Истеъфои ҳукуматҳо дар Русия падидаи тоза нест. Аз замони пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сокинони ин кишвар борҳо шоҳид шудаанд, ки ҳукуматҳо ё ба ихтиёри худ ба истеъфо мерафтанд ва ё бо фармони сарвари давлат. Ва чанде аз ин истеъфоҳо сарнавиштсоз буданд. Чанде дигар ба мисли машқи истеъфо буданд, ки дар рушди иқтисодии кишвар нақше набозиданд, чун умри баъзе аз ин ҳукуматҳо хеле кутоҳ буд: масалан ҳукумати Сергей Степашин ҳамагӣ 82 рӯз фаъолият карда буд. Аммо истеъфои имрӯз шояд сарнавиштсоз бошад, чун ҳадс зада мешавад, ки Русияро як таҳаввулоти сиёсии ҷадид интизор аст.

Сарвазири пешини Русия Дмитрий Медведев шахсияти ба ҳамагон ошност. Замоне президенти Русия ҳам буд ва борҳо ба Тоҷикистон омадаву дар чандин ҷаласоти сатҳи олӣ ширкат кард ва дар имзои чандин созишномаҳои байниҳукуматӣ саҳм дошт. Замоне, ки сарвазир буд, низ барои густариши робитаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Русия чун шарикони стратегӣ талошҳо ҳам кардааст. Аммо истеъфои ногаҳонии ӯ ва тимаш боиси сару садоҳое дар ҷомеаи на натҳо Русия, балки ҷаҳон шудааст. Худи Медведев дар як мусоҳиба дар барномаи “Время”-и ширкати якуми телевизионии Русия сабабҳои ин истеъфоро гуфт. Аз ҷумла иброз дошт, ки як сабабаш муддати дурудароз дар як вазифа кор кардан ва баъд, бояд имкон фароҳам меовард, ки Путин озодона, ислоҳоти мавриди назарашро роҳандозӣ кунад. Дар бораи ин ислоҳот Владимир Путин борҳо гуфта буд ва паёми охиринаш ҳам ҷиддан ниёз доштани Русия ба як ислоҳоти фарогири кадриро таъкид ҳам кард. Ва дар ҳамин суҳбат Медведев иброз дошт, ки дар истеъфои худ ва кобинааш чизи ғайримуқаррариеро намебинад.

“Бояд ба ин истъфо хеле оромона муносибат кард, шояд ин гуна ҳолат тайи чанд соли охир, хеле кам иттифоқ меуфтод, вале ҳоло бояд онро комилан чун як рӯйдоди одиву маъмулӣ пазируфт”,- гуфт ӯ.

Интизор меравад баъди таъини Михаил Мишустин ба симмати сарвазир ҳайати кобинаи вай мушаххас шавад. Тибқи Конститутсияи Русия нахуствазир бояд дар муддати як ҳафта, аъзои кобинаи худро ба президент пешниҳод намояд. Ҳамзамон, бо ин то охири баҳор Нахуствазир бояд амволашро ошкор кунад.

Бино ба навиштаи нашрияи “Коммерсант” Мишустин як сармоядори маъруф дар Русия аст. Вай “Клуби байналмилалии компутерӣ”-ро асос гузоштааст. Ин сохтор ҳанӯз охири солҳои 1980 аз ҷониби чанд тан аз аъзои Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шуда буд.

Соли 1998 Мишустин аввал мушовир ва баъдан ҷонишини раиси хадамоти андоз таъин гардид. “Коммерсант” менависад, ки мавсуф то кунун яке аз шахсони соҳибнуфус дар доираҳои соҳибкории кишвар буд. Ин нашрия эъломияи дороиҳои Мишустинро ҳам меорад ва менависад, ки аз соли 2013 то 2018 вай ба дороиҳои худ 130,7 миллион рубл афзуд. Даромади ҳамсари вай 584 миллион рубл мебошад ва нашрия менависад, ки сабаби ғун шудани ин дороиҳо аслан, сармоягузориҳои оқилона буданд.

