Дар Либия марҳилаи тозаи ҷангҳои дохилӣ шуруъ шуданд. Неруҳои Артиши миллии Либия амалан қувваҳои Ҳукумати ваҳдати миллиро, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф шудаву пуштибонӣ мешавад, аз миён бурданд, вале натавонистанд вориди пойтахти он Триполӣ шаванд. 

 

Аммо аз сӯйи дигар ишғоли Триполӣ ҳоло хатми ҷанг ҳам нест ва ғолиб наметавонад ба кулли қаламрави он тасаллут дошта бошад. Либияро давлате медонанд, ки дар дохил чандин давлати худхондаи қабилавӣ дорад ва ҳамаи онҳоро муттаҳид кардан ва овардан зери як парчаму як давлат мушкил аст. Таҷрибаи чанд соли охир инро собит намуд.

 

Демократҳои ҷанговар

Тактикаи Артиши миллии Либия таҳти сарварии фелдмаршал Халифа Ҳафтар ба назар мерасад ҳама нозукиҳои санъати ҷангии шарқиро дар худ таҷассум кард. Ҳарбиён талош карданд Триполиро дар муҳосира гиранд ва онро аз ҳама имконоти вуруди силоҳу муҳимоти ҷангӣ маҳрум кунанд. Таҳлилгарони ҳарбӣ мегӯянд ин бор низ Артиши миллии Либия (АМЛ) аз ҳамон тактикае истифода кард, ки соли 2015 ҳангоми тасарруфи дуввумин шаҳри бузурги ин кишвар Бенғозӣ истифода карда буд. Онҳо ба шаҳр амсилаҳои сарбозӣ партов карданд, ба гунае, ки гӯё десантон вориди Бенғозӣ шуданд. Ва ин татбир душманонашонро ба худ ҷалб кард ва онҳо аз хати ҷабҳаи аслӣ дур ва саргарми ин амсилаҳо шуданд. Он замон низ АМЛ борҳо талош карда буд аз самти баҳр ба Триполӣ ҳамла кунад. Аммо шаҳр хеле истеҳкоми хуби мудофиавӣ дошт ва на танҳо вуруд ба он номукин буд, балки ишғоли канораҳои он низ амалан имкон надошт. Ҳарчанд қувваҳои Ҳафтар 90 дарсади қаламрави Либияро дар ихтиёр доранд, боз ҳам агар ҳатто Триполиро ишғол ҳам кунанд, ин хатми ҷанг дониста намешавад.

Фоиз Ал-Сироҷ – сарвазири Ҳукумати ваҳдати миллии Либия барои ҷомеаи байналмилалӣ қонунӣ шинохта шудааст. Аммо мушкили Фоиз ин аст, ки ҳама талошҳо ва ҳама захираҳои ҳарбӣ ва ҳатто сиёсиаш ба ҳамин хатм мешавад. Гап сари он аст, ки Сироҷ мақбултарин сарвар барои ҳама неруҳои ҳарбиест, ки ҳоло Триполиро дар ихтиёр доранд. Яке аз ин гуруҳҳо “Сипари Либия” мебошад ва гуруҳҳои дигар исломии ҷанговар низ аз Сироҷ итоат мекунанд. Аммо дар Либия ин гуруҳҳо бо номи “бонди демократҳо” ёд мешавад.

«Худи ҳамин далел, ки онҳо Триполӣ ва навоҳии атрофи онро дар ихтиёр доранд, баёнгари вазъи имрӯзаи Либияст. Ин гуруҳи ҷанговарон ва ин дастаи авбош, ки борҳо ба ҳам низ пайкор кардаанд, ба ҳадде аз нуфузи беруниҳо нафрат доранд, ки омодаанд зидди ҳар неруе, ки муқобили онҳо истод мешавад, ҷанганд, — гуфтааст муаррих, сиёсатшинос, мутахассис оид ба Африқои Шимолӣ ва таҳлилгари  «Совершенно секретно» Сергей Балмасов.

