Ҳаёти бонувони аввали кишварҳо, шаҳбонуҳои мамолики шоҳаншоҳӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои хабарӣ қарор доштаву дорад. Ироаи маълумоти комилу дақиқ дар бораи ҳамсарони президентҳо дар кишварҳои демократие чун Амрико, Британия, Олмон ва ғайра як ҳодисаи маъмулист ва мардумони ин мамолик оид ба гузаштаву имрӯзи ҳам сарвар ва ҳам хонаводаи вай ҳама маълумоти заруриро дар ихтиёр доранд. 

Аммо кишварҳое низ ҳастанд, ки вазъи оилавии сарваронашон сиррист, мардум намедонанд ва дониста ҳам наметавонанд, ки президенташон бо кӣ ҳамхона аст, фарзандони вай кистанду чикора. 

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи ҳаёти хонаводагии сарони аввал тақрибан касе чизе намедонист ва он чи маълум буд, бар пояи ҳадсу гумон ва овозаҳо буд. Котибони аввали ҲК на ҳамеша моил буданд бо ҳамсаронашон сафарҳои хориҷӣ раванд ва ё дар нишастҳои протоколӣ бо онҳо ҳозир шаванд. Аммо Михаил Горбачёви ислоҳгаро ин анъанаро шикаст. Сокинони кишвар дар бораи Раиса Максимовна ҳама чиро медонистанд ва Горбачёв ҳам дар ҳама сафарҳояш ӯро бо худ мебурд. 

Дар кишваре чун Кореяи Шимолӣ то ҳамин чанд соли охир ҳамин анъанаи мармузу сиррӣ нигоҳ доштани вазъи оилавии сарварон ҳоким буд. Аммо Ким Чен Ин низ ин анъанаи пешгузаштагонашро ба ҳам зад ва ӯ аз аввалин сарварони ин кишвари саропо дар асрор ғӯтида аст, ки ҳамсараш қариб ҳамеша дар паҳлӯяш ва мардум ҳам тадриҷан одат кардаанд ва бо дидани вай дил хуш мекунанд.

 

Ли Сол Чжу бо руҳияи ғарбӣ

Бонуи авали Ҷумҳурии Кореяи Халқӣ-Демократӣ Ли Сол Чжи на камтар аз ҳамсари вай мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори омма мебошад. Ин бонуи зебо метавонад басо хубу ҷаззоб ба мардум таъсир расонад. 

Аз соли 2012, ки миёни мардум зоҳир шуд, ин модари зебои се фарзанд ба яке аз дӯстдоштатарин бонуҳо барои дастгоҳҳои таблиғотии олам табдил ёфт. Ҳоло ҳам дар бораи ин духтар, дар бораи гузаштаи вай ва қиссаи ошиқиҳояш бо сарвари ояндаи Корея маълумоти чандоне дар даст нест. Атрофиёнаш ҳамоно сарнавишти ӯро пинҳон нигоҳ медоранд ва расонаҳо бо вуҷуди талошҳои пайгирона наметавонанд дар бораи вай бештар аз он ки то кунун маълум аст, маълумот ҷамъоварӣ намоянд. 

Ҳамчуноне ишора рафт, дар бораи тарҷумаи ҳоли бонуи авали Корея маълумот кам аст. Ахборе, ки бояд ба он такя намуд, боз ҳам камтар. Тибқи гузориши Донишномаи озод Ли Сол Чжу 28 сентябри соли 1989 дар шаҳри Чхонджини вилояти Хамгён-Пукто дида ба олам кушодааст. Аммо манобеъи дигар бар ин назаранд, ки ӯ миёни солҳои 1985-1989 ба дунё омадаву дар Пхенян калон шудааст.  

Модараш духтури генеколог, падараш декан дар яке аз факултаҳои донишгоҳи маҳаллӣ (тибқи маълумотҳои дигар корманди ҳарбӣ) мебошад. Чуноне мебинем, ҳатто дар мавриди шахсияти волидонаш маълумоти расмиву дақиқ вуҷуд надорад. Вале он чизе дақиқан рушан аст, духтар дар хонаводаи зиёӣ таваллуд шудаву ба камол расидааст ва гувоҳи ин мақому манзалати муассисаҳои таълимиест, ки вай таҳсил кардааст.  

