Дар замонҳои хеле қадим миёни Ҳимолойи Миёна ва Бузург як кӯли хеле калоне доман густарда буд. Худоёни қудратманд онро хушкониданд, ҷояшро бо бешаҳои хушманзар, рӯдхонаҳои хурӯшону нилгун, гулҳои муаттар пур карданд. Водии Кашмир — яке аз зеботарин маконҳои рӯи Замин ҳамин гуна арзи вуҷуд кард…

Афсонаи Ҳинди Бостон

Ва сарнавишт ҳам ин буда, ки дар ин як гӯшаи зебоманзари рӯи Замин пайваста хун мерезад. Ҳазорон нафар аз хонаҳои худ бехона мешаванд, тифлакон бесарпараст мемонанд. Бо гузашти даҳсолаҳо ҳамоно касе наметавонад ба сокинони он кафолати амният ва шукофоии ҳамешагӣ бидиҳад…

КАШМИР як сарзамини баҳсӣ ва минтақае дар шимолу ғарби нимҷазираи Ҳинд аст, ки аз иёлоти Ҷаму ва Кашмир таҳти назорати давлати Ҳинд, иёлоти Галгит-Балтистон ва Кашмири озоди таҳти назорати Покистон ва минтақаи Ақсои Чин таҳти назорати Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Ин минтақа умдатан куҳистонӣ аст ва риштакуҳҳои Қароқурум, қуллаи Чогорӣ ё К2 дар он қарор дорад. Кашмир яке аз ҳавзаҳои аслии нуфузи забони форсӣ ба шумор меравад.
Иёлоти Ҷаму ва Кашмири таҳти назорати Ҳинд 101 387 км² масоҳат ва 10,1 миллион аҳолӣ дорад. Бино ба маълумотҳои дигар тибқи оморгириҳои соли 2011 дар ин сарзамин ҳудудан 12 миллион нафар зиндагӣ мекарданд. Пойтахти тобистонии он Снигар-маркази таърихии минтақа ва пойтахти зимистонаи он Ҷаму аст. Бештари хоки он дар риштакуҳҳои Ҳимолой қарор гирифтааст. Ин иёлот аз қисмати шимолу шарқӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин марзҳои муштарак дорад ва бо иёлотҳои Ҳимочал Прадеш ва Панҷоби Ҳинд аз ҷануб ва бахши таҳти назорати Покистон — Кашмири маъруф ба Кашмири Озод ва Галгит Балтистон аз ғарб ва ҷанубу ғарб ҳаммарз аст.
Минтақаи таҳти назорати Покистон, ки пойтахти он шаҳри Музаффаробод мебошад, 5,619 киломери мураббаъ масоҳат дорад. Кашмири Озод ҷанубитарин қисмати Кашмири таҳти назорати Покистон ва давлати салтанатии собиқ Ҷаму ва Кашмир аст. Кашмири Озод аз назари расмӣ як иёлоти Покистон ё бахше аз ин кишвар нест, балки як ҳукумати махсус ба худ дорад ва давлати Покистон онро мамлакати мустақил медонад. Ҳарчанд ин минтақа таҳти ҳимояти Покистон мебошад ва аз назари иқтисодӣ ва идорӣ ба Покистон марбут аст.
Иёлоти Галгит-Балтистон 82,496 километри мураббаъ масоҳат дорад. Минтақаи таҳти назорати Чин 37 555 км² масоҳат дошта, аҳолии он хеле кам аст. Масоҳати умумии Кашмир 222 236 километри мураббаъ мебошад.

