар Сайёра дар як нуқтае қарор гирифт, ки наметавон аз он ба чапу рост ҳаракат кард. Бозгашт ба ҳолати аввал барои кулли кишварҳои олам мушкил хоҳад буд. Зарари расида аз КОВИД-19 ҷуброннопазир аст ва он бештар аз ҳар буҳрони баъдиҷанги дуюми ҷаҳон хоҳад буд. Аз ҳоло коршиносон ҳадс мезананд, ки пандемия ба нуқтаи олии худ нарасидааст. Карантин дар аксари кишварҳои олам ҷорӣ шудаву он давомдор ба назар мерасад.  Аммо то кунун дақиқан маълум нест ин вирус, ки шаҳрҳоро пурсукуту ором ва мардумонро хонанишин крадааст, чӣ миқдор зарари иқтисодӣ хоҳад расонд. Ахиран Амрико буҷаи 2 трилион долларии зиддибуҳрониро қабул кард. Аврупо ним трилион ҷудо намуд ва боз мехоҳад ба он илова кунад. Охири моҳи март кишварҳои бистгонаи саноатии олам тасмим гирифтанд 5 трилион доллари андозсупорандагонро сарфи мубориза бо короновирус кунанд.

Фурсатталабон дар карантин даст ба дуздӣ ҳам заданд

Дар Нидерландия аз осорхонаи Зингери шаҳри Ларен шахсони номаълум асари наққошии Винсент Ван Гога (наққоши ҳолландӣ буд, ки кораш таъсири густарда ба ҳунари садаи 20 дошт) “Боғи баҳорӣ” (соли 1884)- ро дуздиданд. Бино ба хабари NOS ғоратгарон шабона бо шикастани дари даромад вориди осорхона шуданд. Онҳо танҳо наққошии Ван Гогаро, ки дар Зингер аз 14-уми январ дар намоиш гузошта шуда буд ва мебоист то 10-уми май он ҷо мемонд, дуздиданд. Ин наққошӣ аз ҷониби осорхонаи Гронинген пешниҳод шуда буд. Гуфта мешавад, ки осорхона барои пешгирӣ аз густариши короновирус дар карантин қарор дошт. Роҳбарияти осорхона гуфтаанд, ки бехатарии осорхона пурра ба протокол мувофиқ буд. Гуфтанист, ки ин осорхонаро соли гузашта низ ғорат карда буданд. Моҳи январи соли 2007 бошад аз он ҳафт муҷассамаро рабуда буданд.

таҳияи Б.Шафеъ

Добавить комментарий