15 — уми апрели соли 1929 воҳидҳои Артиши Сурх, ки аз тариқи дарёи Ому вориди Термиз шуда буданд, марзи Шӯравӣ бо Афғонистонро убур карданд ва ба Афғонистон ҳамла бурданд. Сарбозони артиши сурх сарулибоси афғонӣ доштанд ва таҳти фармондеҳии Виталий Примаков, ки ба сурати афсари турк Роғиб-бей даромада буд, амал мекарданд. Виталий Примаков он замон намояндаи ҳарбии Шӯравӣ дар шаҳри Кобул буд.

 Чекисти барнагашта Гергий Агабеков, ки сардори бахши шарқии Шуъбаи хориҷии ОГПУ буд, ин манзара ва ин саҳнаҳоро чунин ба қалам меорад: «800 коммунистон интихобии артишисурхӣ, ки сару либоси афғонӣ пӯшидаву бо силоҳҳои ин кишвар мусаллаҳ шуда буданд, дар соҳили дарёи Ому дар наздикии шаҳри Тирмиз гирд оварда шуданд ва барои убур аз дарё омодагӣ медиданд. Ҳамаи баржаҳо, заврақҳо, киштиҳои моторӣ дар қадоқади ин дарё ба ҳамин нуқта равона карда шуданд, то сарбозон ба зудӣ ва осонӣ аз марз гузаранд.

Субҳи бармаҳал як эскадрилия иборат аз 6 аэроплан, ки бо бомб ва пулемётҳо муҷаҳҳаз буданд, аз фурудгоҳи Тирмиз ба ҳаво хестанд. Баъди боло шудан ва баландии лозимро ишғол кардан ин аэропланҳо ба самти муқобили дарё, ки постгоҳи марзии Афғонистон Патта-Ҳисор воқеъ буд ва онро ҳудудан 50 тан сарбозони марзбони афғонӣ посбонӣ мекарданд, ҳаракат карданд. Ба муҷарради шунидани садои мотори аэропланҳо сарбозони афғонӣ аз кулбаҳо берун шуданд, то ба онҳо даст ёбанд, чун гумон доштанд онҳо рӯ ба самти Кобул доранд. Аэропланҳо ду бор давр гаштанд, ба постгоҳ поин омаданд ва якбораву ногаҳонӣ борони тири пулемёт ба сари сарбозони бахтбаргашта борид. Бомбҳои партовшуда хонаҳои гилии постгоҳи марзиро ҳадаф қарор доданд, иддае аз сарбозон ҳамон замон зери хок шуданд, дигарон, ки рӯ ба фирор оварда буданд, тирборон гардидан ва кушта шуданд. Танҳо ду сарбоз тавонист бо работи наздиктарин раванд ва ҷонашонро наҷот диҳанд ва ҳамзамон ин навгонии басо мудҳишро ба қисми фармондеҳӣ расонанд. Ин замоне буд, ки сарбозони либоси афғонипӯш бо заврақҳо аз об гузаштанд.  Горнизони Сиёҳ-Ҳерт бо 100 сарбозаш ба самти Патта-Ҳисор роҳ пеш гирифт, вале ҳамаи онҳо бо зарби тири пулемёт кушта шуданд. Субҳи рӯзи дигар воҳидҳои ҳарбии Примаков аллакай дар остонаи Мазори Шариф қарор гирифта буданд”.

Сабаби амалиёти ҳарбии Шӯравӣ дар Афғонистон шӯриши Ҳабибуллохон Каллаконӣ мулаққаб ба Бачаи Саққо буд, ки моҳи ноябри соли 1928 бар зидди Амонуллохон роҳандозӣ шуд. Шоҳи Афғонистон бар асари ин шӯриш аз Кобул фирор кард ва 17-уми январи ҳамон сол шӯришчиёни Ҳабибуллохони Каллаконӣ Кобулро ишғол намуданд. Ин буд, ки моҳи марти соли 1929 Иосиф Сталин тасмим гирифт ба шоҳи Афғонистон мадад кунад. Аз назари Сталин Ҳабибуллохон парвардаи англисҳо буд, ин ҳам дар ҳолест, ки вай аслан иртиботе бо онҳо надошт. Сталин ба намояндаи ҳарбии шӯравӣ фармон дод, ки як нерӯи якҳазорнафараро муҷаҳҳаз кунад, онҳоро сару либоси афғонӣ пӯшонда ва вориди Афғонистон созад.