Хотироте хушу нохӯш аз сарвазирии Медведев

Владимир Путин дар охирин паёмаш ба парлумони кишвараш сареҳан ва ҷиддан дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ ҳарф зад. Вале мағзи ин ислоҳот ҳамон ислоҳоти кадрӣ буд, чун бе кадри солим наметавон кадом ислоҳотеро роҳандозӣ кард. Ва 15-уми январ Дмитрий Медведев шояд барои кулли сокинони Русия ногаҳонӣ, аз истъефои худ ва кобинааш хабар дод.

Инак, Дмитрий Медведев. Замоне, ки президенти Русия буд, ҳадс зада мешуд, ки Медведев ҳамагӣ як даври интихобот, Русияро сарварӣ мекунад ва баъдан ҷояшро бо Путин, ки он замон сарвазир буд, иваз менамояд. Дар ҳамин як давраи президентиаш низ комил зери назорати Владимир Путин қарор дошт ва ба назар мерасид дар ҳама тасмимгириҳо дар маслиҳату машварат бо вай кор мекунад. Охири соли президентӣ, вай эълон кард, ки дигар барои курсии сарвари давлат талош намекунад ва ин то ҳадде ҳампаймонҳо ва дӯстонашро ранҷонд. Дар яке аз суҳбатҳои худ сиёсатшинос Алексей Макаркин гуфта буд, ки баъди он ки Медведев тарки кохи Кремл кард, вай аз мақоми ислоҳгароӣ низ маҳрум гардид. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳатто то соатҳои истеъфо, боз ҳам ҳадс зада мешуд, ки вориси Путин дар интихоботи оянда, ин бор ҳам Медведев мешавад. Вале ҳоло вазъ дигар шуд. Дмитрий Медведев баъди ин истеъфо комил аз саҳнаи набардҳои сиёсӣ берун меравад. Русияро вазъи дигаре интизор аст, ки дар тасмимгириҳои сиёсӣ дигар Медведев ҷой нахоҳад дошт.

Аммо наметавон хизматҳои Дмитрий Медведевро дар вазифаи сарвазирӣ нодида гирифт. Вай корҳоеро ҳам дар ин муддат анҷом дод, ки яке аз он боло бурдани синну соли нафақа буд. Тобистони соли 2019 ҳукуматдорони Русия тасмим гирифтанд, ки синну соли нафақаро барои мардон то аз 60 то 65 ва барои занон аз 55 то 60 боло баранд. Сариқтисодчии ширкати консалтингии “Капитал” Евгений Надоршин гуфтааст, ки аслан барои расидан ба қарори боло бурдани синну соли нафақа, бештар аз дигарон худи президент ва маъмурияти вай талош карданд, вале зарбаи аслиро дар ин маврид кобинаи вазирон хӯрд, зеро Путин талош кард шахсан аз ин кор фосила гирад ва бори сангинро ба дӯши Медведев ва тими вай андозад.

Сарвазири бе барнома

Баъзе таҳлилҳо бо ҳамин монанд, сарлавҳаҳо нашр шуданд ва Дмитрий Медведевро ба он муттаҳам мекунанд, ки ҳатто дар сарвазирӣ ҳам натавонист аз сояи Путин дур бошад. Коршиносон ба ин назаранд, ки тӯли ин солҳо ҳукумати Медведев бидуни доштани кадом консепсия амал кард ва танҳо дастуру фармонҳои президентро иҷро намуд. Қудратмандтарин кишвари олам, ки ҳукуматаш бидуни доштани барномаи мушаххаси рушду пешрафт, интизор ё гӯш ба фармони президент буд. Аз ҷумла, Глеб Павловский, яке аз ҳушмандтарин коршиносони муосири рус мегӯяд “Сарвазир Медеведев шахсияте буд, ки як силсила аз мавқеъҳои худро аз даст дода буд. Вай ғояҳои тими худ- вазирон ва соҳибкоронро наметавонист ҳимоя кунад. Сокиноне, ки ҳис мекунанд беш аз ҳар вақти дигар ба як низоми худкома фурӯ мераванд, ба як кобинаи вазирони дорои консепсия ниёз доштанд. Вале ин гуна барномаро Медведев то охир пешниҳод накард”. Ва Павловский боз мегӯяд, ки Медведев солҳои сарвариаш нақши созандаи ҳукуматро коҳиш дод ва бо ҳамин ба салтанати худ поён дод.