Ли Сол Чжу мактаби санъати Кимсон — муассисаи обрӯманд барои бачаҳои синфи ҳокимро хатм кардааст. Замони донишҷӯӣ соатҳои тилло ба даст мекард, шимҳое мепӯшид, ки он замон мамнуъ буданд ва бо пӯшиши сару либос аз дигар ҳамсолону шарикдарсонаш фарқ мекард. 

 

Муаммо дар муаммо… 

Ли Сол Чжу аллакай ҳамон солҳо шукуҳу дабдабаро дӯст медошт, мамнуъиятҳоро қабул надошт ва пинҳон доштани сарвату дороиро намеписандид. Ва ҳамон солҳо гомҳои нахустинро ба зинаи шуҳрати сарояндагӣ мегузошт. Вай дар фестивалҳо ва ҷашнвораҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат мекард ва тибқи баъзе овозаҳо дар ҳайати як гуруҳи пуштибонон ширкаткунандагони мусобиқоти варзишии бозиҳои Қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Инчхони Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, ҳамроҳӣ кард. Ва баъдан дар Чин ҳам дар риштаи мусиқии вокалӣ таҳсил кард. Он замон ба кам ҷавонони куриёӣ муяссар мешуд, ки донишҳои худро дар хориҷи кишвар такмил диҳанд. Аммо Ли Сол Чжи тавонист бо истифода аз вазъи хуби молиявии хонавода ин корро кунад. 

Баъди бозгашт духтар ба дастаи машҳури ҳунарии «Пончхонбо» ба кор қабул шуд ва дар як муддати кӯтоҳ аз сарояндагони машҳури ин дастаи ҳунарӣ гардид. Ҷолиб он аст, ки сарвари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир аз мухлисони ин дастаи ҳунарӣ буд.  

Охири соли 2011 Ким Чен Ир вафот кард ва аз моҳи апрели соли 2012 идораи кишвар ба дасти писари вай гузашт. Он замон Ли Сол Чжу чандин маротиба дар ҳайати дастаи ҳунарӣ дар чорабиниҳои ҳокими нав ширкат намуд ва ин овозаҳоро дар мавриди он ки бону ҳамсари Ким Чен Ин аст, тақвият бахшид.  

25 июли соли 2012 бошад расонаҳои хабарии давлатӣ эълон карданд, ки духтар дар ҳақиқат ҳамсари Ким Чен Ин – рафиқ Ли Сол Чжу аст. 

Таърихи издивоҷи онҳо низ маълум нест. Баъзе сарчашмаҳо бар ин назаранд, ки тӯйи онҳо соли 2009 баргузор шудааст ва соле баъд Ли фарзанд ба дунё овардааст, аммо манбаъҳои дигар мегӯянд онҳо то барномаи консертии мусиқии классики соли 2010 бо ҳам вонахӯрда буданд. 

Бино ба маълумоти хадамоти ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ Ли Сол Чжу фарзанди сеюми худро моҳи феврали соли 2017 ба дунё овард. Вале матбуоти Кореяи Шимолӣ дар ин бора ягон иттилои расмиву ғайрирасмӣ пахш накард. Танҳо чизе, ки расман интишор ёфт, ин таваллуди фарзанди нахустин дар хонадони Ким Чен Ин дар соли 2010 буд. Фарзанди дуюми онҳо духтар бо номи Ким Чжу Э соли 2013 ба дунё омад.  

 

Инқилобе дар пӯшиши либос

Ли дар миёни ҳама ҳамсолону ҳамзамонони худ бо тарзи вижаи пӯшиши либос фарқ мекунад. Агар аксари занону духтарони Кореяи Шимолӣ бояд костюм пӯшанд ва хеле одиву хоксорона худро вонамуд созанд, аммо бонуи аввал ба худ иҷозат медиҳад, ки доманаи боло аз зону ба бар кунад, пойафзоли пошнадор пӯшад ва боз дар миёни хосу ом даст ба дасти шавҳараш ниҳад ва баланд бихандад.  

