Дар олам кишварҳое вуҷуд доранд, ки сокинонашон беҳтар аз мамолики дигар зиндагӣ мекунанд

Ин гузориш бар пояи ҳисоботи Хазинаи байналмилалии асъор — ташкилоти байнидавлатии СММ омода шудааст. Бино ба андешаи муаллифони ин гузориш сарватмандтарин кишварҳо ҳамонҳое мебошанд, ки Маҷмуъи маҳсулоти дохилиашон (ММД) ба ҳар нафар аҳолӣ бештар аст. Барои он ки ҳаҷми ММД ба ҳар нафар аҳолӣ (арзиши ҳамаи молҳо ва хизматрасониҳо дар кишвар) дониста шавад, онро ба шумори аҳолии он кишвар тақсим мекунанд.

ММД дар умум сарвати мамлакатро нишон медиҳад, ММД ба ҳар нафар баёнгари ҳадди некӯаҳволии шаҳрвандони он кишвар аст. Барои қиёс: Чин дар ҳаҷми умумии ММД дар олам ҷойи дуюмро ишғол мекунад, вале аз рӯйи нишондод ба ҳар сари аҳолӣ ҳатто шомили 50 кишвари пшрафта ҳам нест, зеро ҷамъияти он бештар аст.

Русия низ ба ин бистгона дохил нашуд. Дар ММД ҷойи 56-умро ишғол мекунад.

  1. 20. Олмон [ММД $53 570]

Олмонро маркази иқтисодии Аврупо меноманд ва яке аз босуботттарин кишварҳои минтақа аст. Ин кишвар ғайр аз ангишт ҳеч захираи бойи зеризаминӣ надорад, вале вай бештар ба сектори хизматрасонӣ (70% аз ММД), саноат (25% аз ММД) тамаркуз мекунад. Танҳо 1,5 дарсади он мансуб ба кишоварзист. Олмон бештар мошин, маводи кимиёӣ, роёнаҳо ва доруворӣ содир мекунад.

  1. Дания [ММД $53 880]

Подшоҳии Дания ҷанубитарин кишварҳои скандинавист. Ин кишвар ҳамсояҳои иқтисодашон хеле пурқудрат (Шветсия, Норвегия, Олмон) дорад. Роҳ ба баҳр, газ, нефт низ, аммо маъданҳои дигари фоидавовар кам дорад.

Наздик ба 40%-и ММД мансуб ба соҳаи саноат аст. Дания дар киштисозӣ яке аз мамлакатҳои пешрафтаи олам дониста мешавад. Он бештар маснуъоти филизӣ, мошин, доруворӣ, маҳсулоти ширу гӯшт содир мекунад.

  1. Шветсия [ММД $54 630]

Шветсия — яке дигар аз кишварҳои Аврупои Шимолист, ки сатҳи зиндагии сокинонаш баланд ва саноташ босубот рушд мекунад. 60 дарсади ММД — и онро молиёт ташкил медиҳад. Захираҳои асосии давлат ҷангал, маъдани оҳан ва энержӣ мебошад. Ва ин маҳсулот асоси содироти Шведсияро ташкил медиҳад.

Аммо зарфи чанд даҳсолаи охир нақши зистпизишкӣ дар ҳоли рушд аст. Шветсия аз мӯд, тарроҳӣ, маҳсулоти мултимедӣ, хӯрокворӣ ва гардишгарӣ низ фоидаи хуб ба даст меорад.

  1. Тайван [ММД $55 080]

Тайван — ин кишварест, ки истиқлолияти онро Чин қисман эътироф мекунад. 23,5 миллион аҳолӣ дорад ва амалан шомили Чин аст. Ин кишвар дорои иқтисоди капиталистист ва дар он тадриҷан нақши назорати давлатӣ коҳиш меёбад.

Бетар аз 70% ММД-и кишварро хизматрасониҳо ва наздик ба 24 дарсади дигарро саноат ташкил медиҳад. Тайвониҳо беш аз пеш ба технологияи пешрафта рӯ меоранд ва метавон онро як мамлакати пешгом дар тавлиди нармафзорҳо донист.

  1. Арабистони Саудӣ[ММД $55 700]

Арабистони Саудӣ калонтарин кишвари нимҷазираи Араб буда, бо Қатар ва Кувейт ҳаммарз аст. Сарвати он нефт ва газ мебошад. 25 дарсади захираҳои нефти олам дар қаламрави Арабистони Саудӣ аст. Ва нефту газ 45% ММД-и умумии онро ташкил медиҳад, 90 дарсади маҳсулоти хоми он содир карда мешавад. Дуюмин кишвари олам аст, ки аз ҷаҳонгардӣ фоида ба даст меорад ва як манбаъи аслии даромад барои Риёз ин зиёрати Маккаву Мадина аст.

