Эдвард Ҷеннер кист ва дар пирӯзии инсоният бар нағзак чӣ хидмате карда?

Ҳоло бисёре аз одамон одат кардаанд, ки бемориҳои вазнину хатарнокро метавон танҳо бо ёрии обилакӯбии (эмкунӣ) оддӣ пешгирӣ кард. Аммо чанд садсола пештар инсоният дар назди бимориҳои сирояткунандаи зиёд дасткутоҳ буд. Аввалин касе, ки дар мубориза бо онҳо комёб шуд, пизишк ва табиатшиноси инглис Эдвард Ҷеннер буд. Бо ёрии кашфиёти ӯ инсоният роҳи осону бехатари мубориза бо нағзакро пайдо кард.

Эдвард Ҷеннер 17-уми майи соли 1749 дар шаҳраки британиёии Беркли таваллуд ёфтааст. Вай барои ояндаи худ касби пизишкиро ихтиёр кард ва барои дарёфти маълумот ба Лондон рафт. Вақте ҳамагӣ 23 сол дошт, супориш доданд, ки намоиши ҷаҳонгард капитан Кукро омода кунад. Вай аз уҳдаи ин кор хеле ба хубӣ баромад, ба ҳадде, ки Кук барояш ҷойе дар экспедитсияи ояндаи худ муқаррар кард ва аз ӯ даъват намуд, ки ҳамсафараш бошад. Аммо Ҷеннер рад намуд.

Таваҷҷуҳи ӯро сайри кишварҳои сарду гарм ба худ намекашиданд, чуноне бисёре аз ҳамватанонаш ба ин рағбат доштанд. Барояш он чиз мароқовар буд, ки берун аз хоки ватан нашуда, ба омӯзишҳои бештар даст ёбад. Соли 1773 Ҷеннер дар мулки граф Глостершир  ба таҷрибаи мустақилонаи кори пизишкӣ машғул шуд. Ҳамзамон ҳаёти парандагонро омӯхт (кори илмие дар бораи фохтак навишт), хоби зимистонаи ҳайвонотро таҳқиқ кард, дар бораи минералҳо пажӯҳиш гузаронд ва ҳамзамон бемориҳоро низ ташхис кард. Вале мо наметавонистем дар бораи ҳамаи ин пажуҳишҳои ӯ чизе донем, агар дар ин миён  таҳқиқоташ дар бораи нағзак намебуд.

Нағзак — бемории шадиде буд, ки ҳамасола ҳаёти миллионҳо нафарро зери хатар мегузошт, миллионҳоро аз ҳаёт бенасиб мекард. Дар замонҳои қадим одамон то ҳадде талош мекарданд зидди ин касалӣ мубориза баранд. Он чиз маълум буд, ки одамон такрор гирифтори нағзак намешаванд. Ба ҷароҳати пӯсти одами солим моеъ аз рими одами касал мемолиданд. Бисёр вақт ин маҳлулро бо дору омехта мекарданд. Он вақт инсон нағзакро дар шакли сабук пушти сар мекард. Аз номи лотинии нағзак (вариола) ин амал номи вариолатсия ба худ гирифт.  Аксари одамоне, ки ин амалро мегузаштанд, дигар гирифтори нағзак намешуданд.  Вале он хеле хатарнок буд, чун худи ҳамин вариолатсия ба сирояти бештари нағзак  оварда мерасонд.

Ҷеннер чун пизишки ҷӯёву пӯё наметавонист дар ин бора наандешад, чун пеши чашмонаш ҳазорон нафарро медид, ки аз ин касалӣ ба ҳалокат мерасанд. Дар хотираш рӯйдоде аз замони донишомӯзиаш нақш баста буд. Ба қабули омӯзгори ҷарроҳи ӯ деҳқонзани солманде омад. Пизишк дар бадани ӯ нағзак кашф кард. Вале хонум бовар намекард.

— Ман гирифтори нағзак?,-эътироз кард ӯ.- Набояд чунин бошад, шумо чиҳо мегӯед? Ман аллакай нағзаки говӣ шуда будам.

Суханони деҳқонзани солманд Ҷеннерро ба ҳайрат андохт ва дар тӯли ҳаёташ борҳо ӯро водор кард, ки ин лаҳзаро пеши назар орад.

Нағзак чист? Ба ин бемори ҳайвонҳои калон, бахусус говҳо мубтало мешаванд. Дар пистони говҳо рим (мадда)-и рангаш кабуд мерезад.

Ҳангоми ҷӯшидан он метавонад ба дасти говдӯш гузарад. Аммо ин касалӣ дар муддати якчанд рӯз аз худ нишон намедиҳад. Дар ин муддат  обилаҳои дасти одам гум мешаванд ва ҳангоми беморӣ вай хеле кам беҳоливу нотобиро ҳисс мекунад.

Ҷеннер фактҳоро ҷамъ кард, то ки дар навбати аввал ин мушоҳидаҳои халқиро илман ё рад кунад ва ё бипазирад: одаме, ки гирифтори нағзаки говӣ шудааст, хатарнок нест.