 

Заъифон муколама мехоҳанд, нерӯмандон мехоҳанд пирӯз бошанд

Ҳафтар амалиёти тасарруфи Триполиро 11 рӯз пештар аз оғози навбатии гуфтушунид миёни қувваҳои ҷудогона дар ҳоли ҷанг дар Либия оғоз кард. Фелдмаршал ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он, миёни давлатҳо ва кишварҳо ва созмонҳое, ки манфиатҳои худро дар Либия доранд, дастгирӣ мешавад. Аз ҷумла аз ҷониби Миср ва Аморати Муттаҳидаи Араб. Ҳоло ҷанги дохилӣ дар Либия бархӯрди ду қувваи асосӣ – Палатаи намояндагон, ки шохаи аслии АМЛ ба шумор меравад ва Ҳукумати ваҳдати миллӣ ҷараён дорад. Вале ин ҳам сурати аслии ҳол нест. Масалан, ҳоло Триполӣ ва Фоиз Сироҷро қувваҳое наҷот доданд, ки шомили ба истилоҳ “Шӯрои ҳарбии инқилобчиён”-и Мисурата – сеюмин нерӯ дар Либия ва қабилае пурнуфузтарин дар кишвар аст, ки дар 200 километрии шарқи Триполӣ маъво дорад. Ва табиист, ки ин қувваи сеюми эътирофшуда дар муқовиматҳои Либия ба шумор меравад.

Мисурата як таърихи аҷибе дорад. Либия бо он ки як кишвари аз нигоҳи сиёсӣ муттаҳид нест, аз диди иқтисодӣ низ тақрибан ҳамин ҳолро дорад. Зиндагӣ дар манотиқи мухталиф якранг нест, сатҳи ободиву осудагӣ ва суботу амният низ яксонӣ надорад. Аммо Мисурата шояд дар ин миён шаҳри «хушбахте» дар саросари Либия тӯли таърихи ин кишвар бошад. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки соли 2011шуруъ гардид, он ба дасти қувваҳои берунии нисбат ба Ҳукумати ваҳдати миллӣ вафодор уфтод. Аммо дар амал ин гуруҳ шаҳреро зери назорат дошт, ки дар замони ҷанг низ мақоми маркази бузурги индустралӣ ва макони ҷамъ омадани сармояҳои азими иқтисодии мамлакат, корхонаи металлургӣ ва яке аз калонтарин ва муҳимтарин бандари олам – бандари баҳрии Қасри Аҳмадро ҳифз намуда буд.

Шаҳри Мисурата соли 2011, вақте муддати чандин моҳ ҷангҳои шадид миёни қувваҳои шӯришчиён ва неруҳои вафодор ба сарвари сарнагуншудаи Либия Муааммар Қаззофӣ идома кард, хеле зарар дид. Бисёриҳо ин ҷангро ба муҳорибаи Сталингради солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ монанд мекунанд. Ва билохира, моҳи апрели соли 2011 дар натиҷаи амалиёти муваффақонаи шӯришчиён шаҳр аз қувваҳои давлатӣ озод шуд. Дар оянда Мисурата ба як ҷазираи амн дар уқёнуси ноамниҳову ҷангу ҷӯши Либия табдил шуд. Шаҳр аз ҷониби гуруҳи ба истилоҳ «Шӯрои ҳарбии инқилобиён» назорат мешуд, дар ин шаҳр низоми хоси вуруду хуруҷи шаҳрвандони Либия ҷорист, барои вуруд ба он бояд даъвати сокини ин шаҳрро дошта бошанд, роҳи дигаре вуҷуд надорад. Низомест, ки шабеҳи вуруд ба як кишвари бегона.

Аммо ҳоло гуруҳҳои муборизони ин шаҳр ба ҳукумати Триполӣ ёрӣ расониданд, то ҳамлаи қувваҳои фелдмаршал Халифа Ҳафтар дарҳам шикаста шавад.

Мисурата – ин нуқтаи ягонаи нимамухтор дар харитаи Либия нест. «Дар ғарби Либия тамоилҳои ҷудоихоҳии гуруҳҳои барбарӣ хеле зиёданд. Ва ишғоли қаламраве, ки онҳо дар даст доранд, чандон осон нест, ҳатто мураккабтар аз ишғоли Триполӣ аст. Аммо гап сари қаламрав ҳам нест. Ҳудудҳои азимтаре дар ин кишвар зери назорати гуруҳҳои ҳарбӣ, исломӣ, ки замоне аз таркиби қувваҳои шӯришӣ ҷудо шуда буданд ва аслан зидди Қаззофӣ меҷангиданд, қарор доранд. Ва дар ин росто боз неруҳои сарвари шикастхӯрдаи Либия Муаммар Қаззофӣ низ ҳастанд, ки минтақаҳоеро зери назорати худ доранд. Яъне, бо гузашти ин солҳо дар Либия ҳатто ҷонибдорони Муаммар Қаззофӣ пурра аз миён нарафтаанд» – мегӯяд мутахассис оид ба кишварҳои Африқои Шимолӣ Сергей Балмасов.

