Кумитаи 300, асрори ҳукумати ҷаҳонӣ (анг. The ConspiratorsHierarchy: The Committee of 300) — як китоби моҷаробарангези Ҷон Коулман аст. Муаллиф даъво мекунад, ки дар гузашта солҳои басо тӯлонӣ дар хадамоти иктишофии Британия кор кардааст. Ин китоб соли 1992 рӯи чопро дид.

«Кумитаи 300» дар тасаввури бунёдгузоронаш як мақоми олии назораткунандаест, ки бино ба иддиои муаллифи китоб оламро аз соли 1897 идора мекунад. Ҳадафи он барпо кардани як давлати воҳиди умумиҷаҳонист.

Китоб соли 1992 чоп шуда буд ва гуфта мешуд, ки ба ин кумита шахсиятҳои басо барҷастае узвият доранд, аз ҷумла Ҷорҷ Буш, қариб ҳамаи шоҳигариҳои Аврупо, ҳатто Дэвид Рокфеллер ва сармоядорони дигари сатҳи ҷаҳонӣ.

Ин муаллиф ҳатто даъво дорад, ки ислоҳоти либералию демократии солҳои 1990-и Русия пешниҳоди ҳамин кумита буд ва ба он роҳбарони сатҳи аввали ин кишвар ҷалб шуданд. Аъзои кумита фармонҳоро бевосита ба худи Борис Елсин медоданд.

Албатта, то куҷо асос доштани ин даъворо наметавон исбот кард. Вале китоб ба ҳадде баҳсбарангез аст, ки агар тибқи он ин кумита ба низомномаи худ даст занад, теша бар решаи башарият хоҳад зад. Ва дар давлати бунёдмекардаи онҳо Инсон ҳамон 300 ва атрофиён хоҳанд буд ва боқӣ ғулому барда.

Ҷон Коулман дар китоби худ «Кумитаи 300. Асрори ҳукумати ҷаҳонӣ” ниятҳои асосии ин ҷамъиятро ба тариқи зерин фош кардааст:

  1. Комилан харобу вайрон кардани давлатҳои миллӣ, ҳуввият ва шарафу каромати миллӣ. Ба ҷойи онҳо Ҳукумати Воҳиди Ҷаҳонӣ ва системаи якранги пулӣ бо олигархони ивазнашавандаи меросӣ, ки сарваронро аз сафи худ ба гунаи системаи ҳокимияти феодалӣ, ки дар асрҳои миёна буд, интихоб мекунанд. Ҳукумати Воҳиди Ҷаҳонӣ низоми маҳдуд дар насл дорад ва бо василаи коҳиши шумораи кӯдакон ва оғози ҷангҳо, бемориҳо, гуруснагиву ташнагӣ бояд аҳолии Сайёра 1 миллиард нафар монад ва инҳо афроде бошанд, ки ба синфи ҳукмрон фоида оварда тавонанд.
  2. Тибқи ин барнома ҳаддиақал 3 миллиард “хӯрандаҳои бефоида” то соли 2050 бояд бо роҳандозии ҷангҳои маҳдуд, паҳн намудани бемориҳои сироятии табобатнашавандаи марговар ва гуруснагӣ нобуд карда шавад. Миқдори энержӣ, ғизо ва об танҳо барои эҳтиёҷи аҳолии сафедпӯсти Аврупои Ғарбӣ ва Амрикои Шимолӣ нигоҳ дошта мешавад ва баъди таъмини онҳо барои ирқу нажоди дигар.
  3. Синфи миёна нахоҳад буд, дар ин ҷомеаи нав танҳо ҳокимон боқӣ мемонанд ва ғуломону бардагон. Ҳамаи қонунҳо дар системаи ҳуқуқии додгоҳҳои ҷаҳонӣ муттаҳид хоҳанд буд, ҳамон як кодекси қонунҳое амал мекунад, ки онро пулиси Ҳукумати Воҳиди Ҷаҳонӣ назорат мекунад, неруҳои мусаллаҳи Ҳукумати Воҳиди Ҷаҳонӣ ин қонунҳоро дар кишварҳои собиқ, ки дигар марз надоранд, татбиқ менамоянд. Ин система ба сони як кишвари пурравнақу мутараққӣ аст ва ҳар он қисмате ишғол мешавад, ба Ҳукумати Воҳиди Ҷаҳонӣ хизмат хоҳад кард ва он бо воситаҳои зиндагиофар таъмину мукофотонида мешаванд ва ҳар касе ба шӯришу балво даст мезанад, ғайриқонунӣ эълон мегардад ва аз гуруснагӣ мемирад. Доштани силоҳи шахсии оташфишон иҷозат дода намешавад.
  4. Системаи иқтисодӣ рӯ ба синфи ҳукмрону пулдор меорад ва ин синф иҷозат хоҳад дод чӣ миқдор мол барои эҳтиёҷи урдугоҳҳои бардагӣ ва таъмини ғуломон бояд истеҳсол намуд. Ҳамаи сармояи олам дар дасти нухбагони Кумитаи 300 қарор хоҳад гирифт. Ба ҳамаи одамон ин воқеият расонида мешавад, ки онҳо барои зинда мондан ва ҳаёт ба сар бурдан аз давлат вобаста мебошанд. Олам тибқи эъломияи иҷроияи Кумитаи 300 идора мешавад ва ин қонун фавран баъди таъсиси Кумита мавриди амал қарор мегирад.
  5. Саноат якҷо бо системаҳои атомии энержӣ бояд куллан аз байн бурда шавад. Танҳо аъзои Кумитаи 300 ҳаққи истифодаи захираҳои заминро доранд. Кишоварзӣ комилан дар дасти ҳамин Кумита қарор мегирад, маводи ғизоӣ ҷиддан зери назорат хоҳад буд.
  6. Фаъолияти ҳамаи Бонкҳои марказӣ манъ мешавад, танҳо ду бонк боқӣ мемонад, ки яке Бонки ҳисобҳои байналмилалӣ ва дуюмӣ Бонки умумиҷаҳонист.
  7. Танҳо як дин амал хоҳад кард, ки Калисои Ҳукумати Воҳиди Ҷаҳонӣ аст. Шайтонпарастӣ ва ҷодугарӣ қонунӣ ҳисобида мешавад. Ҳамаи калисоҳои масеҳӣ вайрон карда мешаванд, худи масеҳият моли таърих мешавад ва аз он касе ҳаққи ёд кардан нахоҳад дошт.
  8. Никоҳ ғайриқонунӣ эълон мешавад, ҳаёти оилавӣ низ. Бачаҳоро ба муҷарради таваллуд шуданашон нозирон бо худ мегиранд ва чун ашёи давлатӣ парвариш мекунанд.
  9. Шаҳватпарастӣ васеъ таблиғ мешавад. Дар ҳар кинотеатр қатори филмҳои дигар ҳатман филмҳои шаҳвонӣ, ҳамҷинсгароӣ намоиш дода мешавад. Истеъмоли маводи мухаддир чун “нерӯи барқароркунанда” ҳатмист. Мухаддироте, ки тафаккурро тағйир медиҳад, васеъ паҳн мешавад.

Ва боз нукоти дигар. Аслан мешавад онро идома дод, вале нукоти муҳим ва ташвишовари он ҳаминҳоянд. Яъне, сохтани ҷаҳони наве, ки онро ҳамин 300 тан идора мекунанд, албатта бо ёварону пайравону фарзандонашон.

 

Таҳияи Парвиз АМИНЗОДА

Добавить комментарий