Халқиятҳо дар Кашмир

Дар Кашмир чанд халқият зиндагонӣ мекунанд. Дугроҳо дар қисмати ҷанубу ғарбии ноҳияи Ҷаму, наздик ба Панҷоб ҳаёт ба сар мебаранд. Инҳо мардумони ҳинду аврупоӣ мебошанд ва забонашонро маъмулан дугроӣ меноманд. Аз соли 2003 дугроӣ ба сурати яке аз забонҳои расмии Ҳиндустон даромадааст. Порае аз дугроҳо дар табақабандӣ ё каста (навъе низоми иҷтимоӣ)-и Ҳинд, аз ҷумла бараҳман, роҷпутҳо ҷой мегиранд ва порае на. Роҷпутҳои дугор то замони истиқлоли нимҷазираи Ҳинд муддати садҳо сол ба Кашмир фармонравоӣ доштанд. Дугроҳо дар минтақаи Ҷаму ва Кашмир, Панҷоби Ҳинд, Ҳимоҷал Прадеш ва шимоли ховарии Покистон зиндагонӣ мекунанд. Бештари онҳо аз пайравони оини ҳинду мебошанд. Аммо миёни ин мардумон динҳои дигар низ ривоҷ дорад. Дар садаҳои 16 ва 17-и милодӣ гуруҳе аз дугроҳо ба ислом низ гаравиданд.
Шоҳаншоҳии Муриё силсилаи муқтадир дар Ҳинди Бостон аст, ки байни солҳои 321 то 175 то милод вуҷуд доштааст. Силсилаи муриёӣ баъди суқути ҳокимияти Ҳахоманишӣ ба дасти Искандари юнонӣ дар Ҳинд рӯи кор омад. Муриёҳо пас аз силсилаи могодҳо (номи подшоҳие дар Ҳиндустон ва дар ҷануби рӯди Ганг) ба қудрат расиданд. Дар авҷи қудрати худ онҳо бар тамоми нимҷазираи Ҳинд ва бахшҳое аз Афғонистон ва Покистону Эрони имрӯз султа доштанд. Шоҳ Ашока аз бузургтарин шоҳони ин сулола дониста мешавад, ки ба кеши буддоӣ ва омӯзаҳои буддоӣ бовари ростин ёфт ва ҳамаи зиндагии худро вақфи таҳқиқи амалии усули он намуд. Муриёиҳо ба эҳтимоли зиёд аз табори сакоиҳои эронитабор будаанд, ки аз шимол ба Ҳинд даромаданд. Баъди 50 соли фавти Ашока империяи муриёиҳо низ пароканда шуд.
Бино ба маълумотиҳои таърихии зиёд дар Кашмир мактаби буддоии сарвастивада маъруфияти бештар дошт. Роҳибони буддоии он замон дар ёддоштҳои худ аз рафтанашон ба Кашмир зиёд ёд кардаанд. Шанкара — файласуф ва андешаманди Ҳинд аз маъбади Сарвастивада дидан кардааст.
Ва дар канори оини буддоӣ дар ин сарзамин ислом низ маъруф аст. Бахусус дар қисмати покистонии ин сарзамин пайравони ислом зиёданд.

Ёдгориҳои таърихӣ

Кашмир бо он ки як сарзамини куҳанбунёд аст ва таърихи бою рангини фарҳангӣ дорад, ҳамзамон дорои ёдгориҳои зиёди таърихист, ки баъзе арзишҳои умумибашарӣ ва ҷаҳонӣ доранд. Барои мусалмонон масҷиди Ҳазратбол яке аз иншоотҳои муқаддас ба шумор меравад. Ин масҷид дар Сринагар воқеъ буда, аз он маъруф аст, ки дар ҳамин масҷид ба бовари кулли мусалмонони минтақа торе аз мӯйи сари Пайғамбар (с) нигаҳдорӣ мешавад. Ин бино дар соҳили чапи кӯли Дал ҷойгир аст ва асрҳост, ки ба як макони муқаддас барои мусалмонони Кашмир табдил ёфтааст.
Ғори Амарнатх як макони дигари муқаддас аст, ки дар иёлоти Ҷаму ва Кашмир воқеъ мебошад ва аз ҷумлаи муқаддасот барои пайравони оини ҳинду ба шумор меравад. Ин ғор дар баландии 3888 метр ҷой гирифта, дар қисмати бештари сол бо барф пӯшидааст ва танҳо як муддати хеле кӯтоҳи тобистон барои зоирон имкони зиёрат пайдо мешавад. Ва ҳамасола садҳо ҳазор зоирони ҳинду ба зиёрати он мераванд.

Ғори Амарнатх

Ибодатгоҳи Вайшно-Деви (Вайшно-Деви Мандир), ки дар наздикии шаҳри Ҷаму ҷой гирифтааст, аз ҷумлаи муқаддасоти дигари ҳиндуҳо маҳсуб мешавад. Ин ибодатгоҳ калонтарин маъбадест, ки ба Шоктӣ нисбат дода мешавад. Шоктӣ аз вожаи “шок” аст, ки дар забони санскрит ба маънои “қодир” ва “тавоно” ба кор меравад ва дар оини ҳиндуҳо ба маънои нерӯи муқаддас ва ё қудрати бахшидан ва тавоно кардан аст, ки аз навъе аз энержии азалии кайҳонӣ маншаъ мегирад.
Кашмир тӯли садсолаҳо маконе буд, ки дар он тобистон ҳокимон истироҳат мекарданд. Дар замони импературии муғулони Ҳинд дар асрҳои 16-17 дар водии Кашмир чандин боғ бунёд карда буданд, ки машҳуртарини онҳо Нишот ва Шалимар дар Сринагар мебошанд.
Дар кӯли Дал флотилияи (flotilla – навъе тақсимбандии идорӣ, пуштибонии неруҳо дар нерӯи дарёӣ) заврақу киштиҳо вуҷуд дорад, ки аз он сокинони маҳаллӣ истифода мекунанд. Дар замоне, ки Ҳинд мустаъмараи Британия буд, англисҳо дар Пахалгам, Сунамарг ва Гулмарг истироҳатгоҳҳои куҳӣ сохта буданд, ки тадриҷан ба макони истироҳату тафреҳ табдил гардид.
Дар Ҷаму донишгоҳе бо ҳамин ном амал мекунад ва дар Сринагар як донишгоҳи бузурги дигар бо номи Донишгоҳи Кашмир дарҳои худро боз кардааст.

