Сарзамини Ховари Миёна бо вуҷуди давлате бо номи Исроил пайваста дар ҳоли ҷангу ҷӯш қарор дорад. Аз соли 1948, ки ҷомеаи ҷаҳони барои яҳудиҳои саркӯбшуда давлатеро дар ин қаламрав аз ҳисоби заминҳои мамолики арабӣ сохт, минтақа қарору оромиш гум кард. Таърихи баъди соли 1948-и Ховари Миёна саропо саршор аз саҳнаҳои хунин, қатлу кушторҳои гӯшношунид, ғасбкориҳо ва билохира майдони тохтутозҳои сиёсиву қудратталабист. Бо гузашти даҳсолаҳо ҳоло ҳам орзуи дастёбӣ ба давлати худ барои фаластиниҳо ба як орзуи муқаддас табдил шудааст. Наслҳо нав шуданд, вале мубориза барои марзу бум идома дорад. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар адолати таърихӣ аз меъёрҳои дугона кор мегирад: ба яҳудиён тараҳҳум мекунад ва нисбати фаластиниён аз шеваҳои барбарӣ кор мегирад. Як мисоли рушан ҳамин тасмими Доналд Тромп-президенти ИМА, ки қаламрави дигар аз суриёиҳоро ба Исроил бахшид. Таърих ҳарчанд ин гуна хилофкориҳову ин гуна таҳрифҳоро зиёд ёд дорад, вале ба гунае, ки Амрико ошкор анҷом медиҳад, камтар сурат гирифтааст.

Ахиран президенти ИМА Доналд Трамп “саховатмандона” баландиҳои Ҷулонро, ки дар гузашта қаламрави Сурия буд, ба давлати яҳудӣ дод. Ин санади ғайриқонунӣ дар Кохи Сафед дар ҳузури сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу имзо шуд. Ва Трамп гуфт: “Ин шинохт мебоист хеле пештар сурат мегирифт, аммо дер шуд”. Мария Захарова, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки ин гуна эътироф метавонад вазъро дар Ховари Миёна буғранҷтар кунад.

Баландиҳои Ҷулон ё Баландиҳои Гулон як минтақаи куҳистонӣ дар ҷанубу ғарбтарин бахши хоки Сурия аст. Ин баландиҳо аз соли 1967 баъди анҷоми ҷанги шашрӯза ба ихтиёри давлати яҳудӣ гузашта буд ва то кунун моли ин кишвар дониста мешавад. Соли 1981 парлумони Исроил қонунеро ба тасвиб расонд, ки ин қаламрав аз Исроил аст, вале Шӯрои амнияти СММ ин қарорро напазируфт. СММ борҳо эълон крада буд, ки баландиҳои Ҷулон ба ҳеч ваҷҳ сарзамини Исроил нест ва аз давлати яҳудӣ талаб кард, ки онро ба Сурия баргардонад.

Баландиҳои Ҷулон як қаламрави ҳасос ва буҳронӣ дар минтақаи Ховари Миёна ба шумор меравад. Ин минтақа аз шаҳри Димишқ-пойтахти Сурия ҳамагӣ 70 км фосила дорад. Неруҳои ҳофизи сулҳи СММ аз 31-уми майи соли 1974 ба унвони Неруҳои нозири Созмони Милали Муттаҳид дар баландиҳои Ҷулон ҳузур доранд ва бар ҳифзи оташбас миёни Сурия ва Исроил назорат мекунанд. Ҳудуди 900 мардони мусаллаҳ аз СММ дар ин баландиҳо мустақар шудаанд. Албатта, бар асоси қарордоди соли 1974 миёни Исроил ва Сурия дар бораи ҳузури неруҳои ҳомии сулҳи СММ дар баландиҳои Ҷулон ҳузури аъзои доимии Шӯрои амният дар ин маъмуриятҳо муҷоз нест.

Дар замони империяи туркҳои Усмонӣ баландиҳои Ҷулон дар ҳайати Фаластин дохил буданд. Соли 1923 ин қитъа ба ваколати Фаронса дар Сурия ва Лубнон дода шуд. Аз соли 1944 то соли 1967 ин баландиҳо вилояти Кунйитраи Сурия буданд. Ковишҳои бостоншиносӣ дар Ҷулон ёдгориҳои зиёде аз масеҳият, даврони Руми бостонро берун овардаанд. Ин ёдгориҳо бештар дар осорхонаи “Ҷулони Бостон” воқеъ дар шаҳри Кастрин ва осорхонаи Исроил дар Байтулмуқаддас нигоҳдорӣ мешавад.

 

Қаламрави ишғолӣ

Истилоҳи “қаламрави ишғолӣ” мафҳуми номушаххасе нест. СММ то ба имрӯз бахше аз заминҳои аз ҷониби давлати яҳудӣ тасарруфшударо қаламрави ишғолӣ меномад. СММ мегӯяд Исроил дар соҳили ғарбии рӯди Урдун, Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва баландиҳои Ҷулон ғайриқонунӣ ҳузур дорад ва ин заминҳоро Тел-Авив дар ҷанги шашрӯза тасарруф кардааст. Баъди забти ин се нуқта яҳудиён ба онҳо сарозер шуданд ва соли 1980 хилофи интизори ҷомеаи байналмилалӣ Исроил баландиҳои Ҷулон ва Байтулмуқаддаси Шарқиро ба қаламрави худ дохил кард ва ба сокинони он мақоми шаҳравандии Исроилро дод. Соҳили ғарбии рӯди Урдун зери назорати ҳарбии Исроил монд ва чуноне аз асноди СММ бардошт мешавад, дар оянда агар ташкили давлати Фаластин амри воқеъ гардад, он моли Фаластин хоҳад буд. Асос барои гуфтушунид сари ин мавзеъҳо Қатъномаи СММ таҳти рақами 242 мебошад, ки аз Исроил даъват мекунад қаламрави ишғолиро ба ивази сулҳ бо давлатҳои араб холӣ кунад.

