Дар шумораи гузаштаи “Самак” мо дар бораи мафҳуми анклав ва машҳуртарин анклавҳои олам маълумот додем. Ин бор руҷуъе дорем дар бораи давлатҳои анклави олам, ки шуморашон зиёд аст.

Ватикан

Ватикан бо номи давлат-шаҳри Ватикан низ машҳур аст. Як шаҳр аст, вале давлати мустақил дар дохили шаҳри Рум воқеъ дар Италия. Ватикан маҳалли иқомати Поп – сарвари католикҳои ҷаҳон ва маркази Калисои католикӣ мебошад. Ватикан аз ҳар ҷониб бо заминҳои Италия иҳота шудааст, масири мустақими хуруҷ ба олами берун надорад. Тӯли марзи он ҳамагӣ 3,2 километр аст. Хурдтарин давлати олам аст, ки ҳамагӣ 800 нафар дар он зиндагонӣ мекунанд ва аз ин ҷиҳат онро камҷамъияттарин кишвари олам меноманд.

Ватикан давлати теократист, ки аз ҷониби Поп идора карда мешавад. Давлатшаҳри мустқил аст, ки соли 1929 бо тавофуқи мақомоти Сарири муқаддас ва Бенито Мусолини – нахуствазири вақти Италия бунёд ёфтааст. Аммо асли давлати Ватикан қадимист ва ба давраи Масеҳияти аввалия иртибот дорад. Сарири Муқаддас олитарин усқуфнишини Калисои католик ва ҳукумати марказии кулли калисоҳои католикӣ ба шумор меравад ва дар ҷомеаи байналмилалӣ як воҳиди мустақили ҳокимият шумурда мешавад, ки мавзуъи ҳуқуқи байналмилалӣ аст. Ватикан дар бисёре аз кишварҳо сафоратхонаҳои худро дорад, дар созмонҳои байналмилалии муътабар узвият дорад ва намояндагии он амал мекунад. Сафирони ин кишвар ва намояндагони Поп низ ба таври расмӣ намоянда ва сафири Сарири муқаддас номида мешаванд.

Шахси аввал дар идораи шаҳр Попи аъзам аст, ки дар олитарин маснад қарор дорад. Ҳақи қонунгузорӣ, қазоват ва идораи давлат ба уҳдаи ӯст. Ба ин далел, ки пешинаи таърихӣ дорад, давлати ҳоким дар Ватикан дорои сохтори хос ва мунҳасир ба фард дорад. Баъд аз Поп, ки дар садри ин давлат аст, дабири расмии минтақа намояндаи Попи аъзам дар комиссиюн қарор дорад, ки на танҳо ин аъзо, балки ҳамаи афрод аз сӯйи Поп интихоб ва бо хости вай барканор мешаванд.

Ватикан дорои чанд дастаи амниятӣ ҳам мебошад, ки яке горди амниятӣ ва дигар артиши он аст, ки ба сурати довталабона сарбоз мегирад, на маҷбурӣ.

Ватикан кучактари иёлоти худмухтори қораи Аврупост ва дар рӯйи теппае ба ҳамин ном дар қисмати шимолу ғарби шаҳри Рум воқеъ аст ва гирдогирди онро деворе иҳота кардааст, то шаҳр ва бахусус Попи аъзамро аз хатари ҳамлаҳои хориҷӣ муҳофизат намояд. Аз соли 1981 милодӣ дарбори Ватикан барои хотима додан ба ҳадсу гумонҳо дар мавриди сарвату даромади калисо ҳисобҳои молии худро мунташир мекунад. Бонки Ватикан дар садаи 19 милодӣ таъсис шуд, аммо фаъолияти худро дар шакли кунунӣ ва таҳти номи феълии “Муассисаи осори мазҳабӣ” аз соли 1942 милодӣ оғоз кард.

Ватикан фурудгоҳ надорад, танҳо як парвозгоҳи кӯчаке, ки аз он чархбол ба ҳаво мехезаду менишинад. Аз роҳҳои Италия истифода мекунад.

Аз 800 нафаре, ки дар шаҳр иқомат мекунанд, танҳо 450 нафарашон сокинони доимии онанд, боқӣ танҳо иҷозаи иқомат доранд. Ниме аз шаҳрвандони Ватикан дар ин шаҳр иқомат намекунанд ва ба муносибати шуғли худ (бештар ба унвони дипломат) дар мамолики дигари олам сукунат доранд.

Ватикан дар таъйини бисёре аз маводи фарҳангӣ ва сиёсии ҷаҳони масеҳият нақши муҳимеро ифо мекунад ва солона теъдоди зиёде аз мардум аз ин кишвар боздид менамоянд ва аз ҳисоби ҷаҳонгардони мазҳабӣ даромади қобили мулоҳизае дорад. Шаҳри Ватикан аз худии худ аз таърихи фарҳангии қобили таваҷҷуҳ бархӯрдор аст ва диққати ҷаҳонгардони мазҳабиро бештар ҷалб мекунад.

