Вожаи анклав барои мо ноошно нест. Чанд сол аст, ки Ворухи Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи сокинони кишвар ва берун аз он қарор дорад ва ин вожа дар баробари мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон борҳо ёд шудааст. Анклав дар фаронсавӣ enclave ва дар лотинӣ inclavatus аст, ки ҳамон як маъноро дорад: “баста”. Дар форсӣ вожаи “бурунбум” истифода шудааст ва дар шарҳи он омада, ки “бурунбум ба як минтақаи ҷудо аз марзи  кишвар гуфта мешавад. Яъне сарзамини муталлиқ ба як кишвар, ки дар хоки як ё якчанд кишвари дигар қарор дорад. Ва ин гуна анклавҳо дар сар то сари олам хеле зиёданд.

Анклавҳо чӣ гуна пайдо ва нест мешаванд? Аслан истилоҳи “анклав” ба маънои имрӯзаи он дар доираҳои дипломатӣ аз аввали асри 16 истифода шуд. Он замон анклавҳо чун зуҳуроти системаи феодалӣ вуҷуд доштанд. Дар ҷараёни ташаккули давлатҳои миллӣ қариб ҳамаи анклавҳои феодалӣ нобуд гаштанд ва ё ба воҳидҳои қаламрави дохилидавлатӣ табдил шуданд. Баъзеи онҳо, ба монанди Сан-Марино то замони мо дар шакли давлати анклавӣ боқӣ монданд.

Марҳилаи дуввуми ба вуҷуд омадани анклавҳо ба ташаккули империяҳои истеъморӣ иртибот дорад. Бандарҳои дар Африқо ва Осиё ишғолшуда тадриҷан ба воҳидҳои маъмурии шаҳрҳои калон табдил шуданд. Баъди суқути империяҳои истеъморӣ бисёре аз онҳоро давлатҳои атроф азхуд намуданд. Ҳамин сарнавишт ба қаламрави ишғолии фаронсавиҳо ва англисҳо дар Ҳинд омад. Масалан, истироҳатгоҳи машҳури Гоа (шаҳре дар Ҳиндустон) то соли 1961 мустаъмараи Португалия буд.

Охирин мавҷи пайдоиш ва аз байн рафтани анклавҳо баъди ҷанги сард шуруъ гардид. Хотимаи онро коршиносон муқовимат барои Берлини Ғарбӣ медонанд. Ҳамзамон пош хӯрдани Югославия ва Иттиҳоди Шӯравӣ муҷиби дар харитаи олам пайдо шудани анклавҳои зиёде шуд. Ҳангоми аломатгузории марзҳои давлатҳои нав муяссар гардид, ки баъзе аз ин анклавҳо барҳам хӯранд. Ҳамин гуна сарнавишти хуш ба сари анклави Литва дар Белоруссия Пагиряй, ки аз соли 1955 пайдо шуда буд, омад. Соли 1996 ҷонибҳо заминҳоеро бо ҳам табодул карданд ва Пагиряй Погири Белоруссия шуд.

Табодули қаламрав танҳо яке аз роҳҳои қатъи вуҷуди анклав аст. Ин ҳолат ба гунаи дигар низ метавонад ба вуҷуд ояд. Давлатҳо анклавро барҳам мезананд ва ё кишвари ишғолгар қаламраверо, ки онро ҷудо мекунад, низ ишғол менамояд ва бо ҳамин анклав ба вуҷуди худ поён медиҳад. Як мисоли рушани ин “долони Полша” аст, ки Олмонро аз Пруссияи Шарқӣ ҷудо мекард ва яке аз сабабҳои оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон шуда буд.

Ба он нигоҳ накарда, ки масъалаи сепаратизм бахусус дар Русия ба мушкилоти анклавӣ иртиботи зич дорад, дар таърихи муосир ду мисоли ҷудо шудани анклавҳо аз кишварҳои модарӣ вуҷуд дорад. Соли 1961 Сурия аз Аморати Муттаҳидаи Араб, ки ба он соли 1958 пайваста буд, ҷудо шуд. Соли 1971 дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ Банғолаи Шарқӣ аз Покистон ҷудо шуд ва номи давлати мустақили Бангландешро гирифт.

Ҳоло дар ин мақола аз баъзеи онҳо мухтасар ёд мекунем.