Ба консули генералии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Мазори Шариф, ки дар асл афсари хидматкардаи ОГПУ буд, дар бораи ин ҳамла аслан хабар надода буданд. Ҳамчуноне чекист дар хотираҳояш менависад, шабона ӯро ба назди волии Мазори Шариф оварданд. “Шумо, ҷаноби консул, ҳамеша ба ман дар бораи муносибатҳои дӯстонаи кишваратон бо Афғонистон ҳарф мезадед, аммо дар асл аэроплонҳои шумо постгоҳҳои марзии моро тирборон кардаву ба сарбозони мо ҳамла кардаанд,- гуфт бо ғазаб волӣ. – Мегӯед ин ҷо сӯитафоҳумест. Вале неруҳои шумо постгоҳи моро ишғол кардаанд ва ба самти Мазори Шариф дар ҳоли ҳамла мебошанд. Дусад сарбози мо кушта шуд, аммо шумо инро сӯитафоҳум меномед”,- ба сараш дод зад волӣ. Ба гуфтораш хира шудам, мегӯяд консул-чекист, вале намедонистам чӣ посух диҳам. Неруҳои мо вориди Афғонистон шудаанд, бо ин кишвар дар ҷанганд, вале маро аз ин огоҳ накардаанд ва маро ҳоло миёни ин туркманҳои ваҳшӣ тани танҳо гузоштаанд. Худо медонад, ки инҳо бо ман чӣ хоҳанд кард.

Ба консулхона баргашта соҳибмансаб ба номи идораҳои боло гузориш навишт. “Аммо баногоҳ хомӯшии шабро садои тӯп шикаст ва баъди он садои тирборони мусалсал ба гӯш расид. Тирпарронӣ муддати ду соат идома кард. Баъди ин шиддати он боз ҳам афзунтар шуд ва бо садои “Ура” сарбозони мо муқовимати афғонҳоро шикаставу вориди шаҳр шуданд. Соати 8-и субҳ амалиёт ба анҷом расид. Шаҳр аз ҷониби сурхҳо ишғол шуд, афғонҳо қисман ҷониби Тошқурғон фирор карданд ва бахше дар паногоҳҳои Балх худро нопадид сохтанд.

Баъд аз зуҳр ман ба ситод рафтам. Он ҷо ман сарвари намояндагии ҳарбӣ Примаковро дидам. Вай маро даъват кард, ки шаҳрро гардем. Ҳамроҳ бо вай деворҳои шаҳрро тамошо кардем, ин деворҳо ҳоло аз зарби тири пулемётҳои мо сӯрох шуда буданд. Дар ҳар гӯша мурдаҳои афғонҳо мехобид, бахусус дар назди дарвозаи шаҳр, ки тӯда тӯда муҳофизони шаҳр аз зарби гулула кушта шуда буданд ва мурда болои мурда мехобид”.

Ба он нигоҳ накарда, ки фармони қатъӣ дода шуда буд, ки касе бояд ба забони русӣ суҳбат накунад, садои русӣ шунида нашавад, баъди ишғоли Мазори Шариф “кӯчаҳо аз ҳарфу садои русӣ лабрез шуда буданд. Ба ин намояндаи ғайрирасмии хадамоти ҷосусӣ бо номи Матвеев шаҳодат медод. Аэропланҳои мо намоишкорона, ҳатто нишони ситораи сурхро ҳам ранг накарда ҳар рӯз ба ноҳияҳое, ки артиши душман ҷойгир шуда буд, парвоз мекарданд ва бомб меафканданд”. Тибқи оморҳои тахминӣ танҳо дар Мазори Шариф ҳангоми ҳамлаи сурхҳо бештар аз 3 ҳазор нафар афғониҳо кушта шуда буданд. Аммо сурхҳо қариб, ки ягон талафот надоштанд.

