Боздошти бунёдгузори сомонаи моҷаробарангези «Викиликс» (WikiLeaks) Ҷулиан Ассанж дар шаҳри Лондон аз хабарсозтарин рӯйдоди ҷаҳон буд. Шахсе, ки ҳудудан 7 сол дар сафорати Эквадор паноҳанда буд ва ҳатто шиносномаи ин кишварро низ дошт, ногаҳон аз ҷониби мақомоти амниятии пойтахти Британияи Кабир боздошт гардид. Рӯйдоде, ки касе ҳатто ба эҳтимолияти рух додани он бовар намекард. Гӯмагуҳо атрофи ин ҳодиса зиёданд, ҳадсу гумонҳову фарзияҳои зиёде ҳам то кунун  матраҳ шудаанд. Аммо ин суол ҳамоно бепосух аст, ки оё боздошти Ассанж ба истирдоди вай ба ИМА меанҷомад ва ё бозии дигари сиёсие дар канор аст. Ба ҳар ҳол ҳадс задан барвақт аст, чун Ҷулиан Ассанж ҳарчанд ягон шахси калидӣ дар ин ё он сохтори давлатӣ нест, вале ифшокори машҳурест, ки таърихи ҳаддиақал 50 соли охири башар ёд надорад. Садҳо далелу ҳуҷҷатҳое аз тариқи ӯ фош шудаанд, ки замоне ғулғула дар олам андохта буданд.

 

Ассанж ва Русия

Он ки ИМА ва Русия ду рақиби ошкор дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ ва бозингарони саҳнаҳои хунини олам низ мебошанд, дигар аз касе пӯшида нест. Бисёр аз рӯйдодҳо агар ба ИМА тааллуқ дошта бошанд  ё ба Русия, ҳатман изи пойи онҳо дар таъсир ба сиёсатҳои ду кишвар пайгирӣ мешавад. Қазияи Ҷулиан Ассанж низ истисно нест. Вазорати адлияи ИМА чандин сол аст, ки саргарми таҳқиқи ҳамкориҳои Ассанж бо роҳбарияти Русия аст. Ҳуқуқшиносон мегӯянд аслан шикастани сандуқи асрор ва фош кардани номаҳо ҷавобгарии ҷиноӣ надоранд. Прокурори вижа Роберт Мюллер ахиран тафтишоти худро дар ин бора анҷом дод, вале парванда боз нашуд. Мюллер танҳо мехост донад, ки дар интихоботи гузашта Трамп бо русҳо дар иртибот буд ё на. Тафтишот нишон дод, ки дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ Ассанж бо Трамп дар иртиботи маҷозӣ буд ва мушовири Трамп Родҷер Стоун аз “Викиликс” маълумот дар бораи шикастани номаҳои электронии демократҳоро дарёфт карда буд.

Аммо ин моҷарои демократҳо ва ҷумҳурихоҳон дар асл ба қазияи боздошти Ассанж дар Лондон иртиботи камтар дорад, танҳо дар сурати истирдодаш ба Амрико метавонад бахше аз парвандаи вай бошад. Ассанж дар он ҳолат метавонад дар бораи иртиботҳояш бо тими интихоботии Трамп нақл кунад. Вале суоли матраҳ ин ҷост, ки чаро муддати ҳудудан 7 сол Ҷулиан Ассанж бидуни мушкил дар сафорати Эквадор паноҳанда буд, вале якбораву ногаҳон дари ин лутфу муҳаббат ба рӯяш баста шуд ва ӯро бо боздошт аз паногоҳаш берун карданд.

 

Ду президент, ду сиёсат

Таҳлилҳо ҳокӣ аз онанд, ки дар тағйири сиёсат дар мавриди паноҳандагии Ассанж иваз шудани ҳокимият дар Эквадор таъсир дорад. Замоне, ки Ассанж талаби паноҳандагии Эквадор кард, сарвари ин кишвар Рафаэл Корреа буд. Корреа дар аввалин рӯзи ин рӯйдод қарори фурӯхта шудани Ассанжро “ҷинояте донист, ки инсоният ҳаргиз фаромӯш намекунад” ва президенти кунуниро “бузургтарин хоин” номид.

Соли 2012 дар гармогармии талаби паноҳандагии Ассанж аз Эквадор  хабарнигорон ва таҳлилгарон талош карда буданд сабабҳои ҷалби таваҷҷуҳи роҳбарияти онвақтаро донанд. Ва имрӯз, ки вазъ ба гунаи дигар тағйир ёфт, боз ҳам пайгирӣ мешавад, ки чаро чунин шуд: аввал паноҳандагӣ доданд, ҳатто бо шиноснома таъмин намуданд, вале баъд аз фикрашон гаштанд.

Ожонсии Ассошиэйтед Пресс навишт, ки хоҳиши паноҳандагӣ кардани Ассанж барои президенти вақти Эквадор ҳолате буд, ки мехост дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирад. Аммо муҳимтар аз ҳама мехост сарони кишварҳои минтақа, ки ИМА-ро ба боди танқид мекашанд, аз ҷумла Куба, Венесуэла, Боливия, Никарагуа мутаваҷҷеҳи ӯ низ бошанд. “Бо додани паноҳандагӣ ба Ассанж ҳукуматдорон мехостанд исбот кунанд, ки онҳо дар ҳақиқат ҷонибдори озодии баён ва озодии ВАО мебошанд”.

