Петер Ҳонтка сазовори ҷоизаи Нобел дар адабиёт. Аммо ҳангомаҳо чаро?

Дар оғоз: Петер Ҳонтка кист?

Петер Ҳонтка (олмонӣ: Peter Handke) 6-уми декабри соли 1942 дар Австрия ба дунё омадааст. Нависанда ва намоишноманависи машҳури Австрия ва барандаи ҷоизаи Нобел дар соли 2019 аст. Интихоби ӯ ба унвони барандаи ҷоизаи Нобел дар соли 2019 интиқодҳои зиёде аз Академияи Нобелро барангехт. Сабаб он буд, ки Ҳонтка дар ҷанги Босния аз неруҳои серб пуштибонӣ карда буд.

Петер Ҳонтка падари воқеъии худро аслан надида ва аз дусолагӣ муддати чор солро ҳамроҳи модараш дар Олмон гузаронидааст. Падарбузурги модариаш аҳли Словения буд. Соли 1948 хонаводаи онҳо дубора ба Австрия баргаштанд. Баъди хатми мактаби ибтидоӣ дар мактаби мазҳабии католикҳо ба таҳсил идома дод ва муддати чор сол дар донишгоҳи Гратс дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кард. Пас аз он ба адабиёт рӯ овард ва бо осори нависандагоне чун Достоевский, Максим Горкий, Томас Фулф ва Уилям Фолкнер ошно гардид. Соли 1966 ба ИМА рафт ва дар гирдиҳамоии гуруҳи 47 дар донишгоҳи Принстон иштирок намуд.

Ҳангомаҳо атрофи интихоби ӯ ба унвони ҷоизадори Нобел

Баъди эълони ҷоизаи Нобел ба Ҳонтка кулли рӯзноманигороне, ки замоне ҷанги Боснияро пӯшиш медоданд, ба қарори Академияи Нобел эътироз карданд. Дар қаламрави Югославияи собиқ ӯро унсури номатлуб номиданд. Аммо кумитаи Нобел аз интихоби худ ҳимоят дорад ва дастовардҳои Ҳонткаро дар адабиёт мисол меорад ва ҳамзамон аз ҳимояти адиб аз неруҳои серби Босния чашм мепӯшад. Ёд меояд, ки соли 2006 худи Ҳонтка дар суҳбат бо New York Times гуфта буд, ки дар ҷавонӣ орзу дошт ҷоизаи Нобелро бигарад, вале аз он ки Югославияро дар ҷанги Босния ҳимоя мекард, гумон аст то охири умр ба орзуяш бирасад. Ва чун ҷоиза ба ӯ расид, изҳор дошт, ки ба ҷасорати Кумитаи Нобел қоил шуд ва ҳам дар аҷаб аст аз ин қарор.

 Исёнгар ва авангард

Ҳонтка бо он шуҳрат ёфт, ки нисбат ба классикони адабиёт бадгӯӣ кард ва асарҳои Томан Ман ва Франс Кафкаро куҳнаколо номид. Дар песаи ӯ бо номи “Тавҳини умумӣ”, ки соли 1966 рӯйи кор омада буд, ҳунармандон дар саҳна ба дашном пардохта буданд. Ин нависандаи Австрия ғайр аз он ки повесту роман ва песаҳо менависад, боз бо филмноманависӣ ҳам шуҳрат дорад.  Вай бо коргардони Вим Вендерс (коргардони кино, суратгир, филмноманависи олмонӣ ва дорандаи чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ) ҳамкорӣ мекард ва сенарияи филми “Осмони Берлин”-ро навишт, ки барои коргардонии хуб дар синамоҷашнвораи Канн сазовори ҷоиза шуда буд.

 Ба ҷонибдорӣ аз Сербистон ва Милошевич

Як навиштаи Ҳонтка, ки рӯзномаи олмонии Süddeutsche Zeitung аз сафари ӯ ба Югославия соли 1996 чоп карда буд, сабаби моҷарои сиёсӣ шуд. Дар мақола нависанда аз журналистони ба истилоҳи вай танбал ҳикоят мекард, ки сербҳоро бо як овоз истилогар эълон мекунанд ва дар ҷангҳои қавмии Балкон онҳоро сиёҳ мекунанд. Вай гуноҳи воҳидҳои ҳарбии серб дар қатли мусалмонони Боснӣ дар Сребренитса дар тобистони соли 1995-ро зери шубҳа қарор дод. Он замон ҳазорон мусалмон, писарон ва мардони мусалмон дар як русто қатли ом шуда буданд.