Мо аллакай дар бораи усули вариолатсия, яъне сирояти сунъии нағзаки табиӣ нақл кардем. Дар Англияи асри 18, ки нағзак як бемории сироятии пурхатар буд, ин усул васеъ истифода мешуд. Яке аз пизишкони хеле маъруфи инглис, мутахассиси вариолатсия Стив Сэттон хабар дода буд, ки аз 17 ҳазор касоне, ки зери назари ӯ сирояти сунъӣ шуда буданд, танҳо 6 нафар мурданд.

Ба Ҷеннер низ борҳо муяссар шуда буд вариолатсия гузаронад. Аммо баъзе ҳолатҳо дар ин одамон ҳатто нишонаҳои сабуки беморӣ ҳувайдо нашуда буд. Ҷеннер ба хулоса омад, ки ба ҳар ҳол ин гуна одамон замоне нағзаки говиро аз сар гузаронидаанд.

Ҷеннер ба ин тасаввур шуд, ки ба ҳар ҳол нағзаки говӣ ва нағзаки сиёҳ ду шакли як касалӣ аст (баъдҳо олимон дақиқ карданд, ки аслан ин чунин нест). Одаме, ки гирифтори нағзаки сиёҳ шудааст, ба нағзаки говӣ сироят намешавад. Ва чизи хеле муҳим ва ҷолиб он аст, ки барои афроде, ки нағзаки сабуки говиро пушти сар гузоштаанд, нағзаки сиёҳ хатарнок нест.

Ҷеннер хеле сабурона ин ҳамаро гирдоварӣ кард ва мавриди таҳқиқ қарор дод, то фарзияро илман исбот намояд. Ва на танҳо як ё ду сол, балки муддати даҳ сол ин фактҳоро ҷамъ овард ва ҳамвора дар бораи онҳо андешид.  Ва билохира ба қароре омад, ки вақте расида, ки барои тасдиқи ғояҳои худ таҷриба гузаронад.

14-уми майи соли 1796 рӯзи ҳалкунандае буд.  Ҷеннер писарбачаи ҳаштсола Ҷеймс Фиппс, говдӯши ҷавону солим Сара Нелмес ва бемори гирифтори нағзаки говиро назди худ даъват кард. Мо дар бораи ин бонуи говдӯш тақрибан чизе намедонем, ҳарчанд қолаби дастонаш бо нишони нағзак то ҳол дар яке аз осорхонаҳои Лондон ҳифз мешавад (он ҷо пӯсти яке аз говҳое, ки Ҷеннер барои обилакӯбӣ истифода бурда буд, низ нигоҳ дошта шудааст).

Ҷеннер ҳамчунин чун шоҳидон ва тамошобинон ҳамаи ҳамсоягонеро, ки ба ин амал таваҷҷуҳ доштанд, даъват кард.

Ҷеннер нештари тиббиро ба маддаи дастони Сара тар кард ва бо ҳамин нештар ба китфони Ҷеймс ду чоки бисёр хурд кашид. Баъди чанд рӯз, пас аз беҳолии маъмулӣ аз нағзаки говӣ писарбача комилан солим шуд.

Баъдан дар Глостершир эпидемияи нағзаки табиӣ шуруъ шуд. Барои Ҷеннер имконе фароҳам омад, ки таҷрибаи худро амалӣ кунад ва онро ба анҷом расонад. 1-уми июли соли 1796 вай моеъи рими бемори гирифтори нағзаки сиёҳро гирифт ва онро ба ҷароҳати пӯсти Ҷеймс Фиппс молид. Хатар ба ҷони кӯдак чандон бузург набуд, зеро ин ҳамон вариолатсияе буд, ки Ҷеннер борҳо истифода кардааст. Аммо ҳоло рӯйи харита фаъолияту омӯзишҳои даҳсолаи ӯ мехобид.  Агар дар  Фиппса ҳатто нишонаҳои заъифи нағзак, ки маъмулан дар ҳар ҳолати вариолатсия пайдо мешавад, намудор гарданд, ин ба умедҳои Ҷеннер хати бутлон бояд мекашид. Ҷолиб он аст, ки зарфи се рӯзи оянда Ҷеннер ҳатто дақиқае нахобид ва ҳар соат аз ҳоли Фиппс хабар мегирифт.

Баъди се рӯз натиҷа маълум шуд: нағзак паҳн нашуд, писарбача комилан сиҳат ёфт. Ин пирӯзии рушани Ҷеннер буд. Дар пайкарае, ки барои Ҷеннер дар шаҳри Болонйеи Итолиё гузоштаанд, ин таҷриба абадан нақши худро ёфтааст: ҳайкалтарош симои пизишки оламшумулро ҳангоми харошидани дасти кӯдак офаридааст.