Пойгоҳи мустақили ҳарбии Акроторӣ

Ин мавзеъ дар ҷазираи Қибрис (Кипр) ҷой гирифтааст ва муталлиқ ба Британияи Кабир мебошад. Давлате, ки онро иҳота кардааст, Ҷумҳурии Қибрис (кишвари ҷазираӣ дар шарқи баҳри Миёназамин) аст. Соли 1960 ба вуҷуд омадааст ва онро бештар бо номи қаламрави беруназбаҳрии Акроторӣ ва Декелия ёд мекунанд. Дар масоҳати 121,6 метри мукааб доман густардааст ва дорои 5 ҳазор аҳолӣ мебошад. Аз Британияи Кабир ба масофаи 3100 км дур ҷойгир шудааст. Пойгоҳи ҳарбӣ дар ин минтақа тибқи муоҳадаи истиқлолияти Қибрис ташкил шудааст. Вале ҳоло ҳам ҳар замон Қибрис аз барҳам додани ин пойгоҳ садо баланд мекунад, вале ба иллати кадом мушкиле боз хомӯш мешавад.

Алусемас

Сахраҷазира дар қисмати ғарбии баҳри Миёназамин. Мутааллиқ ба давлати Испания мебошад. Онро Марокаш иҳота кардааст. Соли 1559 ба вуҷуд омадааст. Масоҳати он 0,046 километри мураббаъ буда, дар он касе зиндагонӣ намекунад. То Испания 158 км масофа дорад. Аз ҷониби ҳукумати марказии Испания идора карда мешавад.

Соли 1559 Марокаш Алусемасро барои пуштибониаш аз ҷанг бо Империяи Усмонӣ ба Испания дод. Аммо испаниҳо ин ҷазираро расман соли 1659 ишғол карданд. Алусемас нақши маҳбас ва бандари тиҷоратиро мебозид. Дар айни ҳол дар он як дастаи ҳарбӣ иборат аз 25-30 нафар аз ҳайати полки омехтаи артилерии ин кишвар, ки пойгоҳи аслии он дар Мелиле мебошад, ҷой гирифтаанд. Аз соли 2005 вуруди шаҳрвандон ба ҷазира маҳдуд шудааст.

Аляска

Шаклан ниманклав аст. Мансуб ба ИМА мебошад ва онро заминҳои Канада иҳота кардаанд. Он соли 1799 пайдо шудааст ва масоҳаташ 1717 856 километри мураббаъ мебошад. Дар он 736 ҳазору 732 нафар зиндагонӣ мекунанд. Аз Амрико дар масофаи 847 км ҷой гирифтааст. Як иёлот дар ҳайати ИМА мебошад.

ИМА Аляскаро соли 1867 ба маблағи 7,2 миллион доллар аз Русияи подшоҳӣ харида буд. Соли 1912 мақоми қаламравро гирифт ва соли 1959 49-ум иёлоти Амрико эълон шуд. Амрико баъди аз худ кардани Аляска аз конҳои он ба маблағи бештар аз 670 миллиард доллар тилло ва нефт истихроҷ кардааст.

Апипе

Анклави ҷазираӣ. Тобеъи Аргентина, ки бо заминҳои Парагвай иҳота шудааст. Соли 1876 ба вуҷуд омада ва 320 километри мураббаъ масоҳат дорад. Дар он то 2000 нафар зиндагонӣ мекунанд.

Ҷазираҳои Апипе (Апипе-Гранде, Апипе-Чико, Сан-Мартин ва Лос-Патос) дар миёнаҳои асри 19 сабаби баҳси қаламрав миёни Парагвай ва Аргентина шуданд. Тибқи муоҳадаи соли 1852 Апипе ба Аргентина расид, муоҳадаи соли 1876 бошад марзи миёни ҷазираҳоро муайян кард. Ба Апипе аз тариқи обҳои Парагвай метавонанд бираванд. Ҳам аз ин тариқ борҳо сабаб шудааст, ки ҳангоми равуои одамон, боркашонӣ ва моҳидорӣ миёни кишварҳо зиддиятҳо рух диҳанд.

Арнасай

Ниманклав. Марбут ба Қазоқистон аст. Хоки Ӯзбекистон онро иҳота кардааст. Соли 1991 ба вуҷуд омадааст, масоҳати он ҳамагӣ 1 километри мураббаъ аст, касе дар он зиндагонӣ намекунад. Тобеъи ноҳияи маъмурии вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ мебошад.

