Гитлер бо вуҷуди зуҳди зоҳирӣ як марди хеле сарватманд ҳам буд. Вай на танҳо соҳиби суратҳисобҳои пур аз пул буд, балки сарвате ҳам дошт, ки бо он амволи ғайриманқул харидаву ҳатто асарҳои санъату фарҳангро сармоягузорӣ кардааст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки сарнавишти он ҳама дороиҳои фюрер чӣ шуд?

 

Шаҳрванди начандон фақир

Гитлер барои он ки сарватманд шавад, солҳо талош кард ва бо роҳҳои мухталиф ба он даст ёфт. Доҳии натсистон аввалин пулҳои худро замоне ба даст овард, ки дар ҷаласаҳои Ҳизби натсионал-сотсиалистии коргарони Олмон (ҲНСКО – NSDAP) суханронӣ мекард. Барои ҳар суханронӣ вай аз 200 то 250 марка талаб менамуд. Бо он ки суханвари мумтоз буд, вай моҳе метавонист баробари сарвари як бонк пул ҷамъ кунад. Ҳизб барои мақолаҳояш дар рӯзномаи «Шореҳи халқӣ» (Volkischer Beobachter) басо саховатмандона ҳаққи қалам медод.

Соли 1921 Гитлер тавонист барои харидани як мошини бошукуҳи тамғаи Selve пул ҷамъ оварад ва каме баъдтар соҳиби мошини «Мерседес» шуд, ки он замон 26 ҳазор рейхсмарка (пули роиҷ дар Ҷумҳурии Веймар, Рейхи сеюм ва Олмони баъдиҷангӣ дар солҳои 1924-1948 буд) арзиш дошт. Чун мақомоти андоз аз ӯ суол мекарданд, ки як корманди бахши минтақавии ҳизб аз куҷо пул барои ин мошини боҳашамат пайдо кардааст, посух медод: «Пулҳо қарз гирифта шудаанд, нақлиёт ҳизбист ва танҳо барои корҳои ҳизбӣ истифода мешавад».
Дар нимаи дуввуми соли 1920 Гитлер манбаъҳои нави даромад пайдо кард ва он хайрияи шахсони алоҳида ва корхонаву ширкатҳои калон ба ҳизб буд. Яке аз сармоягузорони сарвари ҳизби ҲНСКО соҳибкори амрикоӣ Ҳенрӣ Форд буд. Гитлер, ки он замон миёни хазинаи ҳизб ва ҷайби худ фарқе намегузошт, ин пулҳоро тавре сарф мекард, ки худ мехост.
Соли 1929 Гитлер хонаеро иҷора гирифт, ки 320 метри мураббаъ масоҳат дошт ва дар яке аз ноҳияҳои бонуфузи Мюнхен ҷойгир шуда буд. Ҳар моҳ лозим меомад барои будубош дар чунин хона 4200 марка масраф кунад, ки ин баробар ба даромади солонаи як профессори олмонӣ буд. Вай ҳамчунин сару либоси гаронарзиш мепӯшид. Чунончӣ, соли 1932 вай барои худ якчанд камзӯле фармоиш дод, ки арзиши ҳар кадоми онҳо ба ченаки имрӯз бештар аз 3 ҳазор евро буд.

 

Сармояҳо афзун мешаванд

Асари машҳури Mein Kampf, ки Гитлер онро солҳои маҳбусӣ (соли 1924) навишта буд, баъди сари қудрат омадани НСДАП дар соли 1933 ба теъдоди миллионҳо нусха чоп ва ба фурӯш мерафт. Муаррихон гуфтаанд, ки фурӯши ин китоб ба соҳиби он 8 миллион рейхсмарка фоида овардааст.

Ғайр аз фурӯши Mein Kampf Гитлер 1 миллион рейхсмарка ҳаққи қалам ба даст овард, илова ба ин барои расмҳояш, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп мешуданд, низ пул меситонд.