Иқтисоди Кашмир

Ҳарчанд саноати Кашмир рушд мекунад, вале ҳамоно 4/5 аҳолӣ аз ҳисоби кишоварзӣ нон мехӯранд. Дар ин минтақа кишти биринҷ, гандум, нут (рустании шабеҳи лубиё, навъе нахуд), ҷав, арзан ва ҷуворимакка зиёд кишт карда мешавад. Боғкорӣ низ рӯ ба рушд овардааст ва сарвати аслии минтақа ҷангалпарварист. Кашмир бо ҳунармандони худ ном баровардааст. Бахусус санъати қолибофӣ, кандакорӣ, сикказании нуқра ва мис ва ғайра тараққӣ кардааст.
Аммо нақлиёт дар ин минтақаи олам ҳоли табоҳе дорад. Роҳҳо барои ҳаракати мошинҳои муосир муносиб нестанд. Роҳи оҳан танҳо то ба шаҳри Ҷаму меравад. Барои иртиботу расидан ба аз водиҳои Кашимир ба даштҳои Ҳинд роҳи мошингарди Сринагар — Ҷому — Патханкот нақши басо муҳим дорад. Роҳи дигари мошингард Сринагар — Музаффаробод, ки ба Покистон меравад, дар айни замон як хати демаркатсионӣ ё худ ҷудоисоз миёни Ҳинд ва Покистон аст, ки мушкилоти худро дорад.
Вале бо вуҷуди ноободии роҳҳо ҳаракати мошинҳо ба бисёр қисматҳои Ҳинд роҳандозӣ шудаву мардум бештар аз он истифода мебаранд. Шаҳрҳои Ҷаму, Сринагак ва Лех фурудгоҳ доранд.