  1. Исландия [ММД $56 070]

Кишвари ҷазираии ифтихорӣ бо номҳои ғайри қобили тавсифи ашёи ҷуғрофиёӣ. Яке аз амнтарин мамлакатҳои ҷаҳон аст. Дар асри ХХ Исландия намунае аз иқтисоди фарҳангӣ буд, соли 2001 моҳидорӣ аз се як ҳисаи ММД-и онро ташкил дод. Дар айни замон дар ин кишвар энергетика рушд мекунад. Тиҷорати бонкӣ дар ҳоли пешравист, гардишгарӣ, технологияи иттилоотӣ низ.

Исландия ҳамчунин моҳӣ, алюминий ва доруворӣ содир мекунад.

  1. Нидерландия[ММД $58 340]

Соҳаи калидии иқтисоди Нидерландия мошинсозӣ, нефту кимиё, киштисозӣ, тавлиди ҳавопаймо, маҳсулоти бофандагӣ, металургия, истеҳсоли оби ҷав ва сайёҳист.

Дар сохтори ММД ¾ хизматрасонӣ, наздик ба 24% сохтмон ва саноат ташкил медиҳад. Ғайр аз ин хизматрасонии Роттердам — як аз муҳимтарин бандарҳои олам дар боркашӣ низ ба уҳдаи Нидерландия мебошад.

  1. Сан-Марино [ММД $61 580]

Ҷумҳурии Сан-Марино. Кишваре дар ҷануби Аврупо, ки дар нимҷазираи Италия воқеъ шудааст. Пойтахти он шаҳри Сан-Марино мебошад. Қонуни асосии Сан-Марино соли 1600 милодӣ қабул шудааст ва дар олам аз қадимитарин қонуни асосӣ эълон шудааст. Дар ин давлати хурд ҳамагӣ 33 ҳазор нафар зиндагонӣ мекунанд. Ин аст, ки таъмини ММД ба ҳар сари аҳолӣ чандон мушкиле ҳам надорад. Он чун як минтақаи офшорӣ аст, ки ширкатҳои хориҷиро аз пардохти молиёт (андоз) озод мекунад ва ин мадад менамояд, ки иқтисоди худро босубот нигоҳ дорад. Бештар аз се ҳиссаи ММД саҳми сектори саноатист, наздик ба 18 дарсади онро суғурта ва бонкҳо, наздик ба 14%-ро идораи давлатӣ ташкил медиҳад.

Барои Сан-Марино гардишгарӣ муҳимтар аст, ҳар сол то 3 миллион нафар аз гӯшаву канори олам аз ин мамлакат дидан мекунанд.

  1. Ҳонконг [ММД $64 930]

Шаҳи ҷазираӣ дар ҷануби Чин, минтақаи худмухтори дорои бештар аз 7 миллион аҳолӣ, аз муҳимтарин бозорҳои молӣ ва тиҷории Осиё ва ҷаҳон ба шумор меравад. Забонҳои давлатии он чинӣ ва англисӣ буда, 93,6 дарсади аҳолии он чинитаборанд. Воҳиди пулии он доллари Ҳонконг аст. Номи Ҳонконг ба маънои “Бандаргоҳи атрогин” аст. Дар ин минтақа аз ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш одамон сокин шудаанд ва осоре аз асри санг дар он ёфт шудааст.

Муваффақияти иқтисодии собиқ мустаъмараи Британия бар пояи усули дахолат накардани давлат ба тиҷорат ва бозори озод ба даст омадааст. Дар Ҳонконг ширкатҳои зиёди байналмилалии Осиё намояндагӣ доранд.

Тахминан 90% ММД-и Ҳонконг аз соҳаи хизматрасонист. Соҳаҳои сердаромад: сайёҳӣ, хизматрасониҳои молиявӣ, технологияи иттилоотӣ мебошанд.

  1. ИМА [ММД $65 110]

ИМА иқтисоди гуногун дорад, ҳаҷми умумии ММД ба ҳадде баланд аст, ки дар ҳоли доштани 329 миллион аҳолӣ ин кишвар дар ҷаҳон аз ҷиҳати ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷойи 11-ум қарор дорад.

ИМА аз кишварҳои пешрафтаи саноатии олам аст. Наздик ба 79,4 дарсади ММД ба соҳаи хизматрасонӣ ва 20% ба саноат дахл дорад. ИМА бештар маҳсулоти нефтӣ, ҳавопаймо, мошинҳо, доруворӣ, таҷҳизоти мухобиротӣ содир мекунад.