Соли 1935 мурофиаи додгоҳии Гитлер бо мақомоти андоз ба охир расид. Фюрер он замон аз 405 то 494 рейхсмарк (бо пули имрӯз як миллион доллар) расида буд ва он пурра лағв гардид. Гитлер аввалин ва ягона шаҳрванди Рейхи Сеюм буд, ки аз пардохти ҳар гуна молиёт озод шуд. Ва муҳимтарину асоситарин манбаъи беҳбуди молии Гитлер ҳамоно пули ҳизб буд. Ғайр аз худи фюрер ба ин пулҳо танҳо сардори котиботи ҳизб Мартин Борман дастрасӣ дошт.

Миқдори дақиқи пули хазинаи ҳизбро касе намедонад, вале тибқи ҳисобҳои одӣ соли 1944 ин хазина дорои 700 миллион рейхсмарка буд.
Дар авҷи Ҷанги дуюми ҷаҳон Гитлер пурсармоятарин одами Сайёра буд, вале матбуоти замон ӯро инсони одиву хоксор ва доҳии наздик ба қалби мардум вонамуд мекард. Дар бораи сармояи Гитлер боз ин нукта ҳикоят мекунад, ки ҳама масрафоти қароргоҳи ӯ дар Бергхоф бо чанд ҳазор персоналаш аз ҷайби шахсии Гитлер пардохт мешуд.

 

Сарнавишти мерос

Мутаассифона, сарнавишти баъдии сармояи ҳангуфти Гитлер то ба охир номаълум мондааст. Дар бонки Швейтсария танҳо 330 миллион доллари амрикоӣ кашф шудааст. Ғайр аз ин дар нашриёти «Франс Эхер» 7 миллион маркаи ӯ маҳфуз буд, ки ҳамон пули китоби машҳури Mein Kampf-и ӯ будааст. Арзиши хеле баланд асарҳои санъате буданд, ки дар коллексияи Гитлер дида шуданд ва ин коллексия дорои камаш 8 ҳазор нигора буд.

Баъди анҷоми ҷанг як бахши муҳими ин коллексия ба осорхонаҳо супурда шуданд ва баъзе аз онҳоро ба соҳибони аслиашон баргардониданд. Пулҳои Гитлер дар суратҳисобаш дар бонки Швейтсария бо қарори додгоҳ ба фоидаи Олмон баргардонида шуданд.

Моҳи октябри соли 1959 ҳамшираи Адолф Гитлер Паула, ҳамчунин ду фарзанди як хоҳари дигари вай – марҳум Ангела меросхӯрони қонунии Гитлер эълон шуданд. Вале масъалаи пардохти мерос тӯл кашид. Зеро дар васиятномае, ки соли 1938 Гитлер навишта буд, гуфта мешуд: «Ҳамаи молу амволи худро ба ҳизб мегузорам ва агар он боқӣ намонад, пас ба давлат». Дар мавриди меросхӯрон дар он васиятнома гуфта мешуд: «Хоҳиш мекунам аз ин ҳисоб зиндагии одии хоҳари ман, дигар хешовандонам ва ҳамсафонамро таъмин намоед».

Бо вуҷуди ин соли 1960 додгоҳи Мюнхен ба Паула аз се ду ҳиссаи қароргоҳи собиқи Гитлер Kehlsteinhaus («Лонаи уқоб”)-ро дар Алпи Бавария дод ва аз се як ҳиссаи дигари он ба хешони дигари вай тааллуқ гирифт. Баъдтар “Лонаи уқоб”-ро давлат соҳибӣ кард ва ҳоло он осорхона аст.

Вале ин ҳамагӣ як қисмати хеле ками сармояи сарвари Рейхи сеюм буд. Яқинан, ҳама он чизе, ки амволи Гитлер дониста мешуд, ба давлати Олмон монд. Вале тибқи сабабҳои барои роҳбарони давлати Олмон маълум кулли сарвати Гитлер, вориси вай аз назари пулӣ ифшо нашудааст.

 

Таҳияи Фирӯзи МУҲАММАД

Добавить комментарий