Аҳолии соҳили ғарбии рӯди Урдун асосан арабҳои Фаластин мебошанд, ки як бахши муҳими онҳоро муҳоҷирон ташкил медиҳанд. Аз замони таҷовуз ва ғасби ин минтақа аз ҷониби Исроил то соли 1993 арабҳои фаластинии ин қаламрав таҳти назорати маъмурияти ҳарбии Исроил қарор доштанд. Аммо баъди имзои созишнома миёни Фаластини худмухтор ва Исроил қисмати умдаи нуқтаҳои аҳолинишин ба ихтиёри Фаластин гузаштанд.

Ҳамчуноне ишора рафт, нимҷазираи Сино қитъаи ишғолӣ дониста мешуд ва онро Исроил соли 1979 ба Миср баргардонд. Дар асноди СММ навори Ғазза низ қаламрави ишғолӣ буд. Соли 2005 сарвазири Исроил Ариэл Шарон неруҳои ҳарбии кишварашро аз ин минтақа берун кашид ва ҳамаи шаҳракҳои яҳудинишинро зеру забар кард. Вале бо гузашти се сол исроилиён бо баҳонаҳои сохта бори дигар ба навори Ғазза лашкар кашиданд ва дар зарфи бештар аз бист рӯз онро харобу валангор намуданд, беш аз 1300 нафарро қурбон карданд. Аммо дар фарҷом бидуни дастёбӣ ба ҳадаф аз он бурун шуданд.

 

Зиддият чаро?

Посухи ин суол даҳҳо саҳифа мехоҳад, чун ихтилофи арабу яҳуд решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Чун ба таърихи ин бархӯрдҳо менигарем, мебинем, ки дар минтақа се нерӯ миёни худ дар пархошанд: Қисмати бештари давлатҳои араб, созмонҳои истиқлолталаби ин мамолик ва Исроил. Агар дар оғоз Исроил бо ҳар роҳу васила иддае аз давлатҳои арабиро ба дӯстони худ табдил дода бошад, вале неруҳо ва кишварҳое дар ҳавза мавҷуданд, ки то ба имрӯз, бо гузашти ҳудудан 70 сол аз ташкили давлати яҳудӣ онро бегона ва сунъӣ медонанд ва расман эътирофаш намекунанд.

Ҳарчанд Исроил чун давлат аз соли 1948 арзи вуҷуд кард, вале ихтилоф миёни яҳуд ва араб решаҳои чуқуре дорад. Ва муаррихон онро марбут ба охири садаи ХIХ медонанд. Зеро маҳз аз ҳамон давра созмони сиёсии саҳюнистӣ таъсис ёфт ва ба муборизаи яҳудиён барои бунёди давлати яҳудӣ дар ҷаҳон асос гузошт.

Зиддиятҳои аввалро ихтилофи назарҳои геополитикӣ миёни яҳудиёни саҳюнист ва арабҳои соҳибватани Фаластин ташкил медод. Баъди пошхӯрии Империяи усмонӣ ба ин зиддияти геополитикӣ зиддиятҳои диниву мазҳабӣ ва фарҳангӣ илова шуданд, ки тадриҷан ба такмили адовати миллӣ оварда расонд. Аммо баъди соли 1948 сабаби муқовимат миёни арабҳо ва яҳудиён расман эълон шудани давлати Исроил дар қаламрави мутааллиқ ба фаластиниён шуд, ки он то ба имрӯз идома дорад. Табиист, ки арабҳо даъвои сарзамин мекунанд. Яҳудиён бошанд иддио доранд, ки асрҳои зиёде талош ба ташкили давлати худро доштанд ва акнун, ки ин имконият фароҳам омад, ин давлатро ба ҳар қимате бошад, ҳифз менамоянд. Оре, ба ҳар қимате! Ва бештар вақт ҳифзи давлати яҳудӣ бар асари рехтани хуни ҳазорҳо мусалмон ва хонабардӯшии беш аз миллион нафар фаластиниву лубнонӣ ба даст омадааст. Ин пурфоҷеатарин саҳифаи таърихи башар аст. Ин пурмоҷаротарин саҳифа дар сарнавишти мардуми Ховари Миёна аст. Саҳфаҳое, ки пур аз тазодҳо, саҳфаҳое аз корномаҳои шоистаи муборизони роҳи адолату ҳақиқат ва истиқлолияти комил, саҳфаҳои хиёнати шоҳон, амирону вазирон ва сиёсатмадорон, саҳфаҳои пурмоҷарои ватанфурӯшии афрод… ва ин ҷанбаҳои мусбату манфии 60 соли охирро метавон зиёд ба хотир овард.

Ва бо он ки давлати Амрико восита шуд, ки баландиҳои Ҷулон ба Исроил тааллуқ гиранд ва ҷомеаи байналмилалӣ аз ин иқдом пуштибонӣ намекунад, гувоҳ аст, ки ин сарзамин аз қабл соҳибу молики дигар дошта ва ҳоло онро қонунан мехоҳанд ғасб кунанд…

 

Б.Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here