Оқибатҳои мусибатбори ҳамлаи ҳарбии туркҳо

Шаби панҷшанбе ба ҷумъа билохира баъди чанд рӯзи ҳамлаҳои заминиву ҳавоӣ ба хоки Сурия Туркия як оташбаси панҷрӯзаро пазируфт. Дар ин бора ноиби президенти ИМА Майк Пенс ва президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон мувофиқа карданд. Эрдуғон, ки як рӯз қабл ҳеч созишро қабул надошт ва ҳатто мегуфт бо ноиби Трамп мулоқот намекунад, ба ҷуз худи Трамп, аммо ночор шуд бештар аз ду соат бо ӯ сари мизи гуфтушунид биншинад. Шарти оташбаси 12-соата он аст, ки курдҳо неруҳои ҳарбии худро 30 км аз марзи Туркия дур баранд. Анқара пештар ин минтақаро чун “минтақаи бехатар” муайян карда буд. Пенс ба хабарнигорон гуфт, ки агар зарфи ин панҷ рӯз курдҳо қувваҳои худро ақиб кашанд, пас ин ҷанг комилан хотима хоҳад ёфт. Доналд Трамп-президенти ИМА аз ин созиш изҳори хушӣ кард ва ба Эрдуғон ташаккур гуфт, ӯро “дӯст“ ва “хеле одами хуб” унвон кард.

Рӯзи шанбе Раҷаб Тайип Эрдуғон чанд соат баъди ин тавофуқ эълон кард, ки Туркия дар хоки Сурия 12 нуқтаи бозрасӣ эҷод хоҳад кард. Вай ҳамчунин гуфт, ки “минтақаи амн”-е, ки Туркия дар назар дорад, хеле фаротар аз он аст, ки мақомоти амрикоӣ гуфтанд. Ба гуфтаи президенти Туркия “минтақаи амн” ба тӯли беш аз 400 километр ва умқи 32 километр дар шимолу шарқии Сурия хоҳад буд. Сарвари Туркия дар изҳороти ахири худ ҳамчунин гуфт, ки ҳадафи эҷоди “минтақаи амн” аввалан рондани ба истилоҳи вай террористҳо аз минтақа ва ҷобаҷо кардани беш аз 2 миллион паноҳандаи суриёӣ аст, ки ҳамакнун дар хоки Туркия ба сар мебаранд.

Бино ба навиштаи Рейтер муоҳадаи сулҳ минтақаи миёни шаҳрҳои Тали Абиз ва Раъс-ул-Айн (ду шаҳри Курдистони Сурия)-ро дар бар мегирад. Аммо қаламрави дигари шимол боз шомили гуфтушунид ва муоҳадаи дигар хоҳад буд.

Трамп ахиран тасмим гирифт, ки неруҳои мусаллаҳи амрикоиро аз шимоли Сурия хориҷ кунад. Ин тасмимро ногаҳонӣ, ки худи президенти Амрико тасмими башардӯстона меномад, як силсила мушкилотро ба вуҷуд овард. Курдҳои Сурия, ки Амрикоро аз муттаҳидони худ медонистанд, хиёнати ошкорро диданд, аммо барои Туркия, низоми Асад, Русия, Эрон ва ҳатто ҷиҳодгарони созмони ДОИШ имкониятҳои нав пайдо шуд. Туркия аз ин моҳирона истифода кард ва лаҳзаи муносибе барои саркӯб кардани курдҳо дар марзи худ пайдо намуд. Таҳлилгарон мегӯянд дар ин 8 соли охир вазъ дар Ховари Миёна бар асари даргириҳои густарда тағйир ёфт, вале тасмими ахири Вашингтон аз гардиши куллӣ дар раванди рӯйдодҳо хабар медиҳад. Ҳоло наметавон пешбинӣ кард, ки ин хирадмандии Трамп буд, ки ояндаи як бебандубориро эҳсос намуд, ки тарҳашро худи ӯ дар даст дорад ва ё ин як рӯйкарди мусбатест, ки ояндаи хубтарро дар минтақа метавон дид. Вале то замоне, ки минтақа майдони кашмокаши қувваҳои хориҷист, аз сулҳу осоиш ҳарф задан бармаҳал аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз ҳудуди як даҳсола ба инҷониб ҳадс зада мешуду мешавад, ки сарнавишти Сурияро на мардуми он, на Башор Асад, балки хориҷиён ҳал мекунанд ва то замоне, ки манфиатҳои қудратҳо пурра ба назар гирифта нашавад, ин ҷангҳо ва ин бебандубориҳо идома хоҳанд кард.