Дар посух ба ин изҳори назар борони интиқодҳо ба сари адиб борид, нашрияҳои олмонӣ мақолоти зиёде дар ин маврид интишор доданд. Ҳатто адиби машҳури амрикоӣ Сюзен Сонтаг изҳор дошт, ки дари Амрико ба рӯйи Ҳонтка абадан баста шуд.

Вале бо ин ҳама Ҳонтка тағйири назар накард. Се сол баъд, ҳангоми бомбборони Югославия аз ҷониби неруҳои НАТО вай дар мусоҳиба бо телевизиони Сербистон изҳор дошт, ки ақалан як маротиба мехоҳад роҳиби православи серб бошад, ки барои Косово меҷангад. Он вақт ҳатто Салмон Рушдӣ ӯро “ахмақи сол” эълон карда буд.

“Ман мешунавам, ҳис мекунам, дарк мекунам. Ана барои чӣ ман имрӯз дар канори Сербистон дар канори Слободан Милошевич ҳастам”, — гуфт нависанда соли 2006 ҳангоми ширкаташ дар маросими ба хоксупории Милошевич, ки дар маҳбаси Гаага мурда буд.

 «Ҳомии режими хунхор”

Маросими эътои ҷоизаи Нобел ба Ҳонткаро дипломатҳои Боснӣ, хорватҳо, Косово, (Шветсия истиқлоли Косоворо ба расмият мешиносад), албанӣ ва турк таҳрим карданд. Косово ва кантони Боснӣ Ҳонткаро унсури номатлуб номиданд. Онҳо адибро “пуштибони наслкушӣ” медонанд ва далелашон ҳамон гуфтаҳои ӯ дар мавриди Милошевич ва ҳимоят аз кирдорҳои ӯст.

Хабарнигороне, ки ҷанги Босниро инъикос мекарданд ва аз ҷойи ҳодиса чун шоҳидони зинда гузоришҳо омода месохтанд, дар Твитер ба Ҳонтка бо ҳештег #BosniaWarJournalists посух доданд. Дар миёни онҳо муҳаррири шуъбаи Ховари Миёнаи ВВС Ҷереми Боуэн, муҳаррирон ва журналистони рӯзномаи New York Times, ширкати телевизионии CNN, маҷаллаи New Yorker ва рӯзномаи  Guardian мебошанд.

Орландо Файджес, профессори фанни таърихи донишгоҳи Лондон Ҳандкаро “ҳимоятгари ҳузновари низоми хунхори Милошевич” номид. “Ҷоизаро шахсе соҳиб мешавад, ки аз ҷиноёти ҷангӣ пуштибонӣ мекард”,- иқтибос меорад аз гуфтаҳои файласуф Слава Жикек нашрияи  Guardian.

 «Вокунишҳо ба вокуниш»

Аъзои академияи Нобел Эрик Рунессон ва котиби ҳамешагии он Матс Малм ба интиқоти рӯзномаи шведии Dagens Nyheter посух доданд. Онҳо гуфтанд ва иқрор шуданд, ки оре, баъзе нигоштаҳо ва чашмандозҳои Ҳонтка дар мавриди сафед кардани ҷиноёти ҷангӣ ва наслкушӣ иғвоангез буданд.

Аммо худи Ҳонтка вақтҳои охир аз баррасии ин ҳама изҳори назарҳо ва баҳс бо журналистон худдорӣ мекунад. Рӯзи сешанбеи гузашта вай нишасти матбуотиро баъди суол дар мавриди нигоштаву гуфтаҳояш дар бораи ҷанги Балкан қатъ кард. “Касе назди ман намеояд, то бигӯяд, ки аз навиштаҳоям чиро хондааст. Танҳо суол дар мавриди он ки ман ба вокунишҳо чӣ вокунише дорам”.

«Шоири машҳур Ҳонтка даҳ маротиба шоиста буд, ки ҷоизаи Нобел гирад”,- изҳор дошт Элфрида Елинек, ягона ҷоизадори Нобел аз Австрия дар ҳимоят аз Ҳонтка.