Китобхонаи бузурги шаҳр ва муъҷизаҳои арзишманди осорхонаи он саршор аз иттилооти таърихии шигарфе аст. Соли 1982 созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳри Ватиканро дар феҳристи манотиқи таърихии худ сабт кард ва ин ягона намунае аст, ки кулли як давлат ба унвони асари таърихӣ сабт мешавад.

Сан — Марино

Анклав дар қаламрави Италия. Бо номи расмии Ҷумҳурии Сан-Марино машҳур аст. Кишваре дар ҷануби Аврупо, ки дар нимҷазираи Италия ҷой гирифтааст. Ва аз қадимитарин давлатҳои ин минтақа ба ҳисоб меравад. Шуҳрати Сан-Марино дар қонуни асосии он аст, ки соли 1600 милодӣ тадвин шуда, қадимитарин қонуни асосии миллӣ дар ҷаҳон аст ва ҳамоно ин кишвари кӯчак аз ҳамон қонун истифода мекунад ва тағйир накардааст. Ҳамзамон бо ин ин кишвар нахустин кишвари олам аст, ки ҳукумати худро ҷумҳурӣ эълон кардааст.

Сан-Марино ба ҳайати НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо дохил намешавад. Аз пули евро истифода мекунад ва иҷозат дорад, ки пули худро ба муомилот бароварад.

Таърихи бунёди Сан-Мариноро соли 301 меноманд. Дар бораи таъсиси ин кишвар ривоятеро нақл мекунанд, ки гӯё як долмосӣ (минтақае дар солҳили шарқии баҳри Андриатикӣ) бо номи Марино аз таъқиби император Диоклетиан фирор карда ба ин минтақа расид ва ҷамъияти мазҳабиеро новобаста аз император ва поп созмон дод. Баъдан он ба ҷумҳурӣ табдил ёфт ва исмаш Сан-Марино боқӣ монд.

Парламони Сан – Марино бо ройи мустақими мардум барои як давраи панҷсола интихоб мешавад. Ин кишвар аз нуҳ вилоят иборат аст.

Мардумонаш асосан масеҳиёни католик мебошанд. Масоҳати умумиаш 61 километри мураббаъ буда, тибқи охирин омор дар он 33 422 ҳазор нафар зиндагонӣ мекунанд.

Лесото

Анклав дар қаламрави Африқои Ҷанубӣ. Номи расмии он Подшоҳии Лесото (анг. Kingdom of Lesotho). Кишвари дар ҷануби Африқо, дар хушкӣ ҷой гирифтаву ҳеҷ марзи обӣ надорад. Кишварест, ки ғайр аз Африқори Ҷанубӣ бо ягон мамлакати дигар марзи муштарак надорад. Пойтахти он шаҳри Мосру буда, забони давлатии он сесото ва англисист.

Сохти давлатӣ подшоҳист. Ҳамагӣ 30 355 километри мураббаъ масоҳат дорад ва дар он беш аз 2 миллион нафар зиндагонӣ мекунанд. Асъори миллии он рэнд, лоти номида мешавад.

Сокинони аслии ин минтақа аз ақвоми куҳани шикорчӣ-гирдоваранда будаанд. Намунаҳое аз ҳунари санги онҳоро метавон дар куҳҳои саросари минтақа пайдо кард. Муҳимтарин содироти Лесото кафш ва маҳсулоти зироатӣ мебошад. Бисёре аз мардумони он барои кор ба Африқои Ҷанубӣ мераванд. Узви кишварҳои Иттиҳодияи Африқо мебошад.

Бруней

Ниманклав дар Малайзия. 1 январи соли 1984 соҳиби истиқлолият (аз Британияи Кабир) шуд. Давлатест дар ҷазираи Бруней, воқеъ дар ҷанубу шарқии Осиё ва пойтахти он шаҳри Бандар Сарӣ Беговон мебошад. Номи расмии ин кишвар чунин аст: “Кишвари Бруней, сарзамини оштӣ”. Худи номи Бруней вожаи санскритии “varun» буда, маънояш уқёнус аст.

Бруней дар канори Малайзия қарор гирифтааст ва дар гузашта бо дигар бахшҳои Малайзия таҳти истеъмори Бритнаия буд. Ин ягона бахши Майлайзия буд, ки соли 1963 дар ихтиёри Британия монданро пазируфт ва худро аз Малайзия канор гирифт. Вале соли 1986 истиқлол ёфт ва аз он ки манбаъҳои саршори нефту газ дошт, яке аз кишварҳои сарватманди олам дониста мешавад.