Арсвашен (Башкенд)

Анклав, ки тобеъи Арманистон мебошад, хоки Озарбойҷон иҳота кардааст. Соли 1991 ба вуҷуд омадааст ва 40 километри мураббаъ масоҳат дорад. Дар бораи аҳолии он маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Аз кишвари модарӣ дар масоҳати 3,3 км ҷой гирифтааст. Бар асари як қатор тағйирот дар қаламрави Закавказеи солҳои 1930 ба анклави Арманистон табдил шуд. Соли 1992 неруҳои мусаллаҳи Озарбойҷон онро ишғол карданд.

Барак

Анклав дар қаламрави Қирғизистон аст, бо хоки Ӯзбекистон иҳота шудааст. Соли 1991 ба вуҷуд омада, 2,07 км мураббаъ масоҳат дорад. Аҳолии он 150 нафаранд. Аз он ки гуруҳҳои исломӣ дар водии Фарғона нуфуз доштанд, ҳукуматдорони Ӯзбекистон аз соли 1999 гоҳ-гоҳе дастрасӣ ба анклавро масдуд мекарданд. Бори охир соли 2013 ин ҳодиса рух дод. Соли 2011 сокинони анклав барои ҳалли мушкили худ ба президенти ИМА Барак Обама муроҷиат карданд ва ваъда ҳам доданд, ки агар дар мадад комёб шавад, русторо ба номаш мегузоранд. Соли 2015 қисмати бештари аҳолии Барак  зодбумашонро тарк карданд ва дар вилояти Оши Қирғизистон замин гирифтаву хонаву дар сохтанд.

Ворух

Анклав. Деҳа, маркази ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфара. Ворух 44,7 км ҷанубтари ш. Исфара воқеъ буда, дар тарафи соҳили рости дарёҳои Кишамбиш ва Карафшин зиёда аз 5-6 км тӯл кашидааст. Майдони умумии Ворух 84 ҳазору 458 гектар мебошад. Аҳолиаш 31 565 нафар (соли 2014). Аз се самт бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Дар бораи Ворух зиёд гуфтаву навишта шудааст. Ин як нуқтаи буғранҷу пурмоҷарои минтақа маҳсуб мешавад. Муқовимати тоҷикону қирғизҳо боиси хунрезиҳо шудаву чандин нафарро ҳалоку захмӣ кардааст. Мулоқоти роҳбарони сатҳи аввали ду кишвар низ то ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ надодааст ва вазъ метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад. 95 дарсади аҳолии он тоҷикон ва ҳамагӣ 5 дарсад қирғизҳо мебошанд. То кунун марзи ин минтақа аломатгузорӣ нашудааст.

Навори Ғазза ё Борикии Ғазза

Ноҳияе аст наворгуна, ки дар канори Баҳри Миёназамин ва дар минтақаи Ховари Миёна қарор дорад. Сарзамини Фаластин аст ва шомили ду минтақаи ҷудо аз ҳам ба номҳои Каронаи Бохтарӣ ва рӯди Урдун ва минтақаи Ғаза аст. Каронаи Бохтарӣ дар Шарқи Фаластин ва Ғазза дар Ҷанубу Ғарбии он аст. Навори Ғазза аз ҷанубу ғарб бо Миср ва аз шимол ва шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Минтақаи Навори Ғазза 41 км тӯл ва дар бахшҳое аз 6 то 12 километр арз дорад. Навори Ғазза ба масоҳати 360 километри мураббаъ дар ҷануби Фаластин қарор дорад. Навори Ғазза номашро аз шаҳри Ғазза, ки бузургтарин шаҳр дар ин минтақа мебошад, мегирад.

Гибралтар ё Ҷабалториқ

Номи деҳкадаи куҳистонӣ дар соҳили ҷанубии Испания, дар ҷанубу ғарбии Аврупо, ки дар интиҳои ҷанубии нимҷазираи Приней қарор дорад. Аз Шимол бо Испания дорои марзи муштарак аст. Сарзамини Британия ба шумор меравад. Соли 1713 ба вуҷуд омада, 6,5 километр масоҳат дорад ва дар он 32 734 нафар зиндагонӣ мекунанд. Соли 1713 дар натиҷаи ҷанг барои мероси Испания Ҷабал ториқ ба Британияи Кабир дода шуд. Солҳои 1967 ва 2002 сокинони он зидди хуруҷ аз ҳайати Британия овоз доданд.

