Муҳаббатномае ба дӯстам Владимир Захватов, ки дар Русия бо ёди Тоҷикистон зиндагӣ дорад

Ман ин инсони хушсиморо умре эҳтиромаш мекардам ва ҳоло низ.
Замоне мо ҳамкор будем: вай журналисти баркамол, соҳибтаҷриба, таҳсилкардаи мактаби журналистии яке аз хонотарин нашрияҳои ҷавонони кишвар бо забони русӣ “Комсомолец Таджикистана».
Ва замоне, ки ошно шудем, ман як журналисти навкор ва ӯ муовини раиси радио ва телевизиони кишвар буд. Ва ду русро медонам, ки муовини раис дар ин муаcсиса буданд: Сонин Алексей ва Захватов Владимир. Ду нафаре, ки аз замин то осмон аз ҳам фарқ мекарданд. Ва ман ҳамин руси дуюм: Владимир Захватовро ёд дорам. Эҳтироми ман ва даҳҳо ман баринҳо шояд танҳо аз он буд, ки ӯ низ ба мо эҳтиром дошт, ин миллатро дӯст медошт. Шояд ман пештар ин ҳарфро намегуфтам, вале ҳоло мегӯям. Чун мебинам, ки Володя ҳамоно бо ҳамон муҳаббат нисбат ба тоҷикону Тоҷикистон зиндагӣ дорад.
Замоне бемор шуд, шадидан бемор. Ба ҳадде, ки номаи хайрбодашро дар Фейсбук кошт. Ин навмедшуда аз зиндагиро даҳҳову садҳо нафар дилбардорӣ карданд ва дар миёни онҳо даҳҳо тан тоҷикон буданд. Мо менавиштем, ки Володя, навмед набош, ки даст ба дуоем.
Ва ӯ шифо ёфт, ҳатто худаш ҳам намедонист аз чанголи марг чӣ гунар раҳо шуд. Ин дуои ҳамон садҳову ҳазорҳо буд, ки аз дуру наздик ирсол мешуд. Шодам, ки ман ҳам яке аз он садҳо будам.
Соле пеш дар ҳуҷраи кории директори “Ховар” Сайидалӣ Сиддиқ менишастем ва аз рӯзгори корамон дар радио ёд мекардем. Ва Владимир Захватов ёдамон омад. Ману Сайидалӣ мерафтем гузориш омода мекардем ва албатта гузориши танқидӣ. Танқиди як раиси колхозу директори совхозу парторги он чӣ даъвоҳоеро ба сари радио меовард. Ва сипари мо ҳамин Володя буд. Мегуфт: Бачаҳо, ман шуморо ҷанг мекунам, вале шумо равед ба коратон идома диҳед. Ва мо мерафтем ва рӯзи дигар боз як гузориши танқидии дигар…
Ҳамин гуна як Володя доштем ва шукр, ки ҳоло ҳам дорем. Дар Русия аст ва ҳамеша садояш ба дифоъ аз муҳоҷирини тоҷик, Тоҷикистон шунида мешавад. Суханаш вазн дорад, чун дар он ҷомеа шахси шинохтаест ва ҳарфаш бетаъсир ҳам нест.
Бо ман ҳоло ҳам дар фазои маҷозӣ тоҷикӣ суҳбат мекунад, бо гузашти солҳо ин забонро фаромӯш накардааст. Намакшинос аст, ҳамеша аз Тоҷикисон бо муҳаббати самимӣ ёд меорад. Ва ин шояд хислатҳои падараш Василий Ермолаевич Захватов буд, ки ба ӯ мерос гузашт. Василий Ермолаевич умре дар вазифаҳои сарварӣ кор кард, инсоне буд, ки имрӯз ҳам номашро ба некӣ ба забон меоранд.
Дар ин расм дар кӯчаи ба номи падараш дар шаҳри Ваҳдат мебинем. Ҳоло намедонам ин кӯча ҳаст ва ё қатори даҳҳо кӯчаҳои дигар ном дигар кардааст. Соле пеш Володя аз ман хоҳиш кард фаҳмам, ки ҳаст ё на. Талош кардам, ҳеч маълумот дастрас нашуд. Ҳоло ҳам намедонам дақиқан ҳаст ин кӯча ё на. Посухи саволашро як сол аст, ки надодаам. Бояд рават Ваҳдат. Аммо фурсат нашуд. Меравам…
Ангезаи навиштани ин чанд сатр пости ахиран гузоштаи Владимир Захватов дар саҳифаи худ дар Фейсбук буд. Таърихи ҳамин расмро нақл мекунад ва хостам тарҷумаи онро комил ин ҷо орам:
“Ин расм дар кӯчаи ба номи падари ман бардошта шудааст. Вай кӯчаи хурдакакест, вале ба ҳар ҳол кӯча аст. 7 ноябри соли 1990 ман он ҷо рафтам, шаҳри Ваҳдат, 20 километраи шаҳри Душанбе. Ба хонаи дӯсти падарам, ронандаи ӯ, ки муддати 12 сол бо ҳам кор карда буданд. Ва аз амаки Гург хоҳиш кардам, ки дар ҳавлии ӯ маросими ҳафти падарамро гузаронем (тибқи қонунҳои шариати исломӣ. Ҳарчанд падарам православи рус буд, вале вай тамоми умр дар Тоҷикистон зиста буд!).