Аз миёни ҳамаи ин қувваҳои шибҳиҳарбӣ метавон дар бораи «Сипари Либия» махсус суҳбат кард. Мо дар ҳамин мақола ҳам болотар аз он ёд кардем. Ин гуруҳи ҳарбӣ дар замони худ, дақиқан соли 2012 аз ҳисоби гуруҳи мухолифони Муаммар Қаззофӣ ташкил шуда буд. Ин дастаи муназзам ва мукаммали ҳарбии исломист ва гуруҳҳое дар он бо созмонҳои дохиливу хориҷии исломӣ иртибот доранд. Чунончӣ, иддае аз ин гуруҳҳо ҷонибдорони сарсахти «Ал-Қоида» (созмони дар Тоҷикистон мамнуъ-шарҳи мутарҷим) мебошанд.   

«Сипари Либия» қаламрави аз нигоҳи стратегӣ хеле муҳими атрофи Триполӣ, бахусус қисмати шарқии пойтахтро зери назорат дорад. Иддае аз таҳлилгароне, ки аз авзоъи Либия китобҳо чоп кардаву пажуҳишҳои арзанда низ кардаанд, бар ин назаранд, ки ин гуруҳ мустақим ба Ҳукумати ваҳдати миллӣ итоат мекунад, вале ин тавр нест, итоат намекунад, балки аз он пуштибонӣ мекунад.

Амалиётҳои ҳарбии Артиши милии Либия имкон доданд, ки дар ин кишвар ДОИШ саркӯб ва аз хоки он берун ронда шавад. Замоне неруҳои ДОИШ асосан дар атрофи шаҳри Дерна, дар шарқи Либия, дар наздикии марз бо Миср мустақар шуда буданд. Аммо ба андешаи Сергей Балмасов барои гуруҳи бунёдгаро ҳоло дар ихтиёр доштани қаламрави бузург чандон муносиб нест. Вале барои пеш бурдани амалиётҳои ҷудогонаву маҳдуди террористӣ ба макони маҳдуде ниёз дораду бас. Либия дар ин роста як кишваре хеле хатарнок аст. Танҳо соли гузашта дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар бар асари амалиётҳои террористӣ бештар аз 250 нафар кушта шуданд. Амалан дар ҳар шаҳр гуруҳҳое ҳастанд, ки замоне шомили дастаҳои шӯришӣ буданд ва баъдан аз онҳо ҷудо шудаву даст ба амалҳои ҷиноӣ заданд. Қисмати бештари ин гуруҳҳо дар ғарби мамлакат мустақаранд ва аз ҷониби Триполии расмӣ назорат мешаванд. Ин гуруҳҳо омодаанд дар лаҳзаҳои зарурӣ синаи худро барои ҳифзи ҳукумати марказӣ сипар созанд.

 

Либия ба Қаззофии дигар ниёз дорад ва он Ҳафтар хоҳад буд

Чуноне дидем, неруҳои Ҳафтар дар ишғоли Триполӣ танҳо ба сабаби аз ҳукумати марказии Либия ҳимоят кардани дастаҳои Мисурата ва бандаҳои демократҳо шикаста шуданд. Аммо аз нигоҳи сиёсӣ ин амалиёт ва ин бархӯрди шадиду хунин нишон дод, ки ҳоло ҳам Либия омода нест Қаззофии навро бипазирад ва ё онро дошта бошад. Вазъи сиёсӣ ва инқилобӣ ба ин ҳад пухта нарасидааст. Аммо замоне ин кишвар ба ин гуна таҳаввулоти сиёсӣ ниёз пайдо хоҳад кард ва дар нақши Қаззофии дигар танҳо фелдмаршал Халифа Ҳафтар муддаӣ буда метавонад, чун дар воқеъ баъди рафтани Муаммар Қаззофӣ танҳо ӯ тавонист бо сиёсатҳои дурандешонаву донистани тактикаи хуби ҷангӣ худро чун чеҳраи тобон ва машҳур нишон диҳад.

Зарфи ин ҳашт соли торумор шудани Ҷумҳурият Либия ба ҷангҳои дохили байни қабилаҳо одат кард ва нухбагони сиёсиву ҳарбӣ бар ин назаранд, ки дар ин кишвар касе имкони онро надорад, ки кишварро зери як парчам ба ҳам орад. Аммо муваффақиятҳои Ҳафтар дар ин росто хеле чашмрасанд, ҳанӯз соле пеш вай эълон карда буд, ки 99 дар сади хоки кишварро зери итоати худ дорад. Дар ҳоле ки биёбону қисматҳои куҳии мамлакат аз ин ҳисоб берунанд, онҳо ҳамоно дар итоати гуруҳҳои ҷудогона боқӣ мондаанд ва барои Ҳафтар низ онҳо ҳамоно чун қалъаҳои дастнорас боқӣ мондаанд.