Мухтасар дар бораи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт

Ва чун сухан аз моҷарои ҷоизаи Нобел дар адабиёт рафт, лозим донистем ба хонандагони худ маълумотномаи мухтасаре дар ин бора пешниҳод кунем. Ҷоизаи Нобел дар адабиётро академияи салтанатии илмҳои Шветсия ҳарсола барои мушорикатҳои барҷаста дар заминаи адабиёт ба нависандагони осори адабӣ эъто мекунад. Ин ҷоиза яке аз шаш ҷоизаи Нобел аст, ки аз соли 1895 бино ба хостаи Алфред Нобел эҳдо мешавад. Ҷоизаи Нобел афзун ба адабиёт дар заминаҳои физика, химия, иқтисод, сулҳ ва физиология ва тибб супурда мешавад. Ин ҷоиза тавассути бунёди Нобел идора мешавад ва онро як кумита иборат аз панҷ узви мунтахаби академияи улуми салтанатии Шведсия ба барандагон лоиқ медонад. Ҳар ҷоиза шомили як медал, дипломи ифтихорӣ ва ҷоизаи нақдӣ аст, ки маблағи он ҳар сол гуногун мебошад.

Нахустҷоизаи Нобели адабиёт соли 1901 ба шоир ва нависандаи фаронсавӣ Сюлли — Прюдом эъто гардид.

Синну соли миёнаи ҷоизадорони Нобел аз соли 1901 то 2013 65 буд. Ҷавонтарин адибе, ки соҳиби Нобел шуд, Редярд Киплинг буд. Замоне исмаш чун ҷоизадори Нобел ба забон омад, 42 сол дошт. Ва солмандтарин адибе, ки соҳиби ҷоизаи Нобел гашт, бону Дорис Лессинг буд. Вай дар 88-солагӣ соҳиби ин ҷоиза шуда буд.

Ҳангоми эътои ҷоиза танҳо аз соҳиби он ном бурда мешавад, боқӣ маълумот ва баррасиҳову фикри аъзои Кумитаи Нобел муддати 50 сол махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳоло дар сомонаи Кумитаи Нобел дар бораи ҳамаи ҷоизадорон то соли 1966 маълумот пайдо кардан мумкин аст.

 Нукоти ҷолиби дигар

Аз замоне, ки ҷоизаи Нобел таъсис шудааст, 9 нафари эълоншуда аз гирифтани он даст кашиданд, ки яке аз онҳо Лев Толстой — адиби маъруфи рус буд. Лев Николаевич соли 1906 фаҳмид, ки Академияи илмҳои Русия ӯро номзад ба дарёфти ҷоизаи Нобел кардааст ва аз адиби Финландия ва тарҷумони осораш Арвид Ярнефелт хост, то коре кунад, ки ин ҷоиза ба ӯ дода нашавад, зеро агар эълон гардад, дигар наметавонад посухи рад диҳад. Ярнефелт хоҳиши адиби маъруфро иҷро кард ва он сол нависандаи итолявӣ Ҷоэуэ Кардуси соҳиби Нобел шуд.  Баъдан Толстой навишт: “Ин маро аз мушкилоти басо муҳим — масрафи ин миқдор пул наҷот дод, чун ба бовари ман ҳар миқдор пул танҳо бадбахтӣ меорад…”

Соли 1958 зери фишори ҳукуматдорони Шӯравӣ Борис Пастернак ноилоҷ аз ҷоизаи барояш додашуда рӯ гардонд. Дар КМ КПСС ба ин назар буданд, ки мукофотро ба Пастернак барои романи ӯ “Доктор Живаго”, ки дар хориҷи кишвар чоп шуда буд, раво донистанд. Ин романро чун китоби зараровар ба идеологияи коммунистӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ чоп накарда буданд. Адибро лозим омад муддати як ҳафта таҳқиру дашноми матбуотро ба унвонаш барои ин ҷоиза таҳаммул кунад, вале чун дӯстдоштаи вай Олга Ивинскаяро аз кор барканор намуданд, Пастернак ба Стокголм барқия ирсол кард: “Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияте, ки ин ҷоиза ба ман эъто кардааст дар ҷомеае, ки ман ба он тааллуқ дорам, бояд аз он даст кашам, ин радсозии ихтиёрии маро чун таҳқир напазиред”. Ва боз ба КМ КПСС навишт: “Аз ҷоиза даст кашидам, Ивинскаяро ба вазифааш баргардонед”.

Дар кумитаи Нобел инро аз зарурат донистанд, вале билохира диплом ва медали ҷоизаи Нобелро соли 1989 ба писари адиб супурданд.

Адолф Гитлер аз он дар ғазаб шуд, ки мунаққиди натсистон Карл фон Осетский ҷоизаи Нобел гирифт. Вай соли 1937 ба шаҳрвандони Олмон ҷоизаи Нобелро манъ кард, дар натиҷа солҳои 1938 — 1939 химикҳо Рихард Кун, Адолф Бутенандт ва физиолог Герхард Домагк аз ҷоизаи ба номашон эълоншуда даст кашиданд.