Баъдан воҳидҳои ҳарбии Примаков ба самти Тошқурғон ҳаракат кард. “Ҳамаи касон, ки сари роҳи онҳо мебаромаданд, хоҳ силоҳ доштанд ва хоҳ на, парронда мешуданд, то ки натавонанд дар бораи ҳаракати мо ба дигарон маълумот расонанд, — иқрор шудааст намояндаи хадамоти ҷосусӣ. – Ба шарофати ҳамин тактика дар бораи ҳамлаи мо ба Кобул танҳо дар ҳафтумин рӯзи ишғоли Мазори Шариф хабар расид. Аз он ҷо оҷилан бар зидди неруҳои мо 3 ҳазор аскар равона карда шуд ва онро вазири ҳарбӣ Сайид Ҳусейн сарварӣ мекард. Ба афғонҳо имкон додем то ба масофаи тиррас пеш оянд ва баъди он онҳоро гулулаборон кардем. Бармаҳал ҳар сарбоз афғонеро зери нишон гирифта буд, аз ин рӯ тирҳо зуд ба ҳадаф мерасиданд. Одамон мисли дарави алаф ба зани мехобиданд. Баъди ним соат одамони Ҳусейн фирор карданд ва худро дар дараи куҳӣ паноҳ намуданд. Ҳамон замон мо онҳоро зери ҳамлаи артилерӣ қарор додем. Аз ин се ҳазори ҳамлакарда, каме бештар аз ҳазор нафар боқӣ монданд. Мо бидуни ист ба пеш ҳаракат кардем. Ҷасади мурдагонро касе ҷамъ намекард. Вақте баъди даҳ рӯз мо бо ҳамон роҳ ақиб гаштем, ҷасадҳо ҳамоно мехобиданд. Бале мо метавонистем пеш равем, Кобулро ба ишғол дароварем, чун медидем, ки бачаҳои мо хуб тирандозӣ мекунанд…”

Вале “бачаҳои” Примаковро насиби то Кобул расидан набудааст. Афғонҳо баъди чандин талоши шикасти примаковиён аз Мазори Шариф, ба муҳосираи дурусти шаҳр даст ёфтанд. Примаков пайваста бо Тошканд дар иртибот мешуд ва талаб мекард, ки неруҳои тозанафас фиристанд, техника ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ ирсол кунанд. Вай мегуфт: “Агар ман 200 норинҷаки газӣ (иприт, 200 норинҷаки хлордор) ба силоҳҳоям гирам, масъала пурра ҳалл мешавад”.

Ба ёрии Примаков отряди дуюмро эъзом карданд, ки аз марз ба сӯи Мазори Шариф ҳаракат карда буд. Аммо ишғоли Кобул дигар маънову мафҳуми худро гум карда буд. Ба русҳо маълум шуд, ки Амонуллоҳхоне, ки ин ҳама хунрезиву куштор ба хотири баргардонидани тахту тоҷи вай роҳандозӣ шуд, аз тариқи Қандаҳор ба Ҳинди британиёӣ фирор кардааст ва аз мубориза бо Ҳабибуллоҳхони Каллаконӣ даст кашидааст.

Он вақт Сталин фармон дод, ки бедиранг ба ҳамла поён диҳанд ва амалиётро қатъ кунанд. Агабеков баъдан дар ёддошташ навиштааст, ки ҳангоми бозгашт аз Мазори Шариф неруҳои артиши сурх ҳама пӯсти қароқулие, ки дар анборҳои ин шаҳр буд, бо худ ба Шӯравӣ овард. Ин ҷуброни ҳама он талафоте буд, ки дар ҷараёни ин ҳамла шуда буд”.

 

Владимир ВОРОНОВ 

 «Совершенно секретно», No.6/422 Март 2019

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here