Аммо сарварони маъруфи Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико аз тасмими Трамп ва дар инзивоъ қарор додани курдҳову ҳимояташ аз ҳамлаи Туркияро шадидан интиқод карданд ва ҳамзамон талоши Туркияро поксозии қавмӣ номиданд. Сарварони ҷумҳурихоҳон ба ин назаранд, ки агар Трамп хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Сурияро мутаваққиф накунад, баъди саркӯбии ДОИШ ҷаҳон ва минтақа шоҳиди рӯйи кору фаъолият омадани гуруҳҳои дигари террористӣ хоҳад шуд.

Эмануэл Макрон, сарвари кунунии Фаронса гуфтааст, ки ӯ дар мавриди ақибнишинии қувваҳои амрикоӣ аз Сурия аз тариқи Твиттер огоҳ шудааст, на аз ягон роҳи дипломатӣ.

Сенатори амрикоӣ Линдси Грем дар бораи суҳбати телефониаш бо генерали курдҳо Кубонӣ навиштааст. Дафтари Линдси Грем ахиран хабар дод, ки генерал Кубонӣ гуфтааст, ки “барқарории як минтақаи амн мушкил надорад, аммо ин эҷоди минтақаи амн нест, ин ишғоли ҳарбӣ аст, ки ба овора шудани садҳо ҳазор нафар сабаб шудааст. Ин як поксозии қавмӣ аст”.

Аммо тибқи хабари худи Эрдуғон дар ҳоли ҳозир курдҳо аз минтақа ақибнишинӣ мекунанд, вале неруҳои ҳарбии Туркия боқӣ мемонанд, то ҷараёни ин хуруҷи курдҳоро мушоҳида ва ба он бовар ҳосил намоянд.

Расонаҳои хабарӣ ахиран иттилоъ доданд, ки аз 9 октябри соли равон, ки Туркия даст ба ҳамла зад, то 18 октябр дар минтақаи даргириҳо бештар аз 500 нафар кушта шудаанд, ки 224 нафари онҳо сарбозони неруҳои курдӣ буданд. Аз ҷониби нимаҳарбиҳои таҳти ҳимояти Туркия низ 183 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз кушта шудани 72 сарбози Туркия низ гузориш дода шудааст. Дар миёни қурбониёни ғайриҳарбӣ 20 шаҳрванди Туркия низ дида шудаанд.

Баъзе рӯзномаҳо навиштаанд, ик дар ин ҷангҳо туркҳо ба муқобили курдҳо аз гази сафеди фосфор истифода кардаанд

Аммо чаро Туркия тасмим гирифт бо курдҳои Сурия биҷангад? Онҳо ба Туркия чӣ хатар доранд?

Дар остонаи ҳамлаи Тукрия ба Сурия ин суол матраҳ шуд ва коршиносон талош карданд вазъро таҳлил ва посухи мушаххастар пайдо кунанд. Яке аз посухҳо ин буд, ки Туркия мехоҳад курдҳоро аз марзаш биронад ва як минтақаи 32-километраи амн эҷод кунад. Дар ҳамин минтақаи амн Туркия ният дорад то 2 миллион паноҳандагони Сурияро, ки ҳоло дар урдугоҳҳои Туркия ҳаёт ба сар мебаранд, ҷобаҷо созад. Аммо қаламраве, ки туркҳо мехоҳанд минтақаи амн созанд, аз ҷониби Воҳидҳои дифои халқӣ (YPG) мансуб ба муборизони курд аст ва воҳиди ҳарбии SDF бахше аз он мебошад. ИМА аз YPG ва SDF пуштибонӣ мекунад ва бо мадади Амрико онҳо ДОИШ-ро аз ин қаламрав комилан бурун ронда буданд. Анқара бошад YPG-ро шохаи ҳарбии Ҳизби коргарии Курдистони фаъолияташ мамнуъшуда медонад. Ин ҳизб аз соли 1984 барои бунёди мухторияти курдҳо дар ҷанубу шарқии Туркия мубориза мебарад. Туркия, ИМА ва баъзе кишварҳои аврупоӣ ҳам Ҳизби коргарони Курдистонро террористӣ эълон кардаанд, вале YPG ҳар гуна иртиботаш бо ин ҳизбро рад мекунад. Ва Анқара бим аз он дорад, ки ҳузури курдҳои мубориз дар марзҳояш вазъро ноором мекунад ва онҳо билохира метавонанд назири Ироқ қитъаи мухтори худро дар қаламрави Туркия ташкил кунанд.