Эътирози Жан-Пол Сарт дар соли 1964 комилан мантиқӣ буд. Вай менавишт, ки ин ҷоиза мебоист дар замони худ ба Неруда эъто мешуд. Ҳеч боре номзадии Арагон ҷиддан баррасӣ нашуд. Намебоист ба ҷойи Пастернак ба Шолохов ҷоиза супурда мешуд. Ва адиб аз гирифтани ҷоиза даст кашид.

Соли 1970 сарнавишти Пастернак барои Солженитсин такрор шуд ва баъди мухолифати КМ КПСС ба ӯ низ лозим омад аз ҷоиза даст кашад. Аммо соли 1975, баъди ихроҷаш аз СССР билохира кумитаи Нобел ҷоизаро ба вай супурд.

Ва ҷолибтарин рӯйдоди радди ҷоиза. Соли 1973 ҷоизаи сулҳи Нобел ба узви Бюрои сиёсии ҳизби кори Ветнам Ле Дик Тхо ва котиби давлатии ИМА Ҳенри Киссенҷер барои талоши дуҷонибаи хатми ҷанг доданд. Ле Дик Тхо рад кард ва гуфт, ки гуфтушунидҳои вай бо Киссиндҷер ва имзои муоҳадаи сулҳ ба ҷанг хотима надод. Аммо амрикоӣ ҷоизаро пазируфт.

Адиби Австрия бону Элфрида Елинек, ки соли 2004 сазовори ҷоиза шуд, эълон кард, ки вай шоистаи ин ҷоиза набуд ва дар маросими эътои он ширкат накард. Вале пули он 10 миллион крони шведӣ ва ё 1,4 миллион долларро қабул кард.

То кунун 14 зан муваффавқ ба дарёфти ҷоизаи Нобели адабиёт шудаанд, ки ба ҷуз аз заминаи сулҳ аз соири заминаҳои ҷоизаи Нобел бештар будааст. Селма Лагерёф (барандаи ҷоиза дар соли 1909) аввалин зане буд, ки  муваффақ ба дарёфти ҷоизаи Нобели адабиёт шуд.

Фаронса ягона кишваре дар олам аст, ки 16 ҷоизадори Нобел дар адабиёт дорад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 12 ва Британияи Кабир бо 11 ҷоизадори Нобел дар адабиёт баъди Фаронса дар мақоми дуюм ва сеюм мебошанд.

30 барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт нависандагони англисзабонанд. Робендратанат Такур (шоир, нависанда, файласуф ва мусиқидон ва чеҳрабардори Ҳинд), Сэмюэл Беккет (намоишноманавис, романнавис ва шоири Ирландия), Иосиф Бродский (шоири руси амрикоӣ) илова ба забони англисӣ ба тартиб осорашонро ба забонҳои банғолӣ, фаронсавӣ ва русӣ мунташир кардаанд.

76 нафар ҷоизадорони Нобели адабиёт барои наср, 33 нафар барои шеъру достон, 14 нафар бо намоишнома, фалсафа ва таърихнависӣ ҳар кадом то 3 нафар ҷоизаи Нобел доранд.

Аксари одамон гумон мекунанд, ки Винстон Черчил (сарвазири пешини Британия) ҷоизадори Нобели сулҳ аст, вале вай барои адабиёт соҳиби ин ҷоиза шудааст. Ӯ 21 бор барои Нобели адабиёт ва ду бор барои Нобели сулҳ номзад шуда буд.

Ҳафт барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт тавассути барандагони пешини Нобел номзад шуда буданд.

Ва ниҳоят: Кист Нобел?

Алфред Бернҳард Нобел-кимиёдон, муҳандиси шведӣ, ихтироъкори динамит. 21-уми октябри соли 1833 дар Стокҳолм дар оилаи Эммануила ва Андриетта Нобел дида ба олам кушодааст. Аз ҳашт фарзанд ӯ сеюмин писар буд. Вале аз ҷумлаи ҳашт нафар танҳо Алфред, Роберт, Людвиг ва Эмил зинда монданд.

Ихтироъкори динамит аст ва соҳибмулки ширкати Бофорс, ки як ширкати вижаи саноати металургӣ ва кимиё буд. Соҳиби 355 патентҳои гуногуни истеҳсолӣ буд. Пеш аз маргаш ҷоизаи худро барои риштаҳои мухталиф таъсис дод, ки ҳамасола ба олимон, адибон ва сиёсатмадорон эъто мегардад.

Таҳияи Б.Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here