Таърих

Молиёти золимона, фасод, низоъҳои хунин ва падид омадани арбобони заминдор дар замони зимомдории сислилаи манфури Лоҳва роҳи ҳамалоти хориҷиро ба Кашмир боз кард. Дар асри севвуми то милод он бахше аз ҳокимияти шоҳаншоҳии Мурия буд ва дар замоне, ки Ашока салтанат меронд, дар ин бахш аз Ҳинд оини буддоӣ доман паҳн кард ва густариш ёфт ва болотар мо дар ин бора ишорае ҳам доштем.
Ислом дар Кашмир дар асри 14 густариш ёфт ва замоне қувват гирифт, ки шоҳи Ҳинд Акбар буд. Номи пурраи вай Абулфатҳ Ҷалолуддин Муҳаммад Акбар аст ва саввумин подшоҳ аз силсилаи Гургониён ё империяи муғулии Ҳинд буд, ки дар Ҳиндустон бо номи Акбари Кабир шуҳрат дорад. Фарзанди Ҳумоюн ва падари Ҷаҳонгир буд, ки байни солҳои 1554 — 1605 салтанат кардааст. Падшоҳи хайрхоҳ, шуҷоъ ва хирадманд буд ва аз вай дар канори Ашока чун яке аз таъсиргузортарин подшоҳон дар таърихи Ҳинд ва бузургтарин подшоҳи он сарзамин ёд мекунанд. Ҳар касе агар сериёли хеле машҳури ҳиндӣ бо номи “Акбар ва Ҷудо”-ро тамошо карда бошад, бо бахше аз ҳукуматдории ин подшоҳи аъзам ошно шудааст. Акбар кори муҳиме анҷом дод, вай ҷазияро барҳам зад ва бо ин васила фосилаи ақидативу ҷудоӣ миёни исломиён ва боварҳои дигари ҳиндиро аз байн бурд. Худ бо ҳиндудухтар Ҷудо издивоҷ кард ва ин иқдоме буд, ки тавозун миёни ислом ва оинҳои дигари кишварро ба вуҷуд овард.
Бо суқути салтанати Акбар Кашмирро патанҳо-қабилаи паштуҳои афғонӣ ишғол карданд. Дар Ҷаму заминҳо тақсим шуданд. Соли 1819 давлати дугроҳо аз ҷониби Ронҷит Сингх, мулаққаб ба Шери Панҷоб торумор карда шуд. Ронҷит Сингх вақти зиёди худро сарфи муҳориба бо паштуҳои афғонӣ кард ва тавонист онҳоро аз Панҷоби бохтарӣ берун ронад. Дар ин миён бахши дигар аз манотиқи паштунишини қаламрави имрӯзаи Покистон — Пешоварро низ ба ишғол даровард ва ин дар таърих аз аввалин рӯйдоде буд, ки ҳокимони ғайримусалмон бар паштуҳо ғолиб меомаданд.
Соли 1846 баъди шикасти сингҳо дар ҷанг зидди истилогарони англис сарвари қабилаи машҳури дугроҳо Гулоб Сингх, ки дар замони Ранҷит Сингх вазир буд, аз Британия барои идораи Кашмир 7,5 миллион рупий ба даст овард. Ва онҳо то замони истиқлолияти Ҳинд аз Британия таҳти ҳимояти ишғолгарони англис ин бахш хоки онро идора мекарданд.
Ҳокимияти англисҳо дар Кашмир соли 1947 бо қабули “Қонун дар бораи идораи Ҳинд” ба анҷом расид. Махарадҷа Хари Синг хоста буд мустақилияти Кашмирро нигоҳ дорад, вале аз ҷониби Ҳинд ва Покистон зери фишор қарор гирифт. Ба ин муоҳада расиданд, ки ҳалли масъала муваққатан мавқуф гузошта шавад. Аммо ба зудӣ Покистон Кашмирро дар муҳосира гирифт. Моҳи октябри соли 1947 неруҳои мусаллаҳи покистониҳо бо дастгирии паштуҳо ба князигарии Махараҷа ҳамла карданд. Махараҷа аз Ҳинд мадад хост ва 26 октябри ҳамон сол розӣ шуд, ки Кашмир шомили Ҳинд шавад. Дар натиҷа ҷанг миёни қувваҳои мусаллаҳи Ҳинд ва Покистон оғоз шуд. Ва ҳарду кишвар ҳам ба СММ муроҷиат карданд ва соли 1949 бо дахолати ин созмон муоҳадаи оташбас имзо шуд. СММ барои ихроҷи неруҳои ду кишвар аз қаламрави Кашмир қарор қабул кард.
Соли 1959 қувваҳои мусаллаҳи Ҳинд ошкор карданд, ки Чин аз тариқи биёбони Оқсойчин ба самти шимолу шарқии Кашмир роҳ бунёд мекунад. Ҳинд инро талоши Пекин барои густариши нуфуз донист. Соли 1962 чиниҳо кӯшиши ҳамла ба қаламрави Кашмир карданд, вале баъдтар бо ба даст овардани як қаламрав дар баландкуҳи Кашмир воқеъ дар Қароқурум ақиб нишастанд.
Соли 1971 миёни қувваҳои покистониву ҳиндӣ бархӯрд сурат гирифт ва ин замоне буд, ки Бангладеш аз ҳайати Покистон хориҷ мешуд.
Солҳои 1980 иттиҳодияҳои гуногуни исломӣ ҷабҳаи муттаҳиди озодсозии Ҷаму ва Кашмирро ташкил карданд ва талаб карданд, ки Кашмир ё мустақил бошад ва ё ба Покистон шомил шавад.
Аввали солҳои 1990 мусалмонони Кашмир зидди ҳукуматдорони Ҳинд даст ба тазоҳуроти густарда заданд. Хулоса, тӯли ин солҳо борҳо оташи низоъ ва даъватҳои озодихоҳӣ шуъла заданд, вале мушкил ҳамоно ҳалношуда боқӣ монд. Метавон Кашмирро ҳамчун Фаластин ва дигар гӯшаҳои доғ ба минтақаи ҳамеша ноамн дохил кард.
Ба сурати умум метавон гуфт, ки муноқишоти Кашмир як муноқишаи давомдори ҷаҳонист. То кунун бар сари мавзеъ байни Ҳинд ва Покистон се ҷанг рух додааст. Ҳинд иддиои ҳокимияти кул ба Ҷаму Кашмир дорад ва то соли 2010 43 дарсади он минтақаро идора мекард. Аммо Покистон мухолифи ин иддиои Ҳинд аст

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here