Иқтисодшиносон ҳукумати Медведевро ҳукумати макроиқтисодии босубот меноманд. “Ба назари ман ин ҳукумати рушди иқтисодӣ набуд”,- мегӯяд сариқдисодчии “Алфа-бонк” Наталя Орлова. Таҳлилгар Наталя Акиндинова бошад, мегӯяд ҳукумат талош мекард ба пешрафтҳое даст ёбад, вале ба тағйиротҳои воқеъии имконнопазир такя мекард.

Ахиран, ҳукумати Дмитрий Медведовро ба харҷ карда натавонистани беш аз 1 трилион рубли буҷаи ҷудошуда гунаҳгор карданд. Ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта, раиси Палати ҳисоби Русия Алексей Кудрин ҳушдор дода буд, ки ҳукумат  фурсати онро нахоҳад ёфт, ки беш аз 1 трилион рубли ҷудошударо сарф кунад. Кудрин гуфта буд, ки ҳар сол маблағҳои истифоданашуда, вале пешбинишудаи пулҳои буҷетӣ меафзояд. Чунончӣ, соли 2018 ҳукумат аз миқдори умумии пули ҷудошуда, 95,6 дарсади онро сарф кард ва натавонист 769 миллиард рублро аз худ кунад. Соли 2017  низ 594 миллиард рубли ҷудошуда масраф нагардид.

Филми Навалний ва ҷинояти вузаро

Аммо аз замони сарвазирии Медведев филме ҳам монд, ки онро Хазинаи мубориза бо коррупсияи Алексей Навалний- як тан аз мухолифони сарсахти низоми Путин ба навор гирифт ва паҳн кард. Ин филми мустанад “Он вам не Димон” ном дошт ва бо номи дигар ҳам ёд мекунанд: Асрори империяи Дмитрий Медведев. Ин ҳодиса моҳи марти соли 2017 иттифоқ уфтод ва чуноне аз номаш ҳам пайдост, ковишҳое дар бораи амвол ва сарватҳои сарвазир буд. Ин филм сабабгори дар Маскав ва чандин шаҳри калони дигари Русия сар задани тазоҳурот шуд. Навалний ин филмро замоне наворбардорӣ кард, ки хакерҳо почтаи электронии сарвазирро, ки бо воситаи он муштариёнаш ба Медведев либос барои интернет-мағозаҳо фармоиш медоданд, шикастанд. Медеведев дорои чанди хазинаҳои хайрия будааст ва гуфта мешуд, ки гӯё миллардери ӯзбек Алишер Усмонов ба яке аз хазинаҳои вай 4,3 гектар заминро дар Рублёвка ба арзиши 5 миллиард рубл туҳфа карааст. Аксари ин хазинаҳо ба номҳои ҳамкурсону ҳамсинфон ва дӯстони наздикаш гузаронида шуда ва онҳоро худи Медведев назорат мекард. Ин қазия хеле пурпечутоб буд ва Навалний дар филм даҳҳо ин гуна мисолҳо меорад. Аммо ҳамаи инро Медведев рад карда буд ва ҳатто прокуратураи генералӣ ҳам барои оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи Медведев бар пояи асноди филм, иқдом нанамуд.

