Имрӯзҳо дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе марказҳои савдои зиёд таъсис ёфтаву фаъолият доранд. Аммо, чун сухан дар боби ин гуна марказҳои хизматрасонӣ меравад, аввалтар аз ҳама номи “Садбарг” пеши назар ҷилвагар мешавад. Зеро он яке аз марказҳои савдои куҳан ба шумор рафта, соҳиби таваҷҷуҳу эътибори хоса гаштааст ва ба қавле, пораи зебое аз тани Душанбеи азиз аст. Аҳли кормандони ин маркази маишӣ бо болидаруҳӣ аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша кӯмакрасони соҳибкоронанд, баҳри хизматрасониҳои муносиб ба мизоҷон талош меварзанд.

Даромад аз хизматрасонӣ ва андозҳо

Бояд гуфт, ки ҶСШК «Континент-Инвест» (маркази савдои «Садбарг») дар асоси собиқ хонаи маишии «Садбарг» аз соли 1998 таъсис ёфта, то ин ҷониб фаъолият карда истодааст. Дар ҷамъият чунин намудҳои хизматрасонии маишӣ ба роҳ монда шудаанд: таъмири пойафзол, дӯхтани либосҳои миллӣ, таъмири маҳсулоти чармӣ, хушкашӯӣ, сабти навор ва садо, сартарошхона, кошонаи ҳусн, рангубори маҳсулоти чармин, таъмири техникаи рӯзгор, таъмири молҳои заргарӣ, таъмири телефонҳои мобилӣ, боғчаи кӯдакона ва ғайра.

Даромади умумии таҳвили хизматрасониҳо дар соли 2005-ум 798,8 ҳазор сомонӣ, соли 2010-ум 3016 ҳазор сомонӣ, соли 2017 бошад, 4954 ҳазор сомониро ташкил дода, дар давоми 12 сол 6,2 маротиба афзудааст. Инчунин, андозҳо дар соли 2005-ум 38,6 ҳазор сомонӣ, соли 2010-ум 323,5 ҳазор сомонӣ ва соли 2017-ум 1470 ҳазор сомонӣ, яъне дар 12 соли охир 38,1 маротиба афзудаанд. Ба ғайр аз ин, соҳибкорон ба маблағи зиёда аз се миллион сомонӣ солона андоз месупоранд.

Даромади умумии таҳвили хизматрасониҳо дар соли 2018-ум 6526,8 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбати соли 2017-ум 132% афзудааст. Инчунин, андозҳо дар давоми соли 2018-ум 2185,5 сомонӣ ҳисоб карда шуда, маблағи пардохти андозҳо бошад, 2354,7 сомониро ташкил дода, нисбати соли 2017-ум 160 % теъдоди болоравиро дар бар гирифтааст.

Даромади умумии таҳвили хизматрасониҳо дар семоҳаи 1-уми соли 2019-ум 1536,2 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2018, ки 1407,8 ҳазор сомониро ташкил медод, ба андозаи 109 % афзудааст. Инчунин, андозҳо дар семоҳаи 1-уми соли 2019-ум 389,9 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шуда, маблағи пардохти андозҳо бошад, 728,8 сомониро ташкил додааст.

Дар ин давра шумораи ҷойҳои корӣ ду баробар зиёд шудааст. То ин ҷониб дар ҳудуди ҷамъият зиёда аз 730 нафар соҳибкорон кор мекунанд, ки 70 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Ғайр аз ин, ҷамъият дар корҳои ободикунонии шаҳр, чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва башардӯстонае, ки аз тарафи МИҲД-и шаҳр ва ноҳия пешниҳод шудаанд, иштирок мекунад.

Айни ҳол роҳбарии ҷамъияти мазкурро шахси кордону меҳандӯст Шарипов Сафаралӣ Шарипович бар уҳда доранд.

50 корманд ва 500 соҳибкор

ҶСШП-и «Садбарг» дар пойгоҳи Хонаи маишии «Садбарг», ки аз соли 1975 фаъолияти худро оғоз намудааст, аз нав ташкил карда шудааст. Дар моҳи апрели соли 1998 Хонаи маишии «Садбарг» ба ҷамъияти саҳомӣ табдил дода шуд, ки дар Идораи асосии давлатӣ таҳти рақами 21Р-27 аз 24-уми апрели соли 1998 ба қайд гирифта шудааст. Муассисони асосии ҶСШК «Садбарг» Кумитаи давлатӣ оид ба идоракунии моликияти давлатӣ, ки дороии 90% саҳмияҳоро ба уҳда дошт ва аъзои кормандони худи Хонаи маишии «Садбарг», ки 10% боқимондаи саҳмияҳоро ба уҳда доштанд, ба ҳисоб мерафтанд.