Албатта, Гург розӣ шуд. Аз ким-куҷое лахтҳои калон-калони брезент оварданд, рӯйи ҳавлӣ паҳн карданд, аз ҳамсоягон даҳҳо кӯрпача, агар сад ҳам набошад, оварданд, болиштҳо оварданд, барои маърака буқача ва ду гӯсфандро ҳам харидорӣ карданд ва тамоми шаб ғизо омода сохтанд: шӯрбо, палов пӯхтанд…
Вале мо дақиқан ҳисобу китоб накарда будем. Гумон доштем ҳамин ҳамсоягони дуру наздик меоянд, то хотири падарамро пос доранд. Аммо одамон меомаданду меомаданд. Ва се мӯйсафеди ришсафед оят тиловат мекарданду ба руҳаш мебахшиданд.
Баъдан дидем, ки хӯрок ҳам тамом шуд ва медидем, ки ҳоло ниме аз одамон ҳам наомадаанд. Ман хостам ба базор равам, он ҷо боз буқачаи дигар ва гӯсфанд харидорӣ кунам, дар ҷайб пул ҳам доштам. Ногаҳон дидам, ки як ҳамсоя паси девор буққачаеро баста меорад, дигарон касе гӯсфанд, касе буз…Ман мехостам ба онҳо пул диҳам, вале одамон рад карданд, пуламро нагирифтанд ва мегуфтанд: Мо Василий Ермолаевичро медонистем ва дӯсташ медоштем. Пул намегирем, нуқта!!!
Ман ёд надорам кӣ буд, вале садои якеро шунидам, ки мегуфт: Падари ту ҳарчанд рус буд, вале озодона бо тоҷикӣ суҳбат мекард, забони ӯзбекиро ҳам медонист. Расму таомули моро медонист, исломро ҳам медонист. Вай зиёд корҳои хубе кард барои мардуми мо. Солҳое, ки дар ноҳия котиби аввал буд, дар деҳаҳои куҳӣ 120 мактаб сохт, барои омӯзгорон хона сохт, то ки зимистон бачаҳо масофаи зиёдро пиёда тай карда ба мактабҳои дигар нараванд, балки дар мактаби деҳаҳои худ хонанд!
Ва дубора дегҳоро алов монданд ва ёдбуд идома кард….
Ҳамон рӯз ба ёдбуди падари ман наздик аз ду ҳазор нафар омаданду рафтанд, аз ҷумла президенти Тоҷикистон омад ва дуо хонду бо дигарон гирди як дастурхони калон нишасту рафт…
Ман нишастам ва ба ёд овардам, ки чи гуна ҳафтае пештар дар Суздал гурезаи рус-падари маро ба хок месупурдем ва паси тобути вай танҳо оилаи вай мерафт: се писар, духтар ва модари мо… Вақте вай вафот кард, дар дасташ ягона тиллое дошт, ки тамоми умр кор карда буд – ордени Ленин…
Ана ҳамин як пора хотира…”
Ин танҳо хотира нест, ин муҳаббатномаест ба миллати ман. Аз он ки ин миллат то куҷо кучактарин лаҳзаҳои умрашро ба таърих табдил медиҳад ва намехоҳад некии касеро фаромӯш кунад. Ин миллат ҳофизае дорад, ки дар он танҳо некиҳоро нигоҳ медорад ва садҳо бадиро дар баробари як никӣ фаромӯш мекунад.
Соате, ки ин сатрҳоро менавиштам, боз хабар расид, ки Володя дубора бистарист ва ин бор аз аввал ҳам ҳолаш вахимтар аст. Боз ҳам дар Фейсбук нома навиштаву аз дӯстонаш илтимоси дуо карда. Гумон мекунам ин марде, ки дар ватани бобоияш ҳам лаҳзае фориғ аз ёди Тоҷикистон нест, сазовор аст дар ҳақаш дуо кунем…

Бобоҷони Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here