Аммо баъди интихобот сиёсат дар Эквадор ба гунаи дигар тағйир кард. Моҳи марти соли гузашта натиҷаи як пурсиш нишон дод, ки 76 дарсади сокинон мехостанд, ки Эквадор ба дархости паноҳандагии Ассанж посухи рад диҳад. Гузашта аз ин президенти кунунии Эквадор Морено аз ҷумлаи касонест, ки мехоҳад бо ИМА робитаҳои хуб дошта  бошад, аз ҷумла мехоҳад иртиботҳои тиҷоратии кишварашро дубора барқарор созад. Соле пеш ҳатто ин хабар ҳам расонаӣ шуда буд, ки дар ду мулоқот Морено ва сарвари ситоди интихоботии Трамп Манафорт масъалаи истирдоди Ҷулиан Ассанжро баррасӣ карда буданд.

Аммо дар ин ҳол вазири корҳои дохилии Эквадор Мария Паула Ромо гуфтааст, ки гӯё Ассанж вақтҳои охир талош мекард дар умури дохилии ин кишвар дахолат кунад. Ромо ин суханонро дар як нишасти матбуотӣ иброз дошт. Вай аз ҷумла гуфтааст, ки яке аз шахсиятҳои калидии WikiLeaks солҳост, ки дар Эквадор зиндагонӣ мекунад ва мо намехоҳем, ки Эквадор маркази хакерӣ бошад ва ҳам иҷозат нахоҳем дод, ки дар кишвар фаъолиятҳои ғайриқонуние роҳандозӣ шаванд, ки ба шаҳрвандони мамолики дигар зарар оваранд.

Вебгоҳи WikiLeaks дар Твиттер навишт, ки ба Ҷулиан Ассанж хатари маргбор таҳдид мекунад. Бино ба навиштаи ин вебгоҳ Ассанж ҳанӯз охири соли 2018 гуфта буд, ки ӯро марг таҳдид дорад, вале матни суханронии вай 8 апрели соли равон интишор ёфт.

 

Кист Ассанж ва чаро атрофи ӯ ин гуна ҳангома?

Албатта, “Самак” ҳафт соли пеш ҳам ба ин қазия рӯ оварда буд, вале ҳоло ки масъала дубора доғ мешавад, хостем як руҷуъи кӯтоҳе ба гузашта дошта бошем.

Ҷулиан Ассанж, рӯзноманигор, барноманависи компутер, барандаи телевизион ва аз бунёдгузорони вебгоҳи WikiLeaks ва сардабири автсралиёии он аст. Ҳадафи WikiLeaks ба унвони як расонаи интернетии ифшогар барои ахбори сиёсӣ ва иҷтимоӣ, эҷоди шаффофият дар амалкарди давлатҳо аст. Ассанж аз овони ҷавонӣ хакер будааст ва дар давлатҳои зиёде зистааст, дар бисёр кишварҳо дар бораи озодии баён, рӯзноманигорӣ пажуҳишҳо анҷом додаву суханрониҳо кардааст. WikiLeaks дар бораи куштори ғайриқонунӣ дар Кения, Сомалӣ интишор додааст. Ба телевизиони Алҷазираи давлати Қатар, The Guardian, Der Spiegel ва The New York Times наздик ба 100 ҳазор асноди махфиро дар бораи ҳақиқати ҷанг дар Афғонистон, даҳҳо ҳазор асноди сиррии дигар оид ба ҷангҳо дар Ироқ ироа кардааст. Бахше аз ин аснод дар бораи қатли оми мардуми бегуноҳ буданд, ки баъдан сабти наворҳои он дар саросари олам паҳн шуда, боиси моҷароҳои байни давлатҳо шуда буд.

Моҳи июли соли 2012 WikiLeaks 2,4 милион ҳуҷҷатҳоро дар бораи ҷанги Сурия расонаӣ кард.

Ассанжро бори аввал ба риоя накардани махсусиятҳои қонунҳои Шветсия гунаҳгор медонанд, ки ба истифодаи рифола ҳангоми алоқаи ҷинсӣ иртибот мегирад. Ассанж гӯё дар ду маврид ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо занон аз истифодаи рифола худдорӣ кардааст. Аниқтараш дар мавриде вай аслан рифоларо истифода набурдааст, аммо дар мавриди дуюм ба робитаи ҷинсӣ ҳатто замоне ҳам, ки эҳсос шудааст, ки рифола даридааст, идома додааст. Вакили мудофиа аз Шветсия тайид кардааст, ки шикваи занон маҳз ба таваҷҷуҳ надоштани Ассанж ба истифодаи рифола далолат мекунад, на ки ба таҷовузи ҷинсии зӯроварона. Аммо дар Британия бошад дар ин  маврид назари дигар доранд. Масалан, онҳо мегӯянд ин ҳолат танҳо дар Шветсия тибқи қонунҳои он кишвар нақзи низоми хуфтухез бо занон дониста мешавад, аммо дар Британия Кабир ва ё дар ИМА ин нукта на ҷиноят дониста мешавад, на нақзи низоми робитаи ҷинсӣ. Яъне, дар қонунгузориҳои кишварҳои дигари мутамаддини аврупоӣ ин нукта сабт нашудааст.

