Дмитрийи Дурӯғини аввал. Дар тӯли таърих шинохташуда ба унвони шабеҳи Дмитрийи аввал ва Дмитрийи Дурӯғини аввал. Муддати ҳудудан як сол таҳти номи Дмитрий Иванович подшоҳи Русия буд. Бино ба навиштаи муаррихон дар таърихи ин кишвар танҳо подшоҳе аст, ки бо василаи як шӯриши мусаллаҳона худро соҳиби тоҷ кардааст. Аммо асли қазия чист ва чаро мардуми Русия ҳузури як шоҳи худхонда ва дурӯғинро таҳаммул карданд?

Дар атрофи ин ном мақолоту китобҳои зиёд навишта шудаанд. Ва чун рӯйдод хеле қадимист, таҳлилҳо низ зиддунақизанд. Баъзан муаррихон зиёдаравӣ дар таҳлили гузаштаи шоҳи худхонда кардаанд, вале дар аксар маврид ҳар таҳлилгари таърих талош кардааст дар пажуҳишҳои худ чизи наве бияфзояд.

Дмитрийи дурӯғин шоҳи худхондаест дар таърихи Русия. Вай худро писари шоҳ Ивани чорум муаррифӣ кард ва аз соли 1606 ба тахти шоҳӣ нишаст. Номи аслии вай Юрий Богданович Отрепев буд ва ҷумлаи ашрофзодаҳои хурди галитск (хонаводаи наҷибзодагон) маҳсуб мешуд. Тақрибан солҳои 1600-1601 ба Полша фирор кард ва он ҷо худро валиаҳди тахту тоҷи Русия эълон намуд. Пинҳонӣ ба дини католикҳо пайваст. Соли 1604 бо мадади артиши полякиву литвониҳо марзи русро убур кард. Ӯро дар ин муҳориба бахше аз аҳолии ноогоҳ, казакҳо пуштибонӣ карданд. Моҳи июли соли 1605 баъди марги Борис Гадунов ва қатли писари вай Фёдор чун фармондеҳи артиш ба тахти шоҳӣ нишаст. Аз ҷониби боярҳо бо сарварии княз В.И.Шуйский мавриди сӯиқасд қарор гирифт ва кушта шуд.

Ин бахше кӯтоҳ аз маълумотномаи луғати энсиклопедии “Таърихи Ватан аз замони бостон то ба рӯзҳои мо” иқтибос шуд.

***

Дмитрийи Дурӯғини якум тибқи иттилои Донишномаи озод 19 октябри соли 1582 дар шаҳри Маскав ба дунё омадааст. Аммо сарчашмаҳои зиёди дигар навиштаанд, ки дар санаи таваллуди вай ихтилоф аст, дақиқан маълум нест. Шоҳи худхонда, моҷароҷӯ, худро шоҳи рус Дмитрий Иванович эълон кардаву муддати як сол шоҳ будааст.  Насаби Дмитрийи Дурӯғини якум маълум нест. Тибқи фарзияи расмии ҳукумати Борис Годунов вай як дякони (унвони динӣ, ходими калисо, ёвари кашиши насронӣ) овораи ибодатгоҳи Чудов (дар Маскав) Григорий Отрепев, писари ашрофи галич Богдан Отрепев будааст. Соли 1601 дар Полша аз худ дарак дод ва ҷонибдории магнатҳои полякиву диндорони онро соҳиб шуд. Солҳои 1603-1604 ӯро барои соҳиб шудан ба тахту тоҷи Русия омода карданд.