Амрико моҳи декбри соли 2018 эълон кард, ки ДОИШ дар Сурия саркӯб шуд ва дигар ҳоҷати боқӣ мондани неруҳои амрикоӣ дар ин сарзамин нест. Аммо муттаҳидони аврупоии ИМА эътироз карданд, ки ҳоло дар мавриди нобудии ДОИШ сухан рондан барвақт аст.

Вазири мудофиаи ИМА Марк Эспер иддиои курдҳоро, ки гӯё ИМА ба ормонҳояшон хиёнат кард, бепоя хонд ва гуфт, ки Вашингтон онҳоро танҳо нагузоштааст. Вале ҳарфи вазир дигар буду вазъи курдҳо баъди ҳамлаи туркҳо бозгӯкунандаи ҳоли дигар. Ва коршиносон мегӯянд курдҳо дар таърихи муборизаҳои худ бори аввал нест, ки бозичаи дасти қудратмандон мешаванд. Дар гузашта низ чунин иттифоқоте пеш омада буд. Аммо ҳоло курдҳо дигар илоҷе наёфтанд ба ҷуз ин ки барои ёрӣ ба душмани аслии худ Димишқ муроҷиат кунанд. Ин мувофақа дасти Башор Асадро барои бозгашт ба марзе, ки аз соли 2012 онро назорат намекунад, боз кард. Ин ҳамон мушкиле буд, ки ИМА ва муттаҳидонаш ва ҳатто худи Туркия низ аз он ҳарос дорад. Вуруди неруҳои Асад ба ин минтақа вуруди Русия ва Эрон низ ҳаст. Ва шояд як сабаби миёнҷигарии Трампу саросемавор эълони оташбас кардани туркҳо ҳам ҳамин бошад. Ҳоло маълум нест, ки баъди тавофуқи оташбас курдҳо минтақаро холӣ мекунанд ва ё бо вуруди қувваҳои Асад ба муқовимати худ идома медиҳанд.

Инак, замоне, ки нашрияи мо ба нашр мерасад, аз эълони оташбас вақти таъиншуда мегузарад. То ин лаҳзаҳо курдҳо аз нақзи оташбас аз ҷониби туркҳо хабар доданд ва гуфтанд, ки онҳо монеъи хуруҷи ғайриҳарбиён аз минтақа шудаанд. Ҳоло, ки ин сатрҳоро менависем, наметавонем ҳадс бизанем, ки курдҳо ақиб нишастанд ё на. Аммо наметавонем дар поёни навишта як изҳори назари ҷолибро сарфи назар намоем.

Мишел Дюкло, ки дар гузашта сафири Фаронса дар Димишқ буд ва ҳоло мушовири Пажуҳишгоҳи Монтен мебошад, мегӯяд дар ин ҷанг Путин баранда шуд. Назари дипломати собиқадор ин аст, ки Ғарб бо сарварии Амрико бозандаи ин бозии сиёсиву ҳарбӣ шуданд. Мишел Дюкло ахиран китоберо бо номи “Шаби ялдои Димишқ” интишор дод ва навишт, ки дар марҳилаи кунунӣ шикасти Аврупо дар Сурия яқин аст, амрикоиҳо орзуи зудтар берун рафтан мекунанд, аммо Путин ояндаи муқовиматҳоро зери назар хоҳад дошт. Бо ёрии Туркия, Исроил ва Эрон назоратро дар дасти худ нигоҳ медорад.

Ин дипломат боз ҳам ба ин назар аст, ки Ғарбро лозим меояд иштибоҳоташро баррасӣ кунад. Вале ҳоло ҳам барои Аврупо ва ҳам барои оламиён раҳоӣ аз оқибатҳои ҷанг дар Сурия мушкил аст.

Фирӯзи Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here