Исми ин минтақа дар таърихи кишваркушоиҳои исломӣ зикр шудааст. 30-юми апрели соли 711 як даста аз мусалмонон бо роҳбарии Ториқ бинни Зиёд бо убур аз ин гузаргоҳ тавонистанд бахши азими Испанияро забт кунанд. Баъди ин номи Ҷабалториқ барои ин мавзеъ абадӣ шуд. Дар ҳамон сол Ториқ бинни Зиёд аз ҳамин куҳҳо иқдом ба фатҳи Андалус кард, вале дар соли 1491 дар давраи Фердинанд ва малика Изабелла мусалмонон маҷбур хуруҷ аз Андалус шуданд.

Анклав бахше аз қаламрави умумии гумрукии Иттиҳодияи Аврупо ва муоҳадаи Шенген ба шумор намеравад, аз ин рӯ дар марз бо Испания нақлиёт ва ҳуҷҷатҳои онро тафтиш мекунанд.

Оромгоҳи шоҳ Сулаймон

Анклави пурра. Ин оромгоҳ бо вуҷуди он ки дар хоки Сурия воқеъ шудааст, вале муталлиқ ба Туркия мебошад. Дар бораи қаламрави он маълумот дар даст нест. Ягон нафар он ҷо сукунат надорад. Соли 1921 миёни Туркия ва Фаронса муоҳада имзо шуд ва дахмаи Шоҳ Сулаймон, бобои асосгузори Империяи Усмонӣ қаламрави Туркия дониста шуд.

Дубки

Анклав. Тобеъи Русия, онро Эстония иҳота кардааст. Соли 1990 ба вуҷуд омада, ҳамагӣ 1 км масоҳат дорад ва дар он 4 нафар зиндагонӣ мекунанд.

Аз соли 1920 ин қаламрав мулки Эстония буд. Соли 1944 уезд ба Русия дода шуд. Ҳангоми омода кардани муоҳадаҳои марзӣ гузинаҳои зиёди аз байн бурдани анклав баррасӣ шуданд, вале дар ҳуҷҷати ниҳоие, ки соли 2014 имзо шуд, Дубки дар ҳайати Русия монд. Тибқи барӯйхатгирии аҳолии соли 2002 дар дубки 6 нафар мезистанд, ки ҳамаи онҳо русҳо буданд. Баъдан ВАО дар бораи чор сокини он навиштанд. Соли 2004 вакили Думаи давлатӣ Алексей Митрофонов аз ин мавзеъ дидан кард.

Кабинда

Қисман анклав. Як вилояти Ангола аст. Бо Ҷумҳурии Конго ва Ҷумҳурии Демократии Конго иҳота шудааст. Соли 1885 ба вуҷуд омада, масоҳати он 7273,25 километри мураббаъ мебошад. Дар он 688 285 нафар зиндагонӣ мекунанд.

Вилояти Калининград

Қисман анклав, тобеъи давлати Русия, бо хоки кишварҳое чун Литва ва Полша иҳота шудааст. Соли 1990 ба вуҷуд омада, 15 125 км масоҳат дорад ва дар он 968 256 нафар зиндагонӣ мекунанд. Бузургтарин шаҳри он низ Калининград номида мешавад. Бо номи Кенигсберг соли 1255 бунёд шудааст. Солҳои 1701-1772 ба шоҳигарии Пруссия тобеъ буд, солҳои 1919-1939 Олмон дар ишғоли худ дошт, аммо аз соли 1990 ба тобеъияти Русия гузашт. Ин вилоят бо давлатҳои Иттиҳодияи Аврупо ва муоҳадаи Шенген иҳота шудааст. Барои расидан ба он бо нақлиёт аз ФР шиносномаи хориҷӣ ва ҳуҷҷати гузор, ки Литва медиҳад, лозим аст. Сокинони маҳаллӣ имкони осонтар ба Полша рафтану омадан доранд. Бино ба омори ахиран интишоршуда аз як пурсиш 40% сокинони он ақалан боре ҳам вориди хоки Русия нашудаанд.