Аммо дар миён сурат гирифтани талоше барои иттиҳод ҷиҳати ташкили як ҳукумати нерӯманд аз эҳтимол дур нест. Ва агар Халифа Ҳафтар мехоҳад ин гуна як ҳукумати эътилофии фарогир таъсис диҳад, пас бо рақиби кунунии худ Фоиз Сироҷ бояд канор ояд ва қувваҳои дигари парешон атрофи ҳамин ду қувваи асосӣ мечарханд.

Сироҷ ин чеҳрае нест, ки имкониятҳояш нодида гирифта шавад. Ин пешвоест, ки танҳо ба дастгирии қувваҳои ҳарбӣ такя мезанад ва чуноне ишора ҳам кардем, аз пуштибонии гуруҳҳои берун аз Триполӣ ҳам бархӯрдор аст. Ҳамон неруҳое, ки барои маҳви онҳо фелдмаршал боз солҳо бояд биҷангад. Маҳз ҳамин қувваҳо буданд, ки Сироҷ тавонист тасаллуташ дар Триполиро нигоҳ дорад.

Ҳафтар 75 сол дорад ва дар гузашта аз муттаҳидони аслии Муаммар Қаззофӣ буд. Соли 1969 Ҳафтари 26-сола дар табаддулоти роҳандозишуда зидди Қаззофӣ аз ӯ пуштибонӣ карда буд. Аз сӯйи дигар ҳарду низ мардони ҳарбӣ буданд ва ҳарду бо ҳам дар академияи ҳарбии Бенғозӣ таҳсил карда буданд. Ҳафтар дастпарвари Иттиҳоди Шӯравӣ низ мебошад. Солҳои 1977-1978 вай давраҳои омӯзишии афсариро пушти сар гузошт ва соли 1983 шунавандаи Академияи ҳарбии ба номи Фрунзе буд. Табиист, ки русиро балад аст.

Дӯстиву ҳамкории Ҳафтар ва Қаззофӣ муддати 18 сол идома дошт. Соли 1987 Либия ва Чад бо ҳам ҷангиданд ва Ҳафтар, ки рутбаи полковникӣ дошт, сарфармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Либия таъин гардид. Вале дар ҷанги Чад пирӯз нашуд, балки шармандавор шикаст хӯрд, қувваҳои Чад ҳазорон сарбози вайро куштанд ва худи ӯро бо 400 тобеъонаш ба асорат гирифтанд. Баъди ин нокомӣ Қаззофӣ расман аз асирон рӯ гардонд. Аммо Ҳафтар зинда монд ва номаш дар Чад гум нашуд.

Ба назар мерасад кишвари Чад аз ҳузури асире чун Ҳафтар зидди низоми Қаззофӣ истифода шуд ва ба такмили қувваҳои мухолифони сарвари Либия мухолифат накард, балки ёрӣ расонд. Аммо Қаззофӣ он замон як сиёсатмадори хеле закӣ буд ва чун ин ҳолро таҳлил намуд, даст ба роҳандозии як табаддулоти давлатӣ дар Чад зад ва муваффақ гардид. Аммо чун бино ба шаҳодати шоҳидон артиши муқовимат зидди Қаззофӣ дар Чад бо мадади Амрико ташкил шуда буд, баъди табаддулот Ҳафтар бо 350 тарафдорон ва ҷанговаронаш аввал ба Зоир, баъдан ба Кения ва сипас ба Амрико интиқол ёфтанд.

Полковник муддати 20 сол дар Амрико зист, вале ҳатто рӯзе бе фикри бозгашт ба Либя набуд. Соли 1996 Ҳафтар талош кард шӯриш дар куҳҳои ҷануби Либияро сарварӣ кунад. Вале ноком монд, қисме аз ин шӯришиён боздошт ва ба қатл расонда шуданд.

Аммо тазоҳурот ва исёнҳои ахир зидди Қаззофӣ билохира заминаҳоро барои бозгашти Халифа Ҳафтар фароҳам оварданд. Дар аввалин рӯзҳои инқилоби соли 2011 Ҳафтар ба Либия баргашт ва ба яке аз пешвоёни ҳаракати муқовимат зидди Муаммар Қаззофӣ табдил ёфт. Вале ҳоло он Либия дигар вуҷуд надорад, бояд кишварро аз нав сохт ва фелдмаршал Халифа Ҳафтари 75-сола ба ҳамин умед аст, ки зимоми ҳокимиятро пурра ба даст хоҳад гирифт….

 

Антон КРИВЕНЮК

«Совершенно секретно», No.8/424 Апрели соли 2019

 

 Таҳияи Ф.Муҳаммад

Добавить комментарий