Моҳи августи соли 1998-ум 90% саҳмияҳоеро, ки ба Кумитаи моликияти давлатӣ тааллуқ доштанд, корхони «Планета» харидорӣ намуд. Дар айни ҳол дар Маркази савдои «Садбарг» ё ин ки ҶСШК «Континент-инвест» 50 нафар кормандони доимӣ фаъолият доранд, дар роҳбарият 9 нафар, 6 нафар дар ОГМ, 35 нафар дар Шуъбаи маъмурӣ-хоҷагидорӣ. Инчунин, беш аз 500 нафар соҳибкорон ва иҷорагироне, ки ба сафи кормандони доимӣ дохил нестанд, фаъолият карда истодаанд.

Дар шаҳри Душанбе маркази савдои «Садбарг» ягона корхонаест, ки намуди хизматрасонии худро аз байн набурдааст ва якчанд намуди хизматрасониро ба аҳолӣ пешкаш менамояд. Масъулин дар ин замина аз таваҷҷуҳи раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳибкориву дастгирии соҳибкорон ёдовар шуда, арзи миннатдорӣ менамоянд.

Фаъолияти молию истеҳсолӣ

Маркази савдои «Садбарг» ҳамчун маркази комплекси тиҷоратӣ айни замон шаклҳои гуногуни хизматрасонӣ ва истеҳсолотро дар бар мегирад, ки тамоми усул ва принсипҳои бозорӣ дар низоми амалии он истифода мешавад. Фаъолияти асосии ин корхона расонидани хизмати маишӣ ба аҳолӣ буд ва мемонад. Дар солҳои тӯлонии фаъолият баъзе аз намудҳои хизматрасонии маишӣ аз сабаби нарасидани молу ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр аз байн рафтанд. Лекин, айни замон намудҳои зерини хизматрасониҳо ба аҳолӣ пешкаш карда мешаванд:

— хизматрасонии кошонаҳои ҳусни ҳам мардона ва ҳам занона;

— хизматрасониҳои аксбардорӣ;

— хушкашӯӣ;

— шустушӯи либосҳо ва дигар лавозимоти рӯзгор;

— дӯхтани либосҳои мардона ва занона;

— дӯхтани либосҳо барои кӯдакон;

— таъмири таҷҳизоти дӯзандагӣ;

— духтудӯз аз матои чармӣ ва ранг намудани чарм;

— таъмири пойафзол;

— таъмири соатҳо;

— кандакорӣ;

— таъмири лавозимоти чармӣ;

— таъмири лавозимоти оҳанин;

— таъмири лавозимоти заргарӣ;

— таъмири лавозимоти барқӣ;

— таъмири телефонҳои мобилӣ;

— бахшҳои омӯзиши забони англисӣ;

— ба иҷора додани лавозимоти зарурӣ;

— сабт ва иҷораи фиттаҳо.

Ҳамзамон, ба гуфтаи масъулин, бо мақсади аз байн нарафтани ин намудҳои хизматрасонӣ ва аз ҳисоби худ пардохт намудани хароҷоти ҷорӣ, аз сабаби баландшавии нархҳо барои пешниҳоди чунин хизматрасониҳо зарурияти азнавбарқароркунӣ ва васеъ намудани майдонҳои истеҳсолӣ, намуди нави хизматрасониҳои пулӣ, ба монанди ба иҷора додани майдонҳои холӣ ба сохторҳои тиҷоратӣ ба миён омад.

«Садбарг» рақобатпазир аст

Таҳлили динамикаи истеҳсолӣ дар маркази савдои «Садбарг» дар муддати 15-20 соли охир нишон додааст, ки меъёри рақобатнокии он муътадил аст. Бо вуҷуди он, ки намуди зоҳирии маркази савдои «Садбарг» ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ аст, масъулин бар ин назаранд, ки чорабиниҳои зеринро барои беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасониҳо бояд гузаронид:

— таъмири хоначаҳои либосченкунӣ дар сехҳои дӯзандагӣ;

— такмили ихтисоси кадрҳо дар сехҳои дӯзандагӣ;

— таъмини сехҳо ва толорҳои савдо бо таҷҳизот барои паст кардани овоз.