Кампионе-д’ Италия

Анклави пурра. Шаҳре аз вилояти Комо дар Ламборди, минтақа ва ноҳияи ҷудошуда аз хоки Италия мебошад. Ва дар вилояти Тиченетои Швейтсария ҷойгир аст. Ин минтақа тавассути куҳҳо аз бақияи хоки Италия ҷудо шудааст. Соли 1512 ба вуҷуд омадааст ва 2,68 км масоҳат дорад. Аҳолии он 2067 нафаранд. Дар қарни якуми пеш аз милоди Масеҳ ин шаҳр тавассути румиҳо барои пешгирӣ аз ҳуҷуми гелветҳо бунёд шуд. Дар соли 777 мелодӣ ҳокими маҳаллии Ламборд ин шаҳрро ба унвони мерос ба калисои Милан дод. Солҳо баъд дар соли 1512 вилояти Комо ба ҷиҳати қадрдонӣ аз швейтсариҳо ба хотири ҳимояташон дар ҷанги Иттиҳодияи муқаддас тавассути усқуф Ҷулиуси дуввум ба Швейтсария дода шуд.

Ҷумҳурии Қрим

Ниманклав. Номи як ҷумҳурии тозатаъсис дар нимҷазираи Қрим аст. Ҷумҳурии Қрим тавассути як ҳамапурсӣ дар моҳи марти соли 2014 ва тасвиби парлумони Қрим ба шакли як воҳиди федералӣ ба ҳайати Федератсияи Русия даромад. Ин ҷумҳурӣ бо хоки Украина иҳота шудааст. 26 081 км масоҳат ва 1 893 245 нафар аҳолӣ дорад. Аммо ҳамоно чун як минтақаи баҳсӣ миёни Украина ва Русия боқӣ мондааст. Давлатҳои қудратманди олам ҳамапурсии Қримро эътироф намекунанд. Аммо бо вуҷуди ҳама муқовиматҳои сиёсии байналмилалӣ Русия онро таърихан қаламрави худ медонад ва ҳамапурсии соли 2014-ро барқарории адолати таърихӣ меҳисобад.

Ликома

Ҷазира-анклав. Мутааллиқ ба Ҷумҳурии Маловӣ (як кишваре дар ҷанубу шарқи Африқо), бо хоки Мозамбик иҳота шудааст. Соли 1953 пайдо шудааст. Масоҳати он 17 километри мураббаъ, дорои 9000 аҳолӣ мебошад. Охири асри 19 ин ҷазира қароргоҳи миссионерони Донишгоҳи Британия буд.   

Мадҳа

Анклав. Яке аз шаҳристонҳои вилояти Мусандам дар кишвари подшоҳии Умон аст. Бо хоки Аморати Муттаҳидаи Араб иҳота шудааст. Соли 1969 ташкил ёфта, 75 км масоҳат дорад ва дар он 2260 нафар зиндагонӣ мекунанд.

Ноҳияи Макторол

Ниманклав. Мансуб ба Қазоқистон аст, ки дар вилояти Қазоқистони ҷанубӣ ҷойгир шудааст. Бо хоки Ӯзбекистон иҳота шудааст. Соли 1991 ба вуҷуд омада, 1800 километри мураббаъ масоҳат дорад ва дар он 294 208 нафар зиндагонӣ мекунанд. То соли 1991 ин минтақа ноҳияи Пахтаарал номида мешуд.

Мартин-Гарсия

Анклав-ҷазира. Масуб ба давлати Аргентина, ки бо хоки Уругвай иҳота шудааст. Соли 1073 ташкил шудааст ва 1,84 километри мураббаъ масофа ва 170 нафар аҳолӣ дорад. Дар асри 19 ин ҷазира аҳамияти стратегӣ дошт. Соли 1845 неруҳои давлати Уругвай онро ишғол карданд. Соли 1852 Аргентина онро дубора ба даст овард. Дар асри ХХ Марин-Гарсия чун маҳбас истифода мешуд ва дар он маҳбусони сиёсии олимартабаи аргентениро нигоҳ медоштанд. Дар ҳуҷҷате, ки соли 1973 дар бораи мақоми Марин-Гарсия имзо шуд, ҳамчунин гуфта мешавад, ки он метавонад чун мамнуъгоҳ истифода шавад.