Забони расмии он малоёӣ буда, навъи ҳукуматаш подшоҳии мутлақ аст. Яке аз кӯчактарин давлатҳои исломии олам ба шумор меравад.

Тимури Шарқӣ

Номи расмии он Ҷумҳурии демократики Тимури Шарқӣ. Кишваре дар ҷанубу шарқии Осиё. Нимаанклав дар Индонезия буда, як миллиону 160 ҳазор аҳолӣ дорад, ки 97 дарсади онон масеҳиёни католик мебошанд. Соли 1975 аз Португалия истиқлолият ёфт. Забони расмии он тетумӣ ва португалист. Сохти давлатдориаш нимапрезидентӣ.

Тимури Шарқӣ то соли 2002 яке аз вилоятҳои Индонезия буд. Аммо дар пайи қиёмҳо ва шӯришҳои истиқлолталабона аз ин кишвар ҷудо шуд. Ва 20-уми майи ҳамон сол аз Индонезия эълони истиқлол кард.

Ин сарзамини қадимист ва гуфта мешавад, ки аввалин инсон дар ин қаламрав 42 ҳазор сол пеш зистааст. 4 ҳазор сол пеш дар Тимури Шарқӣ нажоди австралоидҳо мустақар шудаанд. Тетумҳо чун намояндагони насли охири муҳоҷират шояд дар асри 16 пайдо шудаанд. Чуноне ишора шуд, ахиран ин сарзамин дар ишғоли Португалия буд.

27%-и аҳолии он шаҳрнишин, бино ба омори соли 2002 58 фоизи аҳолии он хату савод доранд. Мусалмонон дар ин кишвар 0,3 фоизро ташкил медиҳанд.

Гамбия

Нимаанклав дар Сенегал. Номи расмии он Ҷумҳурии Гамбия. Кишварест дар ғарби Африқо ва яке аз хурдтарин кишварҳои ин қора аст. Пойтахташ шаҳри Бонҷул ва калонтарин шаҳри он Серекунда ном дорад. Шакли идориаш президентӣ, дини давлатии он ислом аст. Аз ҷиҳати қаламрав бо 10 380 километри мураббаъ дар ҷаҳон дар ҷойи 159 қарор дорад. Тибқи омори соли 2013 дар Гамбия 1 878 99 нафар зиндагӣ мекунанд.

Дар Гамбия ақвоми гуногун зиндагӣ мекунанд ва бузургтарину сершумортарини он қавми мондинго аст, ки 42 дарсади аҳолии онро ташкил медиҳад. 90 дарсад мардумонаш мусалмонанд ва равияҳои тасаввуф дар миёни онҳо ривоҷ дорад.

Дар соли 1455 милодӣ португалиҳо хоки Гамбияро забт карданд, вале ин кишвар 3 аср баъд, яъне соли 1765 мустаъмараи Британия шуд. Соли 1965 баъди муборизаи тӯлонӣ ба истиқлол расид. Муддате бо Сенегал дар як конфедератсион буд.

Монако

Нимаанклав дар Фаронса. Бо номи расмии Шоҳзоданишини Монако (фаронсавии Principauté de Monaco) машҳур аст. Дуввумин кишвари хурди дунё баъди Ватикон аст. Шоҳзоданишине, ки дар қалби қораи Аврупо қарор дорад. Нимҷазираи Монако дар баҳри Миёназамин ва дар наздикии соҳилҳои ҷанубии Фаронса воқеъ шудааст ва масоҳати он ҳудудан 2 километри мураббаъ мебошад. Дар он 37 863 нафар (омори соли 2016) зиндагонӣ мекунанд.

Дар даҳаи 70 милодӣ бо дастури шоҳзода Ренеи сеюм-фармонравои вақти Монако сохтани биноҳои баланд дар соҳилҳо манъ шуд. Далели ин тасмим “ҳифзи асолати “ шоҳзоданишини Монако эълон шуда буд. Ин қонун дар соли 2009 милодӣ аз ҷониби шоҳзода Алберт, фармонравои нав бекор карда шуд.

Португалия

Номи расмии он Ҷумҳурии Португалия (República Portuguesa), кишваре дар ҷанубу ғарбии Аврупо. Пойтахташ Лисабон ва забони расмии он португалӣ аст. 10 276 617 (тибқи омори соли 2018) аҳолӣ дорад. Ҷумҳурии парламонӣ аст.