Дар замони сарвазирии Дмитрий Медведев, парвандаҳои пурсарусадое дар бораи аъзои кобинаи вай шуруъ шуданд, ки ба коррупсия иртибот доштанд. Аввали моҳи ноябри соли 2016, вазири рушди иқтисоди Русия Алексей Улюкаев дар назди идораи “Роснефт” боздошт шуд. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки Улюкаев аз сарвари ин ширкат Игор Сечин 2 миллион доллар талаб кард, то идораи вай барои харидани саҳмияҳои “Башнефт”, хулосаи дуруст диҳад. Пулҳоро аз мошини Улюкав пайдо карданд, аммо Улюкаев ин ҳамаро рад кард ва гуфт, ки гумон кард аз Сечин туҳфаи муқаррарӣ гирифтааст. Моҳи декабри соли 2017, Улюкаев 7 сол зиндонӣ шуд.

Моҳи марти соли 2019, вазири собиқ М.Абизов ба ташкили ҷомаи ҷиноӣ муттаҳам шуд ва ин ҳам ба мавқеъи ҳукумати Медведев зарба зад. Ва боз моҷароҳои дигар, аз қабили моҷаро сари ноиби сарвазир Сергей Приходко, собиқ ноиби сарвазир Аркадий Дворкович буд.

 Оё Путин хаста шудааст?

Истеъфои ҳукумати Русия, гӯмагӯҳои зиёдеро миёни коршиносони ватаниву хориҷӣ ба миён овард. Ҳадсу гумонҳо зиёданд ва аксаран онро ба интихоботи қарибулвуқӯъ вобаста медонанд. Аммо дар миёни арзёбиҳо фикрҳое ҳам ҳастанд, ки хоставу нохоста касро ба андеша мебаранд. Профессори Мактаби олии иқтисодии Русия Юлий Нисневич бар ин назар аст, ки Путин аз идораи ҳукумат ва сарварии худ хаста шудааст ва эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки худ ба истеъфо равад. Ин назар касро аз андешаҳо сари ҳукумати куҳнаву нав дур месозад ва як воқеъияти дигари таърихиро пешбинӣ мекунад. Дар ҳақиқат аз роҳбарии тӯлонӣ шикваи Путинро ҳам шунида будем. Ва шояд далелҳои профессор Нисневич ҳам асосе дошта бошад. Вай мегӯяд: “Ин истеъфо ба чӣ бастагӣ дорад? Гузинаҳои зиёде ҳастанд, вале метавон инро интиқоли қудрат дар Русия унвон кард. Эҳтимолан истеъфои қаблазвақти президент низ яке аз ин гузинаҳост. Аммо ин қарори ҳаминлаҳзаӣ набуд. Яқинан хеле пештар он тарҳрезӣ шуда буд, кадом як нақшаи табдили ҳокимият низ вуҷуд дорад. Аммо ҳоло хеле душвор аст, ҳадс зад, ки ин чӣ нақша аст. Ман чанд сол пеш дар мақолае навишта будам, ки ҳукумат кайҳо ба ҷони ӯ (Путин) задааст. Ҳис мекардам, ки вай бо камоли майл омодааст, пеш аз вақт равад, вале сохтори амалкунанда дар Русия ба вай ин имконро намедод.Ҳоло мегӯянд, ки Медведевро ба он хотир барканор карданд, ки вазъ дар кишвар мураккаб аст ва аз ӯ ворис мехоҳанд тайёр кунанд. Вале гумон намекунам, ки чунин бошад. Ҷойнишин шахсе бояд, ки ҳамеша дар майдони иттилоотӣ ҳузур дошта бошад. Аммо таҷрибаи интихоби ворис дар кишвари мо нишон медиҳад, ки вай чун қоида бо ҳукумат иртибот дошта бошад. Путин аввал раиси ҳукумат таъин шуд ва баъдан ба ҷойи Елтсин нишаст. Медведев ҳам қабл аз он ки ҷойгузини Путин шавад, ҷонишини аввали раиси ҳукумат буд. Ҳоло вақте мо ҳайати ҳукуматро мебинем, шояд пай барем, ки ворис кӣ хоҳад буд. Вале шояд он ба чашмҳо ноаён бошад ва ба мо нишон надиҳанд”.