Медвежйе-Санково

Яке аз анклавҳои кишвари Русия дар хоки Белорусия мебошад. Масоҳати он 454 гектар ё 4,5 килемтри мураббаъ аст ва дар он феълан касе зиндагонӣ намекунад. Медвежйе-Санково дорои захираҳои зиёди нефт ва газ мебошад. Чуноне ишора шуд, дар ин анклав касе зиндагонӣ намекунад, вале ба иллати набудани истгоҳи назорати гумрукӣ дар ҷодаҳои маҳаллии ин сарзамин гуруҳҳо ҳар гуна колоро қочоқ мекунанд.

Мелиля

Ниманклав. Яке аз шаҳрҳои худмухтори Испания аст, ки дар соҳили шимолии қораи Африқо қарор дорад. Ин шаҳр як маҳватаи  бурунсарзаминии испаниёӣ аст, ки дар каронаҳои баҳри Миёназаминии кишвари Марокаш воқеъ шудааст. Соли 1479 ташкил шуда, дар айни замон дар он 84 509 нафар зиндагонӣ мекунанд. Ин шаҳр ба ҳамроҳи шаҳри Сеута ду шаҳри испаниёӣ ҳастанд, ки дар сарзамини аслии қораи Африқо воқеъ мебошанд. Ин ду шаҳр то 14 марти соли 1995 бахше аз вилояти Молоко буданд. Вале пас аз он таърих ба унвони ду шаҳри худмухтор ба расмият шинохта шуданд. Бештари мардуми Мелиля масеҳӣ ва мусалмонанд. Ақалияти халқҳои дигар, аз ҷумла ҳиндуҳо низ дар он зинадагонӣ мекунанд. Забони расмии мардуми ин шаҳр испаниёӣ аст.

Ҷумҳурии худмухтори Нахҷувон

Бахше аз Ҷумҳурии Озарбойҷон аст, ки маркази он шаҳри Нахҷувон мебошад. Бо хоки Эрон, Арманистон, Туркия иҳота шудааст. Соли таъсисаш 1991, дорои 5502,75 километри мураббаъ масоҳат ва 435 400 аҳолӣ мебошад.

Хонигарии Нахҷувон соли 1828 шомили Русия шуд. Соли 1954 ин минтақа худмухтор дар ҳайати Озарбойҷон эълон шуд. Метавон бо парвоз аз ҳаво ва бо гузар аз тариқи Эрон ба он расид. Байни Озарбойҷон, Эрон ва ҳам Туркия низому вуруду хуруҷи бидуни раводид ҳоким аст.

Юнгҳолс

Анклав. Як минтақаи маскунӣ дар Австрия, ки дар ноҳияи Руйт воқеъ шудааст. 7 километри мураббаъ масоҳат дорад ва 288 нафар дар он зиндагонӣ мекунанд. Соли 1368 ташкил шудааст.

Бори аввал номи Юнгҳолс дар муоҳадаи тиҷоратии соли 1342, ки тибқи он сокини Вертахи Олмон ин заминро ба сокини Таннхайм (ҳоло дар Тироли Австрия мебошад) ёд шуд. Муддати чандин аср ба як макони баҳсӣ табдил шуда буд.

Вилояти Энтра-Риос

Анклав-ҷазира. Ба маънои миёни рӯдҳо, яке аз вилоятҳои 33-гонаи Аргентина, воқеъ дар шимолу шарқи кишвар мебошад. Пеш аз вуруди испаниҳо ба Амрикои Ҷанубӣ вилояти Энтра-Риос макони зисти бумиҳо буд. Нахустин аврупоие, ки ба он ворид шуд, марди испаниёӣ бо номи Рудрегз Сарну буд. Аввалин иқоматгоҳи доимии испаниёиҳо дар бахши Лоёзи кунунӣ ва дар охири садаи 14 барпо шуда буд.

Эзоҳ: Анклавҳо дар олам зиёданд ва омори дақиқи он вуҷуд надорад. Чун дар ин бора кас мехоҳад чизе нависад, масъалаи гунаҳои он ба миён меояд ва чуноне дар ин мақола ҳам дидем, онҳо анклав, нимаанклав, қаламравҳои анклавӣ ва ғайра мешаванд. Дар олам давлатҳое низ ҳастанд, ки анклаванд. Ба мисли Ватикан (давлати шаҳрии мустақил), Сан-Марино, Бруней,  Лесото ва ғайра, ки дар ин мақола маҷоли суҳбат аз онҳо надоштем ва дар фурсатҳои муносиб сари ин мавзӯ бармегардем.

Таҳияи Фирӯзи МУҲАММАД

Добавить комментарий