Танҳо дар Британия борҳо додгоҳҳои сатҳи гуногун истирдоди ӯ ба Шветсияро баррасӣ карданд ва ниҳоят вай вориди сафорати Эквадор шуд ва талаби паноҳандагӣ кард.

Замоне, ки бори аввал баъди таъқибаш аз ҷониби Амрико дар Лондон боздошт шуд, садҳо нафар таҳлилгарон, журналистон, адибон, сиёсатмадорон доир ба сарнавишти баъдии ӯ ҳадсу гумонҳо заданд, ҷасораташро дар ифшои асноди сиррии Амрико сутуданд. Порае аз суҳбати нависанда ва рӯзноманигори саршиноси рус Александр Проханов хеле ҷолиб буд. Вай Ассанжро ба баҳодуре монанд карда буд, ки ба «мега-мошини қудратманд, ки худро мағлубнопазир ва болатар аз нерӯи инсонӣ медонист, дасту панҷа нарм кард. Вай доғеро дар пайкараи Голиаф Ахиллесов (қаҳрамони машҳури асотирӣ дар Аҳди Қадим) пайдо кард ва ангушти худро болои он гузошт ва ин мошин аз дард садо баланд кард. Вай нишон дод, ки инсон дар назди электроника беарзиш нест, вай ақл дорад, ирода дорад ва чолоктар аст. Инсон-ин ба мисоли Довуд дар Аҳди Қадим аст ва дорои қудратест, ки метавонад Колиафи нерӯмандро чаппагардон кунад. Ва ман фикр мекунам ӯ одами як сол нест, ӯро таърих дар хотир хоҳад гирифт.

Олам аллакай дигаргун шуд. Ман ба ин бовар дорам. Зеро яккатозии ин мега-мошин халадор гардид. Гузашта аз ин вай на аз ҷониби кадом як корпоратсияи пурқудрат, на аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ, вай аз ҷониби як гуруҳи хурдакаки одамон, ки аз уҳдаи он баромаданд, дигаргун шуд. Ин худ аз худ аз осебпазирии ин мошин ҳикоят мекунад. Агар он барои як одами оддӣ осебпазир бошад, пас барои террористон чӣ? Террористон ҳам аллакай медонанд зарбаро маҳз ба кадом қисмати ин мошин зананд. Ва дигар ҳатмӣ нест, ки ин зарба ба биноҳои осмонхароши Манхеттен зада шавад. Ва ин ҳатмӣ нест, ки зарба ба нуқтаҳои атомӣ бошад. Ин зарба метавонад ба он инфраструктураи иттилоотие зада шавад, ки оламро ба ҳолати бесарусомонӣ оварда расонад.  Викиликс дар пеши чашми мо оламро ва сайёраро бебандубор месозад”.

Аммо касоне ҳам кам набуданд, ки ба воқеияти WikiLeaks ба назари шубҳа менигаристанд ва онро мутааллиқ ба Амрико медонистанд, ки аз ин ба баъд ин усули муборизаро барои тасаллут бар ҷаҳон пеш хоҳад гирифт. Доктор Алимуҳаммади Каёнӣ, донишманди эронӣ аз пайравони ин назар буд ва гуфт: “Ин нуктаро ҳам набояд фаромӯш кард: чӣ гуна метавонад дар системаи иттилоотии пешрафтаи кишваре чун Амрико на як санад ва ду санад ва даҳ санади маҳрамона, балки миллионҳо санади маҳрамонаи давлатӣ ва ҳарбӣ ба дасти мудири як вебгоҳе, ки он ҳам то ин дам гумном буд, бирасад ва ӯ ҳам  дар ҳоле, ки давлати Амрико дар мавзеъи расмиаш муҷрим мехонад,  ба роҳатӣ иқдом ба интишори асноди маҳрамона кунад”.

 

WikiLeaks ва журналистикаи муосир

WikiLeaks журналистикаи навро ба дунё овард: журналистикаи илмӣ. То ин замон воситаҳои ахбори омма на танҳои барои он кор мекарданд, ки ба одамон навгониҳоро расонанд. Балки мекӯшиданд ва мекӯшанд, ки ҳақиқат будани онро исбот намоянд. Журналистикаи илмӣ имкон медиҳад навгониро бихонанд ва дар канори он нусхаи аслии ҳуҷҷатро дарёбанд, ки дар асоси он ин хабар таҳия шудааст. Дар ин ҳолат худи шумо бовар ҳосил хоҳед кард, ки то кадом ҳадд ин хабар ба воқеъият наздик аст.

 

Ф.Муҳаммад

Добавить комментарий