  1. Швейтсария [ММД $66 200]

Швейтсария дар даҳгонаи сарватмандтарин кишварҳои олам мебошад. Сиёсати ин кишвар ба сармоягузорони хориҷӣ кафолат медиҳад, ки асрори бонкии онҳо ҳифз шавад, ин аст, ки онҳо дар ин кишвар ба сарватҳои худ ва амнияту ҳифзи он бовар доранд. Дуруст аст, ки иқтисоди ин ишвар низ аз ҳамин пасандозҳои хориҷиён вобаста мебошад.

Захираҳои калидии кишвар — саноат ва тиҷорат аст. Швейтсария дар истихроҷу поксозии тилло низ дар ҷаҳон пешсаф аст. 2/3 истихроҷи ҷаҳонии тилло ба ин кишвар мансуб аст. Соатҳои шветсарӣ дар саросари олам маъруфанд.

  1. Кувейт [ММД $66 390]

Кувейт дорои ҳудудан 9% захираи нефти олам аст. Ва тақрибан ниме аз ММД-и он аз ҳамин ҳисоб таҳия мешавад. Кувейт бештар бо Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Ҳинд, Тайван додугирифт дорад. Кувейтиҳо мардумони аз ҳар нигоҳ таъминанд, аз ин рӯ, 60% коргарони он аз хориҷ меоянд.

  1. АМА [ММД $69 430]

Аморати Муттаҳидаи Араб — подшоҳии мутлақи федералӣ дар ҷанубу ғарби қораи Осиё ва дар шарқи нимҷазираи Арабистон дар Ховари Миёна аст, ки аз ҷануб бо Қатар ва Арабистони Саудӣ, аз шарқ бо Уммон ва аз шимол бо Халиҷи Форс ҳамсоя аст. Он иттиҳоди ҳафт шайхниши хурд буда, ҳар кадоме аз онҳо соҳиби истиқлоланд, вале дорои амири ягонае мебошанд, ки аз номи ин ҳафт шайхнишин баромад мекунад. Кишварест дорои захираҳои беҳудуди нефт. Аммо бо вуҷуди ин вай ба бахшҳои суннатии иқтисод: кабудизоркунӣ, тиҷорати транзитӣ, тиҷорат ва саноати дастӣ машғул аст.

Ин кишвар дорои минтақаи озоди тиҷоратии Ҷабал Алӣ, бандарҳои байналмилалӣ ва гардишгарии рушдёфта мебошад. Ҳамасола садҳо ҳазор нафар аз ин кишвар дидан мекунанд.

  1. Норвегия [ММД $76 680]

Давлати подшоҳист. Норвегия — яке аз пурқудраттарин кишварҳои олам аз нигоҳи иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоист. Дар ММД-и умумӣ дар олам дар ҷойи 48-ум, аммо ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷойи 7-ум қарор дорад.

Нефт ва газ дар иқтисоди он мақоми муҳим доранд, вале дигар соҳаҳо, аз ҷумла мошинсозӣ, саноати кимиёвӣ, киштисозӣ, моҳидорӣ, ҷангалпарварӣ низ дар он рушдёфтаанд.

  1. Бруней [ММД $80 380]

Кишваре дар ҷазираи Бруней, дар ҷанубу шарқи Осиё мебошад. Пойтахти он Бандар-Сери-Бегован ном дорад. Номи расмии он Кишвари Бруней-сарзамини оштӣ мебошад. Бруней вожаи санскрити  «varun» буда, ба маънои уқёнус мебошад. Бруней дар канори Малайзия ҷой гирифтааст ва дар гузашта як вилояти таҳти тасарруфи Британия буд.

Сарчашмаи аслии даромади Бруней чун кишвраҳои дигари арабӣ нефт мебошад, ки беш аз 90% воридоти асъор дар онро ташкил медиҳад. Мардумони он ҳаёти басо серу пуру осуда доранд. Аз он ки хуб таъминанд, қисмати бештари коргаронашон омада аз хориҷ мебошанд.

Дуруст аст, ки сатҳи зиндагӣ дар Бруней аз хазинаи хонаводаи шоҳ, ки худи султон бо хости дили худ тақсим мекунад, вобаста мебошад.

  1. Ирландия [ММД $83 400]

Ирландия — кишвари аврупоӣ буда, 4,9 миллион аҳолӣ дорад. Пойтахташ шаҳри Дублин. Аз шаш панҷ ҳиссаи он ба Ҷумҳурии Ирландияи Ҷанубӣ тааллуқ дорад. Ирландияи Шимолӣ ва Ҷанубӣ бо як марзи басо сода аз ҳам ҷудо шудаанд. Ба ин кишвар муяссар мешавад, ки бо вуҷуди боло будани сатҳи бекорӣ (соли 2018 5,7% бекор буданд) сатҳи болои ММД-ро нигоҳ дорад. Дар қиёс бекорӣ дар Олмон 3% аст.