Номи ин кишвар дар боби кишваркушоиҳои олам зиёд ёд мешавад ва аз ҷумлаи чанд мамлакати фаъоли қораи Аврупо буд, ки дар ишғоли заминҳои нав дар Амрикову Африқо саҳм дошт. Ва рӯзгоре ин кишвари истеъморӣ шимоли Бразилия, Гвинея-Бисау, Мозамбик, Темури Шарқӣ ва бахшҳое аз қаламрави Ҳиндро дар ихтиёр дошт. Соли 1960 милодӣ ба дунболи истиқлоли бисёре аз кишварҳои африқоӣ, ки пеш аз он мустаъмараи соири қудратҳои истеъморӣ буданд, Португалия бо нигаронӣ бахшҳои ишғолии худро бахшҳои ҷудоинопазири худ донист. Ин буд, ки бисёре аз ин минтақаҳо ҳудуди 15 соли дигар барои касби озодӣ ва истиқлол мубориза карданд. Соли 1974 ин амр ба суқути низоми диктаторӣ ва фашистии Португалия оварда расонд. Як сол баъд кишварҳои таҳти султаи вай озод шуданд.

Дания

Номи расмиаш подшоҳии Дания. Кишваре дар шимоли Аврупо. Аз асри  VIII вуҷуд дорад. Пойтахташ Копенгаген. Калонтарин шаҳрҳои он Копенгаген, Орхус, Оденсе, Олборг мебошанд. 43 094 километри мукааб масоҳат дорад ва дар он 5 811 413 нафар (тибқи омори соли 2019) зиндагонӣ мекунанд. Аъзои СММ ва НАТО мебошад. Ниманклав буда, роҳи баҳрӣ бо Шветсия дорад.

Дар қаламрави Дания 49 гунаи ҳайвоноти пистондор зиндагӣ мекунанд, ки 19 гунаи он ба Китоби сурх дохил шудаанд аз соли 1850 наздик ба 350 намуди ҳайвонот ва рустаниҳои бумии Дания нобуд шудаанд.

Канада

Кишваре нимаанклав дар шимоли қораи Амрикои Шимолӣ. Ин кишвар аз шарқ бо уқёнуси Атлас, аз ғарб бо уқёнуси Ором ва аз шимол бо уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ пайвастааст. Аз ҷануб бо ИМА ҳамсарҳад мебошад. Он аз ҷиҳати масоҳат, дар ҷаҳон баъд аз Федератсияи Русия (бо 9 984 670 км²) ҷойи дувумро соҳиб аст. Пойтахташ шаҳри Оттава.

Шаҳрҳои бузургтарин Монреал, Торонто, Калгари ва Ванкувер. Ҳарчанд Канада пас аз Русия дуюмин кишвари бузурги олам аз нигоҳи қаламрав ба шумор меравад, вале аҳолии он танҳо ҳудуди як панҷуми аҳолии Русия (37 602 103 нафар ) мебошад.

Наздикии он бо Амрико сабаби рушди иқтисодиву саноатӣ шудааст, ба гунае, ки ин ду кишвар бузургтарин равобити тиҷоративу иқтисодӣ дар ҷаҳон доранд. Аз сӯйи дигар Канада манбаъҳои табиии фаровоне дорад. Обу ҳавояш сард буда, дар аксари минтақаҳои он қутбӣ аст.

То соли 1713 мустаъмараи Фаронса буд. Аз ин сол Британия онро ишғол кард. Аз 1 июли соли 1867 соҳибистиқлол шуд. Забони расмии он англисӣ ва фаронсавист. Давлати федералию парламонии подшоҳист.

Қатар

Нимаанклав. Номи расмиаш Давлати Қатар, кишваре дар ҷанубу ғарбии қораи Осиё дар минтақаи Ховари Миёна ва дар шарқи нимҷазираи Арабистон, дар бахши ҷанубии Халиҷи Форс. 3-юми сентябри соли 1971 аз Британияи Кабир истиқлолият ёфтааст. Забони расмии он арабист.  Пойтахташ шаҳри Доҳа. Давлати подшоҳист.
11 586 км² масоҳат дорад ва тибқи омори соли 2019 аҳолии он ба 2 638 657 расид

Аз асри VII дар ҳайати Хилофати Араб буд. Дар асрҳои XIII-XIV зери итоати амирони Баҳрайн даромад, аввали асри XVI португалиҳо забт карданд, баъдтар Империяи Усмонӣ онро ишғол намуд. Солҳои 1916-1971 дар итоати протекторати Британия буд.

Ин буд мухтасар дар бораи чанд давлати анклави олам. Метавон ин рӯйхатро идома дод. Метавон дар бораи Ҷумҳурии Корея, Папуа – Гвинеяи Нав, Лихтенштейн, Ҷумҳурии Доминикан, Ирландия ва мамолики дигари ҳамсарнавишти онҳо низ дар мавридҳои ҷудогона муфассал сухан ронд.

Таҳияи Фирӯзи Муҳаммад

Добавить комментарий