Баъди талоши аввалин Ҷеннер ин таҷрибаро боз 23 маротибаи дигар гузаронд. Танҳои баъди ҳамин вай ба қароре омад, ки расман аз кашфиёти худ оламиёнро хабар кунад. Китобчаи 75 саҳифаии худро лозим омад аз ҳисоби худаш чоп кунад. Ҷомеаи подшоҳӣ, ки Ҷеннер китобашро фиристода буд, пас аз муддате онро баргардонд ва даъвои Ҷеннерро комилан иддиои ғайриилмӣ хонд.

Соли 1798 ин китоб дубора бо ин ном чоп шуд: “Таҳқиқот дар бораи сабабҳо ва оқибатҳои ваксинаи вариола, ки дар баъзе графиҳои Англия, аз ҷумла Глостершир кашф шудааст ва бо номи нағзаки говӣ маълум аст”.

Калимаи «нағзаки говӣ» ба забони лотинӣ “вариола ваксина” тарҷума мешавад. Ҷеннер ин ибораро вориди тибб кард. Агар обилакӯбии нағзаки табиӣ вариолятсия бошад, пас обилакӯбии нағзаки говиро ваксинатсия номид. Ва ин калима ба шарофати олими фаронсавӣ Луи Пастер умри дароз дид.  Пастер дигар обилакӯбиҳои пешгирикунандаро низ ҳамин гуна ном гузошт. Ва қарорашро дар ин маврид танҳо арзи эҳтиром ба Ҷеннер унвон кард. Вай навишт: “Ман ба калимаи “ваксинатсия” маънои васеъ бахшидам, ба он умед, ки илм онро чун азри эҳтиром ба хизматҳои яке аз шахсиятҳои маъруфи Англия — Эдвард Ҷеннер азизу мукаррам медонад”.

Баъди чопи китоби Ҷеннер шогирдонашро лозим омад боз ҳамлаву танқидҳои зиёдеро таҳаммул кунанд. Мухолифони ваксинатсия мегуфтанд, ки бо ин васила аз нағзак ҳимоят намуда, талош мекунанд муқобили иродаи Худо бароянд. Дар нашрияҳо карикатураҳое интишор ёфтанд, ки одамони ваксинатсиякардашуда пашм ва шох баровардаанд.

Вале зарурати мубориза бо касалӣ одамонро беш аз ҳар вақти дигар водор кард, ки усули Ҷеннерро истифода кунанд. Охири асри 18 ваксинатсия дар артиши Англия истифода шуд. Соли 1803 Наполеон Бонапарт ҳамаи неруҳои ҳарбии Фаронсаро пурра аз ваксинатсия гузаронд. Дар ҷазираи Ситсилия воқеъ дар Баҳри Миёназамин вақте киштӣ бо ваксина расид, аҳолӣ онро бо ихлосмандии мазҳабӣ истиқбол гирифт.

Муваффақияти ваксинатсия ба кашшофи он шуҳрат овард. Соли 1813 дар Оксфорд ба Ҷеннер дараҷаи илмии доктори илми тиб доданд. Баъдан қариб ҳамаи ҷомеаҳои илмии Аврупо Ҷеннерро аъзои фахрии худ интихоб карданд. Вай ҳамчунин унвони шаҳрванди фахрии Лондон шуд ва барояш дипломе доданд, ки бо алмос оро дода шуда буд. Маликаи шавҳармурдаи Русия Мария Фёдровна ба Ҷеннер номаи миннатдорӣ бо ангуштар фиристод.

Ҷеннер институти тозатаъсиси нағзаккании Ҷеннер дар Лондонро худаш сарварӣ мекард ва ҳамзамон дар бораи кушоишҳои илмии дигараш меандешид. Дар илми он замон чунин тасаввуре ҳоким буд, ки парандаҳои муҳоҷир дар замони сардӣ ба Моҳ мераванд ва ё худро дар сӯрохиҳои зеризаминӣ пинҳон месозанд ва тамоми зимистон он ҷо мехобанд. Ҷеннер роҳҳои парандаҳои муҷоҷир ва парвозҳои мавсимии онҳоро омӯхт ва дар ин бора мақолаҳои илмии худро интишор дод.

Эдвард Ҷеннер 26-уми январи соли 1823 дар 74-умин соли умраш ва дар авҷи шуҳрат вафот кард. Боз солҳои зиёде баъди марги Ҷеннер ҳам нағзак одамони зиёдеро дар сар то сари олам кушт.  Соли 1910 аз ин беморӣ дар Русия ҳунарманди маъруфи ин кишвар Вера Коммисаржевская ба ҳалокат расид. Вале обилакӯбӣ зидди нағзак ба таври мушоҳидашаванда талафоти ҷонӣ миёни гирифторонашро коҳиш дод ва соли 1977 охирин ҳодисаи мубтало шудан ба нағзаки сиёҳ ба қайд гирифта шуд. Ва дар пирӯзии ниҳоӣ бар нағзак ҳиссаи пизишки рустоӣ Эдвард Ҷеннер хеле бузург аст.

таҳияи Б. Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here