Сиёсатшиноси мустақил Иван Преображенский низ тақрибан чунин назар дорад: “Эҳтимол меравад дар кутоҳтарин фурсат интихоботи қабл аз муҳлат ҳам эълон шавад. Ва на танҳо интихоботи парламонӣ, балки президентӣ низ. То ин замон эҳтимол мерафт, ки Медведев ҷойгузини Путин мешавад, чун замони пеш. Вале ҳоло ҷойгоҳ ва мақоми вай поин рафт ва номзадҳои эҳтимолии аз ӯ нерумандтар низ ҳастанд”.

Истеъфои ҳукуматҳо дар Русия баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ

Дар тӯли таърихи худ, ҳукумати Русия танҳо як маротиба бо хоҳиши худ бо тамоми ҳайат ба истеъфо рафтааст. Ин ҳодиса соли 2007 рух дод ва сарвазир Михаил Фрадков гуфт, ки ҳукумат мехоҳад президент дар интихоби кадрҳои нав дар остонаи интихоботи парлумон ва президентӣ озодии комил дошта бошад.

То ин замон, панҷ маротиба ҳукуматро президентҳои вақт ба истеъфо фиристода буданд. Ғайр аз ин, маъмулан баъди ҳар маросими савганди президентӣ ҳукуматҳо салоҳиятҳои худро муваққатан қатъ мекунанд ва президенти ҷадид афроди навро муаррифӣ мекунад. Истеъфои ҳукуматҳо дар даврони баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Русия ба ин тартиб будааст:

23-юми марти соли 1998 президенти Русия Борис Елтсин ҳукумати Виктор Черномирдинро ба истеъфо равон кард. Расман эълон шуда буд, ки мехоҳанд мушкилоти иқтисодиро бо тими нав пушти сар гузоранд.

23-юми августи соли 1998 Сергей Криенкоро, ки ҳамагӣ чанд моҳ сарварии ҳукуматро ба уҳда дошт, барканор кард. Баъдан кобинаи вазирон ва Бонки марказӣ аз дефолти техникӣ хабар доданд.

12-уми майи соли 1999 Борис Елтсин бори дигар фармони истеъфои ҳукуматро имзо намуд. Он замон Евгений Примаков сарвазири Русия буд. Ва сабаби онро пушти сар гузоштани буҳрони иқтисодӣ номид.

9-уми августи сол 1999 бо қарори президент ҳукумати Сергей Степашин ба истъфо рафт ва ин бор сабабе эълон нашуд. Степашин баъди Примаков сарвазир таъин шуда буд ва ҳукумати ӯ ҳамагӣ 82 рӯз кор кард.

24-уми феврали соли 2004 президент Владимир Путин истеъфои ҳукумати Михаил Касяновро эълон кард. Путин гуфт, ки ин тасмим ба арзёбии фаъолиятҳо иртиботе надорад ва ба хоҳиши нишон додани мавқеъи худ ба ояндаи кишвар пас аз интихоботест, ки қарор буд моҳи март баргузорр мешуд.

12-уми сентябри соли 2007 бо ташаббуси сарвазир Михаил Фрадков ҳукумат ба истеъфо рафт. Эълон кард, ки мехоҳад ба Владимир Путин озодии интихоби қарорро таъмин созад. Аз ҷумла, дар интихоби кадрҳо то интихоботи президентӣ (2-юми марти соли 2008 Медведев президент интихоб шуд ва Путин ба ҷойи Фрадков нахуствазири Русия таъин гардид).

Бо истифода аз маводи Интрнет, Ф.Муҳаммад

Добавить комментарий