Дмитрийи Дурӯғини якум дар Полша ба мазҳаби католикӣ гароид, дар ҳоле, ки Русия православ буд ва ба сарварони он кишвар ваъда дод, ки баъди расидан ба қудрат заминҳои Шимол ва Смоленскро ба Полша медиҳад, ба иттиҳоди зидди туркҳо мепайвандад, ба Сигизмунди III (шоҳи Полша ва князи бузурги Литва дар он солҳо) дар муборизааш бо Шветсия мадад мекунад, Русияро католикӣ хоҳад кард, бо духтари сарлашкари сандомир Ежи Мнишек Марина издивоҷ мекунад ва ба ӯ Новгород ва Псковро мебахшад, ба Мнишка 1 миллион пули тилло хоҳад дод.

Тирамоҳи соли 1604 Дмитрийи Дурӯғини якум бо воҳидҳои ҳарбии полякиву литвонӣ марзи Русияро убур кард. Дар Русия бахше аз заминдорон, навкарҳо, казакҳои Дону Запорожйе ва деҳқонони ноҳияҳои ҷануб ӯро дастгирӣ карданд. Баъди марги басо ногаҳонии Борис Годунов (додарарӯси шоҳ Фёдори I Иоаннович, солҳои 1587-1598 сарвари амалии давлат, аз 17 феврали соли 1598 то 13 апрели соли 1605 шоҳи Русия) артиши вай дар наздикии Крома ба тарафи Дмитрийи Дурӯғини якум гузашт. 1 июни соли 1605 дар Маскав шӯриши халқӣ сар зад ва ҳукумати Годунов сарнагун шуд. 20 июни Дмитрийи Дурӯғини якум ба тахт нишаст. Баъди ба даст гирифтани қудрат талош кард, ки сиёсати мустақилонаи дохиливу хориҷиро роҳандозӣ кунад.

Бо талош ба такя ба ашрофҳои музофотӣ шоҳи худхонда аз ҳисоби мусодираи воситаҳои пуливу молии ибодатгоҳҳо маош ва ҳуқуқашон ба заминро афзоиш дод. Вай ҳамчунин ваъда дод, ки дар кӯтоҳтарин фурсат дар ҳуқуқҳои заминдории ин афрод қонунан расидагӣ мекунад. Вай талош кард артишро аз нав ташкил кунад. Ҳамзамон бо ин ба деҳқонон ва ғуломон баъзе гузаштҳо кард. Ноҳияҳои ҷанубиро муддати 10 сол аз молиёт озод намуд. Вале фишор болои деҳқонон ва афзоиши молиёту дигар мушкилиҳо сабабгори шӯриши деҳқонон дар соли 1606 шуд. Ҷунбишҳои казакҳо ҳам вусъат гирифтанд.

Дар ин ҳол Дмитрийи Дурӯғини якум натавонист ҷонибдории заминдорони бузургро ба сиёсатҳои ислоҳотии худ ба даст орад ва ба шӯришчиён гузашт кард. Вай бар зидди онҳо аз қувваи артиш истифода нанамуд.

Чун Дмитрийи Дурӯғини якум ваъдаҳои ба полякҳо додаи худро иҷро накард (натавонист Русияро католикӣ кунад, қаламрави ваъдагиро ба Полша диҳад ва ин кишварро дар ҷангаш зидди Шветсия ёрӣ расонад) муносибаташ бо Полша низ тира шуд. Ин ҳама нокомиҳо дар ҳокимият ва шикасти сиёсатҳои дохиливу хориҷӣ сабаб шуд, ки афроди саршинос бо сарварии княз Василий Иванович Шуйский даст ба омодагии сӯиқасд ба ҷони шоҳи худхонда зананд. Дар ҷараёни шӯриши шаҳриён зидди полякҳое, ки ба маросими издивоҷи Дмитрийи дурӯғини якум бо Марина Мнишек омада буданд, шоҳи худхонда ва моҷароҷӯ кушта шуд.