Ғайр аз ин, масъулин дар андешаи онанд, ки сехҳои дӯзандагӣ ба ошёнаҳои поёнӣ гузаронида шаванд, то барои мизоҷон мувофиқ бошад. Гуфта мешавад, ки шартҳои дар боло зикргардида ба омода намудани ташкили Шуъбаи маркетингӣ тамоюл мебахшанд, зеро ба омӯзиши беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳо, баланд бардоштани сатҳи маданӣ ва ташкили намудҳои нави хизматрасонӣ, таъмини графики корӣ ба аҳолии муносиби корхона, дастрас будани ҳама намудҳои хизматрасонӣ ба аҳолии ниёзманд ва асосан ба шахсони даромадашон на он қадар зиёд, ба маъюбон, ятимон ва ғайра мусоидат менамоянд. Дар амал татбиқ намудани ин шарту шароитҳо обрӯи корхонаро боз ҳам баланд бардошта, метавонад рақобатнокӣ, самаранокӣ ва истеҳсоли онро беҳтар гардонад.

Сарвари кордону бомаҳорат

Ба изҳори кормандони маркази савдои «Садбарг», Шарипов Сафаралӣ дар тӯли фаъолияти корӣ чун сарвари кордону бомаҳорат, меҳрубону хоксор ва бо ахлоқи ҳамида иҷрои вазифаҳои дар наздаш истодаро пеш мебарад. Ӯ бо ҷаҳонбинии васеи худ барои рушду фаъолияти мунтазами корхонаҳо, зиёд намудани ҷойҳои корӣ, афзун намудани ҳаҷму намуди хизматрасонии маишӣ, маҳсулот ва ҷавобгӯ будани он ба стандартҳои ҷаҳонӣ саҳмгузор буда, қобилияти баланди таҳсил ва натиҷагирии дурустро доро мебошад. Шахси қавиирода, нисбати кор серталаб ва меҳрубони ҳамагон аст. Ба кор ҳама вақт бо ҳисси масъулият муносибат мекунад. Нисбат ба худ серталаб буда, иҷрои саривақтии супоришҳоро аз дигарон талаб менамояд. Сиёсати дохиливу хориҷии давлати Тоҷикистонро хуб дарк намуда, баҳри татбиқи он ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дорои маърифати баланди сиёсӣ буда, таърих, забон ва фарҳанги миллати хешро хуб медонад ва дар амалӣ намудани сиёсати давлат саҳми муносиб мегузорад.

Сафаралӣ Шарипов аз ҷумлаи соҳибкорони ватанист, ки ба масъалаҳои фарҳангу маънавиёт ва хайру саховат аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Ӯ ҳамчун шахси ба сиёсати давлат содиқ ва меҳнатдӯсту масъулиятшинос бо дастгирӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо саҳмгузории назаррас дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ миёни мардум обрӯю эътибори баланд пайдо намудааст.

Хизматрасонии босифат ва таҷрибаҳо

Воқеан, маркази савдои «Садбарг» барои сокинони шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон солҳои зиёд аст, ки ҷиҳати беҳдошти самтҳои иҷтимоӣ хизматрасонии босифатро амалӣ менамояд, ки ин албатта боиси ифтихори сокинони ҷумҳурӣ мебошад.

Тавре ба мо маълум аст, дар маркази савдои «Садбарг» нуқтаҳои зиёди таъмири телефонҳои мобилӣ фаъолият менамоянд, ки аксарияти мутахассисон аз ҳисоби ҷавонписарон буда, ба аҳолӣ хизматрасонии босифатро ба роҳ мондаанд. Ба андешаи масъулин, бо мақсади такмили савияи касбии мутахассисон — устоҳои таъмири телефонҳои мобилӣ ва соҳиби шаҳодатномаҳо (сертификатҳо)-и тахассусии намунаи давлатӣ гардонидани онҳо ташкили курсҳои якмоҳаи омӯзишӣ ба манфиати кор аст.