То буҳрони соли 2008 иқтисоди Ирландияро “Бабри Келт” меномиданд, ки бо рушди худ кишварҳои пешрафтаи Осиёро ҳам мегузашт. Солҳои 2008-2010 сектори бонкии он ба буҳрони шадид рӯ ба рӯ шуд ва бекорӣ ба 13% расид.

Ҳоло Ирландия ба нишондодҳои тобуҳронӣ бармегардад.

  1. Сингапур [ММД $103 180]

Сингапур — шаҳр-давлат дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, яке аз марказҳои иқтисоди ҷаҳонӣ. Ба шарофати рушди бемайлон онро шаҳри оянда меноманд. Ин кишвар маводи хӯрокӣ, энержӣ ва обро содир мекунад.

Дар Сингапур 5,7 миллион нафар зиндагонӣ мекунанд, вале иқтисоди як шаҳр ба ҳадде пурқудрат аст, ки дар ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар олам ҷойи 4-умро иишғол мекунад. Омилҳои ин рушд: озодии иқтисодӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, қонунманд будани шаҳрвандон, набудани фасоду коррупсия мебошад.

  1. Люксембург [ММД $108 950]

Герсогнишини Бузурги Люксембург аз ҷиҳати қаламрав хурд аст ва дар ҷаҳон дар ҷойи 167-ум мебошад, аҳолии он 119 ҳазор нафаранд. Вале он яке аз сарватмандтарин кишварҳои Аврупо ва олам ба шумор меравад. Пойтахти он Люксембург ном дорад. Дорои шароити босуботи иқтисодиву сиёсӣ мебошад. Аз он ки як минтақаи офшорист, шароитҳои мусоид барои тиҷорат беш аз 1000 хазинаҳои хориҷии сармоягузорӣ ва 200 бонки оламро ҷалб кардааст. Ягон шаҳри олам ин миқдор намояндагии хориҷӣ надорад.

Асоси иқтисоди Люксембургро хизматрасониҳо, тиҷорат, металургия, кори бонкӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ ташкил медиҳанд. Люксембург аз кишварҳои дигар вобаста мебошад, аз ин рӯ ММД-и он вобаста ба вазъ тағйир меёбад.

  1. Макао [ММД 114 360 $]

Макао — бахши худмухтори Чин аст, аммо аз нуқтаи назари иқтисодӣ ба сони як давлати алоҳида мебошад.

Макао – яке аз бандарҳои калонтарини олам ва Лас-Вегаси Осиё мебошад. 40% ММД-и он аз ҳисоби қиморбозӣ аст. Аҳолии он 653 ҳазор нафар буда, ҳар ҳафтумин нафари он пайваста аз қиморхонаҳо гузар мекунанд. Ва калонтарин қиморхонаи олам бо номи The Venetian низ дар ҳамин кишвар мебошад.

Дар Макао асосан ба моҳидорӣ, тамокупаварӣ, биринҷпарварӣ ва зироаткорӣ машғуланд.

  1. Қатар [ММД $132 900]

Номи расмии он Давлати Қатар — кишваре дар ҷанубу ғарби қораи Осиё дар минтақаи Ховари Миёна ва дар шарқи нимҷазираи Арабистон ва дар бахши ҷанубии Халиҷи Форс ҷойгир мебошад. Ба ҳайси аморати мутлақ ва ирсӣ миёнаи садаи 19 милодӣ тавассути хонадони Оли Сонӣ фармонравоӣ мешавад.

Қатар — сарватмандтарин кишвари олам бино ба фарзияи Сандуқи байналмиллаии асъор мебошад. Ва ин ба истихроҷи зиёди нефту газ вобаста мебошад. Аҳолии Қатар 2,6 миллион нафаранд.

Қатар аз ҷиҳати захираҳои газ дар ҷаҳон 1-ум буда, аз ҷиҳати ҳаҷми содироти нефт дар дунё шашум аст. Ин ду 50 дарсади ММД ва 70% даромад ба буҷаи давлатро медиҳад. Аҳолии он ҳамчунин ба моҳидорӣ ва истихроҷи марворид низ машғуланд. Кишоварзии Қатар хеле заъиф буда, ҳамагӣ 10%-и талаботи оммаро қонеъ карда метавонад.

Дар Қатар низоми шоҳаншоҳӣ ҳоким аст, ташкили ҳизбҳои сиёсӣ манъ аст, гузаронидани ҳар гуна гирдиҳамоиҳо низ мамнуъ мебошад.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Добавить комментарий