Ли Сол Чжу бархилофи дигар бонувони кишвараш ба мӯди аврупоиву амрикоӣ завқ дорад. Ва чун Ли Сол Чжу миёни мардум зоҳир шуд, Ким Чен Ин мамнуъияти пӯшидани шим, пойафзоли пошнабаланд ва бижутериҳоро барои занони кишвараш лағв кард. Акнун бонувони ин кишвар ба шарофати ҳамсари дӯстдоштаи сарварашон дар пӯшиши либосҳо озодиҳоеро ба даст оварданд.  

Ли Сол Чжу аввалин зани сарварони Кореяи Шимолӣ буд, ки ба худ иҷозат дод хилофи анъанау расму оинҳои навиштаву нонавишта мӯйи дарози худро дукорда занад ва бо мӯйи кӯтоҳ миёни мардум ҳозир шавад. 

Ҳамчунин, Ли Сол Чжу ба худ ин иҷозаро ҳам додаст, ки ба ҷойи нишони ҳатмӣ бо акси доҳиёни Корея қуббаҳои пурқиммат ба пеши бар овезад. Ва инро ин гуна шарҳ доданд, ки барои бонуи аввал марду пурарзиштару маҳбубтар аз ҳамсараш вуҷуд надорад. 

Ҳамсари диктатори Корея рағбати беандоза ба мӯди ғарб дорад: ҳоло вай дорои сумка аз гаронтарин ороишгарони аврупоие чун Dior ва Chanel мебошад ва ин боис шудааст, ки матбуоти ғарб ӯро зери тозиёнаи танқид гирад, ки шафқате ба халқи нимгуруснаи худ надорад ва ҳамвора майл ба дабдабаву ҳашамат мекунад.  

То Ли Сол Чжу сарварони Кореяи Шимолӣ ҳамсарони худро дар ягон сафарҳояшон бо худ набурдаанд ва ҳатто мардум намедонистанд, ки ҳамсарони кишвардоронашон кистанду фарзандонашон киҳоянд. Аммо Ким Чен Инро лозим омад ин анъанаро бишканад ва яқинан зери таъсири ҳамсари дӯстдошта ин кор сурат мегирад.  

Ким Чен Ин ба фарқ аз падар ва бобои худ хеле эҳсосотиву тундмиҷоз ва бадҷаҳл аст. Аммо метавон ҳадс зад, ки зиндагони хуби хонаводагӣ, ҳамсари зебову хушгил ва дӯстдоштанӣ бо се фарзанд ба фаъолиятҳои сиёсии доҳӣ таъсири мусбат мерасонад. Илова ба он ки нисбат ба зердастонаш хеле сахтгир асту аз вай сахт метарсанд ва ба он ҳам нигоҳ накарда, ки дар олами нухбагони сиёсиву ҳарбии кишвараш як поксозии ҷиддиро бо шеваи хеле бераҳмона роҳандозӣ кардааст, вале дар мамлакатш ислоҳоти ба манфиати мардумро ҳам пеш мебарад. 

 

Ояндаи Кореяи Шимолӣ бо Ли Сол Чжи

Ҳоло ҳам маълум нест Кореяи Шимолиро чӣ сарнавиште интизор аст. Фишорҳои байналмилалӣ меафзояд, таҳримҳо доираи фаъолиятҳои густардаро барои ҳокими Корея ҳатто дар дохили мамлакаташ тангтар мекунанд. Аммо мардумони ин кишвар бо назардошти баъзе таҳаввулоти ахир чашми умед ба он бастаанд, ки ислоҳот идома мекунад ва зиндагонии саршор аз маҳдудиятҳо наметавонад ҳамеша пойдору устувор бошад.  

Он чӣ иртибот ба Ли Сол Чжу дорад он аст, ки имрӯз вай улгуи пайравӣ барои ҳамаи бонувони Кореяи Шимолист, аммо фардо бо ин ҳама рад кардану зери по гузоштани анъанаҳои авлодиву қонунҳои маҳдудкунандаи озодӣ барои занон вай метавонад ба як омили хатар ба оянда ва дурнамои низоми худкома табдил ёбад.  

 

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here