В. Д. Назаров

***

Лев Пушкарев ва Наталя Пушкарева дар мақолаи худ, ки “Энциклопедия «Кругосвет» чоп кардааст, маълумотҳо дар бораи Дмитрийи дурӯғини якумро пурра кардаанд. Ин муаллифон аз ҷумла меоранд, ки ба эҳтимоли зиёд вай соли 1602 мехост худро шоҳзодаи дурӯғин эълон кунад, вале дар кишвар ҷонибдор пайдо накард. Аз ин рӯ пинҳонӣ ба Полша фирор кард ва аввалин коре анҷом дод, ба мазҳаби католикӣ рӯ овард. Ва шояд ин ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи зимомдорон буд, ки ба равияҳои динӣ эҳтиром доштанд.

Ба навиштаи ин муаллифон аз Полша вай тирамоҳи соли 1604 бо бештар аз се ҳазор лашкар вориди Русия шуд. Моҳи ноябри соли 1604 барои мубориза зидди Дмитрийи дурӯғини якум се полки артиши шоҳӣ равона гардид. 21-уми январи соли 1605 дар рустои Добриничи волости Комарис Дмитрийи Дурӯғини якум шикаст дода шуд, вале вай тавонист неруҳои худро нигоҳ дорад ва дар ҷануб тақвият кунад.

Моҳи майи соли 1605 шоҳ Годунов ногаҳон вафот кард ва бахше аз артиши вай бо сарварии П.Ф.Басманов ба тарафи ин худхонда гузашт. Писари Борис Годунов Федор Годунов, ки ба ҷойи падараш шоҳ эълон шуда буд, бо фармони Дмитрийи Дурӯғини якум ҳамроҳ бо модараш ба қатл расонда шуд. Хоҳари Федор Ксенияро шоҳи худхонда ба маъшуқаи худ табдил дод. Хеле баъдҳо Ксения роҳибаи калисо шуд.

Дар бораи маросими ба тахт нишастани шоҳи худхонда навиштаҳо зиёданд, дар бисёре аз ин навиштаҳо ҷузъиёти рӯзи тахтнишинӣ оварда шудааст, ки барои имрӯзиён чандон мароқовар нест. Вале чанд нуктаро аз сиёсатҳои дохиливу хориҷии вай аз мақолаи Лев Пушкарев ва Наталя Пушкарева метавон иқтибос овард.

Ин муаллифон аз ҷумла менависанд, ки баъзе иқдомоти шоҳи худхонда ва моҷароҷӯ аз оғоз муҷиби хашму норозигӣ миёни сокинон шуд. Аз ҷумла, вай фармон дод, ки барояш қасри боҳашамати чӯбӣ созанд, ки роҳҳои вуруду хуруҷи пинҳонӣ доштаву, аз ҳуҷраҳои зиёд иборат бошад. Вай хоби ҳамагонии баъдинисфирӯзиро манъ кард, якчанд костел (калисои полякӣ) сохт, ки яке аз он дар марказ буд. Ва боз нукоти дигар. Билохира, аҳолии норозӣ бо истифода аз саргармиҳои рӯзи издивоҷ даст ба шӯриш заданд ва шоҳи худхондаро ба ҳалокат расонданд.

Ин муаллифон низ ҳамон фарзияи иҷро нашудани ваъдаҳояш ба ҳокимони Полша дар мавриди бахшидани қаламрав, католикӣ кардани русҳо ва ғайраро сабабгори аслии тира шудани муносибатҳои шоҳи худхонда бо ҳокимони Полша медонанд.

Задухӯрди аввалини сокинони Маскав бо неруҳои Дмитрийи Дурӯғини якум 14 майи соли 1606 оғоз шудааст ва сапедадами рӯзи 17 май қувваҳои В.И.Шуйский ба кохи Кремл ворид шуданд. Бо нидои “Зрада!” (“Хиёнат!”) Дмитрийи Дурӯғини якум хост фирор кунад, вале кушта шуд. Ҷасади ӯро ба рустои Котла бурданд ва сӯзонданду бо хокистараш тӯпи ҷангиро пур карданд ва ба самти ғарб, ки аз он ҷо омада буд, партов карданд…

 

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Добавить комментарий