Таҷрибаомӯзӣ ҳамчун зинаи муҳими ҳамоҳангсози илм бо амалия дар ҳаёти касбии тамоми мутахассисон нақши муассир дорад. Маркази савдои «Садбарг» яке аз объектҳои мураккаби таҷрибаомӯзиест, ки дар он сехҳои истеҳсолӣ, сарчашмаҳои пешниҳоди хизматрасонии маишӣ ва нуқтаҳои тиҷоратии яклухт ва чакана фаъолият мекунанд. Ин имконияти ташкили хадамоти маркетингиро бо талаботҳои замонавӣ тақозо менамояд. Ҷиҳати пайдо намудани дониши ҳамаҷониба маҷмуи масъалаҳои дар барномаи таҷрибаомӯзӣ қайдшуда, ба монанди омӯзиш ва татбиқи фаъолияти таҳлилию ахборотӣ, фаъолияти молию истеҳсолӣ, омӯзиш ва таҳлили фаъолияти тиҷоратӣ ба фаъолияти иқтисодию идоракунӣ асоси воқеӣ мегузоранд.

Дар баробари хулосаҳои баровардашуда пешниҳодҳои зерин ҷиҳати такмил ва ташаккули фаъолияти маркетингии маркази савдои «Садбарг» тавсия дода мешаванд:

— роҳбарияти маркази савдои «Садбарг»-ро зарур аст, ки аз чорабинии тадқиқотбарии маркетинг бо мақсади ошкор сохтани низоми кор ва воридоти молҳо истифода намояд;

— рекламаро ҳамчун унсури асосӣ дар фаҳмондадиҳии шаклҳо, навъи мол ва хизматрасониҳо истифода намояд;

— тахфифҳои нархиро оқилона ва боадолатона барои ҷалби таваҷҷуҳ ташкил ва амалӣ созад;

— имкониятҳои робитаи илмиро бо донишгоҳҳо фароҳам созад.

Низоми кор ва муоширати намунавӣ

Роҳбарияти маркази савдои «Садбарг» дар мавриди фаъолияти хуби кории кормандон ва муносибату муоширати намунавӣ ба таври доимӣ саъй менамояд. Бахусус назорат аз болои низоми кори чеварон ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, як қатор шартҳо дар авлавият гузошта шудаанд. Пеш аз ҳама, муомилаи хуб бо мизоҷону атрофиён ва сари вақт иҷро намудани дархостҳои мизоҷон.

Дар ҳолати дар вақти муайяншуда иҷро нашудани дархостҳои мизоҷон, онҳо ҳуқуқ доранд 50% нархи муқарраршударо кам диҳанд. Дар ҳолати вайрон кардани дархости мизоҷон аз тарафи дӯзанда, мизоҷ ҳақ дорад матои худро (айнан аз ҳамон матоъ) талаб намояд.

Вақти қабули дархост андозаҳо аниқ ва дуруст гирифта шуда, дар поёни андозаи гирифташуда дурустии он бояд бо соядаст (имзо)-и мизоҷон тасдиқ карда шавад.

Соати кории аз тарафи маъмурият муқарраршуда ҳатман бояд риоя карда шавад. Дар вақти кор пӯшидани либоси корӣ бо нишондоди сарисинагӣ (бейҷик) ҳатмист. Берун аз утоқи корӣ (дар роҳравҳо) доштани мизоҷон манъ аст. Нигоҳдории тозагии корхона ва роҳравҳои он вазифаи ҳар як корманд аст. Риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва баъди анҷоми кор хомӯш кардани асбобҳои техникию барқӣ ҳатмист.

Дар ҳолати риоя накардани низомнома, шартномаи байни корхона ва дӯзанда қатъ карда мешавад.

МТЖТ

 

МУАРРИФИНОМА: 

Шарипов Сафаралӣ Шарипович, миллаташ тоҷик. Соли 1976 Донишоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (соли 2004). Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур (солҳои 2005, 2010 ва 2015). Дорандаи ҷоизаву унвонҳои «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2005», Медали «Корманди шоистаи ҶТ» (соли 2007), «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2009», «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2010», «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2011» (н. Шоҳмансур), «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2012», «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2013», «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2014», «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2015», «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2016», «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2017».

Солҳои 1976-1981 — ҳисобчӣ-ревизор дар Раёсати савдои шаҳри Душанбе. Солҳои 1981-1992 — сармуҳосиби Иттиҳодияи тарабхонаҳои шаҳри Душанбе. Солҳои 1992-1998 — молшиноси калон, ҷонишини сардори шуъба, сардори шуъба, аз соли 1995 ҷонишини директори генералӣ дар Иттиҳодияи «Савдои яклухту қарордодии тоҷик». Аз соли 2012 инҷониб директори ҶСШК «Континент-Инвест» (маркази савдои «Садбарг»).

Добавить комментарий